Раисиҷумҳури Қазоқистон: “Аз интиқоли ДОЪИШ ба Афғонистон нигаронем”

Раисиҷумҳури Қазоқистон эълом кард, аз интиқоли гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ба Афғонистон нигаронем, бинобар ин, кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой бояд барои барқарории амният дар ин кишвар талош кунанд.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, бо ишора ба шикасти ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия, изҳор дошт: “ДОЪИШ қаламрави хоссе дар минтақа надорад, аммо акнун дар ҳоли интиқоли ҷангҷӯёни худ ба дигар манотиқ аз ҷумла Афғонистон аст.”

Вай афзуд: “Ин мавзӯъ моро нигарон мекунад ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой бояд бо ҳамкории муштарак аз ин иттифоқи шум ҷилавгирӣ кунанд.”

Назарбоев дар гуфтугӯ бо шабакаи чинии CCTV изҳор дошт: “Афғонистон ҳамсояи наздики мост, ки аз тариқи он метавонем ба Покистон ва Ҳинд дастрасӣ дошта бошем, аммо амнияти дохилии ин кишвар заиф аст ва давлат наметавонад амнияти хатти лӯлаи нафту гозро таъмин кунад.”

Вай афзуд: “Бинобар ин, мо барои барқарории субот дар Афғонистон манофеи муштараке дорем ва барои эҷоди сулҳ дар ин кишвар низ талош кардаем.”

Ин дар ҳолест, ки борҳо бисёре аз аъзои порлумони Афғонистон ва раисиҷумҳури собиқи ин кишвар тасреҳ карданд, Омрико ва дигар кишварҳои хориҷӣ тавассути болгардҳои ношинос аз теруристҳои ДОЪИШ дар Афғонистон ҳимоят мекунанд.

Ахиран низ Ваҳиди Мужда, коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон тасреҳ кард, далели ҳимояти Омрико аз теруризм дар Афғонистон, эҷоди таҳдид барои кишварҳои минтақа аз ҷумла Эрон, Русия ва Чин аст.

Замир Кобулов, намояндаи вежаи раисиҷумҳури Русия дар Афғонистон низ чанде пеш изҳор дошт, нишонаҳое аз интиқоли ҷангҷӯёни фирории ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия тавассути болгардҳои низомӣ ба Афғонистон вуҷуд дорад.

Вай тасреҳ кард: “Нерӯҳои НАТО ва Омрико контроли ҳарими ҳавоии Афғонистонро дар ихтиёр доранд, пас ё ин нерӯҳо монеи парвози болгардҳои ношинос намешаванд ва ё худашон дар интиқоли ҷангҷӯёни ДОЪИШ ба ин кишвар нақш доранд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: