Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (168)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (1)

Муқаддима (1)

Роҳҳои башар ба сӯи Худо

Он чӣ то кунун гуфта шуд, марбут ба эродҳо ва ишколҳо ва монеаҳое буд, ки барои афкор дар роҳи таҳсили Худошиносӣ вуҷуд дошт.

Акнун бибинем аз чӣ роҳ ва ба чӣ далел бояд вуҷуди Худоро қабул кунем? Башар чӣ роҳе ба сӯи Худо дорад? Асосан башар ба ҳар унвон ва либосе — чӣ таҳти унвони ваҳй ва нубувват, ва чӣ таҳти унвони ирфон ва сулук, ва чӣ таҳти унвони фалсафа ва калом — аз чӣ роҳҳое ба сӯи Худо ва маърифати Худо пеш рафтааст? Дар ин мақола, ки як мақолаи фишурдаи фалсафӣ аст, танҳо ба тариқи фалсафӣ иктифо шудааст ва дар миёни бурҳонҳои фалсафӣ танҳо ба бурҳони маъруф ба “Бурҳони Сиддиқин”, ки аз мероси фалсафаи садроӣ аст ва олитарин ва шарифтарин бурҳони фалсафӣ аст ва як бурҳони дигар, ки баъдан тавзеҳ дода хоҳад шуд, қаноат шудааст.

Вале мо лозим медонем дар ин ҷо ба тафсил баҳс кунем ва аз ҷамиъи роҳҳое, ки башар барои вусул (расидан) ба ин мақсуд интихоб кардааст, ёд кунем. Аз ин рӯ, қабл аз он ки ба тавзеҳи баёноти матн бипардозем, ишорае иҷмолӣ ба он роҳҳо менамоем.

Ба таври куллӣ, роҳҳои башар ба Худошиносӣ се навъ аст:

а) Роҳи дил (ё роҳи фитрат);

б) Роҳи ҳиссу илм (ё роҳи табиат);

в) Роҳи ақл (ё роҳи истидлол ва фалсафа).

Албатта ду роҳи ахир ҳар кадом ба роҳҳои зиёде муншаъиб мегардад ва баъдан тавзеҳ хоҳем дод.

* * *

Роҳи дил (ё роҳи фитрат)

Мегӯянд, Худошиносӣ фитрии ҳар одамӣ аст яъне ҳар одаме ба муқтазои хилқат ва сохтмони аслии руҳии худ Худоро мешиносад бидуни ин ки ниёзе ба иктисоб ва таҳсили улуми муқаддимотӣ дошта бошад.

Лозим аст дар ин ҷо тавзеҳе дода шавад:

Бархе аз мӯътақидони фитрӣ будани Худошиносӣ мақсудашон аз ин матлаб, фитрати ақл аст. Мегӯянд, инсон ба ҳукми ақли фитрӣ бидуни ин ки ниёзе ба таҳсили муқаддимоти истидлолӣ дошта бошад, ба вуҷуди Худованд пай мебарад. Таваҷҷӯҳ ба низоми ҳастӣ ва мақҳурият ва марбубияти мавҷудот, худ ба худ ва бидуни ин ки инсон бихоҳад истидлол кунад, эътиқод ба вуҷуди мудаббир ва қоҳирро дар инсон ба вуҷуд меоварад, ҳамчунон ки дар ҳамаи фитриёте, ки дар истилоҳи мантиқ “фитриёт” номида мешаванд, матлаб аз ин қарор аст.

Вале мақсуди мо аз унвони боло, фитрати ақл нест, мақсуди мо фитрати дил аст. Фитрати дил яъне инсон ба ҳасби сохтмони хосси руҳии худ, мутамоил ва хоҳони Худо офарида шудааст. Дар инсон Худоҷӯӣ ва Худохоҳӣ ва Худопарастӣ ба сурати як ғариза ниҳода шудааст, ҳамчунон ки ғаризаи ҷустуҷӯи модар дар табиати кӯдак ниҳода шудааст.

Ин ғариза ба сурати ғайримусташъир дар кӯдак вуҷуд дорад. Ӯ модарро мехоҳад ва ҷустуҷӯ мекунад бидуни он ки худ бидонад ва бифаҳмад, ки чунин хоҳиш ва майле дар ӯ вуҷуд дорад ва бидуни он ки дар сатҳи шуъури зоҳираш инъикосе аз ин майл ва хоҳиш вуҷуд дошта бошад. Мавлавӣ айнан ҳамин ташбеҳро овардааст он ҷо, ки мегӯяд:

Ҳамчу майли кӯдакон бо модарон,

Сирри майли худ надонад дар лабон.

Ҳамчу майли муфрити ҳар навмурид

Сӯйи он пири ҷавонбахти маҷид.

Ҷузви ақли ин аз он ақли кул аст,

Ҷунбиши ин соя з-он шохи гул аст.

Сояаш фонӣ шавад охир дар ӯ,

Пас бидонад сирри майлу ҷустуҷӯ.

Дигаре мегӯяд:

Чандин ҳазор зарра саросема медаванд

Дар офтобу ғофил аз он к-офтоб чист.

Ғаризаи Худохоҳӣ ва Худоҷӯӣ навъе ҷозибаи маънавӣ аст миёни конуни дил ва эҳсосоти инсон аз як тараф, ва конуни ҳастӣ яъне мабдаи аъло ва камоли мутлақ аз тарафи дигар; назири ҷазбу инҷизобе, ки миёни аҷром ва аҷсом мавҷуд аст. Инсон бидуни он ки худ бидонад, таҳти таъсири ин нерӯи мармуз ҳаст. Гӯӣ ғайри ин “ман”, як “ман”-и дигар низ дар вуҷуди ӯ мустатир аст ва ӯ аз худ навое ва овозе дорад. Ба қавли Назирии Нишопурӣ:

Ғайри ман дар паси ин парда сухансозе ҳаст,

Роз дар дил натавон дошт, ки ғаммозе ҳаст.

Булбулон! Гул зи гулистон ба шабистон оред,

Ки дар ин кунҷи қафас замзамапардозе ҳаст.

Ту мапиндор, ки ин қисса ба худ мегӯям,

Гӯш наздики лабам ор, ки овозе ҳаст.

Ҳофиз мегӯяд:

Дар андаруни мани хастадил надонам кист,

Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост.

Донишмандони равоншинос ва равонков дар қарни ахир ба ин ҳақиқат пай бурдаанд, ки инсон дар моварои шуъури зоҳири хеш, шуъуре махфӣ дорад. Гӯӣ дар паси ин “ман”-и зоҳир “ман”-и пушти пардае вуҷуд дорад. Чизе, ки ҳаст бархе аз ин донишмандон чунин фарз кардаанд, ки аносури “ман”-и пинҳон ҳама аз шуъури зоҳир ба ботин гурехта ва тағйири шакл додаанд, вале бархе дигар ба асолати шуъури ботин имон ва эътироф доранд. Шуъури ахлоқӣ, шуъури ҳунарӣ, шуъури илмӣ, ҳамчунин шуъури мазҳабии равони инсонро асил ва ношӣ аз сиришти ӯ медонанд.

Он нуқтаи аслӣ, ки роҳи аҳли ирфонро аз роҳи фалосифа ҷудо мекунад, ҳамин ҷост. Урафо аз он ҷо, ки ба нерӯи ишқи фитрӣ имон ва эътиқод доранд, дар тақвияти ин нерӯ мекӯшанд. Мӯътақиданд, ки конуни эҳсосоти олии илоҳии қалбиро бояд тақвият кард ва монеаҳои рушду тавсиъаи онро бояд аз миён бурд ва ба истилоҳ бояд қалбро тасфия кард ва он гоҳ бо маркаби нерӯманд ва роҳвор ва сабукболи ишқ ба сӯи Худо парвоз намуд. Аммо фалосифа ва мутакаллимин аз роҳи ақлу фикру истидлол мехоҳанд шоҳиди мақсуд ва гумшуда ва матлуби худро кашф кунанд. Ориф мехоҳад парвоз кунад ва наздик шавад, файласуф мехоҳад сар ба ҷайби тафаккур фурӯ барад ва биандешад. Ориф мехоҳад бибинад ва файласуф мехоҳад бидонад.

Ибодот дар шаръи муқаддас барои парвариши ин ҳисс аст ва лоақал яке аз фалсафаҳои ибодот ин аст.

Имрӯз донишмандони зиёде ҳастанд, ки ба вуҷуди чунин эҳсос ва шӯру ишқу ҷунбише дар умқи руҳи одамӣ, ки ӯро ба Худои лоязол пайванд медиҳад, имон доранд.

Мо агар бихоҳем бидонем оё чунин эҳсосе дар одамӣ ҳаст, ду роҳ дар пеш дорем: яке он ки худамон шахсан ва амалан даст ба озмоиш дар вуҷуди худамон ва дигарон бизанем. Дигар ин ки бибинем донишмандоне, ки солҳои дароз дар заминаи равони одамиён аз ҷанбаи масоили маънавӣ мутолеоте доштаанд, чӣ назар додаанд. Қудамои мо аз туруқи истидлолӣ ва ишроқӣ вуҷуди чунин ишқеро дар саросари мавҷудот ва аз он ҷумла инсон исбот мекарданд, ва уламои имрӯз таҷрибиёти равониро далел бар ин матлаб мегиранд.

Аз ҷумлаи ин донишмандон, донишманди маъруф Алексис Каррел (Alexis Carrel), соҳиби китоби “Инсон мавҷуди ношинохта” аст. Вай дар бораи дуо мегӯяд:

Дуо парвози руҳ аст ба сӯи Худо.”

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

Гуфтаанд, ки дар умқи виҷдон шӯълае фурӯзон аст, инсон худро он чунон ки ҳаст мебинад, аз худхоҳиаш, ҳирсаш, гумроҳиҳо ва каҷфикриҳояш ва аз ғурур ва нихваташ парда бармедорад, барои анҷоми таклифи ахлоқӣ ром мешавад, барои касби хузӯъи фикрӣ иқдом мекунад; дар ҳамин ҳангом салтанати пурҷалоли омурзиш дар баробари ӯ падидор мегардад.” (Ба нақл аз рисолаи “Ниёиш”-и Шариатӣ)

Аз ҷумлаи ин донишмандон Вилём Ҷеймз аст. Вай мегӯяд:

Ҳар қадр ангеза ва муҳаррики майлҳои мо аз олами табиат сарчашма гирифта бошад, ғолиби майлҳои мо ва орзуҳои мо аз олами моварои табиат сарчашма гирифта, чаро ки ғолиби онҳо бо ҳисобҳои моддӣ ва ақлонӣ ҷур дарнамеояд.” (Китоби “Дин ва равон”)

Ҳам ӯ мегӯяд:

Ман ба хубӣ мепазирам, ки сарчашмаи зиндагии мазҳабӣ дил аст, ва қабул ҳам дорам, ки формулҳо ва дастуруламалҳои фалсафӣ монанди матлаби тарҷумашудае аст, ки асли он ба забони дигаре бошад.” (Ҳамон манбаъ)

Ҳам ӯ мегӯяд:

Умуман мӯътақиданд, ки имони худро бар пояҳои фалсафӣ муҳкам сохтаанд, ва ҳол он ки мабнои фалсафӣ бар рӯи имон қарор дорад.” (Ҳамон манбаъ)

Поскол (Pascal), ки ба қавли марҳуми Фурӯғӣ “муҳаббатро бартар аз ақл медонад ва бунёди илму эътиқодро бар ишроқи қалбӣ қарор медиҳад” мегӯяд:

Ба вуҷуди Худо дил гувоҳӣ медиҳад на ақл, ва имон аз ин роҳ ба даст меояд.”

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

Дил далоиле дорад, ки ақлро ба он дастрас нест.” (Сайри ҳикмат дар Урупо, 2/14)

Бергсун (Bergson) низ ба нақли марҳуми Фурӯғӣ мӯътақид аст ба ду навъ диёнат ва ду навъ ахлоқ, ва барои ҳар як аз ду навъ, мабдаъ ва сарчашмаи хосс қоил аст: софил ва олӣ. Мабдаи софил, салоҳи ҳайати иҷтимоия аст ва мабдаи олӣ, файзе аст, ки аз олами боло мерасад. Дар бораи он навъ диёнат, ки аз мабдаи олӣ сарчашма мегирад, мегӯяд:

Он ҳамон мояи донише аст, ки дар ҷонварон ғариза ва дар инсон ақлро ба вуҷуд меоварад. Аз он мояи дониш дар инсон қувваи ишроқӣ ба вадиъа гузошта шуда, ки дар умум ба ҳоли заъфу ибҳому маҳв аст, вале мумкин аст, ки қувват ва камол ёбад, то он ҷо, ки шахс мутаваҷҷеҳ шавад, ки он асли асил дар ӯ нуфуз дорад, монанди оташе, ки дар оҳан нуфуз ва онро сурх мекунад. Ба иборати дигар, иттисоли худро ба мабдаъ дармеёбад ва оташи ишқ дар ӯ афрӯхта мешавад, ҳам тазалзули хотире, ки аз ақл дар инсон рух карда мубаддал ба итминон мегардад, ҳам алоқааш аз ҷузъиёт салб шуда ба таври куллӣ ба ҳаёт таъаллуқ мегирад: ошиқам бар ҳама олам, ки ҳама олам аз ӯст.” (Сайири ҳикмат дар Урупо, 3/321)

Яке аз донишмандони равоншиноси муосир, ки ба асолати ҳисси динӣ дар умқи виҷдони башар мӯътақид аст, Юнг (Yung) шогирди маъруф ва боризи Фрейд (Freud) аст. Вай назарияи устоди хешро мабнӣ бар ин ки эҳсоси мазҳабӣ як эҳсоси моддии ақиброндашудаи тағйири шаклдодае аст, рад кард ва мӯътақид ба асолати ин ҳисс гардид. Миёни ӯ ва устод дар ин замина номаҳо мубодила шудааст, ки дар бархе китобҳо мастур аст.

Эйнштейн (Einstein), донишманди маъруфи асри мо, баёни ҷолибе дар ин замина дорад. Вай дар мақолае, ки аз ӯ таҳти унвони “Мазҳаб ва улум” нақл шуда баҳсе дар ин замина мекунад ва пас аз ин ки муддаӣ мешавад муҳаррики мазҳабӣ дар ҳамаи мардум яксон нест ва аз баъзе китобҳои мазҳабӣ монанди Таврот ва Инҷил аз лиҳози тарзи муаррифии Худо интиқод мекунад, мегӯяд:

Як ақида ва мазҳаби солис бидуни истисно дар байни ҳама вуҷуд дорад гарчӣ бо шакли холис якдаст дар ҳеч кадом ёфт намешавад. Ман онро эҳсоси мазҳабии офариниш ё вуҷуд медонам. Бисёр мушкил аст ин эҳсосро барои касе, ки комилан фоқиди он аст тавзеҳ диҳам ба хусус, ки дар ин ҷо дигар баҳсе аз он Худо, ки ба ашколи мухталиф тазоҳур мекунад нест. Дар ин мазҳаб фард кучакии омол ва ҳадафҳои башар ва азамат ва ҷалоле, ки дар моварои умур ва падидаҳо дар табиат ва афкор тазоҳур менамояд, ҳисс мекунад. Ӯ вуҷуди худро як навъ зиндон мепиндорад чунонки мехоҳад аз қафаси тан парвоз кунад ва тамоми ҳастиро якбора ба унвони ҳақиқати воҳид дарёбад.” (Руҷӯъ шавад ба рисолаи “Дунёе, ки ман мешиносам”, с.53)

Дар Қуръони Маҷид ва осори қатъии пешвоёни бузурги ислом далоили зиёде ҳаст бар ин ки масъалаи фитрӣ будани дин ва таваҷҷӯҳ ба Худо сахт мавриди таваҷҷӯҳ будааст. Зоҳиран Қуръони Карим аввалин китобе аст, ки ин масъаларо тарҳ кардааст ва акнун пас аз чаҳордаҳ қарн мебинем дониши башарӣ онро таъйид мекунад.

Назар ба ин ки тавзеҳу тафсири ин оёт хусусан бо таваҷҷӯҳ ба калимоте, ки аз Расули Акрам (с) ва хонадони покаш дар тавзеҳу шарҳи он оёт расида доманаи суханро зиёд баст медиҳад ва аз ҳавсалаи ин китоб хориҷ аст, мо дар ин ҷо танҳо ба нақли бархе оёт ва ду се ҷумла аз пешвоёни дин иктифо мекунем ва мегузарем:

(1)

فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا

Пас рӯи худро — бо гароиши тамом ба ҳақ — ба сӯи дин кун, бо ҳамон сириште, ки Худо мардумро бар он сириштааст.” (Сураи Рум, ояти 30)

(2)

أَفَغَيْرَ دِينِ اللّهِ يَبْغُونَ وَلَهُ أَسْلَمَ مَن فِي السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ

Оё ҷуз дини Худоро меҷӯянд? Бо ин ки ҳар, ки дар осмонҳо ва замин аст сар ба фармони ӯ ниҳодааст.” (Сураи Оли Имрон, ояти 83)

(3)

الَّذِينَ آمَنُواْ وَتَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُم بِذِكْرِ اللّهِ أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

Ҳамон касоне ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо ором мегирад. Огоҳ бош, ки бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбад!” (Сураи Раъд, ояти 28)

(4)

وَمَنْ أَعْرَضَ عَن ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنكًا

Ва ҳар кас аз ёди ман дил бигардонад, дар ҳақиқат зиндагии танг (ва сахте) хоҳад дошт.” (Сураи Тоҳо, ояти 124)

(5)

فَذَكِّرْ إِنَّمَا أَنتَ مُذَكِّرٌ

Пас тазаккур (ёдоварӣ) деҳ, ки ту танҳо тазаккурдиҳандаӣ.” (Сураи Ғошия, ояти 21)

(6)

سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ

Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст Худоро ба покӣ меситоянд.” (Сураи Ҳадид, Ҳашр, Саф, ояти 1)

(7)

وَإِذْ أَخَذَ رَبُّكَ مِن بَنِي آدَمَ مِن ظُهُورِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ وَأَشْهَدَهُمْ عَلَى أَنفُسِهِمْ أَلَسْتَ بِرَبِّكُمْ قَالُواْ بَلَى

Ва ҳангоме ки парвардигорат аз пушти фарзандони Одам, зуррияи ононро баргирифт ва ишонро бар худашон гувоҳ сохт, ки оё парвардигори шумо нестам? Гуфтанд: Оре, чунин аст.” (Сураи Аъроф, ояти 172)

(8)

وَالَّذِينَ آمَنُواْ أَشَدُّ حُبًّا لِّلّهِ

Ва касоне ки имон овардаанд, ба Худо муҳаббати бештаре доранд.” (Сураи Бақара, ояти 165)

(9)

فَبَعَثَ فِيهِمْ رُسُلَهُ وَوَاتَرَ إِلَيْهِمْ أَنْبِيَاءَهُ لِيَسْتَأْدُوهُمْ مِيثَاقَ فِطْرَتِهِ وَيُذَكِّرُوهُمْ مَنْسِيَّ نِعْمَتِهِ وَيَحْتَجُّوا عَلَيْهِمْ بِالتَّبْلِيغِ وَيُثِيرُوا لَهُمْ دَفَائِنَ الْعُقُولِ

Пас (Худои Мутаъол) паёмбаронашро дар миёни мардум барангехт ва пай дар пай фиристодагони худро ба сӯи онҳо фиристод то паймони фитратро аз онон мутолиба намоянд ва неъматҳои фаромӯшшударо ба ёди онҳо оваранд ва бо иблоғи дастуроти Худо ҳуҷҷатро бар онҳо тамом кунанд ва ганҷҳои пинҳони ақлҳоро ошкор созанд.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 1)

(10)

ابْتَدَعَ بِقُدْرَتِهِ الْخَلْقَ ابْتِدَاعاً، وَ اخْتَرَعَهُمْ عَلَى مَشِيَّتِهِ اخْتِرَاعاً. ثُمَّ سَلَكَ بِهِمْ طَرِيقَ إِرَادَتِهِ، وَ بَعَثَهُمْ فِي سَبِيلِ مَحَبَّتِهِ

Офаридагонро ба нақши қудрати худ чунон ки бояд, навофаринӣ кард ва вуҷудашонро ба хости худ сурат бахшид, он гоҳ ҳамаи офаридагонро дар масири иродаи худ роҳӣ кард ва дар ҷодаи меҳри хеш барангехт.” (Саҳифаи Саҷҷодия, дуои аввал)

Баҳс дар далолати ҳар як аз ин оёт ва калимот бар муддаои мо тӯлонист, аз мутолеаи тафосири ин оёт ва шуруҳи ин калимот матлаб равшан мешавад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: