Бадкирдориҳову дашномҳо аз сӯи полис

Хайриддин Абдулло

Зиёданд коркунони полисе, ки рафтору кирдору гуфторашон дар як сатҳи ноинсонӣ қарор дорад. Мисле, ки аслан аз кӯчаи маданият нагузаштаанд. Рафтору гуфтори баъзеашонро бинӣ, чунон ба назар мерасад, ки гӯё замоне подабон буданду акнун ба ҷомеаи маданӣ омадаанд. Бо шаҳрвандон муносибаташон тавре, ки гӯё мардум дар мабҳасанду онҳо зиндонбон. Дар тани худ либоси полисро мебинанду дигар тамом, шоҳ худашону вазир ҳам. Худро подабон медонаду мардумро гову бузу буғзола.

Шеваи гапзаниашон дар садҳи пасттарин қарор дошта, бо мардум суханони баду паст шурӯъ мекунанд. Таҳқиромез сухан мегӯянд. “Ҳа, чӣ гапай, кии ты?, Иҷааабиё, э кс…оча, иҷааабиё мегумут, калат дар кс…очат, Очаи фанкна го…., ку ба адела мебарумут, ку мурдаи Ленина багардан мегирӣ, ты мара гу, ку ты иқа маҳмаддоноӣ дорӣ (ин ҷо номи Муҳаммади доно (с) таҳқир мешавад), ай пышти кӣ мепарӣӣӣӣ, баадела баренш, калат дар кн…отат, очатааа мег….”. Ана, чунин аст, фарҳанги гапзании бархе мақомдорон дар ҳузури мардум бо мардум .

Ин ноинсонҳо бо мардум дар ҷойҳои ҷамиятӣ чунин муомила мекунанд. Хулоса кунед, ки дар шӯъба бо як шаҳрванд чӣ гуна зулм мекунанд, аз Худову Расулу Модар шурӯъ мекунанд, фуҳшгӯиву дашномашон дар ҳеҷ чорчӯбаи қонуну инсоният намегунҷад. Он мазлум, ки аз чанголи зулми чунин полис раҳҳо ёфт, пас ба бемории асаб, ноумедӣ аз зиндагӣ гирифтор шуда, худкушӣ мекунад, ё шурӯъ ба бадбиниву душманӣ ба ҳукумат намуда, ба гурӯҳҳои амсоли Доъиш мепайвандад.

Холисона ба коркунони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат менамоям, асабҳоятонро нигоҳ доред, забонатонро пок намоед, кирдору рафтору тамизатонро дар чорчӯбаи инсонӣ ва қонуни давлату ҳукумати азизамон Тоҷикистон ҷой диҳед. Ҳушёр бошед, ки мардум дар лиқои шумо ҳукумату давлату намояндагони Пешвои миллатро мебинад. Шуморо дида, бар давлат, ҳукумат, қонун, Президент баҳо медиҳанд. Худоё, нашавад, ки рафтору кирдори шумо боиси афзудани бадбинии мардум аз ҳукумат, давлат ва дилшикастагиву ноумедӣ аз Ватан гардад.

Фаромӯш накунед, ки масъулу хизматгори давлату мардумед, на ин ки мардуму давлат дар парастиши шумо. Ҳукумат шуморо маошу ҳуқуқ медиҳад, танҳо ба хотири он, ки амнияти мардумро таъмин кунед, дар ҳузури мардум монанди як хизматгор, ёрирасон рафтор кунед. Дар ҳеҷ шароите шумо ҳаққи баён намудани дашноми фуҳш ва таҳқир ба зоту зуруёти ҳеҷ касеро надоред. Агар касе ҷиноят кард, пас бояд аз рӯи дастурамали қонун ҷазо дода шавад, на аз рӯи асаби харобу забони ҳароми шумо.

Охир, дар ҳоле, ки худ асабият доред, чӣ гуна метавонед, дар миёни мардум амниятро таъмин кунед? Чӣ гуна? Яъне худат ба худат соз нестӣ. Охир касе, ки фишори асаб дорад, бо забони безабонӣ фарёд мезанад, ки ман ҳанӯз бо худам муносибати дуруст надорам. Имкон надорад, як нафар гирифтори фишори асаб зиндагии хубе дошта бошад. Ё касе, ки ҷоҳил аст, кай тавонад, бо оромишу муаддабона рафтор кунанд. Зуд ба ҷанг мехезаду ба дашном додан сар мекунад. Ӯ сухану насиҳату маслиҳате надорад.

Ман Хайриддини Абдуллоҳ, шахсан ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод мекунам, ки коркунони милисаҳо гоҳу гоҳ аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Ҷиддӣ гузаранд. Баъдан маданияти муошират бо мардумро омӯзанд. Шоҳидем, шаҳрвандон гирифтори бетартибиҳо, бетамизиҳо, бадрафториҳо, таҳқирҳо аз сӯйи коркунони полис мешаванд, аз мақомашон сӯиистифода намуда, ба мардум зулму ситам намуда, шаҳрвандонеро ба ҳалокат расонидаанд. Ин гуна коркунони полис обрӯи соҳаро мерезонанд.

Реклама


Рубрики:Ҷомеа

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: