Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (166)

Худои ҷаҳон ва ҷаҳон (8)

Матни мақола

7) Мегӯянд: агар Худое дар кор буд, ин ҳама падидаҳои бефоида ва аз кор афтода, ки дар натиҷаи таҳаввулу такомули модда пайдо мешавад, мавҷуд намешуд.

Ва ҳамчунин ин ҳама бадбахтӣ ва ситам ва норавоиҳои гуногун, ки ҷаҳон пур аз онҳост, пайдо намешуд (1).

Инҳо ва ҷуз инҳо суханоне аст, ки моддигароён ва пайравони онҳо мегӯянд ва мо дар баҳсҳои мутафарриқае, ки дар мақолаҳои гузашта намудаем, посухи бархе аз ин суханони бефоидаро додем ва посухи бархе дигар низ хоҳад омад.

Дар ин ҷо ба унвони ёдоварӣ аз гузашта ва намунагӯӣ аз оянда мегӯем:

1) Касоне, ки мегӯянд: “Роҳи баҳс дар моварои табиат ба воситаи касрати хато ва лағзиш, ҳамвор набуда итминонбахш нест, пас ин роҳро набояд паймуд; ба хилофи баҳс дар улуми моддӣ, ки тавъам бо ҳиссу таҷриба мебошад”, агар каме ба худ биёянд, хоҳанд фаҳмид, ки сухане гуфтаанд насанҷида, зеро ҳамин сухани инҳо гуфтугӯе аст дар як назарияи ғайри моддӣ, ҳаргиз ин сухан ва назоири онро аз озмоишҳои физик ва шимӣ ва монанди онҳо истихроҷ накардаанд.

Ҳамон роҳнамое, ки ононро ба сӯи итминонбахш будани баҳсҳои ҳиссӣ-таҷрибӣ ҳидоят карда ва онон низ изтироран (дар ҳоли ҷабр) пазируфтаанд, дар мавриди дигар низ агар ҳидоят кунад, бояд бипазиранд. Коре, ки ҳиссу таҷриба мекунад ин аст, ки ҳаводис ва падидаҳое ба вуҷуд оварда ва ё нишон дода ва дар маърази қазоват мегузоранд, вале қазоват аз они чизи дигаре аст ва инсон қазовати он қозиро дар мавриди ҳиссу таҷриба бо як ҳиссу таҷрибаи дигаре напазируфта, балки изтироран ва ҷабран қабул намуда ва қазовати ӯ дар ҳама ҷо яксон ва боистӣ аст.

Гузашта аз ин, агар роҳи ин баҳс роҳи ғалате буд, ҳаргиз инсон бо ғаризаи фитрии худ мутаваҷҷеҳи он сомон намешуд. Чӣ гуна мутасаввар аст, ки як мавҷуди хориҷӣ бо ҳаракати хориҷии худ ба сӯи ҳадаф ва ормоне мутаваҷҷеҳ шавад, дар ҳоле, ки на “сӯй” ва на “ҳадаф” дар хориҷ ҳеч гуна вуҷуде надошта бошад?!

2) Касоне, ки мегӯянд: “Маълумоти мо танҳо арзиши амалӣ доранд, зеро мо танҳо осори ҳиссиро он ҳам аз туруқи ҳавосси худ меёбем ва далеле бар мутобиқати онҳо бо хориҷ надорем”, агар каме равшантар шаванд, хоҳанд дид, ки:

Аввалан, нисбат ба хориҷ аз худ ва маҳсусоти худ мутлақан шаккок ҳастанд ва аз ин рӯй арзише барои сухане, ки ба дигарон мегӯянд нест.

Ва сониян, барои маълумоти бисёре арзиши воқеӣ қоил шудаанд, монанди илмашон ба худашон ва маълумоти ҳиссии худашон ва он чӣ дар дунболи маълумоти ҳиссӣ меояд.

Ва дар ин сурат, чӣ монеъ дорад, ки сухан аз моварои табиат низ аз ин қабил буда бошад?

Ва солисан, аз барои ҳамин баҳс арзиши илмӣ қоил шудаанд.

3) Ва касоне, ки мегӯянд: “Қонуни иллияту маълулият сохтаи тадоъии маъонӣ аст”, усулан шаккок мебошанд ва мо посухи ин равишро дар мақолаи 3 ва мақолаи 9 дода ва бепоя буданашро равшан сохтем.

4) Касоне, ки мегӯянд: “Маълумоти мусаллами мо фарзияҳое аст, ки ба ҳасби мисоси ҳоҷат фарз мешавад ва имрӯз фарзияи Худо дигар аз муҳити ҳоҷат берун афтодааст”, инон низ чунонки дар мақолаҳои гузашта собит кардем, дар ҳақиқат шаккок ҳастанд.

Дар бемағз будани ин гуфтор кофист, ки худаш посухи худаш мебошад, зеро ин сухан (маълумоти мусаллами мо сирфан фарзияҳое аст, ки ҳоҷат онҳоро ба вуҷуд оварда) мехоҳад ба субут бирасонад, ки: “мо ҳеч маълуми собите надорем” ва дар сурати сиҳҳат, худи ин сухан маълуми собите аст ва худаш дурӯғи худро дармеоварад.

Хушмаззатар ин ки: баъзе аз инон, ки ба ин нукта бархӯрдаанд, барои рафъи ишкол гуфтаанд: ҳамаи қазияҳо ва маълумот, ғайридоимӣ ва ғайрикуллӣ аст магар ин ки “ғайрисобит ва ғайрикуллӣ надорем”. Бо ин сухани муштамил ба истиснои хандадор, як қазияи дуввумӣ низ куллӣ ва собит исбот намудаанд.

Ва ин ки гуфтаанд: “Фикри Худо ва моварои табиат маълули инҳитоти иқтисодӣ ва бечорагии башар аст”, посухи онро дар оғози сухан дода ва гуфтем, ки баҳс аз Худо фитрии башар мебошад ва нисбати мутаъокисе миёни Худошиносӣ ва моддапарастӣ мавҷуд аст. Дар ҳақиқат Худошиносӣ маълули маҳрумияти моддӣ нест, балки рӯгардонӣ ва эъроз аз Худошиносӣ маълули саргармӣ ба моддапарастӣ аст, зеро сарсупурдагӣ ба ҳукми ҳар ғаризае, аҳкоми ғароизи дигарро заъиф мекунад.

Гувоҳи ин сухан он аст, ки: ҳар ҷо маҳрумияти моддӣ бо фаъолияти бархе ғароизи саргармкунанда тавъам мешавад — монанди ақсоми шаҳватрониҳои паст — боз пойи Худошиносӣ ланг аст, ва аз сӯи дигар, ашхосе, ки фароғати нисбӣ ва миёнаравӣ дар зиндагӣ доранд, ба ин баҳс беҳтар мепардозанд. Усулан корҳои фикрӣ бо саргармиҳои моддӣ созиш надорад.

Ва ин ки гуфтаанд: “Фикри Худо ва мазҳабро истисморкунандагони башарият ба вуҷуд овардаанд”, посухаш ҳамон аст, ки гуфта шуд. Гузашта аз он, усулан суистифода аз фикре далели бутлон ва фасоди вай намебошад.

Ҳама медонем аз нахустин рӯз, ки башар вориди саҳнаи иҷтимоъ шуда пайваста иҷтимое солеҳ ва ормоне пок ба ҳасби фитрат мехоста ва мехоҳад. Бо ин ҳама, пас аз садҳо ҳазор сол (ба қавли заминшиносон) то кунун дар асари истифодаи суъ ва номашрӯи истифодаҷӯён муваффақ ба истиқрори як чунин иҷтимои солеҳе дар миёни ҳамаи башар нагашта. Оё метавон гуфт, ки ин ормон муқаддас нест? Ва ё ин ки истисморкунандагони олами башарият ӯро ба вуҷуд овардаанд? Асосан, ҳар равишу ормони қобили таваҷҷӯҳ дар миёни башар пайдо шавад, ки таваҷҷӯҳи мардумро ҷалб кунад, роҳзанон ва найрангбозоне пайдо шуда ва сари роҳро гирифта ва ба ҳар ранге буда бошад истифодаҳое аз ин роҳ хоҳанд бурд, мехоҳад мақсаде саҳеҳ бошад ё фосид, ҳақ бошад ё ботил.

5) Ва касоне, ки мегӯянд: “Дар озмоишҳои илмӣ, ки ба ҳар гӯшаву канори ҷаҳон сар мезанад, асаре аз Худо намеёбем”, инон мафҳуми калимаи “Худо”-ро нафаҳмида ва ба мақсади исботкунандагони ин ҳақиқат пай набардаанд.

Онон, ки ба Худо мӯътақиданд, иллате дар саффу радифи иллатҳои моддӣ қарор намедиҳанд, ки зимоми бархе ҳаводисро ба дасти иллатҳои моддӣ супурда ва зимоми бархе дигарро ба дасти “Худо” бисупоранд, балки иллате фавқи ҳамаи ҳаводис ва иллатҳои онҳо исбот мекунанд, ки нисбати ӯ ба ҳамаи онҳо яксон буда бошад.

Масали Худо ва иллату маълулҳои моддӣ, масали дасту қаламу навиштаи қалам аст. Оё мешавад гуфт: мо бо чашми содда ва мусаллаҳи худ ҳар чӣ ба нигоштаҳои қалам нигоҳ мекунем, ҷуз ин ки аз нӯги қалам пайдоиш меёбанд, чизе дигар намеёбем ва дар натиҷа дасте дар кор нест? Албатта на, зеро қалам бо он чӣ аз нӯги вай тарашшӯҳ мекунад, ҳама ва ҳама аз они даст мебошад, на ин ки калимоти чанде кори қалам ва калимоти чанде кори даст мебошад.

Ҷои басе таассуф аст, ки пас аз гузаштани қарнҳои мутароким аз сайри мумтадди илму дониш, кори як муддаии дониш ба ҷое бирасад, ки ба андозаи як инсони дур аз ободӣ натавонад аз ғаризаи фитрии худ истифода кунад!

Як инсони содда агарчи аз баёни тафсилии фикри худ оҷизу забун аст, вале бо фитрати худ иллати ҷаҳон (Худо)-ро аз барои ҷаҳон (маҷмӯи иллатҳо ва маълулот) исбот мекунад, на ин ки порае аз ҳаводисро ба дасти модда ва порае ба дасти Худо бисупорад.

Вале ин муддаии дониш мегӯяд: “Дар озмоишҳои мо аз Худо асаре нест” бе ин ки бифаҳмад, агар Худое буда бошад (чунонки ҳаст), озмоишгоҳу озмоишкунандаву озмоишшавандаву худи озмоиш бо ҳамаи шароит, ки доранд, ҳама ва ҳама асари ӯ ва аз они ӯст.

Ва тоза, баргашта ва мегӯяд: “Чун кори зиндагӣ ва ковишҳои илмии мо бе ин фарзия мегузарад, ниёзе ба ин кунҷковӣ надорем, ҷуз ин ки иштиғол ба ин гуна баҳсҳо моро ба инсони аввалӣ мулҳақ намуда ва аз мазоёи ширин ва пурбаҳои зиндагӣ, ки кунҷковии рӯзафзуни моддӣ дар дастраси мо қарор медиҳад бозмедорад.”

Гӯяндаи ин сухан тасаввур намекунад, ки агар бо ин равиш посухи мусбат ба дархостҳои бебандубори шикаму пойинтар аз шикам додем, ба дархости ғаризаи фитрӣ чӣ посух хоҳем дод? Албатта гӯяндаи ин сухан маънии тахаллуф аз ғаризаи фитриро низ ончунон, ки шояд ва бояд ба зеҳн насупурда, вале бояд бидонад, ки: камол ва мазияти вуҷудии ҳар падида ва офаридае он чизҳое аст, ки бо сохтмони вежа ва ғароизи вуҷудии вай вифқ бидиҳад ва ҳамин ки ин тавофуқро аз даст дод, аз арзиши воқеии худ афтода ва танҳо номе аз камол хоҳад дошт.

Агар инсон танҳо як ғаризаи фитрӣ (масалан шаҳвати хӯрок ё шаҳвати наздикии ҷинсӣ) дошт, ҳар чӣ дар фаъолияти вай зиёдаравӣ мекард, камолаш буд, вале ғароизи гуногуни дигаре, ки дар таркиби сохтмони вай мавҷуд аст, зиёдаравӣ ва туғёни (танҳо) як ғаризаро раво надида ва ба ҳифзи тавозун ва ҳадди эътидол даъват мекунад, модда то ҳадде ва моварои модда то ҳадде.

6) Ва касоне, ки мегӯянд: “Баҳс аз Худо ба ҷое намерасад, зеро агар тибқи қонуни иллияту маълулият аз барои ҷаҳон Худо исбот кунем, аз барои Худо низ иллат бояд исбот кард”, инон дар баҳс халт мекунанд.

Мазмуни қонуни номбурда ин нест, ки ҳар мавҷуде иллат мехоҳад, балки ин аст, ки ҳар ҳодисае иллате дорад, яъне чизе, ки “набуд ва шуд” иллате аз барои пайдоиши вай зарурӣ аст. Ва дар мақолаи 9 ин баҳсро машрӯҳан тавзеҳ додем.

* * *

Таълиқот:

(1) Ин ишкол низ мутазаммини ду ишкол аст:

Аввал ин ки: агар Худое дар олам бошад, ҳар мавҷуде барои як ғарази ҳакимона ба вуҷуд меояд ва ҳеч чиз лағв ва бидуни фоида вуҷуд пайдо намекунад, ва ҳол он ки мо мебинем порае аз падидаҳо дар табиат рух медиҳад, ки ҳеч гуна фоида ва асаре барои онҳо мутараттиб нест, монанди пистони мард ва зоидаи аъвар — яъне лӯлаи опондис дар мунтаҳои рӯдаи бузург — дар ҳамаи афрод ва ангушти шашум дар афроди шашангуштӣ ва дасту пои зоид дар баъзе навзодон ва ғайри инҳо.

Пас маълум мешавад, пайдоиши ин умур маълули номуси табиати ғайри шуъуркунанда аст ва бидуни шуъур ба вуҷуд омадааст, ҷаҳон бар хилофи иддаои илоҳиюн як ҷараёни ғоӣ ва ҳакимонаро тай намекунад; пас, Худое дар кор нест.

Фалосифа маъмулан ин ишколро дар мабоҳиси иллату маълул дар баҳси махсуси иллати ғоӣ зикр мекунанд ва ба нақзу ибром дар бораи он мепардозанд.

Дуввум ин ки: агар Худои ҳакиму алим он чунон ки илоҳиюн иддао мекунанд вуҷуд дошта бошад, шурур ва бадиҳо дар олам вуҷуд пайдо намекунад, зеро бадеҳист, ки ақлу ҳикмат хайру некиро бар шарру бадӣ тарҷеҳ медиҳад, ва чун мебинем дар ҷаҳон анвоъи ҳаводиси номатлуб аз қабили зилзилаҳо ва тӯфонҳо, ситамҳо ва норавоиҳо, маҳрумиятҳо ва нокомиҳо, дарду ранҷҳо, бемориҳо, маргу мирҳо вуҷуд дорад, пас маълум мешавад Худои ҳакиму алим он чунон ки илоҳиюн иддао мекунанд вуҷуд надорад.

Бертронд Росел дар китоби “Чаро масеҳӣ нестам?” мегӯяд:

Ба ростӣ тааҷҷубовар аст, ки инсонҳо бовар кунанд ҷаҳони ҳозир бо ҳамаи муҳтаваёт ва навоқиси худ беҳтарин ҷаҳоне бошад, ки холиқе қадари қудрат ва ҷомеи куллияи улум тайи милюнҳо сол ба вуҷуд оварда бошад! Ҷиддан чунин чизе барои ман ғайриқобили қабул аст. Оё тасаввур намекунед агар ҳамаи қудратҳо ва ҷамиъи улумро дар ихтиёр доштед ва милюнҳо сол ҳам вақт доштед. метавонистед чизе беҳтар аз куклусклон ва фошизм биёфаринед?

Дар матн баъдан ба ин ду ишкол посух дода хоҳад шуд ва мо низ дар ҳамон ҷо тавзеҳоте хоҳем дод.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: