Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (251)

Гардонидани Умар разияллоҳу анҳу назари ӯро аз мақоми гиря, ки ҳастӣ аст ба мақоми истиғроқ (1)

* * *

Пас Умар гуфташ, ки ин зорийи ту

Ҳаст ҳам осори ҳушёрийи ту.

Умар (р) ба ӯ гуфт: ин гиряву зории ту аз осори ҳушёрии туст, яъне ҳанӯз “ман” аз ту барнахоста ва дар вуҷуди Ҳақ фонӣ нашудааст.

Роҳи фонигашта роҳи дигар аст,

З-он ки ҳушёрӣ гуноҳе дигар аст.

Он ки бо ишқи Ҳақ фонӣ гашта роҳаш роҳи дигар аст, зеро ки гиряву зорӣ кардан дар айни ҳушёрии вуҷуд, дар воқеъ як гуноҳи дигар аст.

Нукта: Ҳамон тавр ки қаблан гуфта шуд, ҳушёрӣ (саҳв) нуқтаи муқобили “сукр” ва бехешӣ аст. Зоҳиран Мавлоно низ монанди Боязиди Бастомӣ ва умуми пайравони вай (Тайфуриён), сукру бехудиро бар саҳву ҳушёрӣ тарҷеҳ додааст. Бад-ин ҷиҳат, зориро, ки аз осори саҳв аст, нописанд медорад, зеро солик дар ҳоли сукр ба ҳоли худ нест ва дар тасарруфи бехудӣ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.666)

Ҳаст ҳушёрӣ зи ёди “мо мазо”,

Мозиву мустақбалат пардай Худо.

Мозӣ (гузашта) ва мустақбали (ояндаи) ту, ҳамчун пардае аст пӯшонанда миёни ту ва Худованд, зеро ёд кардан аз гузашта, далел бар ҳушёрӣ ва бақои “ман” аст.

Оташ андарзан ба ҳар ду, то ба кай

Пургиреҳ бошӣ аз ин ҳар ду чу най?

Пас, бояд ба замони гузашта ва оянда, оташ бизанӣ, яъне шӯълаи фаноро ба хирмани замон ва ҳамаи қайдҳо бизанӣ, то ҷумлагиро маҳв гардонӣ. Охир ту то кай мехоҳӣ ҳамчун найҳои пургиреҳ аз ин қабил қайдҳо дошта бошӣ?!

Нукта: Таъаллуқи дил ба замони гузашта ва оянда ҳарчанд нек аст, аммо боз далолат дорад бар бақои “ман”, ки сифати мубтадиён аст, на бехешон. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.667)

То гиреҳ бо най бувад, ҳамроз нест,

Ҳамнишини он лабу овоз нест.

Ва то вақте ки най дар даруни худ гиреҳу бандҳои бисёр дошта бошад, ҳамрози навозандаи най намешавад ва наметавонад дами нойиро ба сурати нағмаи дилпазир мунъакис кунад. Вуҷуди инсон низ монанди най аст ва қайди замон ва шаҳавот дар вуҷуди ӯ, монанди уқдаҳо ва гиреҳҳои най аст. Ва то вақте ки инсон аз ин гиреҳҳо халос нашуда, нафаси Ҳақ ва дами илоҳӣ аз он намегузарад ва ба тараннум намерасад. Пас, одамӣ бояд даруни худро пок кунад. (Манбаи пешин)

Чун ба тавфӣ, худ ба тавфе муртадӣ,

Чун ба хона омадӣ, ҳам бо х(в)адӣ.

Ту кай ба каъбаи ваҳдат роҳ меёбӣ ва кай бар гирди ҳақиқат мечархӣ? Дар ҳоле ки ҳамвора бар гирди худ мечархӣ ва ҷомаву ридои худбинӣ дарбар кардаӣ. Аз ин рӯ, дар каъбаи ваҳдат низ боз гирифтори вуҷуди шахсӣ ва ҷузъии худ ҳастӣ ва ҳанӯз аз каманди “ман” нараҳидаӣ.

Тавф: гаштан бар гирди чизе. Муртадӣ: касе ки ридо пӯшида бошад, маҷозан касе ки дар ҳиҷоби худбинӣ фурӯ монда бошад.

Нукта: Тавофи Каъба бо ҷома ва либоси шахсӣ ҷоиз нест, зеро дар онҷо бояд “ман” ва ҳар нишонӣ, ки “ман”-ро бинумоёнад, маҳву фонӣ шавад, аз ин рӯ бояд ба эҳроми фано муҳрим шуд ва аз либоси ҳастии худ орӣ гардид. (Манбаи пешин)

Кошифии Сабзаворӣ гӯяд: “Эҳроми он Каъба (-и зоҳир) лаббайки забон аст. Эҳроми ин Каъба (-и ботин) безорӣ аз ду ҷаҳон аст. Он Каъба қиблаи (аҳли) муомила аст, ва ин Каъба қиблаи (аҳли) мушоҳида. Онҷо раванд ҳама дару девор бинанд ва инҷо, ки расанд, ҳама анвору дидор бинанд.” (Ар-рисолатул-ъалийя, с.94)

Мавлоно дар байти фавқ мегӯяд, солик ба ҳар “ҳол” ва “мақом”, ки расад ва дар он таваққуф кунад, ҳиҷобе аст барои “ҳол” ва “мақом”-и болотар, вале роҳрав ва орифи ҳақиқӣ касе аст, ки дар аҳволу мақомот ва ҳеч мавқифе аз мавоқифи сулук таваққуф накунад, ба қавли Шабистарӣ:

Касе бар сирри ваҳдат гашт воқиф,

Ки ӯ воқиф нашуд андар мавофиқ.

(Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.668)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: