Перейти к содержимому

Боз ҳам аз тазоддҳо

Азиз Нақибзод

Ҳамин Фейсбук аст, ки мепурсад аз чӣ меандешӣ ва ба андеша во медорад. Аз рӯзу рӯзгори пуртазодду пурҳарҷу марҷи миллат меандешам.

Мардуми мутамаддин қонуну қоидаҳое ба миён меоранд, то зиндагиашонро ба низом оранду қонунҳо сабаби пешрафти кишварашон шавад. Аммо қонунҳои мо дар баъзе ҳолатҳо омили оворагиву саргардонии мардумамон мешаванд.

Вақте лоиҳаи қонун пешниҳод мешавад, дар тавсифу таърифаш гӯё сабқат мекунем. Замоне, ки қонун қабул мегардад, мисли тори тортанак ба пои худамон мепечад.

Замони Шуравӣ расме буд, ки мансабталошону мансабдорон барои нишон додани садоқати худ ба доираҳои ҳукмрон ба гузаштаи миллати худ санг мезаданд ва аз ин роҳ имтиёз мегирифтанд. Мисли то Инқилоби уктобр тоҷик савод надошт, маданият надошт ва то ҳатто «зубной шотка» надошту аз ҳамин қабил…

Аммо ун замон, ҳукм аз Кремлин меомад. Ва ин ҳарфҳо ба манфиати Кремлин ва мустамликадорони рус буд. Ва яке аз шохаҳои сиёсати ҳизби комунист ҳам дур сохтани миллатҳои шуравӣ аз фарҳанги миллиашон буд.

Ҳоло ҳам ҳангоми қабули қонунҳои камназиру тааҷҷубангези танзиму никоҳи хешутабору ғайра ҳамватанон ончунон ҳарф мезананд, ки ангор мо то ин замон миллати дур аз фарҳангу тамаддун буда бошему ба шарофати ин қонунҳо аз ҷаҳолат раҳо ёфтаему пас аз ба амал баромадани чунин қонунҳо суди беназир дида бошем.

Аммо воқеъият хилофи оморҳову гуфторҳост. Воқеъият дар расонаҳо бо садои баланд гуфта намешавад. Воқеъият дар чойхонаву нақлиётҳо бо садои пасту бехигӯшӣ гуфта мешавад. Гуфта мешавад, ки фалониҳо аз дасти мақомот ба Русия рафта никоҳ кардаанд. Фалонӣ хоҳарзодаашро арӯс кардаву бо ҷӯрабозӣ санаи никоҳро дар ҳуҷҷатҳо як соли пеш қайд кардааст. Сокинони ноҳияҳои назди марзи Қирғизистон дар кишвари ҳамсоя ҳам никоҳ кардаанду ҳам ба таври дилхоҳашон ҷашн барпо кардаанд…

Аз мантиқи ҳамингуна қарору қонунҳо меандешам, ки чӣ суд дошту хоҳад дошт? Охир русҳо ки ҳадафашон решакан намудани фарҳанги миллати мо буд, бо ин вуҷуд ба расму маросимҳои миллиамон хурда намегирифтанд. Пас чаро мо теша ба решаи фарҳанги аҷдодии худ мезанем? Ба ростӣ, ба дарки ин нукта ҳануз намерасам, ки оё падару бобоёнамон, ки ба ин фарҳанг пайравӣ менамуданду арҷ мегузоштанд, дур аз ақлу фаросат будаанд ё мо гарангем, ки мехоҳем ин фарҳангро пушти по занем?

Ба ҳар ҳол наметавонам гузаштагонро муттаҳам кунам, чун боз ҳам дар фарҳанги мо беоддбӣ ва нохалафӣ маҳсуб меёбад.

Садсолаҳо тоҷик бо хешутабораш никоҳ мекард, тавре ки маълум шуд, ҳоло ҳам пинҳонӣ никоҳ мекунад.

Зиндагии тоҷик бо ҷашну сураш рангин аст. Тоҷик дар хатнасури фарзандаш, ки ормон нашиканад, зиндагиаш беранг мешавад.

Агар мақсад ҷарима ва пур кардани буҷа бошад, бидуни мардумро овораву саргардон намудан ҳам мешавад.

Фарз кардем дар Кодекси андоз як банд изофа мекунем: Боҷ аз ҷашну сур.

Шумо чӣ андеша доред?

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: