Демосфен

(Ду ҳикояти ибратомӯзи таърих)

Демосфен

Демосфен (Démosthène), хатиб ва сиёсатмадори маъруфи Юнони қадим, ки бо Арасту дар як сол мутаваллид ва дар як сол даргузаштаанд, аз оғози рушду тамйиз ва солҳои наздики булуғ барои эроди суханронӣ омода мешуд, вале на барои он ки воиз ва муаллими ахлоқи хубе бошад, ва на барои он ки битавонад дар маҷомеи муҳим ва суханрониҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ нутқ эрод кунад, ва на барои он ки дар маҳокими қазоӣ вакили мудофеи хубе бошад, балки фақат ба хотири ин ки алайҳи касоне, ки васии падараш ва сарпарасти худаш дар кӯдакӣ буданд ва сарвати ҳангуфте, ки аз падараш ба ирс монда буд хӯрда буданд, дар маҳкама иқомаи даъво кунад.

Муддате машғули ин кор буд. Аз моли падар чизе ба дасташ наомад, аммо дар суханварӣ варзида шуд ва бар он шуд, ки дар маҷомеи умумӣ сухан биронад. Дар оғози амр, чандон суханварии ӯ мавриди писанд воқеъ нашуд, айбҳое дар суханрониаш, чӣ аз ҷанбаҳои табиии марбут ба овоз ва лаҳҷа ва кӯтоҳу баландии нафас, ва чӣ аз ҷанбаҳои фаннии марбут ба иншо ва таъбир дида мешуд, вале ба кӯмаки ташвиқу тарғиби дӯстон ва бо ҳиммати баланд ва муҷоҳидати азим, ҳамаи он маъойибро аз байн бурд. Хонае зерзаминӣ барои худ муҳайё сохт ва танҳо дар он ҷо машғули тамрини хитоба шуд. Барои ислоҳи лаҳҷаи худ рег дар даҳон мегирифт ва ба овози баланд шеър мехонд. Барои ин ки нафасаш қувват бигирад, рӯ ба боло медавид ё манзумаҳои тӯлониро дар як нафас мехонд. Дар баробари ойина сухан мегуфт, то қиёфаи худро дар ойина бибинад ва атвори худро ислоҳ кунад. Он қадр ба тамрину муморасат идома дод, то яке аз бузургтарини суханварони ҷаҳон гашт.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Ойини суханварӣ”)

* * *

Самараи сафари Тоиф

Абӯтолиб, амуи Расули Акрам, ва Хадиҷа, ҳамсари меҳрубони он ҳазрат, ба фосилае чанд рӯз ҳар ду аз дунё рафтанд ва ба ин тартиб Расули Акрам беҳтарин пуштибон ва мудофеи хешро дар беруни хона яъне Абӯтолиб, ва беҳтарин мояи дилдорӣ ва аниси хешро дар дохили хона яъне Хадиҷа, дар фосилаи каме аз даст дод.

Вафоти Абӯтолиб ба ҳамон нисбат, ки бар Расули Акрам гарон тамом шуд, дасти Қурайшро дар озори Расули Акрам бозтар кард. Ҳанӯз аз вафоти Абӯтолиб чанд рӯзе нагузашта буд, ки ҳангоми убури Расули Акрам аз кӯча, зарфи пур аз хокрӯба рӯи сараш холӣ карданд.

Хоколуд ба хона баргашт. Яке аз духтарони он ҳазрат (кучактарини духтаронаш, яъне Фотима саломуллоҳи алайҳо) ҷилав давид ва сару мӯи падарро шустушӯ дод. Расули Акрам дид, ки духтари азизаш ашк мерезад, фармуд:

— Духтаракам! Гиря накун ва ғусса нахӯр, падари ту танҳо нест, Худованд мудофеи ӯст.

Баъд аз ин ҷараён, танҳо аз Макка хориҷ шуд ва ба азми даъват ва иршоди қабилаи Сақиф ба шаҳри маъруф ва хушобу ҳаво ва пурнозу неъмати Тоиф дар ҷануби Макка, ки зимнан тафарруҷгоҳи сарватмандони Макка низ буд раҳсипор шуд.

Аз мардуми Тоиф интизори зиёде намерафт. Мардуми он шаҳри пурнозу неъмат низ ҳамон руҳияи маккиёнро доштанд, ки дар муҷовирати Каъба мезистанд ва аз садақаи сари бутҳо дар зиндагии мураффаҳе ба сар мебурданд.

Вале Расули Акрам касе набуд, ки ба худ яъсу навмедӣ роҳ бидиҳад ва дар бораи мушкилот биандешад. Ӯ барои рубудани дили як соҳибдил ва ҷазби як унсури мустаид, ҳозир буд бо бузургтарини душвориҳо рӯ ба рӯ шавад.

Вориди Тоиф шуд. Аз мардуми Тоиф ҳамон суханонеро шунид, ки қаблан аз аҳли Макка шунида буд. Яке гуфт:

— Ҳеҷ каси дигар дар дунё набуд, ки Худо туро мабъус кард?!

Дигаре гуфт:

— Ман ҷомаи Каъбаро дуздида бошам агар ту пайғамбари Худо бошӣ.

Севвуме гуфт:

— Аслан ман ҳозир нестам як калима бо ту ҳамсухан шавам… Ва аз ин қабил суханон.

На танҳо даъвати он ҳазратро напазируфтанд, балки аз тарси ин ки мабодо дар гӯшаву канор афроде пайдо шаванд ва ба суханони ӯ гӯш бидиҳанд, як идда бачча ва як идда арозилу авбошро таҳрик карданд, то он ҳазратро аз Тоиф ихроҷ кунанд. Онҳо ҳам бо дашному санг парокандан, ӯро бадрақа карданд.

Расули Акрам дар миёни сахтиҳо ва душвориҳо ва ҷароҳатҳои фаровон, аз Тоиф дур шуд ва худро ба боғе дар хориҷи Тоиф расонд, ки мутаъаллиқ ба Утба ва Шайба, ду нафар аз сарватмандони Қурайш, буд ва иттифоқан худашон ҳам дар он ҷо буданд. Он ду нафар аз дур шоҳиду нозири аҳвол буданд ва дар дили худ аз ин пешомад шодӣ мекарданд.

Баччаҳо ва арозилу авбоши Тоиф баргаштанд. Расули Акрам дар сояи шохаҳои ангур, дур аз Утба ва Шайба нишаст то даме истироҳат кунад. Танҳо буд, ӯ буд ва Худои худаш.

Рӯи ниёз ба даргоҳи Худои бениёз кард ва гуфт:

Худоё! Заъфу нотавонии худам ва баста шудани роҳи чора ва истеҳзо ва сухрияи мардумро ба ту шикоят мекунам.

Эй меҳрубонтарини меҳрубонон!

Туӣ Худои зердастон ва хоршумурдашудагон, туӣ Худои ман, маро ба кӣ вомегузорӣ? Ба бегонае, ки ба ман ахм кунад, ё душмане, ки ӯро бар ман тафаввуқ додаӣ?

Худоё! Агар он чӣ бар ман расид, на аз он роҳ аст, ки ман мустаҳиқ будаам ва ту бар ман хашм гирифтаӣ, боке надорам, вале майдони саломат ва офият бар ман васеътар аст. Паноҳ мебарам ба нури зоти ту, ки торикиҳо бо он равшан шуда ва кори дунё ва охират бо он рост гардидааст аз ин ки хашми хеш бар ман бифиристӣ ё азоби худатро бар ман нозил гардонӣ.

Ман бад-он чӣ мерасад, хушнудам, то ту аз ман хушнуд шавӣ. Ҳеч гардише ва тағйире ва ҳеч нерӯе дар ҷаҳон нест, магар аз ту ва ба василаи ту!

Утба ва Шайба дар айни ин ки аз шикасти Расули Худо хушҳол буданд, ба мулоҳизаи қаробат ва ҳисси хешовандӣ, Аддос ғуломи масеҳии худро, ки ҳамроҳашон буд дастур доданд, то як табақи ангур пур кунад ва бибарад ҷилави он марде, ки дар он дур дар зери сояи шохаҳои ангур нишаста бигузорад ва зуд баргардад.

Аддос ангурҳоро овард ва гузошт ва гуфт:

— Бихӯр!

Расули Акрам даст дароз кард ва қабл аз он ки донаи ангурро ба даҳон бигузорад, калимаи муборакаи “Бисмиллоҳ”-ро бар забон ронд.

Ин калима то он рӯз ба гӯши Аддос нахӯрда буд. Аввалин мартиба буд, ки онро мешунид. Нигоҳе амиқ ба чеҳраи Расули Акрам андохт ва гуфт:

— Ин ҷумла маъмули мардуми ин минтақа нест, ин чӣ ҷумлае буд?

Расули Акрам фармуданд:

— Аддос! Аҳли куҷоӣ? Ва чӣ дине дорӣ?

— Ман аслан аҳли Найнавоям ва насронӣ ҳастам.

— Аҳли Найнаво, аҳли шаҳри бандаи солеҳи Худо Юнус ибни Матто?

— Аҷаб! Ту дар ин ҷо ва дар миёни ин мардум, аз куҷо исми Юнус ибни Матторо медонӣ? Дар худи Найнаво вақте, ки ман он ҷо будам, даҳ нафар пайдо намешуд, ки исми Матто падари Юнусро бидонад.

— Юнус бародари ман аст. Ӯ пайғамбари Худо буд, ман низ пайғамбари Худоям.

Утба ва Шайба диданд Аддос ҳамчунон истода ва маълум аст, ки машғули гуфтугӯст. Дилашон фурӯ рехт, зеро аз гуфтугӯи ашхос бо Расули Акрам беш аз ҳар чизе бим доштанд. Як вақт диданд, ки Аддос афтода ва сару дасту пойи Расули Худоро мебӯсад. Яке ба дигаре гуфт:

— Дидӣ, ғуломи бечораро хароб кард!

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Сираи Ибни Ҳишом”)

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: