Перейти к содержимому

Посухи пурсише дар бораи шароити ёрии Худо ба мӯъминон ва низ дуо ва шароити истиҷобати он

Пурсиш:

Салом устод, як чанд суол чанд вақт боз зеҳнамро машғул кардааст ва чавоби дақиқу мантиқӣ пайдо карда натавонистам:

1) Дар мавриди сифатҳои Худованд аст, ки раҳмону раҳим аст, вале чаро вақте ба ин қадар мардуми мусалмон зулм мешавад, Худованд кӯмакашон намекунад? Чаро вақте мазлумон дуо мекунанд, ки Худоё фулон золимро нобуд кун, дуояшон мустаҷоб намешавад? Ё чӣ хел фаҳмем, ки дуо кардан ва кӯмак хостан аз Худо чӣ гуна бояд бошад? Агар қарор аст, ки Худованд фақат барои охиратамон моро бибахшад ё аз дӯзах наҷотамон диҳад ва дар ин дунё барои дигар корҳо кӯмакамон накунад, пас чаро мегӯянд, дар ҳама кор аз Худо мадад бихоҳед? Оё Худованд дар умури дунявиямон ба мо бандагонаш кӯмак мекунад ё не? Агар бале, пас чаро ин ҳама мусалмонон қатл мешаванд ва ё дарбадару овораанд. Агар не, пас чаро ин қадар аз Худо кӯмак мехоҳем? Пешо пеш ташаккур устод, матолиби хубатон. Ба ҳеч ваҷҳ Худое накарда ман шакке накардаам ба Худоям, вале мехоҳам дуруст дарк кунам, ки Худоямро чӣ гуна ибодат кунам ва чӣ гуна дуо бояд кард.

Суоли дуюмам дар мавриди қазо ва қадар аст, ки баъди посух гирифтанам ба суоли аввалам, онро бароятон матраҳ мекунам. Феълан ба як ҷавоби дақиқ ба суоли аввалам бирасам, дуюмаша иншоаллоҳ матраҳ мекунам. Ростӣ, фикр кардам, ки аз ки пурсам ин суоламро, ки ҷавоби мантиқӣ ва қонеъкунанда бигирам, вале касеро беҳтар аз шумо пайдо накардам.

А.Қ.

* * *

Посух:

Ба номи Худованди Раҳмону Раҳим

Ва алайкум салом. Пурсиши шумо худаш чанд пурсиш аст, на як пурсиш, аммо банда саъй мекунам бо зикри чанд нукта, посухи ҳамаи ин пурсишҳоро бидиҳам:

1) Нуктаи аввал ин ки: раҳмону раҳим будани Худованд ва ин ки зоти ӯ меҳрубон аст, рабте ба ин масъала надорад, ки чаро мусалмононро вақте ба онҳо ситам мешавад кӯмак намекунад. Зеро Худованд офаридгор ва парвардигори ҳамаи ҷаҳониён аст, чӣ мусалмон бошанд ва чӣ ғайри мусалмонон. Аз ин рӯ, “раҳмону раҳим” ва меҳрубонии ӯ, фақат аз барои мусалмонон нест, аз барои дигарон ҳам ҳаст бидуни истисно. Зоти ӯ ҳамон андоза, ки нисбат ба як мусалмонон меҳрубон аст, нисбат ба як кофир ҳам меҳрубон аст. Ин як масъала.

Масъалаи дигар он ки: агар як нафар мӯъмину мусалмон шудааст, ба фоида ва суди худаш аст на Худованд, ва агар кофир ва мулҳид гардидааст, ба зарару зиёни худаш будааст на Худованд:

وَقُلِ الْحَقُّ مِن رَّبِّكُمْ فَمَن شَاء فَلْيُؤْمِن وَمَن شَاء فَلْيَكْفُرْ

Бигӯ: ҳақ аз парвардигорат расидааст, пас, ҳар кас ки бихоҳад, имон оварад, ва ҳар ки бихоҳад, куфр варзад…” (Сураи Каҳф, ояти 29)

Ба сухани дигар: Худованд бо фиристодани Паёмбарони илоҳӣ ба сӯи одамиён, барои онҳо роҳро аз чоҳ нишон медиҳад ва мегӯяд, роҳи саодат ва хушбахтӣ дар дунё ва охират ин аст, ва роҳи шақоват ва бадбахтӣ он. Он гоҳ шумо ихтиёр доред ҳар кадомеро бипаймоед; агар хостед, роҳи шақоватро бипаймоед (ҳар ки бихоҳад, куфр варзад), ва агар хостед, роҳи саодатро (ҳар кас ки бихоҳад, имон оварад), ҳеч иҷборе дар кор нест. Агар роҳи саодатро паймудед, ба фоидаи худатон аст, на Худованд, ва агар роҳи шақоватро ихтиёр кардед, ба зарару зиёни худатон аст:

مَن كَفَرَ فَعَلَيْهِ كُفْرُهُ وَمَنْ عَمِلَ صَالِحًا فَلِأَنفُسِهِمْ يَمْهَدُونَ

Ҳар ки куфр варзад, куфраш ба зиёни худи ӯст, ва касоне, ки кори шоиста кунанд, (фарҷоми некро) ба суди худашон омода мекунанд.” (Сураи Рум, ояти 44)

Бале, Худованд дӯст дорад шумо роҳи саодатро ихтиёр кунед, вале агар напаймудед, Худоро ҳеч зарару зиёне нарасондаед:

إِن تَكْفُرُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنكُمْ وَلَا يَرْضَى لِعِبَادِهِ الْكُفْرَ وَإِن تَشْكُرُوا يَرْضَهُ لَكُمْ

Агар куфр варзед, Худо аз шумо бениёз аст (яъне ниёзе ба имони шумо надорад ва фоидае ҳам аз он оиди Худо намешавад), ва албатта барои бандагонаш куфрро намеписандад (ва розӣ нест, ки куфр варзанд), ва агар сипос доред, онро барои шумо меписандад…” (Сураи Зумар, ояти 7)

Баъзеҳоро гумон ин аст, ки ҳамин ки як нафар мӯъмину мусалмон шудааст, пас бар гардани Худованд ҳаққе пайдо карда ва он гоҳ Худо вазифа дорад ҳамеша ҳавои ӯро дошта бошад, ба ҳадде, ки агар дар мусибате гирифтор ояд, он вақт бар Худо миннат гузорад, ки Худоё! Мо, ки мусалмонем, чаро бо мо чунин шуда?!

يَمُنُّونَ عَلَيْكَ أَنْ أَسْلَمُوا قُل لَّا تَمُنُّوا عَلَيَّ إِسْلَامَكُم بَلِ اللَّهُ يَمُنُّ عَلَيْكُمْ أَنْ هَدَاكُمْ لِلْإِيمَانِ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ

Аз ин ки ислом овардаанд, бар ту миннат мениҳанд. Бигӯ: бар ман аз ислом оварданатон миннат магузоред, балки ин Худост, ки бо ҳидоят кардани шумо ба имон, бар шумо миннат мегузорад агар ростгӯ бошед.” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 17)

* * *

2) Нуктаи дигар он ки: Худованд дар порае аз оятҳои қуръонӣ ваъда додааст, ки мӯъминонро кӯмак ва собитқадамашон мегардонад. Бале, инчунин оятҳо ҳаст. Аммо ин ваъдаҳо машрут ҳастанд, на мутлақ. Яъне, чунин нест, ки ҳамин ки шумо мусалмонед, пас Худованд кӯмакатон мекунад. Чунин нест. Балки се шарт дорад: шарти аввал ин ки: бояд мӯъмин бошед (на мусалмони хушку холӣ), шарти дуввум он ки: ба сурати гурӯҳӣ мӯъмин бошед (на инфиродӣ), ва шарти севвум ин ки: Худоро кӯмак кунед:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِن تَنصُرُوا اللَّهَ يَنصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ

Эй касоне, ки имон овардаед! Агар Худоро ёрӣ кунед, ёриатон мекунад ва қадамҳоятонро устувор медорад.” (Сураи Муҳаммад (с), ояти 7)

Таваҷҷӯҳ бифармоед: аввалан, хитоб ба “касоне, ки имон овардаанд” аст, яъне мӯъминон, на мусалмонон. Зеро мусалмон будан, ғайр аз мӯъмин будан аст. Агар як инсон ба забон калимаи шаҳодат оварад, ӯ дигар мусалмон аст, агарчи қалбан боварманд ба шаҳодати худ набошад. Аммо мӯъмин касе аст, ки ҳам қалбан ба он чи шаҳодат дода боварманд аст, ва ҳам ба муқтазои имони худ амал мекунад, яъне так-таки он чиро Худованд ва Паёмбараш дастур фармудаанд анҷом медиҳад ва аз ҳамаи он чи Худо ва Паёмбар наҳй карда ва боздоштаанд, даст бармедорад. Ин аст мӯъмин.

Хуб, ҳоло, оё мусалмонони имрӯз дорои ин шарт ҳастанд? Яъне, оё мӯъмини воқеӣ ҳастанд, то интизори ёрӣ ва кӯмаки Худо бошем? Шумо аз миёни якуним милёрд мусалмони мавҷуд дар рӯи олам, чанд то мӯъмини воқеӣ пайдо мекунед? Қазоват ва доварӣ бо худи шумост.

Сониян, хитоб чунин аст: “касоне, ки имон овардаанд”, на “касе, ки имон овардааст”. Ба сухани дигар, хитоб ба гурӯҳи мусалмонон аст (ва ё ҳаддиақал аксарияти уммат), на ба сурати инфиродӣ. Зеро, шояд дар миёни уммат мӯъминони воқеӣ пайдо шаванд, вале ин кофӣ нест, балки шарт он аст, ки бояд ба сурати гурӯҳӣ ва дастаҷамъӣ мӯъмин ва боварманди воқеӣ бошанд, яъне ҷамоати мӯъминон.

Солисан, шарти севвум ин аст: “Агар Худоро ёрӣ кунед, ёриатон мекунад”… Ёрӣ ва кӯмаки Худо, ба тасреҳи баёни ҳазрати Паёмбари Акрам (с) ва муфассирони Қуръони Карим яъне ин ки ба дастуроти Худованд амал кунанд. Ва чунонки дар шарти аввал баён доштем, шумо дар миёни яку ним милёрд мусалмони мавҷуд дар рӯи олам дар имрӯз, чанд нафар мӯъмини воқеӣ, ки мӯ ба мӯ ба дастуроти илоҳӣ амал мекунанд пайдо мекунед?

Яке аз муаккадтарини дастуроти илоҳӣ ва дастури ҳазрати Паёмбари Акрам (с) барои умматаш ин аст, ки талаби илму донишро ба сони намозу рӯза бар як-яки зану марди мусалмон фарз карда ва фармуда:

طلب العلم فريضة على كل مسلم

Талаби илм ва донишандӯзӣ бар ҳар мусалмоне фарз аст.” (Ривояти Табаронӣ дар Алкабир)

Ва дар ривояте дигар омада:

طَلَبُ العِلمِ فَريضَةٌ عَلى كُلِّ مُسلِمٍ و مُسلِمَةٍ

Талаби илм ва донишандӯзӣ бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст.” (Ривояти Кулайнӣ дар Кофӣ)

Ва талаби дониш дар ислом, замон намешиносад. Ин гуфтор мансуб аст ба ҳазрати Паёмбари Акрам (с), ки:

اطلبوا العلم من المهد إلى اللحد

Донишро аз гаҳвора то гӯр талаб бикун.”

Ва макон ҳам намешиносад, Паёмбари Акрам (с) фармудаанд:

اطلبوا العلم ولو بالصين

Донишро ҳатто агар дар Чин ҳам бошад, талаб бикун.”

Пурвозеҳ аст, ки мақсуд аз “дониш” дар ин тавсияҳо, фақат дониши динӣ нест, балки дониш ба сурати мутлақ аст яъне ҳамаи донишҳост. Зеро дониши динӣ, ки мулҳам аз ваҳй аст, ҳама дар Қуръон ва суннат аст, аз ин рӯ вақте ҳазрати Паёмбар (с) мефармоянд, донишро ҳатто агар дар Чин ҳам, ки бошад биёмӯз, манзурашон ҳамаи донишҳост, чӣ таҷрибӣ бошад, чӣ инсонӣ ва ғайра.

Хуб, ҳоло, уммати исломӣ дар ин ноҳия, имрӯз чӣ вазъе доранд? Оё ба ин дастуроти муаккади ислом амал мекунанд? Тибқи ин дастуроти исломӣ, мо мусалмонон мебоист пешоҳанги ҷаҳониён бошем дар ҳамаи риштаҳои илм, чӣ физик, ё шимӣ, ё риёзӣ ва ғайра… Тибқи ин дастурот, ин мо мусалмонон мебудем, ки имрӯз ҳарфи аввалро дар улум мезадем, чунонки аз садри ислом то 500 сол пеш ҳамин вазъро доштем, ва ба ҳамин хотир буд, ки азиз будем. Аммо ҳоло чӣ? Мунҳаттарини миллатҳо дар ноҳияи дониш ҳастем.

Яке ду рӯз пеш, баҳсеро дар Фейсбук дидам байни як ҷавони мусалмон бо як ҷавони донишманди тоҷик, ки он ҷавони мусалмон мегуфт, замин мусаттаҳ аст!

Ин аст вазъи мо дар ноҳияи улум. Он вақт шумо таваққӯъ доред, Худованд моро кӯмак ва ёриамон кунад?!

* * *

3) Нуктаи севвум дар бораи дуо: Қабул шудани дуо шароите дорад, ки бояд муҳайё бошанд. Дар ривоят ҳаст, ки “Дуокунандаи бе амал мисли тирандози бидуни камон аст”. Яъне инсон ҳамзамон бо дуо, бояд даст ба кор шавад, вагарна дуо маъно пайдо намекунад. Дар ривоят аст, ки шахсе бо ҳаяҷону изтироб ба ҳузури Имом Содиқ (а) омад ва гуфт:

— Дар бораи ман дуое бифармоед, то Худованд ба ман вусъати ризқе бидиҳад, ки хеле фақир ва тангдастам.

Имом фармуд:

— Ҳаргиз дуо намекунам.

Пурсид:

— Чаро дуо намекунед?

Имом фармуд:

— Барои ин ки Худованд роҳе барои ин кор муайян кардааст. Худованд амр карда, ки рӯзиро пайҷӯӣ кунед ва талаб намоед. Аммо ту мехоҳӣ дар хонаи худ биншинӣ ва бо дуо рӯзиро ба хонаи худ бикашонӣ. (Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Васоил”)

Ин ки вақте як инсон ва ё гурӯҳе аз инсонҳо мавриди зулму ситам қарор мегиранд, тардиде нест, ки агар дуо кунанд, дуояшон мустаҷоб мешавад, дар истиҷобати дуои мазлум шакке нест. Аммо таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки мо ду навъ мазлум ва ситамдида дорем: яке, мазлуме, ки ҳар коре, ки лозим бошад то мазлум воқеъ нашавад, анҷом медиҳад. Дигар, мазлуме, ки аз ҳамон ибтидо тан ба мазлумият медиҳад ва ҳеч коре барои раҳоӣ аз юғи ситам анҷом намедиҳад.

Дуои мазлуми аввалӣ қатъан мустаҷоб мешавад агарчи бо гузашти андаке замон, дар ин кучактарин тардиде нест. Аммо дуои мазлуми дуввумӣ мустаҷоб намешавад. Зеро ӯ аввалан худаш тан ба мазлумият медиҳад – ки ин худ дар ислом гуноҳ аст, яъне ҳамон тавр ки зулм гуноҳ аст, зулмпазирӣ ҳам гуноҳ аст – ва сониян, ӯ ҳеч коре барои раҳоӣ аз зулм анҷом надодааст, масалан бо золим пайкор накардааст. Дар сураи Нисо, дар бораи ҳар дуи ин гурӯҳ аз мазлумон сухан рафтааст:

إِنَّ الَّذِينَ تَوَفَّاهُمُ الْمَلآئِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ قَالُواْ فِيمَ كُنتُمْ قَالُواْ كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الأَرْضِ قَالْوَاْ أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُواْ فِيهَا فَأُوْلَئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ وَسَاءتْ مَصِيرًا

Касоне, ки бар хештан ситамкор будаанд, вақте фариштагон ҷонашонро мегиранд, (фариштаҳо) хитоб ба онҳо мегӯянд: дар чӣ ҳол будед? Посух медиҳанд: мо дар замин аз мустазъафон (яъне аз заъифшудаҳо) будем. (Фариштаҳо) мегӯянд: магар замини Худо васеъ набуд, то дар он муҳоҷират кунед?! Пас, онон ҷойгоҳашон дӯзах аст, ва дӯзах бад саранҷоме аст!” (Сураи Нисо, ояти 97)

Яъне, фариштаҳо мегӯянд, шумо метавонистед хештанро аз зулму ситаме, ки дар он қарор доштед, наҷот бидиҳед ва мусофират кунед аз диёри зулм, аммо шумо тан ба мазлумият додед ва мондед, аз ин рӯ ҷойгоҳе ба ҷуз дӯзах нахоҳед дошт.

Аммо дар ояти баъдӣ, гурӯҳе аз мазлумонро аз бурдан ба дӯзах истисно мекунад ва мефармояд:

إِلاَّ الْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاء وَالْوِلْدَانِ لاَ يَسْتَطِيعُونَ حِيلَةً وَلاَ يَهْتَدُونَ سَبِيلًا

… магар он мардон ва занон ва кӯдакони фурӯдасте, ки чораҷӯӣ натавонанд ва роҳе наёбанд.” (Сураи Нисо, ояти 98) Яъне касоне, ки дигар чорае ва роҳе барои раҳоӣ аз юғи зулму ситам надоранд, бале инҳо ҳисобашон ҷудост.

Бинобар ин, агар имрӯза мебинем бисёре аз мусалмонон мазлум ҳастанд ва бар фарз дуо ҳам мекунанд ва дуояшон мустаҷоб намешавад, бояд дид, инҳо аз кадом даста аз мазлумонанд? Оё аз касоне ҳастанд, ки зулмро ба ихтиёри худашон пазируфтаанд ва дӯст доранд ғулом бошанд ва ҳеч саъю талоше барои наҷоти худ анҷом намедиҳанд? Ё на, аз афроде ҳастанд, ки тамоми талоши худро ба харҷ доданд, то аз зулм наҷот пайдо бикунанд, вале роҳе пайдо накарданд?

Мутмаин бошед, агар аз дастаи дуввум ҳастанд, қатъан ва бидуни кучактарин шакку тардид, дуояшон мустаҷоб хоҳад шуд ҳарчанд бо гузашти андаке замон. Вале агар аз дастаи аввал бошанд, дар ин ҳам мутмаин бошед, ки то рӯзи қиёмат мазлум хоҳанд монд ва дуояшон ҳам мустаҷоб намешавад, зеро худашон мазлумият ва хориро ба ихтиёри худ пазируфтаанд ва дӯст доранд ғулом ва барда боқӣ бимонанд.

Матлаби дигар дар бораи дуо ин аст, ки: мо гоҳе беҷо гумон мекунем, ки сазовори иҷобати дуо ҳастем. Яке аз монеаҳои иҷобати дуо ин гуноҳон аст. Дар ривоят омадааст, ки гуноҳ монеи истиҷобати дуост, ҳамчунон ки дар ривоёт ҳаст, ки агар мардум аҳли тақво ва парҳезгорӣ буданд, аз замину осмон баракат бар онҳо нозил мешуд.

Ва матлаби дигар дар ин росто он аст, ки: Худованд ҳаргиз дуои бандаашро беҷавоб намемонад агар дар он дархост маслиҳати банда бошад. Аммо гоҳе агар дархост бароварда намешавад, ин бе ҳикмат нест дӯстам! Шояд маслиҳат дар ин будааст, ки он дархост бароварда нашавад. Зеро мо одамҳо ба масолеҳу манофеи худ, чунонки Худо ба онҳо огоҳ аст, огоҳ нестем. Худованд ҳаргиз дуоеро, ки ба маслиҳати мо нест, иҷобат намекунад, ҳамон тавр ки меҳрубонии ҳеч падаре иҷоза намедиҳад, ки ба ҳоҷати ғайримуфиди фарзандаш таваҷҷӯҳ кунад.

Дар поён ин нуктаро мехоҳам бароятон ёдовар шавам. Ва он ин аст: ҳамин ки инсон тавфиқ пайдо кардааст, ки даст ба сӯи Худо дароз кунад ва аз ӯ бихоҳад, ин худаш як неъмати бузург аст. Инро набояд кам шумурд.

Мавлоно ҳикояти ҷолибе дар Маснавӣ овардааст:

Мегӯяд, як нафар ҳамвора дар дили шаб бо сӯзу гудоз Худоро мехонд. Комаш бо лафзи “Аллоҳ, Аллоҳ…” ширин буд. Ин ҳолати руҳонӣ бар шайтон сахт омад. Пеши он мард омад ва гуфт: эй пуррӯй! Ту, ки мебинӣ Худованд дар баробари дуоҳои ту лаббайке намегӯяд, чаро ин қадр ӯро дуо мекунӣ? Бас аст! Дуо карданро раҳо кун!

Он марди бечора гӯли васвасаи шайтонро мехӯрад ва дуоро раҳо месозад. Ӯ дар хоб ҳазрати Хизр (а)-ро дар боғе сабзу хуррам мебинад. Ҳазрати Хизр (а) ба ӯ мегӯяд: чӣ шуд? Чаро дигар “Аллоҳ, Аллоҳ…” намегӯӣ? Мард дар ҷавоб мегӯяд: ман ҳар чӣ Худоро бештар мехонам, ҷавобамро намедиҳад.

Ҳазрати Хизр (а) мегӯяд: Худованд ба ман фармуд, ба ту бигӯям: магар бояд ҷавоби Худоро аз дару девор бишнавӣ? Ҳамин ки “Аллоҳ, Аллоҳ…” мегӯӣ ва ҷазабаи худоӣ туро ба сӯи худ мехонад, хуб, ин худаш лаббайк гуфтани Худо ба туст.

Ҳазрати Хизр (а) идома медиҳад: эй бандаи Худо! Худованди Мутаол ба Фиръавн ҷоҳу ҷалол дод, то ӯ даст ба дуо барнадорад. Пас, эй азиз ва эй мӯъмин! Бидон, ки ҳамон сӯзу гудози ту, далел бар роҳёбӣ ва пазириши тавбаи туст.

Он яке Аллоҳ мегуфтӣ шабе,

То ки ширин мешуд аз зикраш лабе.

Гуфт шайтон: “Охир эй бисёргӯ!

Ин ҳама Аллоҳро лаббайк ку?

Менаёяд як ҷавоб аз пеши тахт,

Чанд Аллаҳ мезанӣ бо рӯйи сахт?”

Ӯ шикастадил шуду бинҳод сар,

Дид дар хоб ӯ Хизирро дар хузар.

Гуфт: “Ҳин! Аз зикр чун вомондаӣ,

Чун пушаймонӣ аз он, к-иш хондаӣ?”

Гуфт: “Лаббайкам намеояд ҷавоб,

З-он ҳаметарсам, ки бошам радди боб”.

Гуфт: “Он Аллоҳи ту лаббайки мост,

В-он ниёзу дарду сӯзат пайки мост.

Ҳилаҳову чораҷӯйиҳои ту,

Ҷазби мо буду гушод ин пойи ту.

Тарсу ишқи ту каманди лутфи мост,

Зери ҳар “Ё Рабб!”-и ту лаббайкҳост”.

Ҷони ҷоҳил з-ин дуъо ҷуз дур нест,

З-он ки “Ё Раб!” гуфтанаш дастур нест.

Бар даҳону бар лабаш қуфл асту банд,

То нанолад бо Худо вақти газанд.

Дод мар Фиръавнро сад мулку мол,

То бикард ӯ даъвии иззу ҷалол.

Дар ҳама умраш надид ӯ дарди сар,

То нанолад сӯйи Ҳақ он бадгуҳар.

Дод ӯро ҷумла мулки ин ҷаҳон,

Ҳақ надодаш дарду ранҷу андуҳон.

Дард омад беҳтар аз мулки ҷаҳон,

То бихоҳӣ мар Худоро дар ниҳон.

Хондани бедард аз афсурдагист,

Хондани бодард аз дилбурдагист.

Он кашидан зери лаб овозро,

Ёд кардан мабдаву оғозро.

Он шуда овози софиву ҳазин:

Эй Худо в-эй мустағосу эй муъин!..

Саломат бошед, мунтазири пурсиши дуввуми шумо мемонам.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: