Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (27)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши панҷум: Фоидаҳои шурур (7)

Хулоса — натиҷаи куллӣ

Баҳси мо дар бораи “шурур аз назари адли илоҳӣ” дар ин ҷо ба поён мерасад. Масъалаи маргро ба мулоҳизае хосс, дар бахши ҷудогонае мутаъарриз мешавем. Ин ҷо лозим медонем хулоса ва усули куллиро, ки то ин ҷо гуфта шуд, барои ёдоварӣ бозгӯ намоем:

1) Сифати ҳикмат, яъне ҳаким будан, дар бораи Худованд ва дар бораи инсон ба ду гуна содиқ аст. Ҳаким будани инсон ба маънии ин аст, ки дар ҳар коре ғояте маъқул дорад ва дар корҳои худ олитарин ва фозилтарини ҳадафҳоро, ва беҳтарини василаҳоро барои расидан ба он ҳадафҳо интихоб мекунад. Аммо Худованд ғании мутлақ аст, ғоятеро ҷустуҷӯ намекунад. Камоле фарз намешавад, ки Худо фоқид бошад, то бихоҳад онро ҷустуҷӯ кунад. Ҳаким будани Худованд ба маънии ин аст, ки мавҷудотро ба камолоти лоиқашон то ҳар ҳадде, ки барои онҳо мумкин бошад мерасонад. Кори ӯ эҷод аст, ки ба камоли вуҷуд расондан аст, ва ё тадбир ва такмил ва савқ додани ашё ба сӯи камолоти сонавияи онҳост, ки навъе дигар аз расондани ашё ба камолоти онҳост.

Баъзе аз пурсишҳо ва эродҳо ва ишколҳо, аз қиёс гирифтани ғалати ҳаким будани Худованд ба ҳаким будани инсон пайдо мешавад. Ғолибан он гоҳ, ки пурсиш мешавад фалон чиз чаро ба вуҷуд омадааст? Пурсишкунанда дар зеҳни худ масъаларо инчунин тарҳ карда, ки Худованд чӣ ҳадафе аз ин кор доштааст? Ғофил аз ин ки агар мо барои Худо, ончунон ки барои инсон ҳадаф қоил ҳастем, ҳадаф қоил бишавем, маънияш ин аст, ки Худованд низ монанди инсон дар корҳои худ камбудҳои худро ҷуброн мекунад, ва ба худ такомул мебахшад.

Агар аз аввал таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки ҳаким будани Худо ба маънии ин аст, ки феълаш (кораш) ғоят дорад, на зоташ, ва ҳикмати ҳар махлуқе, ғояте аст нуҳуфта дар ниҳоди он махлуқ, ва ҳаким будани Худованд ба ин аст, ки махлуқотро ба сӯи ғоятҳои табиии онҳо савқ медиҳад, пешопеш посухи худро дарёфт медорад.

2) Файзи илоҳӣ, яъне файзи ҳастӣ, ки саросари ҷаҳонро дарбар гирифта, низоми хосс дорад. Яъне тақаддуму таъаххур, ва сабабияту мусаббибият, ва иллияту маълулият, миёни онҳо ҳукмфармост ва ин низом, ғайриқобили тахаллуф аст. Яъне барои ҳеч мавҷуде имкони тахаллуф аз мартибаи худ ва ишғоли мартибаи дигар вуҷуд надорад. Сайри такомули мавҷудот, ба хусус сайри такомулии инсон, ба маънии сарпечӣ аз мартибаи худ ва ишғоли мартибаи дигар нест. Балки ба маънии “сиъаи вуҷудӣ”-и инсон аст. Лозимаи дараҷот ва маротиб доштани ҳастӣ ин аст, ки навъе ихтилоф ва тафовут аз назари нақсу камол, ва шиддату заъф дар миёни онҳо ҳукмфармо бошад, ва ин гуна ихтилофҳо табъиз нест.

3) Сунъи Худо куллӣ аст, на ҷузъӣ, зарурӣ аст, на иттифоқӣ:

Решаи дигари иштибоҳот дар ин замина, муқоисаи сунъи Худо бо сунъи инсон аз ин назар аст, ки пиндошта мешавад мумкин аст сунъи илоҳӣ монанди сунъи инсон, ҷузъӣ ва иттифоқӣ бошад.

Инсон ба ҳукми ин ки махлуқе аз махлуқот ва ҷузъи низом аст ва иродааш бозичаи иллатҳои ҷузъӣ ва иттифоқӣ аст, тасмим мегирад дар замони муайян ва макони муайян — ва албатта таҳти шароити муайян — масалан хонае бисозад, як миқдор оҷуру сементу оҳану хоку гаҷу оҳак, ки ҳеч пайванди табиӣ бо якдигар надоранд, гирд меоварад ва бо як силсила пайвандҳои маснуъӣ онҳоро бо якдигар ба шакли хосс марбут мекунад ва хона месозад.

Худованд чӣ тавр? Оё сунъи мутқани илоҳӣ аз навъи пайванди маснуъӣ ва ориятӣ барқарор кардан миёни чанд амри бегона аст? Эҷоди пайвандҳои маснуъӣ ва ориятӣ, дар хӯри махлуқе монанди инсон аст, ки аввалан ҷузъе аз низоми мавҷуд ва маҳкуми қонунҳои мавҷуди он аст. Ва сониян, дар маҳдудае муайян мехоҳад аз қувваҳо ва нерӯҳо ва хоссиятҳои мавҷуди ашё баҳрагирӣ кунад. Ва солисан, иродааш бозичаи иллатҳои ҷузъӣ аст (масалан, ҳифозати худ аз гармо ва сармо ба василаи хона). Ва робиъан, фоъилияташ дар ҳадди фоъилияти ҳаракат аст на фоъилияти эҷодӣ, яъне ҳеч чизро эҷод намекунад, балки мавҷудотро аз роҳи ҳаракат додан ва ҷо ба ҷо кардан, ба якдигар марбут мекунад. Аммо Худованд фоъили эҷодӣ аст, офаринандаи ашё бо ҳамаи қувваҳо ва нерӯҳо ва хоссиятҳост ва он қувваҳо ва нерӯҳо ва хоссиятҳо ба таври яксон дар ҳамаи маворид амал мекунанд.

Масалан, Худо оташ, об, барқро меофаринад. Аммо инсон аз обу оташу барқи мавҷуд, бо барқарор кардани навъе робитаи маснуъӣ баҳрагирӣ мекунад. Инсон ин пайванди маснуъиро тавре тартиб медиҳад, ки дар як лаҳза ва як маврид, ки барояш муфид аст, аз он истифода мекунад (масалан калиди барқро мезанад) ва дар лаҳзае дигар, ки барояш муфид нест, аз он истифода намекунад (масалан барқро хомӯш мекунад), вале Худованд, холиқ ва офаринандаи ин умур аст бо ҳамаи хоссиятҳо ва асарҳояшон. Лозимаи вуҷуди оташ ин аст, ки гарм кунад ё бисӯзонад. Лозимаи барқ ин аст, ки рӯшноӣ диҳад ё ҳаракат эҷод кунад. Худо оташ ё барқро барои шахси хосс наофарида ва маънӣ надорад офарида бошад, ки масалан кулбаи ӯро гарм кунад, аммо ҷомаашро насӯзонад. Худо оташро халқ карда, ки хоссияташ эҳроқ аст. Пас оташро аз назари ҳикмати болиғаи илоҳӣ, дар куллияташ дар низоми ҳастӣ бояд дар назар гирифт, ки вуҷудаш дар кулли олам муфид ва лозим аст ё зоид ва музир? На дар ҷузъияташ, ки хонаи чӣ касеро гарм кард ва дар анбори чӣ касе ҳариқ ба вуҷуд овард.

Ба иборати дигар, илова бар ин ки бояд ғоётро, ғояти феъли Борӣ гирифт, на ғояти зоти Борӣ, бояд бидонем, ки ғоёти афъоли Борӣ, ғоёти куллӣ аст, на ғоёти ҷузъӣ, ва ғоёти зарурӣ аст, на иттифоқӣ.

4) Барои вуҷуд ёфтани як чиз, томмулфоъилия будани Худованд кофӣ нест. Қобилияти қобил ҳам шарт аст. Адами қобилияти қобилҳо маншаи бенасиб мондани бархе мавҷудот аз бархе мавоҳиб аст. Шуруре, ки аз навъи нестиҳост, ки қаблан ба онҳо ишора шуд, яъне аҷзҳо, заъфҳо, ҷаҳлҳо, аз он ҷиҳат, ки ба зоти ақдаси илоҳӣ марбут аст, яъне аз назари куллияти низом (на аз он ҷиҳат, ки ба башар марбут аст, яъне ҷанбаҳои ҷузъӣ ва иттифоқии низом), ношӣ аз нуқсони қобилиятҳост.

5) Худованди Мутаъол ҳамон тавр, ки воҷибулвуҷуди биззот аст, “воҷиб мин ҷамиъил-ҷиҳот” аст. Аз ин рӯ воҷибулифоза ва воҷибулвуҷуд аст. Маҳол аст, ки мавҷуде имкони вуҷуд ё имкони камоли вуҷуд пайдо кунад ва аз тарафи Худованд ифозаи файз ва эътои вуҷуд нашавад. Он чи ба назар мерасад, ки дар мавориде як мавҷуд қобилияти як камолеро дорад ва аз он бенасиб аст, имкон ба ҳасби иллатҳои ҷузъӣ ва иттифоқӣ аст, на имкон ба ҳасби иллатҳои куллӣ ва зарурӣ.

6) Шурур, ё аъдоманд ва ё вуҷудоте, ки маншаи адам дар ашёи дигаранд ва аз он ҷиҳат шарранд, ки маншаи адаманд.

7) Шаррияти шурури навъи дуввум, дар вуҷуди изофӣ ва нисбии онҳост, на дар вуҷуди “фи нафсиҳӣ”-ашон.

8) Он чи воқеан вуҷуд дорад ва ҷаълу халқ ва иллият ба он таъаллуқ мегирад, вуҷуди ҳақиқӣ аст, на вуҷуди изофӣ (нисбӣ).

9) Шурур, мутлақан маҷъул ва махлуқи биттабаъ ва биларазанд, на маҷъули биззот.

10) Ҷаҳон як воҳиди таҷзиянопазир аст, ҳазфи баъзе аз аҷзои ҷаҳон ва ибқои баъзе, таваҳҳуми маҳз ва бозигарии хаёл аст.

11) Шурур ва хайрот, ду саф ва ду радаи ҷудо нестанд, ба ҳам омехтаанд; адамҳо аз вуҷудҳо, ва вуҷудҳои изофӣ (нисбӣ) аз вуҷудҳои ҳақиқӣ тафкикнопазиранд.

12) На танҳо адамҳо аз вуҷудҳо, ва вуҷудҳои изофӣ аз вуҷудҳои ҳақиқӣ тафкикнопазиранд, (балки) вуҷудҳои ҳақиқӣ низ ба ҳукми асли таҷрибанопазирии ҷаҳон, пайваста ва ҷудоношуданӣ ҳастанд.

13) Мавҷудот ба эътибори инфирод ва истиқлол, ҳукме доранд, ва ба эътибори ҷузъ будан ва узвият дар як андом, ҳукме дигар.

14) Он ҷо, ки асли пайвастагӣ ва андомворагӣ ҳукмфармост, вуҷуди инфиродӣ ва мустақил эътиборӣ ва интизоъӣ аст.

15) Агар шарр ва зиштӣ набуд, хайру зебоӣ маънӣ надошт.

16) Шурур ва зиштиҳо намоёнгари хайроту зебоиҳост.

17) Шурур манбаи хайрот, ва масоиб модари хушбахтиҳост.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: