Робитаи забон бо ҳувияти инсон

Ба баҳонаи Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

(Бознашр аз 15.01.2016 ҳамин пойгоҳ)

Яке аз масоиле, ки дар мавзӯи “худшиносӣ” бояд дар бораи он ба тафсил баҳс бишавад, масъалаи забони модарӣ ва робитаи он бо ҳувияти инсон аст. Ибтидо лозим аст, забон таъриф бишавад.

* * *

Забон чист?

Мақсуд аз забон, танҳо гуфтор нест, чунонки бо ба гӯш хӯрдани вожаи забон, ҳамин маъно ба зеҳнҳо мешитобад. Балки мурод аз он, фаротар аз гуфтор аст, ва шомили навиштор ва хатт ҳам мешавад. Ба унвони мисол, вақте гуфта мешавад, “забони русӣ”, мақсуд, ҳам гуйиши русӣ аст ва ҳам навиштори русӣ ва ҳам хатти сириллик. Ва чунон ки Ноум Чомски, файласуф ва забоншиносӣ маъруфи муосир мегӯяд, ин се унсур (гуфтор, навиштор ва хатт) дар мавриди забон, аз ҳам қобили тафкик нестанд.

Бинобар ин, вақте мо, тоҷикҳо мегӯем, “забони модарӣ”, муродамон танҳо гӯйиш нест, ки битавонад дар қолаб ва хатте дигар ҳам зуҳур пайдо бикунад, балки “забони модарӣ” барои мо, чизе аст муташаккил аз: гуфтор, навиштор ва хатт.

Албатта, як баҳс ҳам дар миёни забоншиносҳо матраҳ аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба тағйири хатт дар таърихи баъзе аз миллатҳо, кадом як аз он хаттҳоро метавон унсури ташкилдиҳандаи забони модарии онҳо донист? Дар посух мегӯянд, хатте метавонад “унсури ташкилдиҳандаи забони модарӣ” шумурда шавад, ки бештари осори адабии як миллат, ба он хатт навишта шуда бошад.

* * *

Робитаи забони модарӣ бо ҳувияти инсон

Инак, пас аз он ки манзур аз “забони модарӣ” бароямон рӯшан шуд, мепардозем ба баҳси аслӣ, ки иборат аст аз: робитаи забони модарӣ бо ҳувияти инсон.

Иддае мепиндоранд, забон василае аст сирфан барои дарк ва иртиботи беҳтар байни ду нафар. Соҳибони ин назария кумунистҳо буданд. Аз назари як морксист, “забон василае аст, ки як коргар тавассути он, манзури коргари дигарро мефаҳмад ва бо ӯ иртибот барқарор мекунад.” Ба ҳамин далел будааст, ки кумунистҳо сиёсати яксонсозӣ ва тазъифи ҳарчи бештари забонҳои ғайрирусиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ эъмол карда буданд.

Аммо ҳақиқат ин аст, ки забон танҳо василае сирфан барои иртиботи ду нафар нест, балки робитаи мустақим бо ҳувияти мо дорад. Ба гуфтаи яке аз донишмандон, барои дарки беҳтари ин дидгоҳ (ки забон робитаи мустақим бо ҳувияти мо дорад), ин пурсишро матраҳ мекунем: оё то кунун андешидаед, фарқ миёни инсон ва ҳайвон чист? Ҳатман медонед, ки инсон аз назари физикӣ, шабоҳати бисёре бо бархе ҳайвонот монанди маймун дорад, пас тафовут дар куҷост? Шояд бигӯед: ин ки чизе нест, тафовут дар ақлу андеша аст. Хуб, агар чунин бошад, пас ин хабари мувассақро, ки чанд сол пеш дар чандин хабаргузорӣ омада буд, чӣ гуна тафсир мекунед? ВВС: “Пажӯҳишгарони ҳиндӣ ду хоҳари дуқулуеро, ки солҳо дар канори модагурге бузург шуда буданд ёфтанд. Духтарҳо модагургро модар фарз мекарданд ва мисли гургҳо овоз бармеоварданд ва чаҳор дасту по роҳ мерафтанд.”

Пас, агар фарқи инсон ва ҳайвонро фақат дар ақлу андеша фарз кунем, ақлу андешаи ин духтарон чӣ шуда буд? Мушкил куҷо буд? Посухи воқеии ин пурсиш — яъне фарқи воқеии инсон ва ҳайвон — лафз ё ба қавли юнониён, “лугус”, ё ба таъбири ангилисиҳо “logic” аст. Албатта, посухи касоне ҳам, ки ба ақлу андеша ишора кардаанд, ғалат нест, аммо бояд инро дар назар гирифт, ки мағзи инсон дақиқан монанди ҳорди компютер аст; бо ин тафовут, ки зарфияти мағз бениҳоят мебошад. Аммо ин ҳорд дар ибтидо хом ва форматшуда аст ва ҳеч иттилооте дар он нест. Мағзи инсон аз тариқи лафз (забон) бо муҳити хориҷ иртибот гирифта, андак-андак бар додаҳояш меафзояд.

Пас, комилан мушаххас шуд, ки нақши забон дар зиндагӣ чӣ андоза ҳаётӣ ва муҳим аст. Забон, робитаи мустақиме бо шахсият ва ҳувияти мо дорад. Ноум Чомски мегӯяд: “The more languages you speak, the more people, entities, and personalities you are.” Мазмуни ин гуфтор он аст, ки шумо ҳар андоза, ки забон бидонед, ҳамон қадр шахсият ва ҳувият хоҳед дошт. Ин масъала он қадр муҳим аст, ки забоншиносон “забони модарӣ”-и ҳар шахсро ба масобаи шиносномаи он фард меангоранд.

Назарияпардозони бузурги истеъморӣ дар қарни бистум ҳамагӣ муттафиқулқавланд, ки: агар абзори забон аз қавм ё миллате ситонда шавад, ба роҳатӣ метавон он миллат ва қавмро дар миллият ва фарҳанги дигаре завб намуд. Намунаи боризи он, кишварҳои Омрикои Лотин ҳастанд. Испониёиҳо комилан медонистанд, ки агар забони ин ақвомро аз онон бигиранд, то дунё дунёст, ҳатто дар сурати истиқлол, ононро бахше аз худ сохтаанд. Кишварҳое ҳамчун Оржонтин, Порогуе ва ғайра имрӯза ба зоҳир комилан мустақилланд ва ҳеч вобастагии сиёсӣ ба Испониё надоранд, аммо аз назари забонӣ ва ба табаъи он, фарҳангӣ, комилан завби ҳувияти испониёӣ ҳастанд. Ҷолиб ин ҷост, ки онон Испониёро сарзамини модарӣ ва маҳди адаби худ медонанд.

Як намунаи дигар бароятон биёварам. Азизон ҳатман медонанд, ки нажоди мардуми Миср қибтӣ аст ва забонашон ҳам то ҳазору анде сол пеш қибтӣ буд. Аммо пас аз зуҳури ойини муқаддаси ислом дар шибҳиҷазираи Арабистон ва тасарруфи Миср тавассути мусалмонон, забони мардуми ин сарзамин комилан поксозӣ шуд ва забони арабӣ ҷойгузини забони қибтӣ гардид. Ҳол, имрӯз шумо аз як нафар мисрӣ бипурсед, ки нажодат чист? Фикр мекунед, ҷавобаш чӣ хоҳад буд? Оё мегӯяд, ӯ қибтӣ аст? Қатъан на. Агар мегуфт, ман қибтӣ, вале забонам арабист, ишколе надошт. Балки ӯ мегӯяд, ман арабам. Аз як нафар сурӣ ва ё лубнонӣ ҳам, ки бипурсед, нажодат чист, мегӯяд, арабам.

Ҳол, худатон қазоват кунед, ки забон чӣ ҷойгоҳе доштааст. Мусалмонони садри ислом, ки вақте Миср ва ё Сурия ё Лубнонро тасарруф намуданд, қатъан намехостанд ҳувияти ин мардумон аз байн биравад, балки фақат забони арабиро ҷойгузини забони қибтӣ ё финиқӣ намуданд. Аз байн рафтани ҳувияти як миллат ва қавм, натиҷаи табиии тағйири забон аст. Яъне вақте забони модарии як қавм аз байн рафт, ба тадриҷ ҳувияташ ҳам аз байн хоҳад рафт.

* * *

Дар поёни баҳс, як нуктаро хидмати азизон арз кунам. Ин ки баъзе аз азизони донишманди мо имрӯз рӯи забони модарӣ (гуфтор, навиштор ва хатт)-и мо тоҷикҳо – яъне забони Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлоно, Низомӣ ва … – таъкид ва исрор бар бозгашт ба хатти порсӣ мекунанд, ҳадафе ҷуз ин надоранд, ки ҳувияти мо ҳифз ва аз байн наравад. Баъзеҳо, ки бо ин иқдом мухолифат мекунанд, воқеан теша бар решаи худ мезананд.

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: