Хоҳиши Масеҳ (а)

(Чанд ҳикояти дарсомӯз)

Хоҳиши Масеҳ (а)

Исо алайҳис-салом ба Ҳавориюн гуфт:

— Ман хоҳиш ва ҳоҷате дорам, агар қавл медиҳед онро бароваред, бигӯям.

Ҳавориюн гуфтанд:

— Ҳар чи амр кунӣ, итоат мекунем.

Исо аз ҷо ҳаракат кард ва поҳои яко-яки онҳоро шуст. Ҳавориюн дар худ эҳсоси нороҳатӣ мекарданд, вале чун қавл дода буданд хоҳиши Исоро бипазиранд, таслим шуданд ва Исо пойи ҳамаро шуст. Ҳамин ки кор ба анҷом расид, Ҳавориюн гуфтанд:

— Ту муаллими мо ҳастӣ, шоиста ин буд, ки мо пойи туро мешустем, на ту пойи моро.

Исо фармуд:

— Ин корро кардам барои ин ки ба шумо бифаҳмонам, ки аз ҳамаи мардум сазовортар ба ин, ки хидмати мардумро ба ӯҳда бигирад, олим аст. Ин корро кардам, то тавозӯъ карда бошам ва шумо дарси тавозӯъро фаро гиред ва баъд аз ман, ки ӯҳдадори таълиму иршоди мардум мешавед, роҳу равиши худро тавозӯъ ва хидмати халқ қарор диҳед. Асосан, ҳикмат дар заминаи тавозӯъ рушд мекунад, на дар заминаи такаббур, ҳамон гуна, ки гиёҳ дар замини нарми дашт мерӯяд, на дар замини сахти кӯҳистон.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Васоил”)

* * *

Ҷамъи ҳезум аз саҳро

Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар яке аз мусофиратҳо бо асҳобаш, дар сарзамине холӣ ва беалаф фуруд омаданд. Ба ҳезум ва оташ эҳтиёҷ доштанд, фармуд:

— Ҳезум ҷамъ кунед!

Арз карданд:

— Ё Расулаллоҳ! Бибинед, ин сарзамин чӣ қадр холӣ аст! Ҳезуме дида намешавад.

Фармуд:

— Дар айни ҳол, ҳар кас ҳар андоза метавонад, ҷамъ кунад.

Асҳоб равонаи саҳро шуданд, бо диққат ба рӯи замин нигоҳ мекарданд ва агар шохаи кучаке медиданд, бармедоштанд. Ҳар кас ҳар андоза тавонист зарра-зарра ҷамъ кард ва бо худ овард. Ҳамин ки ҳамаи афрод ҳар чӣ ҷамъ карда буданд рӯи ҳам рехтанд, миқдори зиёде ҳезум ҷамъ шуд.

Дар ин вақт Расули Акрам фармуд:

— Гуноҳони кучак ҳам мисли ҳамин ҳезумҳои кучак аст, ибтидо ба назар намеояд, вале ҳар чизе ҷӯянда ва таъқибкунандае дорад. Ҳамон тавр, ки шумо ҷустед ва таъқиб кардед, ин қадр ҳезум ҷамъ шуд, гуноҳони шумо ҳам ҷамъу эҳсо мешавад ва як рӯз мебинед аз ҳамон гуноҳони хурд, ки ба чашм намеомад, анбӯҳи азиме ҷамъ шудааст.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Васоил”)

* * *

Шароб дар суфра

Мансури Давониқӣ (халифаи аббосӣ) ҳар чанде як бор ба баҳонаҳои мухталиф Имом Содиқро аз Мадина ба Ироқ металабид ва таҳти назар қарор медод. Гоҳе муддати зиёде Имомро аз бозгашт ба Ҳиҷоз монеъ мешуд.

Дар яке аз ин авқот, ки Имом дар Ироқ буд, яке аз сарони сипоҳи Мансур писари худро хатна кард, иддаи зиёдеро даъват кард ва валимаи муфассале дод. Аъёну ашроф ва риҷол ҳама ҳозир буданд. Аз ҷумлаи касоне, ки дар он валима даъват шуда буданд, Имом Содиқ буд.

Суфра ҳозир шуд ва даъватшудагон сари суфра нишастанд ва машғули ғизо хӯрдан шуданд. Дар ин байн яке аз даъватшудагон об хост. Ба баҳонаи об, қадаҳе аз шароб ба дасташ доданд. Қадаҳ, ки ба дасти ӯ дода шуд, фавран Имом Содиқ нимакора аз сари суфра ҳаракат кард ва берун рафт. Хостанд Имомро муҷаддадан баргардонанд, барнагашт. Фармуд:

— Расули Худо фармудааст: “Ҳар кас бар сари суфрае биншинад, ки дар он ҷо шароб аст, лаънати Худо бар ӯст!”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳор”)

* * *

Шунидани Қуръон

Ибни Масъуд (р), яке аз нависандагони ваҳй буд, яъне аз касоне буд, ки ҳар чӣ аз Қуръон нозил мешуд, мураттаб менавишт ва забт мекард ва чизе фурӯгузор намекард.

Як рӯз Расули Акрам ба ӯ фармуд:

— Миқдоре Қуръон бихон, то ман гӯш кунам.

Ибни Масъуд мусҳафи хешро гушуд, сураи муборакаи Нисо омад, ӯ мехонд ва Расули Акрам бо диққат ва таваҷҷӯҳ гӯш мекард, то расид ба ояти 41:

فَكَيْفَ إِذَا جِئْنَا مِن كُلِّ أمَّةٍ بِشَهِيدٍ وَجِئْنَا بِكَ عَلَى هَؤُلاء شَهِيدًا

Яъне “Чӣ гуна бошад он вақт, ки аз ҳар уммате гувоҳе биёварем, ва туро барои ин уммат гувоҳ биёварем?!” Ҳамин ки Ибни Масъуд ин оятро қироат кард, чашмҳои Расули Акрам пур аз ашк шуд ва фармуд:

— Дигар кофӣ аст!

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Куҳлул-басар”)

Реклама


Рубрики:Ахлоқи писандида, Достон ва ҳикоёт, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: