Перейти к содержимому

“Оше”, ки қарор аст пухта шавад, ин дигар дин нест

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке ду рӯз пеш, яке аз азизон ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук мунташир кард мабнӣ бар ин ки динҳо рисолати худро адо кардаанд ва имрӯз дигар “фурсате фаро расида, ки аз ҳамаи китобҳои осмонӣ: Авасто, Таврот, Инҷил, Қуръон ва шариати динҳои мазбур гулчин намуда, фаразан китобе бо номи Парвардигори Якто” таҳия намоянд, то роҳнамои ягонаи муътақидини тавҳидгароён бошад.” Ҳоло чаро ба чунин чизе ниёз аст? Менависад: “Ҳамин тариқ, ҷангу хунрезиҳои динию мазҳабӣ ва ихтилофи ақидаҳо аз миён рафта, аҳли тақво дар муҳити сулҳу суботу ҳамдигарфаҳмии том тоату ибодат ва умр ба сар хоҳанд бурд.”

Инчунин тарҳе, албатта чизи тозае нест, дар таърих афродеро суроғ дорем, ки бо ин пиндор, ки мехоҳанд байни адён оштӣ биандозанд ва ихтилофот миёни адёни мухталифро аз байн бибаранд, аз додаҳо ва маорифи адёни мухталиф “ошеро” пухта ва ба таблиғи “ойини ҷадид”-и худ камар баста ва пайравоне ҳам барои худ пайдо мекарданд ва сипас тӯле намекашид, ки ин “дини ҷадид” рахт бармебаст ва ба таърих мепайваст.

Мутолеаи таърихи зуҳуру бурузи инчунин адён ва соҳибонаш, нишон медиҳад, ангезаи онҳо тақрибан воҳид буда; ба гумони худ мехостаанд душманӣ байни адёнро аз миён бардоранд. Ва ин дар ҳолест, ки душмание, ки тасаввур мешавад байни адён вуҷуд дорад, душманӣ байни пайравони онҳост, на байни худи адён. Вагарна, байни адён (яъне як силсила ақоид ва бояду набоядҳо) бидуни дар назар гирифтани пайравонаш, душманӣ аслан қобили тасаввур нест. Масалан, оё тасаввур меравад, ки байни ақида ба “таслис”, ки масеҳият ба он мӯътақид аст, ва ақида ба “тавҳид”, ки ислом аз он мегӯяд, душманӣ (ба маънои кашмакашӣ ва даст ба гиребон шудан) вуҷуд пайдо кунад?

Байни ин ду ақида метавонад таноқуз барқарор буда ва яке дуруст (мутобиқ бо воқеъ) ва дигаре нодуруст буда бошад. Ин қобили тасаввур аст. Ва таноқуз байни ду андеша, қобили рафъ аст агар мӯътақидонаш бо довар қарор додани ҳукми ақл ва мантиқ, бо ҳам биншинанд ва бидуни даст ба гиребон шудан, бо ҳам баҳс кунанд ва дар баробари ҳукми ақл (бурҳони ақлӣ) сар фуруд оваранд.

Аммо мутассифона пайравони адён, дар бештари маворид ба ҷои баҳсу баррасиҳои мантиқӣ, бо ҳам даст ба гиребон мешаванд ва аҳёнан ба сари якдигар шамшер мекашанд, ки ғолибан ношӣ аз таъассуби кӯру кар аст. Мушкил дақиқан ҳамин ҷост. Ин воқеияти талх на танҳо миёни пайравони адёни мухталиф, балки гоҳе миёни пайравони дини воҳид ҳам дида мешавад. Қуръони Карим ин воқеияти талхро чӣ қадр зебо ва расо баён доштааст; мефармояд:

كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللَّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَأَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا الَّذِينَ أُوتُوهُ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ

Мардум ҳама як гурӯҳ буданд (сипас ихтилоф карданд), пас, Худо паёмбаронро барангехт ҳамчун навиддиҳанда ва бимкунанда, ва ҳамроҳи эшон китоб фурӯ фиристод ба ростӣ ва дурустӣ, то миёни мардум дар он чӣ ихтилоф карданд ҳукм кунанд. Ва дар он, ихтилоф накарданд магар ҳамон касон, ки он (китоб) ба эшон дода шуда буд, (он ҳам) аз паси ҳуҷҷатҳои рӯшане, ки ба онҳо расида буд, (ихтилофашон) аз рӯи бадхоҳӣ ва ситам дар миёни хеш буд…” (Сураи Бақара, ояти 213)

Бар мабнои ин ояти шарифа, сабаби вуҷуди кашмакашҳо ва душманиҳо миёни пайравони динҳо, ин афроде ҳастанд, ки хештанро донишмандони динӣ донистаанд; на ин ки сабаби ин ихтилофот ва ин ҷудоиҳо, худи омӯзаҳои динӣ ва мазҳабӣ бошад. Ҳаргиз!

Дар ин оят, Қуръон аз ду навъ ихтилоф миёни башар сухан мегӯяд:

1) Ихтилофи башар қабл аз фиристода шудани паёмбарон;

2) Ихтилофи онҳо пас аз фиристода шудани паёмбарони илоҳӣ.

Мефармояд, ибтидо башар “уммати воҳида” яъне як гурӯҳ буданд ва ихтилофе миёни онон набуд, аммо ба тадриҷ, ки иҷтимоашон печидатар шуд, ин печида шудан боис гардид, то миёнашон ихтилоф пайдо бишавад.

Ин ишора ба ихтилофи навъи аввал аст, ки Худо паёмбаронро барангехт, то миёни башар дар он чӣ ихтилоф мекунанд, ҳукм ва доварӣ намоянд.

Аммо дар идома, аз ихтилофи навъи дуввум сухан мегӯяд. Мефармояд, пас аз омадани паёмбарон ҳам, навъе ихтилоф миёни башар падид омад. Аммо ин ихтилофи дуввумӣ, мисли ихтилофи аввалӣ нест, ки иллаташ зиндагии иҷтимоӣ бошад, балки ихтилофест, ки худи уламои динӣ ба вуҷуд овардаанд:

Ва дар он ихтилоф накарданд магар ҳамон касон, ки он (китоб) ба эшон дода шуда буд…

Албатта сабабаш, чунонки гуфтем, худи дин нест, ба ҳеч ваҷҳ, зеро дин омадааст, то башарро муттаҳид намояд. Балки Қуръон мегӯяд: сабаби ин ки ин уламо даст ба ихтилоф заданд, бадхоҳӣ ва ситам дар миёни онҳост, “бағйан байнаҳум…

Яъне, онҳо аз рӯи бадхоҳӣ дар миёни хеш, ба ихтилофу душманӣ даст заданд. Бале, бо ин ки вақте мебинед, чунон ба назар мерасад, ки сабабаш масоили динӣ аст, вале агар инсон андаке таъаммуқ кунад ва каме диққат намояд, мебинад, ки худхоҳиҳо, манманиҳо, ҳавопарастиҳо, такаббуру лаҷоҷатҳо, ҳарфи ман дуруст асту ҳарфи ту нодуруст гуфтанҳо ва аз ин қабил ахлоқи зишт ва разила аст, ки онҳоро водор ба ихтилоф ва душманӣ менамояд. Ахлоқи зиште, ки асосан адён омадаанд, то инсонро аз ҳамонҳо бираҳонанд.

Аз ин рӯ, агар пайравони адён (ва ё пайравони дини воҳид) ва ба хусус уламо ва донишмандонаш, агар хештанро бисозанд ва вуҷуди худро аз ахлоқи разила пок намоянд ва дар масоиле, ки мебинанд бо дигарон ихтилофи назар доранд, бо онҳо сари мизи музокира биншинанд ва бо сабру ҳавсала ва довар қарор додани ҳукми ақл ва мантиқ, бо ҳам баҳс бикунанд, ихтилофашон низ бартараф хоҳад шуд.

* * *

Бинобар ин, ин пешниҳод, ки аз ҳар дине чизе баргирифта шавад ва ба қавли гӯяндааш, “гулчин” шавад ва баргузидаҳо дар як дег андохта шуда ва он гоҳ “оше” пухта бишавад, ин кор дардеро даво нахоҳад кард, балки бар он хоҳад афзуд. Зеро агар то он замон 4 дин будааст, аммо пас аз он, як дини 5-ум низ бар онҳо афзуда шуда ва мушкили ҷадиде падид хоҳад омад. Яъне, агар то замони пухта шудани “ош”, пайравони 4 дин бо ҳам кашмакаш доштанд, аз он пас, пайравони 5 дин бо ҳам ба низоъ хоҳанд пардохт. Ва чунонки гуфта шуд, решаи ҳамаи ин низоъҳо, манманиҳо ва таъассубҳост. Пас, роҳи ҳалли мушкил, худсозӣ ва навкари бурҳони мантиқӣ будан аст, на “ош” пухтан.

* * *

Дар ҳошияи баҳси он азизамон, баъзе аз азизони дигар роҷеъ ба асли дин ва Худогароӣ пардохтаанд ва ин ки гӯё дингароӣ аз асос бепоя будааст ва барои дингароӣ, ба гумони худ иллатҳое тарошидаанд.

Иштибоҳи ин афрод аммо дар ин аст, ки инон бидуни он ки ба асли масъала (Худогароӣ ва дингароӣ) бипардозанд ва дар тарозуи ҳукми ақлу мантиқ ақоиди Худобоваронро бигузоранд ва бибинанд, ки оё дуруст ва саҳеҳанд ё на, ба ҷои ин кор, фарзро ин қарор додаанд, ки инҳо ҳама нодурустанд, пас, бояд иллати дингароии башарро (ки бино бар фарзи инҳо носаҳеҳанд) пайдо кард.

Банда пештар дар чаҳор мақола (Решаи гаройиш ба дин аз назари Ниче ва Моркс ва низ Фрейд ва дин ва ҳамчунин Иллати гароиш ба дин дар миёни инсонҳо чист? ва ҳам Нигоҳе ба дидгоҳи Фрейд дар бораи иллати гароиш ба дин) ба тафсил роҷеъ ба ин баҳс кардаам ва алоқамандон метавонанд ин ду мақоларо мутолеа бифармоянд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: