Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (167)

Худои ҷаҳон ва ҷаҳон (9)

Матни мақола

7) Ва касоне, ки мегӯянд: “Агар Худое дар кор буд, ин ҳама падидаҳои бефоида монанди пистон дар мард ва падидаҳои аз кор афтода монанди боли мурғи хонагӣ ва хурӯс ва пӯсти лои ангуштони бархе парандагони ғайриобӣ, ки натиҷаи таҳаввули модда ё табаияти муҳит мебошад, мавҷуд намешуд, ва ҳамчунин ин ҳама фасоду шарру маҳрумиятҳо рух намедод”, инон низ халти баҳс карда ва вуҷуди нисбӣ ва қиёсиро аз вуҷуди нафсӣ ва зарурӣ тамйиз надодаанд.

Сухани онон дорои ду бахш аст. Аммо роҷеъ ба бахши аввал: кадом бурҳони илмӣ қоим шуда ба ин ки масалан пистон танҳо барои шир додан аст ва фоидаи дигаре надорад? Ё пӯсти лои ангуштони поро фақат ниёзмандӣ ба шино ба вуҷуд овардааст? Чизе, ки ҳаст ин аст, ки: “инсон фоидае дар порае аз маворид монанди пистони зан ва пои ӯрдак ёфта сипас таъмими ҷоҳилона ва бемаъхазе дода, фоидаи номбурдаро аз ҳамаи маворид мехоҳад, яъне қиёси бехуде карда ва ҳукми чизеро аз чизе дигар таваққӯъ мекунад, монанди ҷарроҳе, ки мегӯяд: “то руҳи инсонӣ зери корди ташреҳи ман наёяд, вуҷудашро бовар нахоҳам кард”. Ин пизишк тасаввур карда, ки ҳарчи мавҷуд буда бошад, бояд буриданӣ бошад.

Ва дар бахши дуввуми суханашон ин афрод натавонистаанд тамйиз диҳанд, ки пайваста шарру фасод ва соири номулоимот дар вуҷудоти қиёсӣ ва ё вуҷудоти пиндории ашёст, на дар вуҷудоти воқеӣ ва нафсии онҳо (1), ва он чӣ ба Худо (ё ҳар иллати томма) мансуб аст, вуҷудоти воқеӣ ва нафсии ашёст, на вуҷудоти қиёсӣ ва ё пиндории онҳо. Бадбахт ва маҳрум ва ноқис ва ноком вақте дорои ин сифатҳост, ки вазъи мавҷуди ҳоли ӯро бо як хушбахт ва саодатманд муқоиса кунем, вале нисбат ба иллати мӯҷиба, ки зарурӣ ва ҷабрист, ҳамон наҳве бояд бошад, ки ҳаст. Ва мо ба тавзеҳи ин матлаб дар авохири ин мақола хоҳем пардохт.

Маншаи ин гуна иштибоҳот ва гуфторҳои бепоя он аст, ки инсон аз маълумоти оддӣ ва маънусоти зеҳнии худ аз барои ҳар чӣ мешунавад, ҷомае медӯзад ва он чиро надидааст ба он чӣ дида қиёс мекунад.

Мегӯянд: агар Худое ҳаст, куҷост? Ва кадом сӯ мебошад? Чаро олами ором ва бетазоҳум эҷод накард? Ва чаро ба ин бадгӯиҳо ва ҷасоратҳо посух намедиҳад? Чаро аз тарафдорони худ ҳимоят намекунад? Чаро? Ва чаро? Аз ин суханони пуч садҳо ва ҳазорҳо дар лобалои суханонашон метавон ёфт, дуруст монанди касе, ки дар баробари фарзияи ҳаракати умуми бигӯяд: Агар ҳаракати умумӣ рост аст, мо бояд ҳаракат бихӯрем ва бипӯшем”, ва монанди куштигире, ки бигӯяд: “Агар нерӯи электрисита рост аст, биёяд бо ҳам куштӣ бигирем”.

* * *

Таълиқот:

(1) Масъалаи шурур ва бадиҳо, аз масоили муҳимми фалсафа аст. Вуҷуди шурур ва бадиҳо аз қабили маргу мирҳо, бемориҳо, мусибатҳо, офатҳо, фақр ва нотавониҳо, дардҳо ва ранҷҳо, зиштиҳо ва ташвиҳоти хилқат, нобаробариҳо ва табъизҳо дар хилқат ва иҷтимоъ, ҷангҳо ва дарандагиҳо ва танозуи бақои ҷондорон ва билохира вуҷуди шайтон ва нафси аммора, сабаб шудааст, ки бархе дар ҳикмати болиға ва низоми аҳсан хадша кунанд ва бигӯянд, агар ҷаҳон бо ҳикмати болиғаи илоҳӣ идора мешуд ва низоми мавҷуд низоми аҳсан буд, умуре, ки лағву беҳуда ва ё музир ва зиёноваранд, дар ҷаҳон вуҷуд намедошт. Шурур ва бадиҳо сабаб шудааст, ки иддаи дигаре ба “санавият” гароиш кунанд, аз роҳи ин ки чун ашё ва мавҷудот мунқасим мегарданд ба хайрот ва шурур ва ин ду қисм бо якдигар табоюни зотӣ доранд, имкон надорад, ки аз мабдаи воҳид содир шуда бошанд; пас, ҳар як аз ин ду қисм, мабдаъ ва маншаи ҷудогона доранд.

Албатта шурур ва бадиҳо дар касоне фикри санавиятро ба вуҷуд оварда, ки мабдаи ҳастиро соҳиби шуъур ва ирода медонанд, муддаӣ ҳастанд мавҷуде, ки дар зоти худ иродаи хайр дорад, мумкин нест иродаи шарр дошта бошад, ва мавҷуде, ки дар зоти худ иродаи шарр дорад, мумкин нест иродаи хайр дошта бошад, пас, ҷаҳон дорои ду мабдаъ аст: яке хайри маҳз аст ва ҷуз хайр ва некӣ намехоҳад, ва дигаре шарри маҳз аст ва ҷуз шарру фасод намехоҳад.

Аммо дар мантиқи касоне, ки ба мабдаъ ё мабодии шоъири (шуъуркунандаи) мудрик қоил нестанд ва мӯътақид нестанд, ки дар мабдаъ ё мабодии ҳастӣ тамйизу ташхиси хайру шарр вуҷуд дорад, ниёзе ба фарзияи “санавият” нест.

Фикри дигаре, ки мавлуди шурур ва бадиҳост, хадша дар адли илоҳӣ аст. Мегӯянд, адами таъодулҳо ва нобаробариҳо дар хилқат ва дар иҷтимоъ, бо адли илоҳӣ созгор нест. Фалсафаҳои мубтанӣ бар бадбинӣ ва фалосифаи бадбини ҷаҳон, ки каму беш дар ҳамаи ҷаҳон вуҷуд доштаанд, мавлуди эҳсоси шурур ва бадиҳо мебошанд.

Фалосифа ва ҳукамои илоҳӣ дар муқобили ҳалли шубҳаи шурур ва бадиҳо се қисматро мавриди баҳсу мутолеа қарор додаанд:

а) Моҳияти шурур ва бадиҳо чист? Ва чӣ решае доранд?

б) Тафкикнопазирии хайрот ва шурур аз якдигар ва ғалабаи хайрот бар шурур;

в) Фавоид ва осори муфиди шурур ва бадиҳо ва ин ки ҳар шарре хайре ба дунболи худ меоварад.

Аммо қисмати аввал: як таҳлил ва сибру тақсими ақлӣ собит мекунад, ки шарр аз нестӣ бармехезад, на аз ҳастӣ, яъне он чӣ бад аст ё худ адам аст монанди кӯрӣ, фақр, нотавонӣ, нобаробариҳо, зиштиҳо, пириҳо, маргҳо (ба эътиборе) ё чизе аст, ки маншаи фуқдонот ва аъдом мегардад монанди муъзиҳо, офатҳо, балоҳо, зулмҳо ва таҷовуз ба ҳуқуқҳо, сирқатҳо ва фаҳшоҳо, ва аз ин қабил аст ахлоқи фосид назири кибр, ҳасад, бухл ва ғайра.

Маргу фақру заъфу пириву нотавонӣ ва зиштӣ аз он ҷиҳат бад аст, ки одамӣ фоқиди ҳаёт ва сарват ва қувват ва ҷавонӣ ва зебоӣ аст. Фуқдон ва надоштан бад аст. Муъзиҳо ва офатҳо ва балоҳо ва амсоли инҳо аз он ҷиҳат бад мебошанд, ки вуҷудашон мунҷар ба салби ҳаёти неъмат мегардад.

Пас, метавонем бигӯем, ки вуҷуд мутлақан хайр аст, ва адам шарр аст. Ва албатта ҳар адаме муттасиф ба шаррият намешавад, он адам муттасиф ба шаррият мегардад, ки адами малака бошад, яъне ҳар гоҳ мавҷуде бошад, ки истеъдоди як камоли хосс дар он вуҷуд дошта бошад ва он камоли хосс вуҷуд пайдо накунад ва ё пас аз вуҷуд пайдо кардан, ба иллатҳое маъдум гардад, адами чунин камол, ки ба унвони як ҳолати хосс, сифати он мавҷуд воқеъ мешавад, шарр аст.

Аз инҷо маълум мешавад, ки фикри санавият асоси дурусте надорад, зеро ашё ва мавҷудот воқеан ду даста ва ду синф нестанд: синфи хубҳо ва синфи бадҳо. Бадҳо ва бадиҳо, ё нестиҳо ҳастанд, пас дар синфи мавҷудот қарор намегиранд, ва ё ҳастиҳо ҳастанд, ки аз он ҷиҳат, ки ҳастанд бад нестанд, балки хубанд ва фоили онҳо ҳамон фоили хайрот аст, аз он ҷиҳат бад ҳастанд, ки маншаи бадӣ ва нестӣ дар мавҷуди дигар шудаанд, яъне ба ҳасби вуҷуди фи нафсиҳи хубанд ва ба ҳасби вуҷуди нисбӣ ва қиёсӣ баданд. Ва бадеҳист, ки вуҷуди нисбӣ ва қиёсӣ вуҷуди билараз аст, на вуҷуди биззот, аз ин рӯ эътиборӣ аст ва ниёзе ба фоил ва ҷоъил надорад. Пас, бадиҳо, чӣ бадиҳои биззот, ки аз навъи аъдом ва фуқдонотанд ва чӣ бадиҳои нисбӣ ва билқиёс, ки аз навъи мавҷудотанд, ё фоил ва ҷоъиле надоранд ва ё фоил ва ҷоъили онҳо фоил ва ҷоъили хайрот аст ва ниёзе ба фарзи фоил ва ҷоъили дигар надоранд ва ҷаъли вуҷуди воқеии онҳо, ки вуҷуди фи нафсиҳии онҳост, ҷаъли хайр аст, на ҷаъли шарр.

Ва аммо ҷавоби шубҳаи мункирини ҳикмати болиға ва низоми аҳсан.

Агар иддаои онҳо ба ин сурат бошад, ки вуҷуди шарру бадиҳо аз ин ҷиҳат далел бар адами ҳикмати болиға аст, ки агар ҳикмати болиғае дар кор буд, шурур ва бадиҳоро намеофарид. Посухи онҳо ҳамон аст, ки ба санавийин дода шуд, яъне дар ҷавоби онҳо низ гуфта мешавад, ки шурур ё аъдом ва нестиҳо ҳастанд ва ё ҳастиҳое, ки маншаи иттисофи он ҳастиҳо ба шаррият, нестиҳо мебошанд.

Вале мумкин аст, ки шубҳа ба ин сурат тақрир шавад, ки ҳарчанд шурур ва бадиҳо аз нестиҳо бармехезад, вале чаро олам тавре офарида нашуд, ки ба ҷои нестиҳо ҳастиҳо ва ба ҷои фуқдонот камолот буда бошад? Ишкол ин нест, ки чаро бадиҳоро офарид? (Балки) ишкол ин аст, ки чаро халаъи ҳосил аз нестиҳоро бо хилқат ва офариниши хубҳо ва хубиҳо пур накард? Пас, ишкол дар офаридани бадиҳо нест, ки гуфта шавад адамӣ ҳастанд, ишкол дар наёфаридани хубиҳо ба ҷои ин бадиҳост: чаро ба ҷои марг ҳаёти доим, ва ба ҷои фақру нотавонӣ сарвату қувват, ва ба ҷои зиштӣ зебоӣ, ва ба ҷои мусибатҳо ва ранҷҳо ва дардҳо хушиҳо ва лаззатҳо, ва ба ҷои нобаробариҳо баробариҳо наёфарид? Бадеҳист, ки адамӣ будани шурур, барои посух ба ин шубҳа кофӣ нест.

Ин ҷост, ки бояд вориди марҳилаи дуввуми матлаби худ бишавем, яъне тафкикнопазирии шурур аз хайрот ва ғалабаи ҷониби хайрот бар шурур.

Маншаи шурур, ва ба иборати дигар, маншаи ин халаъҳо ва фуқдонот ва нуқсонот, ё адами қобилияти модда барои пазириши камоли хосс аст, ва ё қобилияти модда барои тазодд аст. Ин ду хоссият аз модда тафкикнопазир аст, ҳамчунон ки тазодд миёни суратҳои ҳақоиқи олами табиат аз лавозими вуҷуд ва ҳастии онҳост ва лозимаи ин наҳв аз вуҷуд аст. Вуҷуд ва ҳастӣ дар маротиби нузули худ табъан бо нуқсонот ва фуқдонот тавъам мегардад. Ҳар мартиба аз вуҷуд мулозим аст бо фуқдони хосс. Ҳар як аз маводд ва суратҳои ин олам низ хоҳ нохоҳ дорои дараҷае аз фуқдон аст.

Ин як таваҳҳум аст, ки модда бошад, вале қобилияти қабули тазодд ва тазоҳум надошта бошад, ва ё бошад ва дар ҳар шароите қобилияти ҳар суратеро дошта бошад; ҳамчунон ки як таваҳҳуми маҳз аст, ки ҳақоиқ ва суратҳои олам вуҷуд дошта бошанд, вале миёни онҳо тазодд ва тазоҳум вуҷуд надошта бошад. Лозимаи ҳастии табиати моддӣ, як силсила нуқсонот ва фуқдонот ва тазоддҳо ва тазоҳумҳост. Пас, ё бояд ин ҷаҳон набошад то мавзӯъ аз асл мунтафӣ гардад, ва ё бояд мақрун ба ҳамин фуқдонот ва нуқсонот ва тазоҳумҳо бошад.

Ин ҷост, ки матлаби дигаре пеш меояд, ва он ин ки: оё ҷониби хайроти ҳақоиқи ин олам ғолиб аст ё ҷониби шурури онҳо? Масалан, лозимаи вуҷуди оташ ва қобилияти эҳтироқи бархе аз маводд ин аст, ки дар шароити хоссе эҳтироқ воқеъ шавад. Дар миёни эҳтироқҳо аҳёнан эҳтироқҳое аст, ки шарр аст, монанди оташсӯзиҳои амдӣ ва ғайриамдӣ, ки сурат мегирад, оё маҷмӯан ҷониби хайр ва фоидаи оташ ғалаба дорад ё ҷониби шарр ва зиёни он? Оё оташ бештар омили низом аст ё омили ихтилол? Мусалламан ҷониби хайр дар он ғалаба дорад. Пас, амр доир аст миёни ин ки оташ аслан вуҷуд надошта бошад ва ё оташ бошад бо маҷмӯи хайрот ва шуруре, ки дорад. Он гоҳ бояд дид, ки муқтазои ҳикмати болиға ин аст, ки хайри касир фидои (дафъи) шарри қалил гардад? Ё баръакс, дафъи шарри қалил фидои хайри касир гардад?

Мусалламан шиққи дуввум саҳеҳ аст, балки манъи хайри касир барои дафъи шарри қалил, худ шарри касир аст ва мунофии ҳикмати болиға аст.

Ҳукамо мегӯянд, мавҷудот ба ҳасби фарзи ибтидоӣ, 5 навъ фарз мешаванд: хайри маҳз, шарри маҳз, хайри ғолиб, шарри ғолиб, мутасовӣ.

Мегӯянд, мо мавҷуде надорем, ки шарри маҳз ё шарри ғолиб ва ё хайру шарри мутасовӣ бошад, он чӣ ҳаст ё хайри маҳз аст ва ё хайри ғолиб.

Пас, маълум шуд тафкики шурур аз хайрот таваҳҳуми маҳз аст ва уқало маҳол аст, низоме аҳсан аз низоми мавҷуди як таваҳҳум беш нест, пас:

ليس في الامكان أبدع ممّا كان

Аммо марҳилаи севвум: гузашта аз ин ки шурур аз лавозими вуҷуди хайроти ин олам мебошанд, худи онҳо ба навбаи худ мабдаъ ва маншаи хайроти касир мебошанд, бар вуҷуди онҳо манофеъ ва масолеҳи фаровоне мутараттиб аст ба тавре, ки агар он шурур набошанд, хайрот ва баракоте нахоҳад буд.

Аввалан бархе аз ин шурур аз қабили маргу пирӣ лозимаи такомули руҳ ва табаддули он аз нашъае ба нашъаи дигар аст.

Ҳамон тавре, ки гирду дар ибтидо омехтае аст аз пӯст ва мағз ва тадриҷан ҳар чӣ мағз камол меёбад, аз пӯст ҷудо мешавад ва мустақил мегардад то он ҷо, ки пӯст фалсафаи худро аз даст медиҳад ва бояд шикаста шавад то мағз озод гардад, руҳ низ нисбат ба бадан ҳамин тавр аст.

Сониян, агар ҳамин тазоҳумҳо ва тазоддҳо набошад ва сурате, ки оризи модда шудааст, барои ҳамеша боқӣ бимонад, модда қобилияти сурати дигар пайдо намекунад ва барои ҳамеша бояд воҷиди як сурат бошад, ва ин худ монеъе аст барои басту такомули низоми ҳастӣ. Дар асари тазоддҳо ва тазоҳумҳо ва бутлон ва инҳидоми суратҳои мавҷуд навбат ба суратҳои баъдӣ мерасад ва ҳастӣ басту такомул меёбад. Аз ин рӯ ҳукамо гуфтаанд:

لولا التضاد ما صحّ دوام الفيض عن المبدء الجواد

Солисан, вуҷуди шурур ва аъдом дар такмили вуҷуди мавҷудот ва дар эҷоди ҳаракат ва ҷунбиш ва савқ додани онҳо ба камол ва сайқал додани онҳо муфид ва муассир ва шарт ҳатмӣ аст.

Ҳукамо мегӯянд, ҳамвора ҳаракоти табиӣ (маконӣ) ба дунболи ҳаракоти қасрӣ падид меоянд. То шаъй бо нерӯи мухолиф, аз муқтазои табъи худ дур нашавад, майл ба ҳаракат ва вусул ба марказ дар ӯ падид намеояд. Дар миёни мусибатҳо ва дардҳо ва ранҷҳост, ки пухтагиҳо ва таҳзибҳо ва такмилҳо ва нубуғҳо пайдо мешаванд. Агар ранҷи гуруснагӣ ва ташнагӣ набошад, лаззати серӣ ва серобӣ ҳам нест. Агар имкони фисқу фуҷур (ва) пайравӣ аз ҳавои нафс набошад, тақво ва ифоф ҳам нест. Агар рақобатҳо ва адоватҳо набошад, такопӯ ва ҷунбиш ва мусобиқа ҳам нест. Агар ҷангу хунрезӣ набошад, пешрафт ва тамаддун ҳам нест. Агар ихтиноқ набошад, озодихоҳ ва озодихоҳӣ, ки мазҳари ҷамолу камоли инсоният аст, буруз намекунад. Агар зулмҳо ва қасоватҳо набошад, адолатҳо ва адолатхоҳиҳо арзиш пайдо намекунад. Фуқдонот ва эҳтиёҷот аст, ки муҳаррики нерӯҳо ва ба феълиятрасонандаи қувваҳо мебошанд.

Пас, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҷаҳони табиат ҷаҳони тадриҷу такомулу ҳаракат аз нақс ба камол аст ва ҳаракат ва тадарруҷ, зотии табиат аст ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳаракатҳо ва ҷунбишҳо ва савқ ба камолҳо бастагии табиӣ ва зотӣ дорад ба ҳамин чизҳое, ки “шурур” ва “бадиҳо” номида мешаванд, фоида ва фалсафа ва маслиҳати шурур ва бадиҳо равшан мешавад ва маълум мешавад он чӣ “шарр” ва “бадӣ” номида мешавад аз назари ҷузъӣ ва ба лиҳози шаъйи хосс аст, аммо бо миқёси васеътар ва бузургтар, хайру хубӣ аст, на шарру бадӣ.

Аз он чӣ гузашт маълум шуд, аввалан, шурури олам аз қабили нестиҳо ва ё аз қабили ҳастиҳое ҳастанд, ки сабаби нестиҳо шудаанд, ва сониян, ин шурур аз хайрот тафкикнопазиранд ва набудани инҳо мусталзими набудани ин олам аст, ва солисан, ин шурур ва бадиҳо дар низоми олам ва дар камоли мавҷудот нақши муҳим ва муассире доранд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: