Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (26)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши панҷум: Фоидаҳои шурур (6)

Маҷмӯаи зиддҳо

Аз баҳсҳое, ки дар ин бахш доштем ба ин натиҷа даст ёфтем, ки формули аслии офариниши ҷаҳон, формули тазодд аст ва дунё ҷуз маҷмӯае аз аздод (зиддҳо) нест. Ҳастиву нестӣ, ҳаёту мавт, бақову фано, саломативу беморӣ, пириву ҷавонӣ, ва билохира хушбахтиву бадбахтӣ дар ин ҷаҳон тавъаманд. Ба қавли Саъдӣ:

Ганҷу мору гулу хору ғаму шодӣ баҳманд”.

Мавлавӣ мегӯяд:

Ранҷ ганҷ омад, ки раҳматҳо дар ӯст,

Мағз тоза шуд, чу бихрошид пӯст.

Эй бародар, мавзеъи торику сард,

Сабр кардан бар ғаму сустиву дард.

Чашмаи ҳайвону ҷоми мастӣ аст,

К-он баландиҳо ҳама дар пастӣ аст.

Он баҳорон музмар аст андар хазон,

Дар баҳор аст он хазон, магрез аз он.

Ҳамраҳи ғам бошу бо ваҳшат бисоз,

Металаб дар марги худ умри дароз.

Тағйирпазирии моддаи ҷаҳон ва падид омадани такомул, ношӣ аз тазодд аст. Агар тазодд намебуд, ҳаргиз танаввӯъу такомул рух намедод ва олам ҳар лаҳза нақше тоза бозӣ намекард ва нуқуше ҷадид бар сафҳаи гетӣ ошкор намешуд.

Агар бихоҳем ба масъала ранги фалсафӣ бидиҳем, бояд бигӯем: қобилияти модда аз барои пазириши суратҳои гуногун, ва тазодди суратҳо бо якдигар, ҳам омили тахриб аст ва ҳам омили сохтан, ҳам омили аз байн бурдан аст ва ҳам омили эҷод кардан; тахриби гузашта ва сохтани оянда, бурдани суратҳо ва нақшҳои кӯҳна ва овардани нақшҳои тоза. Ҳам инҳидом ва вайронӣ маълули тазодд аст ва ҳам танаввӯъу такомул. Зеро агар чизе мунҳадим намешуд, ташаккули тозаи аҷзоъ бо якдигар ва таркибу такомул мафҳум надошт. То аҷзоъ ва аносур бо якдигар наҷанганд ва дар якдигар асар накунанд, мизоҷи мутавассит ва таркиби ҷадид пайдо намешавад. Пас саҳеҳ аст, ки бигӯем: “Тазодд маншаи хайрот ва қоимаи ҷаҳон аст ва низоми олам бар он устувор аст”. Мо дар бахши аввали ин китоб он ҷо, ки дар бораи моҳияти адл баҳс мекардем, ки чист, сухани пурмағзи Садрулмутааллиҳинро аз ҷилди дуввуми “Асфор” нақл кардем, ки чӣ гуна ду иқтизо дар моддаҳо ва суратҳо вуҷуд дорад ва ҳамон иқтизоҳои мутазодд эҷоб мекунад, ки нақшҳо доиман тағйир кунанд ва иваз шаванд. Акнун сухани дигаре аз ӯ нақл мекунем. Садрулмутааллиҳин дар ҷои дигар мегӯяд:

لولا التضاد ما صحّ دوام الفيض عن المبدأ الجواد

Агар тазодд намебуд, идомаи файз аз Худои бахшанда сурат намегирифт.” (Асфор, ҷ.3, с.117)

Ҷаҳони табиат мамлув аз қатъҳо ва васлҳо, буриданҳо ва пайванд заданҳо, қайчӣ карданҳо ва дӯхтанҳост ва ин лозимаи сохтмони махсуси ин олам аст. Моддаи ҷаҳон ҳамчун сармояе аст, ки дар гардиш аст ва судҳое, ки тавлид мекунад, раҳини ҷараён ва гардиши он аст. Агар ҷаҳон, собит ва лоятағайяр буд, монанди сармояҳои рокид мешуд, ки на суде тавлид мекунад ва на зиёне ба бор меоварад.

Сармояи муайян ва махсус, ки дар як бозор ба ҷараён меафтад, гоҳе суд меоварад ва гоҳе зиён мебарад; аммо агар маҷмӯи сармояҳоро дар назар бигирем, дигар зиёне вуҷуд надорад ва ҷараёни сармояҳо ҳатман зоянда ва фазоянда аст.

Дар низоми ҷаҳон низ ба кор афтодани ҳамаи маводди ҷаҳон, ки ба василаи формули қобилияти модда ва тазодди суратҳо анҷом мегирад, қатъан судовар аст ва ҷаҳонро ба сӯи камол савқ медиҳад.

Дар мантиқи диалектик, “масъалаи тазодд” бо аҳаммияти фавқулъода талаққӣ шуда ва мабнои ҷаҳонбинии диалектикӣ қарор гирифтааст. Вале хеле қабл аз зуҳури ин фалсафа, фалосифа ва урафои ислом, ба асли тазодд таваҷҷӯҳ карда ва нукоти ҷолибе дар ин замина баён кардаанд. Ва ҳатто аз баъзе аз манқулоти ҳикмати Юнон ба даст меояд, ки таваҷҷӯҳ ба ин асл дар миёни фалосифаи Юнон низ собиқа доштааст.

Тантовӣ дар тафсири “Алҷавоҳир” аз Суқрот нақл мекунад, ки вай “асли тазодд”-ро ба унвони далеле барои исботи зиндагии пас аз марг ба кор мебурдааст. Тантовӣ менависад: Замоне, ки мехостанд Суқротро эъдом кунанд, вай дар лаҳазоти охири зиндагӣ барои исботи ин ки пас аз марг зиндагии дигаре вуҷуд дорад, чунин истидлол кард:

Мо менигарем, ки дар ҷаҳон ҳамвора зиддҳо аз якдигар мутаваллид мешаванд: зебоӣ аз зиштӣ, адолат аз ситамгарӣ, бедорӣ аз хоб, хоб аз бедорӣ, нерӯмандӣ аз нотавонӣ ва билъакс… Ҳар чизе аз зидди худаш падид меояд… Маргу зиндагӣ ва нестиву ҳастӣ низ машмули ҳамин қоидаи куллӣ хоҳанд буд ва ба ин далел бояд аз марг, як зиндагии дигар ба вуҷуд ояд, вагарна қоидаи умумии табиат нақз мегардад.”

Мавлавӣ дар бораи парвариши аздод (зиддҳо) дар шиками якдигар, мегӯяд:

Бо худ омад, гуфт: эй баҳри хушӣ!

Эй ниҳода ҳушҳо дар беҳушӣ!

Хоб – дар бинҳодаӣ бедорие,

Бастаӣ дар бедилӣ дилдорие.

Тонгарӣ пинҳон кунӣ дар зулли фақр,

Тавқи давлат баста андар ғулли фақр.

Зидд андар зидд пинҳон мундараҷ,

Оташ андар оби сӯзон мундараҷ.

Равза андар оташи Намруд дарҷ,

Дахлҳо рӯён шуда аз базлу харҷ.

То ба гуфтай Мустафо шоҳи наҷоҳ:

“Ас-самоҳу ё улин-наъмо! Рабоҳ.

Мо нақас молун минас-садқоти қат,

Иннамал-хайроту ниъмал-муртабит”.

Ҷӯшишу афзунии зар дар закот,

Исмат аз фаҳшову мункар дар салот.

Он закотат кисаатро посбон,

В-он салотат ҳам зи гургонат шубон.

Меваи ширин ниҳон дар шоху барг,

Зиндагии ҷовидон дар зери марг.

* * *

Дар таги дарё гуҳар бо сангҳост,

Фахрҳо андар миёни нангҳост.

* * *

Ту аз он рӯзе, ки дар ҳаст омадӣ,

Оташе ё боде ё хоке будӣ…

Аз мубаддал ҳастии аввал намонд,

Ҳастии беҳтар ба ҷойи он нишонд.

Ҳамчунин то сад ҳазорон ҳастҳо,

Баъди якдигар дувум беҳ з-ибтидо.

* * *

Ин ҷаҳон ҷанг аст чун кул бингарӣ,

Зарра бо зарра, чу дин бо кофарӣ.

Он яке зарра ҳамепаррад ба чап

В-он дигар сӯйи ямин андар талаб…

Ҷанги табъӣ, ҷанги феълӣ, ҷанги қавл

Дар миёни ҷузвҳо ҳарбест ҳавл.

Ин ҷаҳон з-ин ҷанг қоим мебувад,

Дар аносир дарнигар, то ҳал шавад.

Чор унсур чор устуни қавист,

Ки бар эшон сақфи дунё муставист.

Ҳар сутуне ишканандай он дигар,

Устуни об ишканандай он шарар.

Пас бинои халқ бар аздод буд,

Лоҷарам мо ҷангием аз зарру суд.

Ҳаст аҳволат хилофи ҳамдигар,

Ҳар яке бо ҳам мухолиф дар асар…

Фавҷи лашкарҳои аҳволат бибин,

Ҳар яке бо дигаре дар ҷангу кин.

Ибни Халдун, бино ба нақли Алӣ ал-Вердӣ дар китоб “Ал-маҳзала” мегӯяд:

إنّ التنازع عنصر أساسيّ من عناصر الطّبيعة البشرية

Кашмакаш, як пояи асосии зиндагии инсонҳо ва як унсури аслӣ дар сиришти башар аст.”

Ҳегел, файласуфи маъруфи олмонӣ, ки қаблан низ қисмате аз суханашро нақл кардем, назари хоссе дар бораи аздод дорад, ки ба “Диалектики Ҳегел” маъруф аст ва ба таври ифрот мавриди истиноди мутафалсифон аст. Вай мегӯяд:

Ҳар ҳоле аз фикр ва ё аз ашё ва ҳар тасаввур ва вазъе дар олам, ба шиддат ба сӯи зидди худ кашида мешавад, баъд бо он муттаҳид шуда як кулли бартар ва муъаққадтар ташкил медиҳад… Ҳар вазъ ва асаре мусталзими як нақиз ва зидде аст, ки татаввур бояд он дуро оштӣ дода ба ваҳдат мубаддал созад.” (Таърихи фалсафа, Вил Дуронт, с.249)

Амири мӯъминон Алӣ алайҳис-салом дар мавориде мутаъаддид аз хутбаҳои хеш ба қонуни тазодд ишора фармудааст. Дар хутбаи 184 мефармояд:

بِتَشْعِيرِهِ الْمَشَاعِرَ عُرِفَ أَنْ لَا مَشْعَرَ لَهُ وَبِمُضَادَّتِهِ بَيْنَ الْأُمُورِ عُرِفَ أَنْ لَا ضِدَّ لَهُ وَبِمُقَارَنَتِهِ بَيْنَ الْأَشْيَاءِ عُرِفَ أَنْ لَا قَرِينَ لَهُ ضَادَّ النُّورَ بِالظُّلْمَةِ وَالْوُضُوحَ بِالْبُهْمَةِ وَالْجُمُودَ بِالْبَلَلِ وَالْحَرُورَ بِالصَّرَدِ مُؤَلِّفٌ بَيْنَ مُتَعَادِيَاتِهَا مُقَارِنٌ بَيْنَ مُتَبَايِنَاتِهَا مُقَرِّبٌ بَيْنَ مُتَبَاعِدَاتِهَا مُفَرِّقٌ بَيْنَ مُتَدَانِيَاتِهَا

Дар ин ҷо ин имоми бузургвор дар бораи маърифати Худо, аз ин асл, ки “ӯ монанди ҳеч чизи дигар нест” истифода карда ва муқоисае манфӣ байни Худо ва ҷаҳон ба амал овардааст. Тарҷума ва маънии ҷумлаҳо ин аст:

Аз ин ки Худо ҷиҳозҳои ҳиссу шуъурро падид овардааст метавон фаҳмид, ки ӯ худ узвҳо ва ҷиҳозҳое инчунин надорад. Ба иборати дигар: ин ки барои шуъуру идроки махлуқот, маҳаллу олат қарор дода далел аст, ки шуъуру идроки худи ӯ ба василаи олату маҳалл нест. Аз тазодде, ки байни мавҷудот барқарор кардааст дониста мешавад, ки барои ӯ зидде намебошад. Аз муқоринае, ки байни эшон эҷод кардааст шинохта мешавад, ки вай қарине надорад. Миёни нуру зулмат, вузуҳу ибҳом, хушкиву нам, гармову сармо тазодд барқарор сохтааст. Байни табиатҳои душман ва мутазодд, улфат андохта ва бегонаҳоро ба ҳам пайванд кардааст; дурҳоро бо якдигар наздик, ва наздикҳоро аз якдигар дур сохтааст.”

Дар хутбаи 1 “Наҳҷул-балоға”, дар бораи офариниши Одам мефармояд:

مَعْجُوناً بِطِينَةِ الْأَلْوَانِ الْمُخْتَلِفَةِ وَالْأَشْبَاهِ الْمُؤْتَلِفَةِ وَالْأَضْدَادِ الْمُتَعَادِيَةِ وَالْأَخْلَاطِ الْمُتَبَايِنَةِ

Дар ин ҷо Амири мӯъминон (а) пас аз баёни ин ки Худо гили Одамро аз қисматҳои мутафовите аз замин сиришт ва сипас дар ӯ руҳ дамид, дар тавсифи инсони сохташуда мефармояд:

Бо сириштҳои гуногун аҷин шуда; дар ӯ аҷзоъи ҳамсон ва муташобеҳ ба кор рафта ва ҳам ашёи ноҳамсон ва мутазодд...”

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: