Руҳонии шинохта ва сиёсатмадори кӯҳнакор

Ба баҳонаи зодрӯзи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

(Бознашр аз 15.02.2016 аз ҳамин пойгоҳ)

Имрӯз, 16 феврал, зодрӯзи Устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, руҳонии шинохта ва сиёсатмадори кӯҳнакор аст. Муддатест, ин чеҳраи ошно ва матраҳи тоҷик, зуҳуре дар расонаҳо надорад. Албатта, далелаш комилан рӯшан ва ҳувайдост; зеро бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти ахир дар кишварамон ва ташдиди фишорҳо бар дигарандешон ва ин ки эшон ҳамроҳ бо бародаронашон дар дохили кишвар ҳастанд, табиист фишор болои эшон беш аз дигарон аст.

Албатта, ин ҳам худ ҷойи шукргузорӣ дорад, ки эшон бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо, будан дар дохили Тоҷикистонро бар берун шудан аз он тарҷеҳ додаанд, ва ҳамин ки ҳамарӯза шуморе ба зиёрати эшон ва бародаронашон меоянд ва масоили шаръии худро аз онҳо мепурсанд ва посух мегиранд, маҳалли тақдир аст.

Таъомули мақомоти Тоҷикистон бо эшон ва бародаронашон, комилан нобихрадона, аҳмақона ва бархоста аз адами фаҳм ва дарки марҳила ва мавқеиятест, ки кишвари мо дар он қарор дорад. Ибтидо, бародарон Тӯраҷонзодаҳоро аз масҷид ва мадраса ва ваъз маҳрум карданд, он ҳам танҳо ба хотири он ки вуҷуди ин бародарон, мавриди писанди муфтии тозакор ва бетаҷрубаи кишвар набуд. Ӯ тоби таҳаммули эътибор ва ҷойгоҳ ва муҳаббате, ки мардум нисбат ба ин хонадон доранд-ро надошт, бинобар ин, тавтиае чид ва бо ҳамкорӣ бо бархе аз ниҳодҳои қудратӣ, онҳоро аз будан дар масҷид маҳрум кард.

Сипас, бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз тариқи сойт ба фаъолияти худ идома доданд ва ба посухи пурсишҳои мазҳабии мардум пардохтанд. Зоҳиран, ин кор ҳам ба мазоқи мақомот ва ҷаноби муфтӣ хуш наёмад ва лизо водорашон карданд, то сойти худро ҳам бибанданд. Имрӯза, на аз ин сойт хабаре ҳаст ва на аз сафаҳоти ин хонадон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Хуб, ҳоло ин кор оё ба нафъи ҷомеа анҷомид ё ба зарару зиёнаш? Оё мақомот инро мефаҳманд? Комилан ҳувайдост, ки ин бастанҳо ва маҳрум карданҳо, ба зарару зиёни ҷомеа тамом шудааст. Эшони Нуруддинҷон ва ҳам худи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, солҳо пеш аз ҳузури ҷавонони тоҷик дар Сурия ва Ироқ – ки тибқи омор, имрӯза наздик ба ду ҳазор тоҷик дар ин ду кишвар ҳузур доштаанд — ба сурати мукаррар ҳушдор медоданд, ки танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ин падидаи шум, маҷол додан ба руҳонияти огоҳ барои фаъолият аст, вагарна, бо холӣ шудани арса, замина барои фурсатталабон фароҳам хоҳад шуд. Ва замоне ки ин ҳушдорҳоро медоданд, ҳанӯз хабаре аз ҳузури густардаи ҷавонони тоҷик дар Сурия ва Ироқ набуд. Аммо мақомоти мо на ин ки намефаҳманд, балки намехоҳанд бифаҳманд. Ва мусибат ҳамин ҷост.

Дар воқеъ, аслитарин сабаби ҳузури ин теъдоди анбӯҳ аз ҷавононамон дар ин ду кишвар, худи мақомот ва сиёсатҳои нобихрадонаи онҳост. Онҳо фикр кардаанд, бо бастани масоҷид ва мадорис ва фишор бар руҳоният, метавонанд ҷилави ин падидаи шумро бигиранд. Аммо намефаҳманд (ва намехоҳанд, бифаҳманд), ки «Алмаръу ҳарисун ъало мо муниъа» (Мард ба он чӣ аз он маҳрум мешавад, ҳаристар мегардад). Шумо, ки барои ҷилавгирӣ аз гаройиши ҷавонон ба гурӯҳҳҳои ифротӣ ва тундрав ин ҳама талош кардед, оё талошҳоятон натиҷае дод, ё натиҷаи маъкус дошт? Инак, худатон, агар аҳли фаҳм ҳастед, қазоват кунед!

Тақрибан се сол пеш дар мақолае ба муносибати даргузашти муфтии собиқи Ӯзбакистон ҷаноби дуктур Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф (р), навишта будам, ки бо ин ки режими ҳоким дар Ӯзбакистон дар таъомул бо исломгароён ва зулму ситам ба онҳо, кучактарин тафовуте бо низоми ҳоким дар кишвари мо надорад, аммо режими Ӯзбакситон лоақал ба ин дарк расида будааст, ки роҳи пешгирӣ аз ифротигарӣ ва тундравии мазҳабӣ, маҷол додан ба руҳонияти огоҳ барои фаъолият будааст. Ба ҳамин далел, уқалои ин режим марҳум дуктур Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуфро аз Либӣ бо эҳтироми тамом ба кишварашон бозгардонданд ва барояш иҷоза доданд, то фаъолият кунад. Он донишманди огоҳ ва бедорзамир, бо роҳ андохтани чанд сойти интернетӣ ва иҷрои барномаҳо, тавонист барои ҷомеаи худ исломи мӯътадил ва миёнаравро табйин кунад.

Аммо мақомоти кишвари мо чӣ? Баръакс, коре, ки карданд ин буд, ки аввал ҷомеаро аз вуҷуди руҳонияти мӯътадил ва огоҳ поксозӣ намуданд. Албатта, инро ҳам арз кунам, ки руҳонияти мӯътадил дар зеҳни мақомоти мо «руҳонияти мутамаллиқ ва чоплус ва лаббайкгӯ» аст. Мушкили асосии инон ҳамин аст. Яъне мушкилашон дар фаҳм аст.

Аммо ба ҳар ҳол, касоне ки арсаро барои фаъолияти бародарон Тӯраҷонзодаҳо танг карданд, агар фикр мекунанд, ки бо ин кор метавонанд аз эътибор ва ҷойгоҳи онҳо дар ҷомеа бикоҳанд, иштибоҳ мекунанд. Муҳаббат ва алоқа ба касе, на бад-ин ҷиҳат аст, ки арса барои ӯ танг аст, балки ба ин далел аст, ки муҳаббати онон дар дили мардумон ҷой дорад ва ҳеч чиз қодир ба зудудани он нест. Дар тӯли торих, тамоми уламо ва донишмандоне, ки имрӯза номашон зинда аст ва ба онҳо ифтихор мекунем, дар замони ҳаёт ва зинда буданашон, матруди ҳуккоми вақт буданд ва бештари онҳо дар манозили худ дар ҳаср қарор доштанд ва иртибот ва тамоси онон бо мардум қатъ буд. Аммо имрӯза номи чӣ касоне зинда аст ва дар дилҳо ҷой дорад? Оё касоне ки арсаро бар эшон танг карданд, ё касоне ки арса барояшон танг шуда буд?

Охирин дидор ва гуфтугӯи банда бо ҷаноби Устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳудуди се сол пеш (2015) буд замоне ки эшон ба ҳамроҳи марҳум дуктур Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф барои изҳори таслият ва қироати фотеҳа ҷиҳати даргузашти ҳамсари гиромиям, меҳмони банда дар Эрон буданд.

Умедворам, ҳарчи зудтар эшонро бибинам, диламон барояшон танг шуда.

875

Зодрӯзатон гиромӣ бошад ҷаноби Устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода!

* * *

Ишора: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода 16-уми феврали соли 1954 дар деҳаи Ваҳдатободи ноҳияи Ваҳдат дар хонаводаи руҳонии маъруф Эшони Тӯраҷон ба дунё омадааст. Ҳамзамон бо таҳсил дар мактаби миёна, дар маҳзари падар ва ҷадди модарии худ улуми ибтидоии диниро фаро гирифтааст. Вай дар солҳои 1972 — 1977 дар мадрасаи «Мири Араб»-и Бухоро ва солҳои 1977 — 1980 дар Донишгоҳи исломии «Имом Бухорӣ»-и Тошканд таҳсил ва сипас дар солҳои 1980 — 1982 дар бахши равобити хориҷии Идораи динии мусалмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон (САДУМ) фаъолият кардааст.

Дар соли 1982 донишҷӯи факултаи шариат дар Донишгоҳи Ӯрдун шуд ва соли 1987 аз он фориғуттаҳсил гардид. Солҳои 1987 — 1988 дар Донишгоҳи «Имом Бухорӣ»-и Тошканд аз фиқҳ ва ҳадис тадрис кардааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар солҳои 1988 — 1993 масъулияти Идораи Қозиёти мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Дар феврали соли 1990 намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас узви Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз оғози соли 1993 то оғози соли 1998 дар берун аз кишвар зиндагӣ ва муовини аввали раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) буд. Ӯ дар музокироти сулҳи тоҷикон, раҳбарии ҳайъати музокиракунандаи ИНОТ-ро бар ӯҳда дошт. Баъд аз имзои созишномаҳои сулҳ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон таъйин шуд ва муддате дар ин мақом машғул ба кор буд.

Реклама


Рубрики:Машоҳир

Метки:

6 replies

  1. Некирам зураи Бобои эшон бо як чашмакхани точикистона ба хуну халаф гирифтор кард

    Нравится

  2. Бобои эшон бисер маьрузахо мекунаду дар бораи хамун чор миллион долларе, ки дар покистон дар оборот буданд чизе намегуяд

    Нравится

  3. Хайр ба гуфти Хаким- кумондон хамун чор миллион долар кучо шуд е холохам дар оборот бошад бобои Эшон

    Нравится

  4. Чаноби собик Кози некирам як бор дахони муборакатон нахорид, ки барои ободии диер, пешгирии ашки чашми модар, сарчамьии миллат барои ояндаи дурахшони точикистон, мухаббат ба ватану миллат аз нуктаи назари имону аркон сухан гуед.

    Нравится

  5. Мардуми ноумеди точикро, гурезаи ноумедро, чумхурии харобгаштаро худованди мутаьол пешвои муаззам ато фармуд то сари ятимро сила кунад лабонашро бо дастонаш пок Кунаду дар багал фарзандвор гирад, хар зани куханро бигуяд ,ки модар танхо нести ман писари туям, якдигарро хурмат карданро, овардани гурезагон ва тамоми некихо ба МО дастурдод дар гирдаш чамь шудем ва имруз ба кулахои бехтарини хаёт расида истодаем. Хулоса сари азизи Пешвои миллат Эмомали Рахмон дардро набинад.

    Нравится

  6. Инкадар таьрифу таснифба меарзида бошад. Ин мард барои ободии диер яктараф истад барои кучаи дехааш ягон кор накардааст

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: