Перейти к содержимому

Артиши Сурия ҳавопаймои ҷангии “Исроил”-ро соқит кард

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе (10.02.2018) эълом кард, як ҳавопаймои ҷангии ин режим баъд аз бомбборони мавозеи артиши Сурия, дар наздикии Алҷалил дар Ҷулон суқут кардааст.

Артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин дар баёнияе муддаӣ шуд, ки як фарванд паҳподи (ҳавопаймои бидуни сарнишини) эрониро дар Сурия раҳгирӣ карда ва ба мавозее дар дохили Сурия ҳамла кардааст.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ дар ин баёния гуфт, ки як фарванд ҳавопаймои ҷанги F-16 ин режим дар наздикии Алҷалил дар Ҷулон суқут кардааст. Режими саҳюнистӣ муддаӣ шуда, ки ду халабони он ба саломат фуруд омадаанд.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории Сурия ба нақл аз як манбаи низомӣ хабар дод, душмани исроилӣ бомдоди имрӯз (шанбе) иқдом ба таҷовуз ба яке аз мақаррҳои низомӣ дар Сурия кард ва падофанди ҳавоии Сурия бо он муқобила ва беш аз як ҳавопайморо соқит кард.

Се рӯз пеш аз ин ҳам, бархе манобеи расонаии хабаргузории давлатии Сурия (Соно) эълом карданд, воҳидҳои падофанди ҳавоӣ як ҳавопаймои ҷангии режими саҳюнистиро, ки ба нуқоте дар атрофи Димишқ ҳамла карда буд соқит карданд.

Вокуниши Эрон ба иддаои “Исроил”

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон мегӯяд, давлат ва артиши Сурия ба унвони як кишвари мустақил ҳаққи дифои машрӯъ аз тамомияти арзӣ ва муқобила бо ҳар навъ таҷовузи хориҷиро дорост ва Эрон низ ба дархости давлати қонунии ин кишвар, ҳузури мусташорӣ дар Сурия дорад.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: “Давлат ва артиши Сурия ба унвони як кишвари мустақил ҳаққи дифои машрӯъ аз тамомияти арзӣ ва муқобила бо ҳар навъ таҷовузи хориҷиро дорост ва режими саҳюнистӣ наметавонд бо фарофиканӣ ва дурӯғпардозиҳои ҳамешагӣ, ки ҳамзоди ин режими номашрӯъ аст, бар таҷовузот ва ҷиноёти худ алайҳи миллатҳои мусалмони минтақа сарпӯш бигузорад.”

Қосимӣ тасреҳ кард: “Иддаои парвози паҳподи эронӣ ва низ дахолати Эрон дар сарнагунии ҳавопаймои ҷангии мутаҷовизи саҳюнистӣ, музҳиктар аз он аст, ки ба он пардохта шавад; чаро ки Ҷумҳурии Исломии Эрон асосан ҳузури мусташорӣ дар Сурия он ҳам ба дархости давлати машрӯъ ва қонунии он кишвар дорад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: