Абдулазиз Комилов: “Ӯзбакистон мусаммам аст фасли навине дар равобит бо Эрон бигушояд”

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон, бо тақдими паёми катбии раисиҷумҳури Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ба дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, изҳор дошт: “Ӯзбакистон мусаммам аст бо фаъолсозии тамоми зарфиятҳои ҳамкорӣ, фасли навине дар равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бигушояд.”

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Ҳасани Руҳонӣ асри шанбе (10.02.2018) дар дидори Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон, бо таъкид бар зарурати тасреъ дар тақвияти равобити ҳамаҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ҷуброни костиҳои гузашта дар масири тавсиъаи ҳамкориҳои Теҳрон ва Тошканд, изҳор дошт: “Фаъол кардани зарфиятҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, энержӣ, тронзит, сармоягузории муштарак, туризм ва иртиқои сатҳи табодулоти бонкӣ ва пулӣ, метавонад гомҳои бисёр хубе барои ҷаҳиш дар масири тавсиъаи ҳамаҷонибаи равобити Эрон ва Ӯзбакистон бошад.”

Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин бо ишора ба аҳаммияти тавсиъаи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Теҳрон ва Тошканд гуфт: “Дар ҳавзаи масоили фарҳангӣ ва ҳунарӣ, Эрон ва Ӯзбакистон аз решаи воҳиде бархӯрдоранд ва ба унвони ду кишвари мусалмон метавонем исломи раҳмонӣ ва тавъам бо раъфат ва меҳрубониро дар муқобили хушунат ва ифротигарӣ тарвиҷ диҳем.”

Руҳонӣ ҳамчунин гуфтугӯ ва ройзании наздик ва танготанги ду кишвар дар масоили минтақаиро мавриди таъкид қарор дод ва афзуд: “Теҳрон аҳаммияти бисёр зиёде барои субот ва амният дар кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ба вежа Афғонистон қоил аст ва дар ин росто ду кишвар метавонанд ба манзури эҷоди субот ва амният дар минтақа ва мубориза бо теруризм ва ифротигарӣ, ҳамкориҳои муштараке дошта бошанд.”

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон низ дар ин дидор бо табрики солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ, бо ишора ба нақши таъсиргузори Эрон дар таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон изҳор дошт: “Ӯзбакистон мусаммам аст бо фаъолсозии тамоми зарфиятҳои ҳамкорӣ, фасли навине дар равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бигушояд.”

Вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон мавозеи кишвараш дар заминаи исломи раҳмонӣ ва арзиширо комилан бо мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон мунтабиқ донист ва афзуд: “Мӯътақидем метавонем бо ҳамкории наздик дар ин ҳавза, аз раванди ифротигарӣ ҷилавгирӣ кунем.”

Комилов бо ишора ба ин ки амният ва суботи кишварҳои минтақа ба якдигар пайванд хӯрдааст, гуфт: “Барои барқарории амнияти пойдор ва муъзалоти нигаронкунандае монанди родиколизм ва маводди мухаддир, таҳкими равобит ва ҳамкории кишварҳои минтақаро калидӣ медонем ва дар ин росто ба дунболи тақвият беш аз пеши муносиботи худ бо Теҳрон ҳастем.”

Вай ҳамчунин бо ишора ба нақши мунҳасир ба фарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таҳкими суботи минтақаӣ, паёми катбии раисиҷумҳури Ӯзбакистонро тақдими дуктур Руҳонӣ кард.

Дар ин паём аз кишвари Эрон барои ширкат дар конфронсе, ки тайи моҳҳои оянда ва дар сатҳи вузарои хориҷаи 21 кишвар ва низ намояндагони Созмони Милал ва Иттиҳодияи Урупо дар хусуси субот, амният ва тавсиъаи Афғонистон баргузор мешавад, даъват шудааст, ки мавриди истиқболи дуктур Руҳонӣ қарор гирифт.

* * *

Дидори вузарои хориҷаи Эрон ва Ӯбакистон

Ба гузориши Ирно, Абдулазиз Комилов ҳамчунин шомгоҳи шанбе бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон низ дидор ва гуфтугӯ кард.

Бар пояи ин гузориш, дар ин дидор дар бораи роҳҳои мухталифи густариши равобити дуҷониба, масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар шуд.

Имзои санади ҷомеи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ба вежа дар ҳавзаҳои энержи (нафту гоз) тронзит, ҳамлу нақли релӣ, хадамоти консулӣ, гардишгарӣ ва… аз ҷумлаи меҳварҳои гуфтугӯ буд.

Ҳамчунин парвози мустақими босарфатар барои ташвиқи туҷҷор ва гардишгарони ду кишвар ва тақвияти ҳамкориҳои бонкӣ миёни ду кишвар, дар ин дидор мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.

Тарафайн ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ аз ҷумла фаъолияти бархе гурӯҳҳои теруристӣ ба вежа дар Афғонистон ба унвони як таҳдиди муштарак гуфтугӯ ва табодули назар карда ва роҳҳои мухталифи ҳамкории муштарак дар ин заминаро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор даъватномаи муштараки вазирони хориҷаи Ӯзбакистон ва Афғонистон хитоб ба Зариф барои ширкат дар конфронси амнияти Афғонистон, ки миёнаҳои марти 2018 дар Тошканд баргузор мешавад, ба вазири умури хориҷаи Эрон ироа шуд.

Тасовире аз ин ду дидор:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: