Шумо ҳам ёд бигиред!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Як хабари бисёр хубу хуше, ки имрӯз дар расонаҳо хондам ин буд, ки дар кишвари ҳамсоя Ӯзбакистон, дар идомаи тағйиру таҳаввулҳое, ки ин кишвар пас аз рӯи кор омадани Шавкат Мирзиёев шоҳиди онҳост, боз як таҳаввули решаии дигаре рух додааст.

Хабари масарратбахш он аст, ки ҳукумати Ӯзбакистон дасти ниҳодҳои амниятӣ ба хусус Созмони амнияти миллии ин кишвар (СНБ)-ро аз дахолат дар умури динии мардум кӯтоҳ кардааст. Ба назари ман, ин як иқдоми бисёр арзишманд аст, ки бояд барои соири кишварҳои ҳамсояи Ӯзбакистон ба хусус кишвари худамон Тоҷикистон, улгу шавад.

Тибқи гузориши сойти Фарғона, дар Идораи динии мусалмонони Ӯзбакистон мансаби муовини раиси ин идора (яъне муовини муфтӣ), ки як корманди Созмони амнияти миллии ин кишвар мансаби мазкурро бар ӯҳда дошт, лағв шудааст. Бар пояи ин гузориш, дар 12 соли ахир, ин масъулият бар дӯши Айдарбек Тулепов маъруф ба “Қорӣ-ака” будааст, ки дар 17 феврал, ҳам ин мансаб лағв ва ҳам ин фард аз кор барканор шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ин суннат як суннати барҷоймонда аз даврони Шӯравист. Дар он замон низ чӣ дар Идораи кулли динии мусалмонони Шӯравӣ (СССР), ки мақарраш дар Тошканд буд ва чӣ дар Идораҳои қозиёт дар ҳар кишвар, як корманди КГБ ба унвони “ҳамоҳангкунанда” дар ин идораҳо машғул ба кор буд. Албатта байни он даврон ва ин замон, як фарқ ҳаст. Дар замони Шӯравӣ, асли “адами дахолати дин ва сиёсат дар умури якдигар” комилан риоят мешуд. Яъне, на ҳукумат дар умури динӣ дахолат мекард ва на идораҳои динӣ ҳаққи дахолат дар умури сиёсӣ доштанд. Аз ин рӯ, дар замони Шӯравӣ ҳукумат ба ҳеч ваҷҳ дар таъйини имом-хатибҳои масоҷид дахолат намекард ва ин вазифа, вазифаи Идораи динӣ буд.

Аммо пас аз истиқлол, ҳам дар Ӯзбакистон ва ҳам дар Тоҷикистон (ва шояд дар Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон), бо ин ки дар қонуни асосии ин кишварҳо тасреҳ шудааст, ки ҳукумат ҳаққи дахолат дар умури динии мардумро надорад, вале ба бадтарин шакл дахолат мекунанд; аз таъйини имом-хатибҳои масоҷид ва мударрисони мадориси динӣ бигир то ришу сатри бовармандон. Ва дар воқеъ, он асли қонунӣ, ба бадтарин ваҷҳ, зери пой гузошта мешавад.

Масалан, дар кишвари худамон, ҳамин ки Маркази исломии Тоҷикистон ва муфтӣ дар ҳар рухдоди сиёсӣ изҳори назар мекунанд ва ин марказ баёния содир менамояд, номи ин кор агар дахолат нест, пас чист? Ҳафтаи гузашта пас аз эъломи таъсиси “Анҷумани Озодандешони Тоҷик” аввалин вокуниш ба ин рухдод на аз тарафи Маркази тадқиқот ва ё як ниҳоди сиёсии дигари вобаста ба ҳукумат, балки аз ҷониби Маркази исломӣ сурат гирифт. Оё ин дахолат, ба ихтиёри худи ин марказ буда? Қатъан, на. Ба ин маркази суфориш шуда, ки якчунин вокунише нишон бидиҳад. Хуб, ин як дахолати бисёр ошкори як ниҳоди динӣ – ки дар қонун тасреҳ шуда ҳаққи дахолат дар умури сиёсӣ надорад – ба як рухдоди сиёсӣ аст.

Албатта, дахолати ин марказ танҳо маҳдуд ба ин рухдод нест, балки ин марказ, ва шахси ҷаноби муфтӣ, агар нагӯем ҳар рӯз, лоақал як бор дар ҳафта дар бораи аҳзоби сиёсии мухолиф ва раҳбаронаш ба хусус ҲНИТ изҳори назар мекунад. Дар кишвари мо, ҳеч ниҳоде ба пойи ин марказ дар баёния содир кардану маҳкум карданҳо намерасад; гӯӣ ҳамакора аст. Вале дар воқеъ, ӯ ҳечкора аст, аз ин марказ бадтарин суистифодаи сиёсӣ мешавад. Ҳукумат дар ҳар рухдоде, аз ин марказ ва муфтӣ тақозо мекунад, то изҳори назар кунанд. Ва ин марказ ҳам, ки дигар тавони муқовимат дар баробари дархостҳои ҳукумат ва ба хусус ниҳодҳои амниятиро надорад, чорае ҷуз лаббайк гуфтан надорад.

Ин суистифодаҳо бояд мутаваққиф шавад ва ҳукумат бигузорад ин ниҳод ба кори худаш машғул шавад, Маркази исломӣ, ки сухангӯи ҳукумат нест.

Дар кишвари ҳамсоя яъне Ӯзбакистон то рӯи кор омадани Шавкат Мирзиёев, якчунин фазое ҳоким буд, ҳоло Мирзиёев зоҳиран дарк кардааст, ки ин кор на ба маслиҳати ҳукуматаш аст ва на ба маслиҳати ҷомеа ва на ба маслиҳати ҳатто ниҳоди динии ин кишвар. Мирзиёев ин фазои тираро дигаргун сохт. Ин иқдом як иқдоми бисёр арзишманд аст.

Оё ҳукумат ва ҳокими мо низ аз ҳамсоя улгу хоҳад гирифт ва дахолатҳояш дар умури динии ҷомеаро мутавақиф хоҳад сохт, ё ин ки ҷомеа мунтазир бимонад, то тағйир дар кишвари мо дар ин ҳавза, фақат пас аз мурдани ҳокиме ва омадани ҳокиме дигар анҷом хоҳад пазируфт?

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: