Адли илоҳӣ (23)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши панҷум: Фоидаҳои шурур (3)

Масоиб (мусибатҳо), модари хушбахтиҳо

Гузашта аз ин ки бадиҳо, дар ҷилва додан ба зебоиҳо ва дар падид овардани як маҷмӯаи олӣ нақши муҳимме доранд, матлаби асосии дигаре дар робитаи бадӣ ва хубӣ низ вуҷуд дорад. Байни он чи мо ба унвони мусибат ва бадӣ мехонем ва он чи ба номи камол ва саодат мешиносем, робитаи иллӣ ва маълулӣ вуҷуд дорад. Бадиҳо модари хубиҳо ва зояндаи онҳо ҳастанд. Ин севвумин асари муфиди бадиҳост.

Нахустин асар ин буд, ки вуҷуди бадиҳо ва зиштиҳо дар падид овардани маҷмӯаи зебои ҷаҳон зарурӣ аст. Асари дуввум ин буд, ки ҳатто зебоиҳо ҷилваи худро аз зиштиҳо дарёфт мекунанд ва агар зиштӣ ва бадӣ вуҷуд намедошт, зебоӣ ва хубӣ низ мафҳум надошт; ба ин маънӣ, ки зебоии зебо дар эҳсос раҳини вуҷуди зиштии зиштҳо ва падид омадани муқоиса байни онҳост.

Акнун севвумин асари бадиҳо ва бадбахтиҳоро таҳти ин унвон шарҳ медиҳем, ки зиштиҳо муқаддимаи вуҷуди зебоиҳо ва офаринанда ва падидоварандаи онҳо мебошанд. Дар шиками гирифториҳо ва мусибатҳо некбахтиҳо ва саодатҳо нуҳуфтааст, ҳамчунон ки гоҳе ҳам дар даруни саодатҳо бадбахтииҳо таквин меёбанд, ва ин, формули ин ҷаҳон аст:

يُولِجُ اللَّيْلَ فِي النَّهَارِ وَيُولِجُ النَّهَارَ فِي اللَّيْلِ

Худо шабро дар шиками рӯз фурӯ мебарад ва рӯзро дар шиками шаб.” (Сураи Ҳаҷ, ояти 61)

Зарбулмасали маъруфе, ки мегӯяд: “Поёни шаби сияҳ сафед аст”, талозуми қатъӣ байни таҳаммули ранҷ ва найл ба саодатро баён мекунад; гӯӣ сафедиҳо аз сиёҳиҳо зоида мешаванд, ҳамчунон ки сафедиҳо низ дар шароити инҳирофӣ сиёҳӣ тавлид мекунанд.

Ҳегел, файласуфи маъруфи олмонии қарни 19-ум сухане дорад, ки аз ин назар қобили таваҷҷӯҳ аст. Мегӯяд:

Низоъ ва шарр умури манфии ношӣ аз хаёл нестанд, балки умури комилан воқеӣ ҳастанд ва дар назари ҳикмат, пиллаҳои хайр ва такомул мебошанд. Танозӯъ қонуни пешрафт аст. Сифот ва саҷоё дар маъракаи ҳарҷу марҷ ва иғтишоши олам, такмил ва таквин мешаванд ва шахс фақат аз роҳи ранҷ ва масъулият ва изтирор ба авҷи улувви худ мерасад. Ранҷ ҳам амре маъқул аст ва аломати ҳаёт ва муҳаррики ислоҳ мебошад. Шаҳавот низ дар байни умури маъқул барои худ ҷое доранд; ҳеҷ амри бузурге бидуни шаҳват ба камоли худ нарасидааст ва ҳатто ҷоҳталабиҳо ва худхоҳиҳои Нопелеун, бидуни иродаи ӯ, ба пешрафти ақвом кӯмак кардааст. Зиндагӣ барои саодат (оромиш ва ризояти ҳосил аз он) нест, балки барои такомул аст. Таърихи ҷаҳон саҳнаи саодат ва хушбахтӣ нест, давраҳои хушбахтӣ сафаҳоти беруҳи онро ташкил медиҳад… ва чунин ризоят ва хурсандии гаронбор сазовори як мард нест. Таърих дар адворе дуруст шудааст, ки таноқузоти олами воқеъ ба василаи пешрафт ва такомул ҳал шудааст.” (Таърихи фалсафа, Вил Дуронт, с.249-250)

Қуръони Карим барои баёни талозуми сахтиҳо ва осоишҳо мефармояд:

فَإِنَّ مَعَ الْعُسْرِ يُسْرًا. إِنَّ مَعَ الْعُسْرِ يُسْرًا

Пас, ҳатман бо сахтӣ осонӣ аст, ҳатман бо сахтӣ осонӣ аст.” (Сураи Иншироҳ, оятҳои 5-6)

Қуръон намефармояд, ки баъд аз сахтӣ осонӣ аст. Таъбири Қуръон ин аст, ки бо сахтӣ осонӣ аст, яъне осонӣ дар шиками сахтӣ ва ҳамроҳи он аст. Ва ба қавли Мавлавӣ: “Зидд андар зидд пинҳон мундараҷ”.

Зиндагӣ дар мурдану дар миҳнат аст,

Оби ҳайвон дар даруни зулмат аст.

Ин ҷо нуктаи латифе ҳаст, ки фаҳми он ба нақли тамоми оятҳои ин сура бастагӣ дорад:

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

أَلَمْ نَشْرَحْ لَكَ صَدْرَكَ. وَوَضَعْنَا عَنكَ وِزْرَكَ. الَّذِي أَنقَضَ ظَهْرَكَ. وَرَفَعْنَا لَكَ ذِكْرَكَ. فَإِنَّ مَعَ الْعُسْرِ يُسْرًا. إِنَّ مَعَ الْعُسْرِ يُسْرًا. فَإِذَا فَرَغْتَ فَانصَبْ. وَإِلَى رَبِّكَ فَارْغَبْ

Рӯи сухан бо шахси Пайғамбари Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст. Ин сура хосси он ҳазрат аст. (Мефармояд:)

Ба номи Худои Раҳмони Раҳим.

Оё ба ту сиъаи садр надодем? Боре, ки пушти туро хам карда буд, аз дӯшат баргирифтем, овозаатро баланд сохтем. Пас, ҳатман бо сахтӣ осонӣ ҳамроҳ аст, ҳатман бо сахтӣ осонӣ қарин аст. Пас замоне, ки осуда шудӣ, ба кӯшиш пардоз ва ба сӯи Парвардигори хештан мутаваҷҷеҳ шав.” (Сураи Иншироҳ)

Ин сура бо лаҳне пур аз утуфат хотири шарифи Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро, ки гӯӣ аз номулоимот озурда гашта буд, навозиш медиҳад, гӯшзад мекунад, ки чӣ гуна Худо бори сангини вайро аз дӯшаш бардошта ва сахтияшро мубаддал ба осонӣ кардааст. Он гоҳ ба шеваи улуми таҷрибӣ аз як ҷараёни воқеъшуда ва машҳуд истинтоҷ карда мегӯяд: “Пас, бо сахтӣ осонӣ ҳаст”, яъне аз ин ки дар гузашта боре бар дӯши ту буд ва мо онро бардоштем ва номатро баланд сохтем ва ба ту бурдборӣ ва қудрати таҳаммул додем, чунин натиҷа бигир, ки: “ҳатман бо ҳар сахтӣ осонӣ ҳаст.”

Сипас барои тасбити натиҷа ва итминон додан ба қатъӣ будани он, такрор мекунад, ки оре: “бо сахтӣ осонӣ ҳаст.”

Нуктаи ҷолиб ин аст, ки баъд аз натиҷа гирифтани ин формули куллӣ, хатти машйи ояндаро низ бар ҳамин асос таъйин мефармояд, мегӯяд: “Пас, вақте фароғат ёфтӣ, ба кӯшиш пардоз.” Яъне чун осонӣ дар шиками таъабу ранҷ қарор дода шудааст, пас ҳар вақт фароғат ёфтӣ, худро муҷаддадан ба заҳмат биандоз ва кӯшишро аз сар бигир.

Ин хусусият марбут ба мавҷудоти зинда, ба хусус инсон аст, ки сахтиҳо ва гирифториҳо муқаддимаи камолҳо ва пешрафтҳост. Зарбаҳо ҷамодотро нобуд месозад ва аз қудрати онон мекоҳад, вале мавҷудоти зиндаро таҳрик мекунад ва нерӯманд месозад. “Бас зиёдатҳо, ки андар нақсҳост.”

Мусибатҳо ва шадоид, барои такомули башар зарурат доранд. Агар миҳнатҳо ва ранҷҳо набошад, башар табоҳ мегардад. Қуръони Карим мефармояд:

لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ فِي كَبَدٍ

Ҳамоно инсонро дар ранҷу сахтӣ офариниш додаем.” (Сураи Баланд, ояти 4)

Одамӣ бояд машаққатҳо таҳаммул кунад ва сахтиҳо бикашад, то ҳастии лоиқи худро биёбад. Тазодд ва кашмакаш шаллоқи такомул аст. Мавҷудоти зинда бо ин шаллоқ роҳи худро ба сӯи камол мепаймоянд. Ин қонун, дар ҷаҳони наботот, ҳайвонот ва ба хусус инсон содиқ аст.

Амири мӯъминон Алӣ (а) дар яке аз номаҳои худ, ки ба Усмон ибни Ҳунайф (р), фармондори хеш дар Басра навиштаанд, ин қонунро гӯшзад мекунанд, ки: “Дар нозу неъмат зистан ва аз сахтиҳо дурӣ гузидан, мӯҷиби заъф ва нотавонӣ мегардад, ва баръакс, зиндагӣ кардан дар шароити душвор ва ноҳамвор, одамиро нерӯманд ва чобук месозад ва ҷавҳари ҳастии ӯро обдида ва тавоно мегардонад.

Ин пешвои бузург дар ин нома, фармондори худро накӯҳиш мекунад, ки чаро дар маҷолиси шабнишинии ашроф ширкат карда ва дар маҳфиле, ки бенавоёнро дар худ напазируфта ва танҳо сарватмандонро дар худ ҷой додааст гом ниҳодааст. Ва ба ҳамин муносибат зиндагии соддаи хешро шарҳ медиҳад ва аз пайравони худ ва махсусан аъзои давлати худ мехоҳад, ки ба шеваи ӯ таъассӣ ҷӯянд.

Он гоҳ барои ин ки роҳи баҳонаҷӯиро бибандад, тавзеҳ медиҳад, ки шароити ноҳамвор ва тағзияи содда, аз нерӯи инсон намекоҳад ва қудратро тазъиф намекунад. Дарахтони биёбоне, ки аз муроқибат ва расидагии мураттаби боғбон маҳрум мебошанд, чӯби муҳкамтар ва давоми бештаре доранд, баръакс, дарахтони боғистонҳо, ки доиман муроқибат шудаанд ва боғбон ба онҳо расидагӣ кардааст, нозукпӯсттар ва бедавомтаранд:

أَلاَ وَإِنَّ الشَّجَرَةَ الْبَرِّيَّةَ أَصْلَبُ عُوداً، وَالْرَّوَائِعَ الْخَضِرَةَ أَرَقُّ جُلُوداً، وَالنَّابِتَاتِ العِذْيَةَ أَقْوَى وَقُوداً، وَأَبْطَأُ خُمُوداً

Огоҳ бошед! Дарахтони биёбонӣ чӯбашон сахттар, ва дарахтони канораи ҷӯйбор пӯсташон нозуктар аст. Дарахтони биёбонӣ, ки бо борон сероб мешаванд ва оташи чӯбашон шӯълавартар ва пурдавомтар аст.” (Наҳҷул-балоға, номаи 45)

Худованди Мутаъол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ بِشَيْءٍ مِّنَ الْخَوفْ وَالْجُوعِ وَنَقْصٍ مِّنَ الأَمَوَالِ وَالأنفُسِ وَالثَّمَرَاتِ وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ

Ҳатман шуморо бо андаке аз тарс, гуруснагӣ ва офат дар молҳо ва ҷонҳо ва меваҳо меозмойем, ва мардони сабур ва боистиқоматро мужда бидеҳ.” (Сураи Бақара, ояти 155)

Яъне балоҳо ва гирифториҳо барои касоне, ки муқовимат мекунанд ва истодагӣ нишон медиҳанд, судманд аст ва асароти неке дар онон ба вуҷуд меоварад, аз ин рӯ, дар чунин вазъе бояд ба онон мужда дод.

Худо барои тарбият ва парвариши ҷони инсонҳо ду барнома: ташреъӣ ва таквинӣ дорад ва дар ҳар барнома, шадоид ва сахтиҳоро гунҷонидааст. Дар барномаи ташреъӣ, ибодотро фарз карда ва дар барномаи таквинӣ, масоибро дар сари роҳи башар қарор додааст. Рӯза, ҳаҷ, ҷиҳод, инфоқ, намоз шадоиде аст, ки бо таклиф эҷод гардида ва сабр ва истиқомат дар анҷоми онҳо мӯҷиби такмили нуфус ва парвариши истеъдодҳои олии инсонӣ аст. Гуруснагӣ, талафоти молӣ ва ҷонӣ шадоиде аст, ки дар таквин падид оварда шудааст ва ба таври қаҳрӣ инсонро дарбар мегирад.

* * *

Бало барои авлиё

Аз ин р ӯст, ки вақте Худо нисбат ба бандае аз бандагонаш лутфи махсусе дорад, ӯро гирифтори сахтиҳо мекунад. Ҷумлаи маъруфи “Албалоу лил-вало” баёнгари ҳамин асл аст. Дар ҳадисе аз Имом Боқир (а) омадааст, ки:

ان الله عز وجل ليتعاهد المؤمن بالبلاء كما يتعاهد الرجل أهله بالهدية من الغيبة

Худо аз бандаи мӯъминаш тафаққуд мекунад ва барои ӯ балоҳоро эҳдо менамояд, ҳамон тавре, ки мард дар сафар барои хонаводаи худаш ҳадияе мефиристад.” (Биҳорул-анвор, 15/56)

Дар ҳадиси дигар аз ҳазрати Имом Содиқ (а) омадааст:

ان الله اذا أحب عبدا غتّه بالبلاء غتّا

Худо замоне, ки бандаеро дӯст бидорад, ӯро дар дарёи шадоид ва сахтиҳо ғӯтавар месозад.” (Ҳамон манбаъ, 15/55)

Яъне ҳамчун мураббии шино, ки шогирди тозакори худро вориди об мекунад, то талош кунад ва дасту по бизанад ва дар натиҷа варзида шавад ва шиногариро ёд бигирад, Худо ҳам бандагонеро, ки дӯст медорад ва мехоҳад ба камол бирасонад, дар балоҳо ғӯтавар месозад. Инсон агар як умр дар бораи шино китоб бихонад, то дар об наравад, шиногар намешавад. Замоне шиногариро меомӯзад, ки амалан дар об қарор гирад ва мубориза бо ғарқ шуданро тамрин кунад ва аҳёнан худро бо хатари ғарқ шудан дар сурати дер ҷунбидан мувоҷеҳ бибинад. Инсон бояд дар дунё шадоид бибинад, то хуруҷ аз шадоидро ёд бигирад, бояд сахтиҳо бибинад, то пухта ва комил гардад.

Дар бораи баъзе аз парандагон навиштаанд, ки вақте баччааш пару бол дармеоварад, барои он ки парвоз карданро ба ӯ ёд бидиҳад, ӯро аз ошёна берун меоварад ва бар авҷи фазо боло мебарад ва дар васати осмон раҳо месозад. Баччаи ҳайвон қаҳран ба талош меафтад ва ҳаракатҳои номуназзам карда пару бол мезанад, то вақте, ки хаста мешавад ва наздик аст суқут кунад, дар ин вақт модари меҳрубон, ӯро мегирад ва рӯи боли худ нигаҳ медорад, то хастагияш рафъ шавад. Ҳамин, ки андаке осоиш ёфт, бори дигар ӯро дар фазо раҳо мекунад ва ба талош водор менамояд, то вақте, ки хаста мешавад ва ӯро мегирад. Ин амалро он қадр такрор мекунад, то баччааш парвоз карданро ёд гирад.

Пайғамбари Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба хонаи яке аз мусалмонон даъват шуданд. Вақте вориди манзили ӯ шуданд, мурғеро диданд, ки дар болои девор тухм кард ва тухми мурғ наяфтод ё афтод ва нашикаст. Расули Акрам дар шигифт шуданд. Соҳиби хона гуфт: оё таъаҷҷуб фармудед? Қасам ба Худое, ки туро ба паёмбарӣ барангехтааст, ба ман ҳаргиз осебе нарасидааст! Расули Акрам бархостанд ва аз хонаи он мард рафтанд, гуфтанд касе, ки ҳаргиз мусибате набинад, мавриди лутфи Худо нест. (Ҳамон манбаъ, 15/56)

Аз ҳазрати Содиқ (а) ривоят шуда, ки:

ان اشدّ الناس بلاء الأنبياء ثمّ الذين يلونهم ثمّ الأمثل فالأمثل

Пургирифтортарини мардум, анбиё ҳастанд. Дар дараҷаи баъд, касоне, ки аз ҳайси фазилат баъд аз эшон қарор доранд. Ва сипас ҳар кас, ки бофазилаттар аст, ба тартиб аз боло ба поин.” (Ҳамон манбаъ, 15/53)

Бало аз барои дӯстони Худо лутфе аст, ки симои қаҳр дорад, ончунон, ки неъматҳо ва офиятҳо барои гумроҳон ва касоне, ки мавриди бемеҳрии Парвардигор қарор мегиранд, мумкин аст азобҳое бошанд, аммо ба сурати неъмат, ва қаҳрҳое ба қиёфаи лутф.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: