Шарҳи Маснавӣ (249)

Бақияи қиссаи мутриб ва пайғом расонидани амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу бо ӯ он чи ҳотиф овоз дод (3)

* * *

Пас Умар гуфташ: матарс, аз ман марам,

К-ит башоратҳо зи Ҳақ овардаам.

Пас Умар (р) ба ӯ гуфт: аз ман натарс ва магурез, ки аз ҷониби ҳазрати Ҳақ бароят мужда овардаам.

Марам: магурез, фирор макун. К-ит: ки туро.

Чанд Яздон мидҳати хӯйи ту кард,

То Умарро ошиқи рӯйи ту кард.

Ҳазрати Парвардигор аз бас ситоиши ту кард, Умарро ошиқу шефтаи рӯи ту намуд.

Пеши ман биншину маҳҷурӣ масоз,

То ба гӯшат гӯям аз иқбол роз.

Инак, назди ман биншин ва аз ман дурӣ магузин, то аз иқболу давлат ба гӯши ҳушат розҳо гӯям.

Маҳҷурӣ сохтан: дурӣ ҷустан.

Ҳақ саломат мекунад, мепурсадат:

Чунӣ аз ранҷу ғамони беҳадат?

Ҳақ Таъоло бар ту салом мефиристад ва аҳволатро мепурсад ва мегӯяд: бо он ҳама ранҷу андӯҳи бешуморат чӣ ҳол дорӣ?

Нак қурозай чанд, абрешимбаҳо,

Харҷ кун инрову боз ин ҷо биё.

Инак, ин чанд динор зару симро ба унвони дастмузд бигир ва харҷ кун, ва боз ин ҷо биё.

Қуроза: резаҳои зару сим.

Пир ин бишниду бар худ метапид,

Даст мехойиду бар худ медарид.

Он пир вақте ин суханонро шунид, аз шиддати шармандагӣ бар худ ларзид ва дасташро гоз мегирифт ва ҷомаашро аз сари парешонӣ аз ҳам медарид.

Бонг мезад, к-эй Худои беназир!

Бас, ки аз шарм об шуд бечора пир.

Фарёд мезад ва мегуфт: эй Худованди бемислу назир! Бас кун, яъне дигар алтофатро бар ман сарозер магардон, ки ин пири бечора аз ин ҳама лутф, шармсор шуда ва аз шиддати хиҷолат об шудааст.

Чун басе бигрист в-аз ҳад рафт дард,

Чангро зад бар замину хурд кард.

Он пири чангӣ бисёр гиря кард ва аз касрати дарду андӯҳ чангро бар замин кӯфт ва хурду муталошиаш кард. (Ва пас аз он ба чанг чунин хитоб кард:)

Гуфт: эй буда ҳиҷобам аз Илоҳ!

Эй маро ту роҳзан аз шоҳроҳ!

Гуфт: ту миёни ману Худоям ҳиҷобу парда будӣ, эй чанг ту маро аз шоҳроҳ мунҳариф кардаӣ! (Зеро қаблан ба хотири оростани маҳофили ағниё ва ҳавасбозон менавохтам ва намедонистам, ки созро бояд барои Худо ва таҳзиби нафс ба наво даровард. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.664))

Эй бихӯрда хуни ман ҳафтод сол!

Эй зи ту рӯям сияҳ пеши камол!

Эй созе, ки ҳафтод сол хуни маро хӯрдаӣ, яъне муддати ҳастод сол умрамро табоҳ кардаӣ! Эй чанг ба хотири ту ман дар пешгоҳи соҳиби камол рӯсиёҳам!

Эй Худои боатои бовафо,

Раҳм кун бар умри рафта дар ҷафо.

Эй Худованди бахшанда ва бовафо! Раҳм кун бар касе, ки умраш дар гуноҳон сипарӣ шудааст.

Дод Ҳақ умре, ки ҳар рӯзе аз ӯ

Кас надонад қимати онро ҷуз ӯ.

Ҳазрати Ҳақ Таъоло ба ман умре дод чунон умри шарифе, ки ҳатто арзиши як рӯзи онро касе ҷуз Ӯ намедонад.

Харҷ кардам умри худро дам ба дам,

Дардамидам ҷумларо дар зеру бам.

Илоҳӣ! Умри худро сарф кардам ва ҳамаи лаҳазоти умрамро дар роҳи хондану навохтани нағмаҳои зеру бам талаф кардам.

Оҳ, к-аз ёди раҳу пардай Ироқ

Рафт аз ёдам дами талхи фироқ.

Оҳу фиғон аз вақте, ки пардаи Ироқро ёд мекунам, ки дар ин ҳол, талхии фироқ аз мақоми Ҳақ Таъоло фаромӯшам мешавад.

Раҳ: мухаффафи “роҳ”, парда ва мақом дар мусиқӣ. Ироқ: яке аз дувоздаҳ пардаи мусиқӣ.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: