Адли илоҳӣ (24)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши панҷум: Фоидаҳои шурур (4)

Асари тарбиятии балоҳо

Сахтӣ ва гирифторӣ, ҳам тарбияткунандаи фард ва ҳам бедоркунандаи миллатҳост. Сахтӣ, бедорсозанда ва ҳушёркунандаи инсонҳои хуфта ва таҳриккунандаи азмҳо ва иродаҳост. Шадоид (сахтиҳо) ҳамчун сайқале, ки ба оҳану фӯлод медиҳанд, ҳарчи бештар бо равони одамӣ тамос гирад, ӯро мусаммамтар ва фаъолтар ва бурандатар мекунад; зеро хоссияти ҳаёт ин аст, ки дар баробари сахтӣ муқовимат кунад ва ба таври худогоҳ ва ё нохудогоҳ омодаи муқобила бо он гардад.

Сахтӣ ҳамчун кимиё, хоссияти қалби моҳият кардан дорад, ҷону равони одамиро иваз мекунад. Иксири ҳаёт ду чиз аст: ишқ, ва он дигар бало. Ин ду, нубуғ меофаринанд ва аз маводди афсурда ва бефурӯғ, гавҳарҳои тобнок ва дурахшон ба вуҷуд меоваранд.

Ҳама умр талхи кашидааст Саъдӣ,

Ки номаш баромад ба ширинзабонӣ.

Миллатҳое, ки дар домони сахтиҳо ва шадоид ба сар мебаранд, нерӯманд ва боирода мегарданд. Мардуми роҳатталаби нозпарварда, маҳкум ва бадбахтанд.

Андар табиат аст, ки бояд шавад залил

Ҳар миллате ба роҳативу айш хӯ кунанд.

Мавлавӣ дар достони зиндони Юсуф, чӣ зебо ва олӣ сурудааст:

Омад аз офоқ ёри меҳрубон,

Юсуфи Сиддиқро шуд меҳмон.

К-ошно буданд вақти кӯдакӣ,

Бар висодай ошноӣ муттакӣ.

Ёд додаш ҷаври ихвону ҳасад,

Гуфт, к-он занҷир буду мо асад.

Ор набвад шерро аз силсила,

Нест моро аз қазои Ҳақ гила.

Шерро бар гардан ар занҷир буд,

Бар ҳама занҷирсозон мир буд.

Гуфт: чун будӣ зи зиндону зи чоҳ?

Гуфт: ҳамчун дар муҳоқу кост моҳ.

Дар муҳоқ ар моҳи нав гардад дуто,

Не ба охир бадр гардад бар само?

Гарчи дурдона ба ҳован кӯфтанд,

Нури чашму дил шуду бинад баланд.

Гандумеро зери хок андохтанд,

Пас зи хокаш хӯшаҳо барсохтанд.

Бори дигар кӯфтандаш з-осийо,

Қиматаш афзуду нон шуд ҷонфизо.

Боз нонро зери дандон кӯфтанд,

Гашт ақлу ҷону фаҳми ҳушманд.

Боз он ҷон, чунки маҳви ишқ гашт,

“Юъҷибуззурроъ” омад баъди кашт.

Дар ҷои дигар барои тафҳими ин ҳақиқат, ҳолати ҳайвонеро нақл мекунад, ки ҳарчи ӯро чӯб мезананд. фарбеҳ мегардад:

Ҳаст ҳайвоне, ки номаш ушғур аст,

Ӯ ба захми чӯб зафту ламтур аст.

То ки чӯбаш мезанӣ, беҳ мешавад,

Ӯ зи захми чӯб фарбеҳ мешавад.

Нафси мӯъмин ушғуре омад яқин,

К-ӯ ба захми ранҷ зафт асту самин.

З-ин сабаб бар анбиё ранҷу шикаст

Аз ҳама халқи ҷаҳон афзунтар аст.

То зи ҷонҳо ҷонашон шуд зафттар,

Ки надиданд он бало қавми дигар.

Сипас таъсири балоро дар покиза кардани руҳ, ташбеҳ мекунад ба доруҳое, ки ҳангоми даббоғӣ барои покиза кардани пӯст ба кор меравад:

Пӯст аз дору балокаш мешавад,

Чун адими тоифӣ х(в)аш мешавад.

В-арна талху тез молидӣ дар ӯ,

Ганда гаштӣ, нохушу нопокбӯ.

Одамиро пӯсти номадбуғ дон,

Аз рутубатҳо шуда зишту гарон.

Талху тезу молиши бисёр деҳ,

То шавад поку латифу бофареҳ.

В-ар наметонӣ ризо деҳ, эй аёр,

Гар Худо ранҷат диҳад беихтиёр,

Ки балои дӯст татҳири шумост,

Илми ӯ болои тадбири шумост.

Алӣ ибни Ҷуҳам, аз шуарои аҳди Мутаввакили Аббосӣ аст, шоире тавоност. Ин шоир ба зиндон афтод ва дар фавоиди зиндон ва парваришдиҳандагии он ва ифтихоромез будани он барои аҳрор ва озодагон, ва билохира дар бораи ин ки зиндон рафтан нишонаи чӣ фазилате ва бавуҷудоварандаи чӣ фазоиле аст, ашъори бисёр олӣ дорад ва Масъудӣ дар “Муруҷуз-заҳаб” нақл кардааст ва мо барои аҳли адаб нақл мекунем:

قالوا حبست، فقلت ليس بضائري

حبسي، وأيّ مهند لا يغمد

أو ما رأيت الليث يألف غيله

كبراً، وأوباش السباع تردد

والبدر يدركه السرار فتنجلي

أيامه، وكأنه متجدد

والحبس ما لم تغشه لدنيّة

شنعاء، نعم المنزل المتورد

Гуфтанд ба ман, ки зиндонӣ шудӣ?

Гуфтам, кадом шамшери тез аст, ки ба зиндони ғилоф намеравад?

Оё намебинӣ, ки шер аз рӯи бузургӣ ва беэътинои гӯшаеро мегирад, ва дарандагони паст ҳама ҷо парса мезананд?

Оташ дар дили санг пинҳон аст ва намеҷаҳад, магар он гоҳ, ки бо оҳан тасодум кунад.

Зиндон, модом, ки ба хотири ҷурму ҷиноят набошад, бисёр ҷои хубе аст.”

* * *

Ризо ба қазо

Бо таваҷҷӯҳ ба фавоиди арзандаи балоҳост, ки сифати ризо ба қазои илоҳӣ ва хушнудӣ ба он чи Худо пеш меоварад, эҷод мегардад.

Саъдӣ мегӯяд:

Кӯтоҳдидагон ҳама роҳат талаб кунанд,

Ориф, бало, ки роҳати ӯ дар балои ӯст…

Бигзор ҳар чӣ дорию бигзар, ки ҳеч нест,

Ин панҷрӯза умр, ки марг аз қафои ӯст.

Ҳар одамӣ, ки куштаи шамшери ишқ шуд,

Гӯ, ғам махӯр, ки мулки абад хунбаҳои ӯст.

Аз дасти дӯст ҳар чӣ ситой, шакар бувад,

Саъдӣ, ризои худ матлаб, чун ризои ӯст.

Дар бархе аз дуоҳои маъсура омадааст:

اللهمّ انّي أسئلك صبر الشّاكرين لك

Худоё! Аз ту мехоҳам, ки сабри сипосгузоронро ба ман иноят кунӣ!

Сабри сипосгузорон, сабри талх нест. Он сабр, ҳамчун шаҳд ширин аст. Онон, ки медонанд балоҳо тарбияткунандаи равони одамӣ аст, на танҳо дар баробари онҳо хушнудӣ доранд ва бо оғӯши боз ба истиқболи онҳо мераванд, балки аҳёнан худро дар чанги бало меандозанд ва барои худ ҳодиса меофаринанд; онон дарёву гирдоб эҷод мекунанд, то дар он шино кунанд ва худро варзида созанд.

Мавлавӣ ба дунболи ашъоре, ки нақл кардем, мегӯяд:

Чун сафо бинад, бало ширин шавад,

Хуш шавад дору, чу сиҳҳатбин шавад.

Бурд бинад хешро дар айни мот,

Пас бигӯяд: “Уқтулунӣ ё сиқот”!

Саъдӣ мегӯяд:

Гавҳари қиматӣ аз коми наҳангон оранд,

Ҳар кӣ ӯро ғами ҷон аст, ба дарё наравад.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: