Донишҷӯи бузургсол

(Ду ҳикояти дарсомӯз)

Донишҷӯи бузургсол

Саккокӣ марде филиззкор ва санъатгар буд, тавонист бо маҳорат ва диққат давоте бисёр зариф бо қуфле зарифтар бисозад, ки лоиқи тақдим ба подшоҳ бошад. Интизори ҳама гуна ташвиқу таҳсин аз ҳунари худ дошт. Бо ҳазорон умеду орзу онро ба подшоҳ арза кард. Дар ибтидо ҳамон тавре, ки интизор мерафт, мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт, аммо ҳодисае пеш омад, ки фикру роҳи зиндагии Саккокиро ба куллӣ иваз кард.

Дар ҳоле, ки шоҳ машғули тамошои он санъат буд ва Саккокӣ ҳам саргарми хиёлоти хеш, хабар доданд олиме (адиб ё фақеҳе) ворид мешавад. Ҳамин ки ӯ ворид шуд, шоҳ чунон саргарми пазироӣ ва гуфтугӯи бо ӯ шуд, ки Саккокӣ ва санъату ҳунарашро якбора аз ёд бурд. Мушоҳидаи ин манзара, таҳаввуле амиқ дар руҳи Саккокӣ ба вуҷуд овард.

Донист, ки аз ин кор ташвиқу тақдире, ки мебоист, намешавад ва он ҳама умедҳо ва орзуҳо бемавқеъ аст. Вале руҳи баландпарвози Саккокӣ он набуд, ки битавонад ором бигирад. Ҳоло чӣ бикунад? Фикр кард ҳамон кореро бикунад, ки дигарон карданд ва аз ҳамон роҳ биравад, ки дигарон рафтанд. Бояд ба дунболи дарсу китоб биравад ва умедҳо ва орзуҳои гумшударо дар он роҳ ҷустуҷӯ кунад. Ҳарчанд барои як марди оқил, ки давраи ҷавониро тай карда, бо тифлони наврас ҳамдарс шудан ва аз муқаддамот шурӯъ кардан, кори осоне нест, вале чорае нест, моҳиро ҳар вақт аз об бигиранд тоза аст.

Аз ҳама бадтар ин ки вақте, ки шурӯъ ба дарс хондан кард, дар худ ҳеч гуна завқу истеъдоде нисбат ба ин кор надид. Шояд ҳам иштиғоли чандинсолаи ӯ ба корҳои фаннӣ ва санъатӣ завқи илмӣ ва адабии ӯро ҷомид ва шах карда буд. Вале, на гузаштани синн ва на хомӯш шудани истеъдод, ҳеч кадом натавонист ӯро аз тасмиме, ки гирифта буд боздорад. Бо ҷиддияти фаровон машғули кор шуд, то ин ки иттифоқе афтод: омӯзгоре, ки ба ӯ фиқҳи шофеӣ меомӯхт, ин масъаларо ба ӯ таълим кард:

“Ақидаи устод ин аст, ки пӯсти саг бо даббоғӣ пок мешавад.”

Саккокӣ ин ҷумларо даҳҳо бор пеши худ такрор кард, то дар ҷаласаи имтиҳон хуб аз ӯҳда барояд, вале ҳамин ки хост дарсро пас бидиҳад, ин тавр баён кард:

“Ақидаи саг ин аст, ки пӯсти устод бо даббоғӣ пок мешавад.”

Хандаи ҳуззор баланд шуд. Бар ҳама собит шуд, ки ин марди бузургсол, ки дар пирӣ ҳаваси дарс хондан карда ба ҷое намерасад. Саккокӣ дигар натавонист дар мадраса ва дар шаҳр бимонад, сар ба саҳро гузошт. Ҷаҳони паҳновар бар ӯ танг шуда буд. Аз қазо ба доманаи кӯҳе расид; мутаваҷҷеҳ шуд, ки аз баландӣ қатра-қатра об рӯи сахрае мечакад ва дар асари резиши мудовим, сахраро сӯрох кардааст.

Лаҳзае андешид ва фикре монанди барқ аз мағзаш убур кард, бо худ гуфт: дили ман ҳар андоза ғайримустаъид бошад, аз ин санг сахттар нест! Мумкин нест мудовимат ва пуштикор бе асар бимонад.

Баргашт ва он қадр фаъолият ва пуштикор ба харҷ дод, то истеъдодаш боз ва завқаш зинда шуд. Оқибат яке аз донишмандони камназири адабиёт гашт.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Равзотул-ҷаннот”)

* * *

Гиёҳшинос

Муаллимони Карл Линней (Carl Linnaeus) дар мадраса, бо камоли яъсу навмедӣ, ҳама бо ҳам иттифоқ карданд, ки ба падари Карл, ки як нафар кашиш буд пешниҳод ва насиҳат кунанд, ки бе ҷиҳат интизори пешрафти фарзандашро дар кори таҳсилу дарс хондан надошта бошад, зеро ҳеч гуна фаҳму истеъдоде дар ӯ мушоҳида намешавад; беҳтар аст як кори муносибе барои фарзандаш пайдо кунад ва ба дунболи он кор бифиристад.

Вале падару модари Линней рӯи алоқаи фаровон ба фарзанд, бо ҳамаи навмедӣ ва таъассур, вайро барои омӯзиши илми тиб ба донишгоҳ равона карданд. Аммо чун бизоате надоштанд, фақат маблағи андаке барои харҷи даврони таҳсили ӯ пардохтанд, ва агар тараҳҳум ва кӯмаки як марди некӯкор, ки дар боғи донишгоҳ бо Линней ошно шуда буд набуд, фақру тангдастӣ ӯро аз по дармеоварад.

Линней бар хилофи майли падару модар, ба риштае, ки ӯро ба дунболи он фиристода буданд алоқае надошт, ба риштаи гиёҳшиносӣ алоқаманд буд. Ӯ аз кӯдакӣ гиёҳҳоро дӯст медошт ва ин хислатро аз падараш ба ирс бурда буд. Боғи падараш аз набототи зебо пӯшида буд, ва аз ҳамон вақт, ки Линней даврони кӯдакиро тай мекард, модараш одат карда буд, ки ҳар вақт ӯ гиря ва фарёд мекунад, гуле ба дасташ диҳад, то ором гирад.

Дар хилоли авқоте, ки дар донишгоҳи тиб таҳсил мекард, навиштаи як гиёҳшиноси фаронсавӣ ба дасташ афтод ва алоқаманд шуд дар асрори гиёҳҳо таъаммуқ кунад. Дар он авқот яке аз масоили рӯз, ки мавриди таваҷҷӯҳи донишмандони гиёҳшинос буд, тарзи табақабандии саҳеҳи гиёҳҳо ва наботот буд. Линней муваффақ шуд як навъ табақабандии хоссе бар мабнои тазкиру таъниси (нару модаи) гиёҳон ибтикор кунад, ки бисёр мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Китобе, ки вай дар ин замина мунташир сохт мӯҷиб шуд, ки дар ҳамон донишгоҳе, ки дар он ҷо таҳсил мекард, барои вай дар риштае, ки маълум шуд истеъдоди он риштаро дорад, мақоме дасту по кунанд, вале ҳасодати дигарон монеъ шуд, ки ин кор ҷомаи амал бипӯшад.

Линней аз муваффақияти худ сармаст шуд. Аввалин бор буд, ки лаззати муваффақиятро мечашид. Аз ин рӯ, ба он пешомад (ҳасодати ҳасудон) аҳаммияте надод ва барои худ як маъмурияти илмӣ дасту по кард ва омодаи як сафари тӯлонӣ барои таҳқиқ ва мутолеа дар табиат гардид. Аз асбоби сафар, як ҷомадон ва мухтасаре либосҳои зер ва як заррабин ва миқдоре коғаз бардошт, ва танҳо ва пиёда ба роҳ афтод. Вай ҳафт ҳазор километр роҳро бо мувоҷеҳаи мушкилоти аҷиб ва шуниданӣ тай кард ва бо ғанимати бузурге аз маълумот ва мутолеот баргашт, ва дар соли 1735, яъне се сол баъд аз он ҷараён, чун мулоҳиза кард дар ватани хеш Суэд (Шветсия) ҷуз корҳои нопойдор ба даст намеояд, ба Ҳомбург рафт ва дар он ҷо ҳангоми боздиди яке аз музейҳо яке аз ганҷинаҳои худро, ки дар ин сафар ба даст оварда буд ва ба вуҷуди он бисёр муфтахар буд, ба раиси музей нишон дод ва он як мори обӣ буд, ки ҳафт сар дошт. Ин сарҳо на фақат шабеҳи сари мор, балки монанди сари росу (хорки) буданд.

Қозии маҳалл аз ин боздидкунандаи наҳсу шум сахт хашмгин шуд, амр дод, то ӯро ихроҷ кунанд. Линней боз ҳам мусофиратҳои худро идома дод ва тайи роҳ рисолаи дуктурои худро дар илми тиб гузаронид ва ҳатто тавонист китоби худро ба номи “Дастгоҳи табиат” дар байни роҳ дар яке аз шаҳрҳо ба чоп бирасонад. Ин китоб барои ӯ шӯҳрате ба вуҷуд овард ва яке аз сарватмандони Омстердом ба ӯ пешниҳод кард, ки боғи зебо ва бе монанди ӯро идора кунад, ва ба ин тариқ муваффақ шуд лаҳзае ба пойи хастаи худ истироҳат бидиҳад. Ва аз лутфи ҳомии некӯкори худ, тавонист кишвари Фаронсаро низ боздид карда дар ҷангалҳои он ба ҷамъоварии анвоъи гиёҳони он ҷо машғул шавад.

Саранҷом дарди ғурбат ва алоқа ба ватан ӯро гирифт ва ба Суэд кишвари худаш бозгашт. Ватан ин бор қадрашро донист ва ифтихороте, ки лозимаи нубуғи ва пуштикор ва иродаи ӯ буд, ба вай — ки як рӯз муаллимони мадраса узрашро хоста буданд — ато кард.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Таърихи улум”-и Pierre Rousseau, с.382 ва 383)

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: