Адли илоҳӣ (25)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши панҷум: Фоидаҳои шурур (5)

Балову неъмат нисбӣ аст

Аз ин нукта набояд ғафлат варзид, ки масоиб вақте неъмат ҳастанд, ки инсон аз онҳо баҳрабардорӣ кунад ва бо сабру истиқомат ва мувоҷеҳа бо душвориҳое, ки масоиб тавлид мекунанд, руҳи худро камол бахшад. Аммо агар инсон дар баробари сахтиҳо фирорро интихоб кунад ва нолаву шиква сар диҳад, дар ин сурат бало аз барои ӯ воқеан балост.

Ҳақиқат ин аст, ки неъматҳои дунё низ монанди масоиб, мумкин аст мояи тараққӣ ва саодат бошад, ва мумкин аст мояи бадбахтӣ ва бечорагӣ гардад. На фақр бадбахтии мутлақ аст ва на сарват хушбахтии мутлақ. Чӣ басо фақрҳое, ки мӯҷиби тарбият ва такмили инсонҳо гардида, ва чӣ басо сарватҳое, ки мояи бадбахтӣ ва некбат қарор гирифтааст. Амният ва ноамнӣ низ чунин аст. Бархе аз афрод ё миллатҳо дар ҳангоми амният ва рифоҳ, ба айёшӣ ва танпарварӣ меафтанд ва дар натиҷа дар партгоҳи хорӣ ва зиллат суқут мекунанд, ва бисёре дигар аз миллатҳо аз шаллоқи бадбахтӣ ва гуруснагӣ ба ҷунбиш дармеоянд ва ба оқоӣ ва иззат мерасанд. Саломат ва беморӣ, иззат ва зиллат ва соири мавоҳиб ва масоиби табиӣ низ машмули ҳамин қонун аст.

Неъматҳо ва ҳамчунин шадоид ва балоё, ҳам мавҳибат аст, зеро аз ҳар як аз онҳо метавон баҳрабардориҳои олӣ кард, ва низ мумкин аст бало ва бадбахтӣ шумурда шаванд, зеро мумкин аст ҳар як аз онҳо мояи бечорагӣ ва таназзул гарданд. Ҳам аз роҳи фақр метавон ба саодат расид ва ҳам аз роҳи сарват, ва аз ҳар ду роҳ низ мумкин аст одамӣ ба бадбахтӣ бирасад.

Бинобар ин, неъмат будани неъмат бастагӣ дорад ба навъи аксуламали инсон дар баробари он неъмат, ки шокир бошад ё кафур. Ва ҳамчунин ниқмат будани ниқмат бастагӣ дорад ба навъи аксуламали инсон дар баробари он, ки собир ва хештандор бошад ё сустунсур ва беирода. Аз ин рӯ, як чиз нисбат ба ду шахс, вазъи мухталифе меёбад, яъне як чиз барои як нафар неъмат аст, ва ҳамон чиз барои шахси дигар ниқмат. Ин аст, ки мегӯем: “Неъмату бало ҳар ду нисбӣ аст.”

Чизеро бояд бало номид, ки уқубати маънавии илоҳӣ бошад, яъне осори бади амали инсон. Ин умур аз он ҷиҳат бало ва мусибати воқеианд, ки аввалан маълули ирода ва ихтиёри худи инсон ҳастанд, ва сониян, муқаддимаи ҳеч хайр ва ҳеч камоле нестанд. Масалан, қасовати қалб ва сангдилӣ барои инсон балост, чунонки дар ривоят омадааст:

ما ضرب الله عبدا بعقوبة أشدّ من قسوة القلب

Худо ҳеч бандаеро ба ҳеч уқубате гирифтор накардааст, ки болотар аз сангдилӣ бошад.” (Иршодул-қулуби Дайламӣ)

Дар қасаси анбиё омада, ки марде ба Шуъайби пайғамбар (а) гуфт, ки чаро ман ин ҳама гуноҳ мекунам ва Худованд маро уқубат намекунад? Ҷавоб омад, ки ту гирифтори бадтарини уқубатҳо ҳастӣ ва намедонӣ. Мавлавӣ ин достонро чунин баён мекунад:

Он яке мегуфт дар аҳди Шуъайб,

Ки Худо аз ман басе дидаст айб,

Чанд дид аз ман гуноҳу ҷурмҳо

В-аз карам Яздон намегирад маро.

Ҳақ Таъоло гуфт дар гӯши Шуъайб,

Дар ҷавоби ӯ фасеҳ аз роҳи ғайб.

Ки бигуфтӣ чанд кардам ман гуноҳ,

В-аз карам нагрифт дар ҷурмам Илоҳ.

Акс мегӯйиву мақлуб, эй сафеҳ!

Эй раҳо карда раҳу бигрифта теҳ.

Чанд чандат гираму ту бехабар,

Дар салосил мондаӣ по то ба сар.

Занги ту бар туст, эй деги сиёҳ!

Кард симои дарунатро табоҳ.

Бар дилат зангор бар зангорҳо

Ҷамъ шуд, то кӯр шуд з-асрорҳо.

Яъне ту баръакс фикр мекунӣ, агар Худованд туро ба уқубати зоҳирӣ, ки худ эҳсос мекардӣ, ки уқубат аст, мегирифт ва ту қобилияти чунин навъ муҷозотеро медоштӣ, он вақт мумкин буд уқубати ту уқубат набошад, балки лутфу раҳмат бошад, зеро аҳёнан мӯҷиби танаббуҳ ва бедории ту мешавад. Аммо уқубате, ки акнун гирифтори он ҳастӣ, ки лозимаи амали туст, уқубате аст, ки сад дар сад уқубат аст.

Некбатҳои воқеӣ ҳамон натоиҷ ва осори аъмоли инсон аст, ва дар мавриди ҳамин осор ва натоиҷ ва уқубатҳост, ки Қуръон мефармояд:

وَمَا ظَلَمْنَاهُمْ وَلَكِن كَانُواْ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ

Ин ситамҳоро худашон ба худашон раво доштанд, на мо.” (Сураи Наҳл, ояти 118)

Русу (Jean Jacques Rousseau) китобе дорад ба номи “Эмил” (Emile), ки дар фанни тарбияти кӯдак навиштааст; китоби ҷолибе аст. Эмил номи кӯдаки фарзӣ ва афсонаӣ аст, ки вай дар китоби худ ӯро таҳти тарбияти худ қарор медиҳад ва ба парвариши ҳамаи ҷанбаҳои ҷисмӣ ва равонии ӯ таваҷҷӯҳ мекунад. Дар ҳамаи маворид, идеяи Русу ин аст, ки Эмилро дар ҳоли муморисат бо табиат ва панҷа дар панҷаи табиат ва дар домани сахтиҳо парвариш диҳад.

Вай мӯътақид аст, ки бадбахттарини кӯдакон, онҳое ҳастанд, ки волидайни онҳо онҳоро дар нозу неъмат парвариш медиҳанд ва намегузоранд сардӣ ва гармии дунёро бичашанд ва пастӣ ва баландии ҷаҳонро ламс кунанд. Ин гуна кӯдакон дар муқобили сахтиҳо ҳассос мешаванд ва дар муқобили лаззатҳо бетафовут; ҳамчун соқи нозуки як дарахти кучак дар муқобили ҳар насиме меларзанд ва кучактарин ҳодисаи ногуворе ононро нороҳат мекунад, то ҷое, ки як ҳодисаи кучак ононро ба фикри худкушӣ меандозад. Ва аз он тараф, ҳар чӣ мӯҷиботи лаззат ба онҳо дода шавад, ба ҳаяҷон намеоянд ва нишот пайдо намекунанд. Ин гуна инсонҳо ҳаргиз таъми неъматҳоро дарк намекунанд. Гуруснагӣ начашидаанд, то маззаи ғизоро бифаҳманд, беҳтарин ғизоҳо барои эшон камарҷтар ва камлаззаттар аз нони ҷавине аст, ки як баччаи деҳотӣ мехӯрад.

Содиқи Ҳидоят чаро худкушӣ кард? Яке аз иллатҳои худкушии ӯ ин буд, ки ашрофзода буд. Ӯ пули беш аз ҳадди кифоят дошт, аммо фикри саҳеҳ ва муназзам надошт. Ӯ аз мавҳибати имон бебаҳра буд, ҷаҳонро монанди худ булҳавас ва газофакор ва аблаҳ медонист. Лаззатҳое, ки ӯ мешинохт ва бо онҳо ошно буд, касифтарини лаззатҳо буд. Ва аз он навъ лаззатҳо дигар чизи ҷолибе боқӣ намонда буд, ки ҳастӣ ва зиндагӣ арзиши интизори онҳоро дошта бошад. Ӯ дигар наметавонист аз ҷаҳон лаззат бибарад. Бисёр касони дигар монанди ӯ фикри муназзам надошта ва аз мавҳибати имон ҳам бебаҳра будаанд, аммо монанди ӯ сер ва ашрофзода набудаанд ва ҳаёт ва зиндагӣ ҳанӯз барои онҳо ҷолиб будааст, ба ҳамин хотир даст ба худкушӣ назадаанд.

Амсоли Ҳидоят агар аз дунё шикоят мекунанд ва дунёро зишт мебинанд, ғайр аз ин роҳе надоранд. Нозпарвардагии онҳо чунин эҷоб мекунад. Онҳо наметавонанд таъми матбӯъи мавоҳиби илоҳиро эҳсос кунанд. Агар Содиқи Ҳидоятро дар деҳе мебурданд ва таъми гуруснагӣ ва бараҳнагиро ба ӯ мечашонданд ва ҳангоми лузум шаллоқи муҳкам ба пушташ менавохтанд ва ҳамин ки сахт гурусна мешуд, қурси ноне дар ҷилави ӯ мегузоштанд, он вақт хуб маънии ҳаётро мефаҳмид ва обу нону соири шароити моддӣ ва маънавии ҳаёт дар назараш пурарҷ ва боарзиш мегардид.

Саъдӣ дар боби аввали “Гулистон” достоне оварда, мегӯяд: оқое бо ғуломаш ба киштӣ нишаст. Ғулом, ки дарё надида буд ваҳшат кард ва беқарорӣ менамуд, ба тавре, ки изтироби ӯ сокинини киштиро нороҳат сохт. Ҳакиме дар он ҷо буд, гуфт, чораи инро ман медонам. Дастур дод ғуломро ба дарё афканданд. Ғулом, ки худро дар миёни амвоҷи хурӯшон ва бераҳми дарё мувоҷеҳ бо марг медид, сахт талош мекард, ки худро ба киштӣ расонад ва аз ғарқ шудан наҷот диҳад. Пас аз миқдоре талоши бефоида, ҳамин ки наздик шуд ғарқ шавад, ҳаким дастур дод, ки наҷоташ диҳанд. Ғулом пас аз ин моҷаро ором гирифт ва дигар дам назад. Рамзи онро ҷӯё шуданд, ҳаким гуфт: лозим буд дар дарё биафтад, то қадри киштиро бидонад.

Оре, шарти истифода кардан аз лаззатҳо, ошно шудан бо ранҷҳост. То касе поини дарра набошад, азамати кӯҳро дарк намекунад. Ин ки худкушӣ дар табақоти мураффаҳ зиёдтар аст, яке аз ин аст, ки маъмулан беимонӣ дар табақаи мураффаҳ бештар аст. Ва дигар аз ин аст, ки табақаи мураффаҳ лаззати ҳаёт ва арзиши зиндагиро дарк намекунанд, зебоии оламро эҳсос намекунанд, маънии ҳаёт ва зиндагиро намефаҳманд. Лаззату рифоҳи беш аз андоза, инсонро беҳис карда ва ба сурати як мавҷуди аблаҳ дармеоварад. Чунин инсоне бар сари мавзӯоти кучаке худкушӣ мекунад. “Фалсафаи пучӣ” дар дунёи ғарб, аз як тараф ҳосили аз даст додани имон аст, ва аз тарафи дигар, маҳсули рифоҳи беш аз андоза. Ғарб, бар сари суфраи Шарқ нишастааст ва хуни Шарқро мемакад, чаро дам аз пучӣ ва ниҳилизм назанад? Касоне, ки худкуширо ба ҳисоби ҳассосият мегузоранд, бояд бидонанд, ки ин “ҳассосият” чӣ навъ ҳассосияте аст? Ҳассосияти онҳо ҳассосияти завқу идрок нест; ба ин маънӣ нест, ки фаҳми латифтаре доранд ва чизҳоеро дарк мекунанд, ки дигарон дарк намекунанд; (балки) ҳассосияти онҳо ба ин маънӣ аст, ки дар муқобили зебоиҳои ҷаҳон беэҳсос ва карахт ва дар муқобили сахтиҳо зудранҷ ва каммуқоваматанд. Чунин одамҳое бояд ҳам худкушӣ кунанд ва чӣ беҳтар, ки худкушӣ кунанд, нанги башаранд ва беҳтар, ки иҷтимои башар аз лавси вуҷудашон пок гардад.

Замоне бо шахсе ошноии дуре доштам ва мепиндоштам аз хушбахттарини инсонҳост. Ҳар гуна василаи моддии зиндагӣ ба нисбат барои вай фароҳам буд. Пулу сарват, посту мақом, шӯҳрат, ҳамаро дошт. Сухан аз фарзанд доштан ба миён омад, гуфт: ман намехостам ва намехоҳам, ки фарзанд дошта бошам. Пурсидам: чаро? Гуфт: ман, ки худам дар ин дунё омадам кофист, чаро асбоби ранҷи як мавҷуди дигарро фароҳам кунам? Ранҷҳоеро, ки ман кашидаам, ӯ ҳам бикашад? Ибтидо таъаҷҷуб кардам, аммо баъд, ки андаке бештар бо руҳи ӯ ошно шудам, фаҳмидам, ки ин бечора рост мегӯяд, вай дар ин ҳама нозу неъмат ҷуз ранҷ намебинад. Маъмулан касонеро, ки мепиндорем ҳамаи ранҷҳоро аз худ дур кардаанд, беш аз ҳама ранҷ мебаранд.

Оре, масоиб ва балоҳо неъматҳои бузурге ҳастанд, ки бояд дар баробари онҳо сипосгузори Худо буд, неъматҳое ҳастанд, ки дар сурати қаҳр таҷаллӣ кардаанд; ҳамчунон ки гоҳе қаҳрҳое ба сурати лутф зуҳур мекунанд. Аз ин қаҳрҳо ба навбаи худ бояд сипосгузор буд. Аммо ба ҳар ҳол бояд мутаваҷҷеҳ буд, ки неъмат будани неъмат, ва ниқмат будани ниқмат бастагӣ дорад ба тарзи вокуниш ва аксуламали мо дар баробари он. Мо метавонем ҳамаи ниқматҳоро табдил ба неъмат кунем, то чӣ расад ба он чи дар либоси неъмат низ зуҳур мекунад. Ва ҳам метавонем ҳамаи неъматҳоро табдил ба бало ва мусибат кунем, то чӣ расад ба он чи дар либоси бало ва мусибат барои мо мерасад.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: