Шарҳи Маснавӣ (250)

Бақияи қиссаи мутриб ва пайғом расонидани амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу бо ӯ он чи ҳотиф овоз дод (4)

* * *

Вой, к-аз таррийи зерафканди хурд,

Хушк шуд кишти дили ман, дил бимурд.

Вой аз латофату зарофати он “зерафканди хурд”, ки дил бад-он додам ва ба воситаи ҳамин алоқа ва дилбастагӣ, киштзори дилам хушк шуд ва мурд ва аз рушду нумувви ҳақиқӣ ва маънавӣ бозмонд.

Нукта: “Зерафканди хурд” яке аз мақомоти дувоздаҳгонаи мусиқӣ дар тақсимоти қадим аст, ки ба ду бахши бузургу хурд тақсим мешавад. (Нафоисул-фунун, ҷ.3, с.102) Ин мақоми мусиқӣ дар шунаванда эҷоди ҳузн мекунад. (Буҳурул-алҳон, с.26)

Вой, к-аз овози ин бисту чаҳор

Корвон бигзашту бегаҳ шуд наҳор.

Вой аз ин шохаҳо ва мақомоти бисту чаҳоргонаи мусиқӣ, ки ба воситаи иштиғол бад-он, қофилаи умрам гузашт ва авқоти рӯзам ба шаб дигаргуна ёфт.

Бисту чаҳор: шохаҳои бисту ҷаҳоргонаи мусиқӣ аст.

Эй Худо, фарёд з-ин фарёдхоҳ,

Дод хоҳам, на зи кас, з-ин додхоҳ.

Эй Худо! Фарёд аз ин фарёдхоҳ, ва доди ин додахоҳ, аз дасти нафсам дод мехоҳад ва аз каси дигар шикояте надорам.

Доди худ аз кас наёбам, ҷуз магар

З-он ки ӯ аз ман ба ман наздиктар.

Доди худро аз касе намеёбам магар аз он Худое, ки ӯ наздиктар аз ман ба ман аст.

Нукта: Ҳақ Таъоло дар ояти 16 сураи Қоф мефармояд:

وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ

Мо аз раги гардани инсон ба ӯ наздиктарем.”

К-ин манӣ аз вай расад дам-дам маро,

Пас варо бинам, чу ин шуд кам маро.

Зеро ин аноният ва худбинии ман ба воситаи дурӣ ва ҳиҷрон аз он мавҷуди ҳақиқӣ аст, ки дамодам ба ман мерасад. Пас, ҳар гоҳ ин худбинӣ рӯ ба костӣ ниҳад. Он ёри ҳақиқиро мебинам.

Ҳамчу он к-ӯ бо ту бошад заршумар,

Сӯйи ӯ дорӣ, на сӯйи худ назар.

Масалан касе, ки ба ту пулу тилло бидиҳад, мусалламан назари ту мутаваҷҷеҳи ӯ мешавад, ва он вақт ба фикри худ нестӣ.

Нукта: Мавлоно аз ин наздикӣ натиҷа мегирад, ки бояд ҷуз ба ӯ таваҷҷӯҳ накунем ва танҳо аз вай истионат ҷӯем. Ин нуктаро ба мисоле маҳсус равшан месозад; бад-ин сурат, ки одамӣ ҳар гоҳ мехоҳад пул аз касе бигирад, тамоми ҳавосси худро бад-он кас, ки пул мешуморад, маътуф медорад, то бад-он ҳадд, ки аз аҳволи худ мумкин аст ғофил шавад. Мавоҳиби илоҳӣ низ монанди сиккаҳои тилло, ки дона-дона мешуморанд, пай дар пай ва дам ба дам мерасад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.666)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: