Перейти к содержимому

Руҳонӣ дар намози ҷумъаи Ҳайдарободи Ҳинд: “Агар ислом ба мардуми олам дуруст муаррифӣ шавад, ҳамаи ҷаҳониён ба ин дини раҳмат ишқ меварзанд” (Тасовир)

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, имрӯз (ҷумъа, 16.02.2018) дар ҷамъи намозгузорони “Макка масҷид”-и Ҳайдарободи Ҳиндустон гуфт: “Агар ислом ба маънои воқеии калима ба мардуми олам муаррифӣ шавад, ҳамаи ҷаҳониён ба ин дини раҳмат ишқ меварзанд.”

Ба гузориши Ирно, раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки имрӯз дар намози ҷумъаи Ҳайдаробод ширкат кардем, то бигӯем ҳадафи мо дар дунёи ислом якест, афзуд: “Мо мусалмонон дар рӯзи ҷумъаи ҳар ҳафта, намози ҷумъа мехонем, намози ҷумъа намози ваҳдат ва иттиҳод миёни ҳамаи мусалмонони ҷаҳон аст.”

Руҳонӣ хотирнишон кард: “На танҳо мо мусалмонон бояд бародар бошем ва бо меҳрубонӣ ва раҳмат бо якдигар рафтор кунем, балки мусалмонон бояд мояи раҳмат барои ҳамаи ҷаҳониён бошанд. Паёмбари ислом (с) танҳо мусалмононро ҳидоят накард, балки илм ва ахлоқ ва масири инсониятро барои ҳамаи мардуми ҷаҳон ба армуғон овард.”

Раисиҷумҳури Эрон изҳор дошт: “Дар бораи Паёмбари ислом (с), Қуръон мегӯяд, Паёмбар раҳмат барои ҳамаи мардум ва оламиён буд. Мо мусалмонон хайру раҳматро барои ҳамаи мардуми ҷаҳон мехоҳем. Мо дар дуои худ мегӯем, Худоё, ҳамаи фуқароро наҷот бидеҳ ва ҳар кас дар ҷаҳон, ки дар фақру гуруснагӣ аст, Худованд ӯро ёрӣ ва кӯмак кунад.”

Руҳонӣ бо баёни ин ки агар ислом ба маънои воқеии калима ба мардуми олам муаррифӣ шавад, ҳамаи ҷаҳониён ба ин дини раҳмат ишқ меварзанд, тасреҳ кард: “Агар имрӯз дар дунёи ислом мушкил, тафриқа ва ихтилоф мебинем, нишони он аст, ки ба исломи воқеӣ ва мафҳуми воқеии Қуръон воқиф нашудаем ва ин ки дар бархе кишварҳои исломӣ хушунат ва ихтилоф вуҷуд дорад, аз он нашъат мегирад, ки насли ҷавонро ба исломи воқеӣ ҳидоят накардаем.”

Вай афзуд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон мӯътақид аст роҳе ҷуз ваҳдат, иттиҳод ва бародарӣ миёни мусалмонон вуҷуд надорад.”

Руҳонӣ бо таъкид бар ин ки роҳе ҷуз ваҳдат ва иттиҳоди ҳамаи мусалмонони ҷаҳон дар саросари гетӣ вуҷуд надорад, гуфт: “Агар мусалмонон бо ҳам муттаҳид буданд, раисиҷумҳури  Омрико ҷуръат намекард Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти режими ғосиби саҳюнистӣ эълом кунад, ва агар бо ҳам муттаҳид будем, ин режим ҷуръат намекард ба ҳуқуқи миллати Фаластин таҷовуз кунад.”

Раисиҷумҳури Эрон тасреҳ кард: “Бародарони мусалмон! Роҳи наҷоти мо ин аст, ки ҳамаи мо, тамоми мазоҳиби исломиро ба расмият бишносем, мо гарчи рӯдхонаҳои мутафовит ҳастем, аммо оби ҳамаи рӯдхонаҳо аз як чашма аст ва дар ниҳоят ба як уқёнус мунтаҳӣ мешавад. Бояд остонаи таҳаммули худамонро боло бибарем ва ба тамоми мусалмонон ва инсонҳо дар саросари ҷаҳон эҳтиром бигузорем. Қуръон ба мо мегӯяд, шумо мусалмонон бояд ба гунае рафтор кунед, ки барои ҳамаи ҷаҳониён улгу шавед. Қуръон мегӯяд, шумо мардуми мусалмон бояд гувоҳ ва улгу барои ҳамаи мардуми ҷаҳон бошед.”

Руҳонӣ таъкид кард: “Душманони ислом намехоҳанд мо бо ҳам муттаҳид бошем, аммо сохтмони ҳамин масҷид ба мо мегӯяд, ки мардуми ин минтақа яъне Эрон ва Ҳинд дар тамаддун, илм ва бародарӣ дар канори якдигар будаанд.”

Вай изҳор дошт: “Он чи мо аз осори тамаддунӣ дар Ҳайдаробод мебинем, нишонаи он аст, ки қарнҳо мардуми ин сарзамин бо мардуми Эрон муттаҳид ва дар канори якдигар будаанд ва аз фарҳанги якдигар баҳра мебурдаанд.”

Руҳонӣ дар бахше дигар аз суханони худ изҳор дошт: “Ҳамаи дунё бидонад муҳимтарин сармояи мусалмонон ахлоқ аст ва Паёмбари мо фармуд, исломи ростинро дар сидқу ростгӯӣ ва амонатдорӣ бибинед, лизо роҳе ҷуз ахлоқи Паёмбари ислом (с) надорем ва роҳи наҷоти мо ахлоқи муҳаммадӣ аст.”

Раисиҷумҳури Эрон гуфт: “Дигарон мехоҳанд мусалмононро таҳқир кунанд, аммо мо мусалмонон дар тӯли таърих дорои азамат, илм ва тамаддуни бузург будем ва ояндаи ҷаҳон ҳам аз они мо хоҳад буд.”

Руҳонӣ афзуд: “Шиъа ва суннӣ ва фирқаҳои мухталифи исломӣ як ҳадаф доранд, ва он, ҳаракат дар масири омӯзаҳои ростини Паёмбари ислом аст ва бузургтарин вазифаи мо эҷоди меҳрубонӣ ва ваҳдат миёни инсонҳост.”

Раисиҷумҳури Эрон гуфт: “Имом Ҳусайн (а) ба мо омӯхт, ки агар касе ҳам дин надошта бошад, бояд озодмард бошад. Бо вуҷуди ҳамаи душманиҳо нисбат ба ислом, оянда аз они ислом ва Осиё ва тамаддуни бузург дар поёни ин қарн аз они қорраи Осиё хоҳад буд ва Эрон ва Ҳиндустон дар канори якдигар хоҳанд буд. Зинда бод ислом!

Тасовире аз ин дидор:

1 комментарий »

  1. Ассалому алайкум. Хазор рахмат барои ин маводи лозими. Рости ман хонда дар хайрат мондам ва намедонистам, ки Рухони дар ин шахр хастанд. Ман низ тули ду сол дар хамин шахри Хайдаробод хастам ва зодаи Хистеварзам (Гафуров). Санаи 12 уми феврали 2018 ба хамон чойхое, ки дар расм оварда шудааст, рафта будам ва суратхои зиёд гирифтам. Ба шумоён як чахон ташаккур мегуям, ки аз Точикистон истода ин хабарро фахмида ба ин сахифа навиштед, Худо хофиз!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: