Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (253)

Гардонидани Умар разияллоҳу анҳу назари ӯро аз мақоми гиря, ки ҳастӣ аст ба мақоми истиғроқ (3)

* * *

Чунки Форуқ оинай асрор шуд,

Ҷони пир аз андарун бедор шуд,

Вақте ки Умари Форуқ (р) асрори илоҳиро барои пири чангӣ ошкор сохт, руҳи вай дар дарунаш бедор шуд ва ба мартибаи ҷон расид.

Ҳамчу ҷон бегиряву беханда шуд,

Ҷон-ш рафту ҷони дигар зинда шуд.

Он пир монанди ҷон, бегиряву ханда шуд, руҳи ҳайвонии ӯ рафт ва ба ҷои он руҳи илоҳияш зинда шуд ва бо руҳи илоҳӣ зиндагонии ҷовидона пайдо кард.

Нукта: Гиряву ханда амале ҷисмонӣ аст ва мабдаи ҳар як майли шаҳавонӣ аст, бо ин тафовут, ки гиря аз фуқдони нафъ ё лаззат, ва ханда аз вуҷуди нафъу лаззат ё эъҷоб падид меояд, ва аз ин рӯ, ҷони инсонӣ бад-он ду муттасиф намешавад. Ҷони дигар, дар ин маврид, руҳи қудсӣ ва илоҳӣ аст, ки пас аз заволи осори ҷони ҳайвонӣ пайванд мегирад ва зиндагонии тоза мебахшад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.901-902)

Ҳайрате омад дарунаш он замон,

Ки бурун шуд аз замину осмон.

Дар он ҳангом ба андарунаш ҳайрате расид, ки пир аз замину осмон бурун шуд, яъне ҳамаи мосивои Ҳақро тарк кард.

Ҷустуҷӯе аз варои ҷустуҷӯ

Ман намедонам. Ту медонӣ, бигӯ!

Он пир дар ҷустуҷӯе ғайр аз ҷустуҷӯҳои маъмулӣ буд. Ман намедонам ва наметавонам онро баён кунам. Агар ту медонӣ, барои ман бозгӯ кун!

Қолу ҳоле аз варои ҳолу қол

Ғарқа гашта дар ҷамоли Зулҷалол.

Ин пир ба қолу ҳоле бартар аз ин қолу ҳолҳо расид, ӯ дар мақоме гом месупурд, ки мустағриқи ҷамоли Худованди соҳиби ҷалол буд.

Ғарқае на, ки халосӣ бошадаш,

Ё ба ҷуз дарё касе бишносадаш.

Он пир чунон дар дарёи ваҳдат ғарқ шуд, ки дигар халосӣ барояш мумкин набуд, ва ба мартибае расид, ки ҳоли ӯро ғайр аз дарёи ҳақиқат касе нахоҳад донист.

Нукта: Дар мутуни ирфонӣ, ҳастии мутлақро ба дарё ташбеҳ кардаанд.

Ақли ҷузв аз кулл гӯё нестӣ,

Гар тақозо бар тақозо нестӣ.

Гӯё касе аз Мавлоно суол кардааст: асрори мазкур, асрори ақли кулл ва мартибаи кулл аст, пас сабаби баёни онҳо чист? Мавлоно мегӯяд: агар аз мартибаи кулл тақозо пай дар пай намешуд, ақли ҷузъӣ наметавонист аз ақли кулл ва ё худ аз мартибаи улуҳият, ки ҳақиқати кулл аст, сухан бигӯяд ва асрорашро нақл кунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.671)

Нукта: Акбарободӣ гӯяд: “Ва ончунон худро ба дарё андохт, ки касе ҷуз дарё ӯро намешинохт. Дар ин ҷо иршод мефармоянд, ки ин истиғроқу истеҳлок на аз саъю кӯшиши вай буда, балки ҷазбу кашиши он тараф ӯро аз худ рабуда. Ва кулл киноя аз Ҳақ аст Субҳонаҳу.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.165)

Никелсун гӯяд: “Ҳикмати илоҳӣ иқтизо мекунад, ки ҳақиқати ҳастӣ ба воситаи одамӣ, ки ҷони ӯ содире аз ақли кулл аст ва мудом аз он манбаъ файзу илм бад-ӯ мерасад ва бад-ин восита ба сӯи висол бо Ҳақ Таъоло уруҷ мекунад, шиносонида шавад.” (Шарҳи Маснавии Маънавии Мавлавӣ, ҷ.1, с.325)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: