Шарҳи Маснавӣ (252)

Гардонидани Умар разияллоҳу анҳу назари ӯро аз мақоми гиря, ки ҳастӣ аст ба мақоми истиғроқ (2)

* * *

Эй хабарҳот аз хабардеҳ бехабар,

Тавбаи ту аз гуноҳи ту батар.

Эй касе, ки аз Худованд хабар медиҳӣ! Бидон, ки ҳамаи ин маориф ва шинохтҳо ва хабарҳое, ки аз ӯ бар забон ҷорӣ мекунӣ ва ё дар дилҳо ниҳон медорӣ, айни бехабарӣ аст. Зеро ҳеч кас ва ҳеч чиз бар Худо иҳота надорад, ки маърифат ва идроки ҳақиқӣ ба ӯ пайдо кунад. Ту, ки ҳанӯз “ман” ва худбиниро аз худ нарондаӣ, агар муддаии тавба ҳам, ки шавӣ, боз ин тавба аз гуноҳи ту бадтар ва вахимтар аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.668)

Хабардеҳ: он ки огоҳӣ бахшад, дар инҷо Ҳақ Таъоло.

Нукта: Тавба нахустин мақом дар сулук аст. Оёти бисёре низ дар Қуръони Карим дар ин боб омадааст. Тавба дар луғат ба маънии “бозгаштан” ва “руҷӯъ кардан” аст, ва дар истилоҳи аҳли сулук иборат аз як навъ инқилоб ва таҳаввул дар аҳволи дарунии банда аст. Тавба дар воқеъ бедории руҳ аст аз ғафлат ва бехабарӣ ба тавре ки гуноҳкор аз роҳҳои носавобе, ки паймуда хабардор мешавад ва аз гузаштаи худ мунзаҷир мегардад. Вале фақат тазаккур ва танаббуҳ кофӣ нест, ки як шахс тавбакунанда ва тоиб ба шумор равад. Балки шарти тавба ин аст, ки тавбакор ба куллӣ аз он гуноҳ раҳо шавад ва ба он бознагардад. (Таърихи тасаввуф дар ислом, с.217)

Аммо нуктаи муҳимме, ки дар мабҳаси тавба миёни аҳли маърифат матраҳ шудааст ин аст, ки оё тавбакунанда пас аз тавба аз гуноҳ бояд он гуноҳро дар хотир дошта бошад ё фаромӯш кунад? Ҷамоате аз машойихи сӯфия назири Саҳл ибни Абдуллоҳ бар онанд, ки ҳаргиз набояд гуноҳеро, ки муртакиб шудаӣ, фаромӯш кунӣ, то агар аъмоли ҳасанаат бисёр шуд, мағрур нашавӣ, чунон ки гуфтааст: “Ҳаргиз гуноҳи кардаро фаромӯш накунӣ ва пайваста андар ташвиши он бошӣ, то агарчи амали бисёр дорӣ, бад-он муъҷиб нагардӣ аз он чи ҳасрати кирдори бад муқаддам бувад бар аъмоли солеҳ.” (Кашфул-маҳҷуб, с.381)

Вале Ҷунайди Бағдодӣ ва гурӯҳе дигар аз мутасаввифа мӯътақиданд, ки тавба он аст, ки мӯҷиби фаромӯшии гуноҳ шавад: “Тавба он бошад, ки гуноҳро фаромӯш кунӣ.” (Манбаи пешин)

Мавлоно низ дар ҳамин достон вақте ки пири чангӣ аз кардаи зуд нодим мешавад ва гиряву зорӣ менамояд, аз қавли Умар (р) ба ӯ мегӯяд, гиря ва тавба нишондиҳандаи бақои ҳастии маҷозии солик аст, дар ҳоле ки матлуби ниҳоӣ, расидан ба мақоми истиғроқ ва бехешӣ ва фано ва ифнои “ман” дар вуҷуди боқии Кирдугор ва маҳви ҳамаи осор ва алоими ташаххусот ва “манӣ” аст.

Албатта агар маротиби ашхос ва манозили руҳии афродро дар назар бигирем, ин ду назари зоҳиран мутаъориз, бо ҳам қобили ҷамъ аст; бад-ин сурат, ки фаромӯш кардани гуноҳ мумкин аст барои хавосс муҷоз бошад, вале барои авом беҳтар ин аст, ки гуноҳро фаромӯш накунанд ва ҳамвора худро ба он бим бидиҳанд, то мабод ки чанд амали солеҳ ононро мафтуну мағрур созад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.669)

Эй ту аз ҳоли гузашта тавбаҷӯ,

Кай кунӣ тавба аз ин тавба? Бигӯ!

Эй он, ки аз ҳоли гузаштаат тавба мекунӣ! Бигӯ, бибинам, аз ин тавбаҳо кай тавба мекунӣ?

Гоҳ бонги зерро қибла кунӣ,

Гоҳ гиряй зорро қубла занӣ.

Гоҳе бонгу нағмаи зерро қиблагоҳи худ мекунӣ ва гоҳ гиряву фиғонро бӯса мезанӣ.

Қубла: бӯса задан., киноя аз толиб будан аст.

Нукта: Ҳоҷ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ нақл мекунад: “Комиле ба солике бархӯрд кард ва ба ӯ гуфт: дар чӣ мақоме ҳаракат мекунӣ? Гуфт: дар муҳосиба ва муроқиба. Пас аз чанде дубора ба ӯ бархӯрд кард ва гуфт: дар чӣ мақомӣ? Гуфт: дар мақоми таваккул. Ва ҳамчунин бори дигар дар мақоми ризо. Он комил фармуд: ту, ки доиман ба худ машғулӣ, пас кай ба Худо машғулӣ? Ва манзур ин аст, ки таколиф мухталиф аст ва “Ҳасанотул-аброр саййиотул-муқаррабин”. (Шарҳи асрор, с.66)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: