Фалсафа ва равиши реализм (169)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (2)

Муқаддима (2)

Роҳи ҳиссу илм (ё роҳи табиат) — 1

Ба иборати дигар, роҳи мутолеа дар хилқат. Ин роҳ низ ба навбаи худ ба се роҳ муншаъиб мешавад:

1) Аз тариқи ташкилот ва низомоте, ки дар сохтмони ҷаҳон ба кор рафтааст;

2) Аз тариқи ҳидоят ва роҳнамоии мармузе, ки мавҷудот дар масири хеш мешаванд;

3) Аз тариқи ҳудус ва пайдоиши олам.

1) Ташкилот ва низомот: Мутолеаи аҳволи мавҷудот нишон медиҳад, ки сохтмони ҷаҳон ва сохтмони воҳидҳое, ки аҷзои ҷаҳонро ташкил медиҳанд, “ҳисобшуда” аст, ҳар чизе “ҷое” дорад ва барои он ҷо қарор дода шудааст ва манзуре аз ин қарор доданҳо дар кор будааст.

Ҷаҳон дуруст монанди китобе аст, ки аз тарафи муаллифи огоҳе таълиф шудааст, ҳар ҷумла ва сатр ва фасле дарбардоранди як силсила маъонӣ ва матолиб ва манзурҳое аст, назме, ки дар калимот ва ҷумлаҳо ва сатрҳо ба кор бурда шудааст, аз рӯи диққати хоссе аст ва ҳадафро нишон медиҳад.

Ҳар кас то ҳудуде метавонад хутуту сутури китоби хилқатро бихонад ва як силсила маъонӣ аз онҳо дарк кунад ва қасду фикри муаллифи онро дарёбад. Ҳар касе метавонад низомоти ҳакимона ва осору алоими ба кор рафтани тадбир ва иродаро дар кори хилқат равшан истинбот кунад, ҳарчанд дарснохонда ва биёбонӣ бошад. Вале албатта агар касе бо улуми табиӣ ошноӣ дошта бошад, ба таносуби маърифаташ ба ин умур, низомот ва осору алоими вуҷуд ва ҳикмат ва тадбирро дар кори хилқат бештар идрок мекунад.

Қуръони Карим бо исрору иброми беназире афроди башарро ба мутолеа дар хилқат ва сохтмони мавҷудот ба манзури шинохтани Худованд савқ медиҳад, ва ҳамчунин дар калимоти пешвоёни дин — ки намунааш хутбаҳои “Наҳҷул-балоға” ва “Тавҳиди Муфаззал” ва бархе дуоҳо ва бархе эҳтиҷоҷоти имомони атҳор аст — инояти фавқулъодае ба ин матлаб шудааст. Назар ба ин ки зикри иҷмолӣ чандон муфид нест ва тафсилу ташреҳ аз ҳудуди ин китоб хориҷ аст, мо аз зикри оёт ва хутбаҳо ва аҳодис ва дуоҳо ва эҳтиҷоҷоти марбута сарфи назар мекунем ва ба вақти дигар мавкул менамоем.

Мусалламан барои оммаи мардум, беҳтарин роҳи шиносондани Худованд ҳамин роҳ аст. Акнун мехоҳем бибинем, ки чӣ гуна аст, ки ташкилот ва низомоти сохтмони мавҷудот, бар вуҷуди Худованди алиму ҳаким далолат мекунад.

Ҷавоби ин пурсиш равшан аст. Ҳамон тавре, ки асли пайдоиши як асар, бар вуҷуди нерӯи муассир далолат мекунад, сифот ва хусусиёти он асар низ метавонад то ҳудуди зиёде ойина ва нишондиҳандаи сифоти муассир буда бошад. Мисоле зикр кунем:

Мо, афроди инсон, мустақиман аз муҳтаваёти замир ва афкор ва андешаҳо ва малакоти ахлоқӣ ва руҳии якдигар огоҳ нестем ва наметавонем огоҳ бошем. Бадеҳист, ки на ман метавонам мустақиман замири шуморо бихонам ва биловосита аз ният ва сифоти ахлоқии шумо огоҳ гардам, ва на шумо метавонед мустақиман аз замири ман огоҳ шавед, вале дар айни ҳол то ҳадди зиёде ба муҳтаваёти замири якдигар пай мебарем, бидуни он ки кучактарин тардиде ба худ роҳ диҳем.

Мо дар бораи шахси муайяне эътиқоди илмӣ пайдо мекунем ва ӯро ба унвони олим мешиносем, ба чӣ далел? Ба далели осори қавлӣ ва катбӣ, ки аз ӯ дидаем. Мо якеро фақеҳ, дигареро ҳаким, севвумеро риёзидон, чаҳорумеро адиб медонем, чаро? Барои ин ки аз аввалӣ суханон ва навиштаҳои фиқҳӣ ва аз дуввумӣ суханон ва навиштаҳои ҳикамӣ ва аз севвумӣ риёзӣ ва аз чаҳорумӣ адабӣ шунида ва дидаем. Ба ҳукми синхияте, ки лозим аст миёни асар ва муассир буда бошад, имкон надорад, ки аз фоқиди илм суханони илмӣ, ва ё аз касе, ки фақат фақеҳ аст суханони муназзами фалсафӣ ва риёзӣ ва адабӣ, ва ё аз касе, ки фақат ҳаким аст осори фиқӣ ё риёзӣ содир шавад. Масалан ҳеч як аз мо, ки соҳиби китоби “Ҷавоҳир”-ро мешиносем, шак надорем, ки ӯ фақеҳи бузурге будааст, ва ҳол он ки ӯро надидаем, ва агар ҳам медидем, наметавонистем мустақиман аз замири ӯ огоҳ шавем. Аммо китоби “Ҷавоҳир”-и ӯ далели қотеъе аст бар ин ки муаллифи он фақеҳи бузурге будааст.

Мумкин аст касе бигӯяд, қатъу илме, ки мо дар ин гуна масоил дорем, ба ин маънӣ нест, ки ҳеч гуна эҳтимоли хилофе дар кор нест, балки ба ин маънист, ки эҳтимоли хилоф дар ҳисоби эҳтимолот он қадр заъиф аст, ки ҳеч ақли салиме онро ба ҳисоб намеоварад. Эҳтимоли хилофе, ки дар кор аст, эҳтимоли тасодуф ва иттифоқ аст. Масалан, дар мавриди китоби “Ҷавоҳир”, мо қотеъ ҳастем, ки муаллифи он фақеҳи бузурге буда, аммо на ба ин маънӣ, ки ҳеч гуна эҳтимоли ин ки ӯ фақеҳ набуда ва ин навиштаҳо аз рӯи тасодуф ва иттифоқ танзим шуда бошад, надиҳем. На! Эҳтимоли ин ки муаллифи “Ҷавоҳир” фақеҳ набуда ва навиштаҳо тасодуфан танзим шудааст вуҷуд дорад, вале ба қадре он эҳтимол заъиф аст, ки қобили ба ҳисоб омадан нест, ва аз ин рӯ мегӯем, қатъу илм дорем, ки соҳиби “Ҷавоҳир” фақеҳи бузурге буда, на занну гумон. Эҳтимоли тасодуф дар ин гуна маворид ба шакли як каср аз ададҳое, ки мо мешиносем аз қабили яксадум, якҳазорум, якмилюнум, якмилёрдум ва ғайра нест, балки ба сурати каср аз як ададе аст, ки дар ваҳми мо намегунҷад, мисли ин ки фарз кунем адади 1-ро расм кунем ва дар тарафи рости он он қадар сифр бигузорем, ки ба кураи моҳ бирасад, эҳтимоли тасодуф дар ин гуна маворид аз қабили як эҳтимол дар муқобили ин адади ғайриқобили тасаввур аз эҳтимолот аст, вале ба ҳар ҳол ҳамин андоза эҳтимол ҳаст.

Мо баъдан дар бораи ин матлаб баҳс хоҳем кард. Дар ин ҷо ҳамин қадр мегӯем ин андоза эҳтимол, ки қобили ба ҳисоб омадан нест, монеъе надорад. Мо ин гуна эҳтимолотро, ки фақат бо як нерӯи азими риёзӣ метавонем вуҷуди онҳоро кашф кунем, на ин ки дар виҷдони худ чунин эҳтимолотеро эҳсос намоем, дар бораи ҳар муаллиф ва нависандае метавонем бидиҳем. Масалан, метавонем эҳтимол бидиҳем (ҳамин навъ эҳтимол), ки Саъдӣ бо ҳамаи ин осори завқӣ ва адабӣ як зарра завқи адабӣ надошта ва тасодуфан ин насру назмҳо бар забонаш ҷорӣ шудааст. Ё Бӯалӣ бӯе аз фалсафа ва тиб набурдааст ва тасодуфан ва бидуни таваҷҷӯҳ, ки қаламро рӯи коғаз мекашида як силсила масоили муназзам ва нақли ақволҳои саҳеҳ ва таҳқиқоти қобили истифода аз об даромадааст, ва ҳамчунин соҳиби “Ҷавоҳир”, ки “Ҷавоҳир”-ро менавиштааст.

Бо ин ки ҷилави чунин эҳтимолеро мантиқан наметавонем садд кунем, шак надорем, ки Саъдӣ дорои завқи шеърӣ ва адабӣ, ва Бӯалӣ Сино дорои афкори фалсафӣ ва тиббӣ, ва соҳиби ”Ҷавоҳир” дорои малакоти фиқҳӣ будааст.

Касоне, ки башарро ба Худошиносӣ аз роҳи мутолеаи китоби хилқат савқ додаанд, хостаанд башар ҳамон андоза ба илму ҳикмати Сонеъи Мутаъол мутмаин шавад, ки аз рӯи осори Саъдӣ ва Бӯалӣ ва соҳиби “Ҷавоҳир” ба мақомоти адабӣ ва фалсафӣ ва фиқҳии онҳо мутмаин мешавад.

Кресси Моррисон (Cressy Morrison) дар китоби “Рози офариниши инсон” тарҷумаи Муҳаммади Саъидӣ сафҳаи 9 мегӯяд:

Даҳ адад сиккаи як шоҳиро аз шумораи 1 то 10 аломат бигузоред ва онҳоро дар ҷайби худ бирезед ва ба ҳам бизанед. Пас аз он саъй кунед онҳоро ба тартиби шумориш аз 1 то 10 дароваред ва ҳар кадомро дароваред пеш аз ин ки сиккаи дуввумиро берун биёваред дубора ба ҷайби худ биандозед. Бо ин тартиб эҳтимоли он ки шумораи 1 берун биёяд, муодили “як” бар “даҳ” аст, эҳтимоли ин ки шумораи 1 ва 2 ба тартиб берун биёяд, “як” бар “сад” аст, эҳтимоли он ки шумораи 1 ва 2 ва 3 мураттабан берун биёяд, “як” дар “ҳазор” аст, эҳтимоли он ки шумораи 1 ва 2 ва 3 ва 4 мутаволиян кашида шавад, “як” дар “даҳ ҳазор” аст. Ва ба ҳамин минвол эҳтимоли даромадани шумораҳо ба тартиб камтар мешавад, то он ки эҳтимоли берун омадани шумораҳои аз 1 то 10 ба рақам “як” бар “даҳ милёрд” мерасад. Манзур аз зикри мисоле бад-ин соддагӣ он аст, ки нишон дода шавад арқом дар муқобили эҳтимолот чӣ гуна қавси суъудӣ мепаймоянд. Барои ба вуҷуд омадани ҳаёт дар рӯи кураи замин он қадр авзоъу аҳволи мусоид лозим аст, ки аз ҳайси имконоти риёзӣ маҳол аст тасаввур намуд ин авзоъу аҳвол бар сабили тасодуф ва иттифоқ бо якдигар ҷур омада бошанд. Ва ба ҳамин ҷиҳат, бояд ногузир мӯътақид буд, ки дар табиат қувваи мудрикаи хоссе вуҷуд дорад ва дар ҷараёни ин умур назорат мекунад. Вақте ба ин нукта изъон овардем, бояд ночор мӯътақид шавем, ки мақсад ва манзури хоссе низ аз ин ҷамъу тафриқҳо ва аз пайдоиши ҳаёт дар байн будааст.”

Имрӯз фарзияҳо ва назарияҳои хоссе дар бораи офариниши ҷаҳон, замин, ҳаёт, инсон вуҷуд дорад. Баъзе гумон мекунанд, бо қабули он фарзияҳо ва назарияҳо, дигар лузуме надорад, ки фарз кунем ҷаҳон ва ҳаёт ва инсон аз рӯи тарҳу нақшаи қаблӣ ба вуҷуд омадааст. Масалан, дар бораи кураҳои манзумаи шамсӣ тибқи фарзияи маъруфи Лоплос (laplace) гуфта мешавад, ки қитъаҳое аст, ки дар асари наздикӣ ва бархӯрди хуршед бо як ситораи дигар, аз хуршед ҷудо шудаанд. Дар бораи ҳаёт гуфта мешавад, ки дар асари ҷамъ шудани як силсила шароити шимиёӣ падид омадааст ва сипас тибқи номуси такомул рушду таксир ёфта, то ба имрӯз расидааст. Дар бораи андомҳои гиёҳҳо ва ҳайвонот ва инсон гуфта мешавад, тибқи усули нушӯъу иртиқо худ ба худ ба ҳукми табиат падид омадаанд. Ва дар бораи ақлу ҳушу руҳи инсонӣ гуфта мешавад, ки ҷузъи хоссияти моддии таркиботи шимиёӣ чизе нест.

Мо фарзияи Лоплосро дар бораи ин ки замин қитъае аст, ки аз хуршед ҷудо шудааст, ва фарзияи касоне, ки мегӯянд оғози ҳаёт ба сурати пайдоиши як мавҷуди таксаллулӣ будааст, ва фарзияи касоне, ки инсон ва ҳайвон ва гиёҳро аз як реша медонанд, ки тадриҷан татаввур ёфтааст, аҷолатан мепазирем. Аммо мехоҳем бибинем, оё бо тасодуф ва иттифоқ, яъне адами дахолати шуъур ва ирода, мумкин аст ҳамин фарзияҳоро тавҷеҳ кард ё на? Беҳтар аст аз забони худи донишмандони ҷадид бишинавем.

Кресси Моррисон дар сафҳаи 10 китоби “Рози офариниши инсон” мегӯяд:

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: