Фалсафа ва равиши реализм (170)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (3)

Муқаддима (3)

Роҳи ҳиссу илм (ё роҳи табиат) — 2

Кресси Моррисон дар сафҳаи 10 китоби “Рози офариниши инсон” мегӯяд:

Бархе ситорашиносон мӯътақиданд, ки эҳтимоли наздикии ду ситора ба ҳам то ҳудуде, ки қувваи ҷозибаи онҳо дар ҳам феълу инфиъоле кунад ва онҳоро ба сӯи якдигар бикашонад, ба нисбати як ба чанд милюн мебошад, ва эҳтимоли он ки ду ситора ба ҳамдигар тасодум намоянд ва боиси таҷзия ва талошии якдигар шаванд, ба қадре нодир аст, ки аз ҳавсала ва қудрати муҳосиба хориҷ мебошад.”

Пас, маълум мешавад фаразан ин фарзияро бипазирем, ки замин қитъае аст, ки дар асари як тасодум ва бархӯрд аз хуршед ҷудо шудааст, бояд фарз кунем, ки амду қасде дар кор будааст, ки он бархӯрд ва тасодум ба вуҷуд ояд ва ҳадафи хоссе аз ин кор манзур будааст, ки ҳамон пайдоиши ҳаёт ва сипас ҳайвон ва баъд инсон ба унвони ҳадафи аслии махлуқоти замин аст.

Ва аммо пайдоиши ҳаёт: фарз мекунем, ки ҷамъ шудани як силсила шароити моддӣ ва шимиёӣ барои пайдоиши ҳаёт кофӣ бошад, яъне фарз мекунем, ки ҳаёт хоссияти худи модда аст, на феълияти ҷавҳарӣ ва изофӣ бар феълияти модда. Худи ин ҷамъ шудани шароит, бо тасодуф ва иттифоқ қобили тавҷеҳ нест. Кресси Моррисон дар сафҳаи 154 китоби хеш мегӯяд:

Мумкин нест тамоми шароит ва лавозиме, ки барои зуҳур ва идомаи ҳаёт зарурӣ аст сирфан бар ҳасби тасодуф ва иттифоқ дар они воҳид бар рӯи сайёрае фароҳам шавад.”

Ҳамчунин, дар ҳамин китоб пас аз он ки дар фасли севвум таҳти унвони “Гозҳое, ки мо истиншоқ мекунем” фасле дар бораи шароити имкони пайдоиши ҳаёт баҳс мекунад, дар хотимаи фасл чунин мегӯяд:

Оксижен ва ҳидружен ва асиди карбуник, чӣ ба танҳоӣ ва чӣ дар ҳоли таркибу ихтилот бо ҳамдигар, аз аркони аввалияи ҳаёти ҷондорон ба шумор мераванд ва асосан мабнои зиндагонӣ дар замин бар онҳо устувор аст. Аз миёни милюнҳо эҳтимол ҳатто як эҳтимол ҳам намеравад, ки ҳамаи ин гозҳо дар они воҳид дар сайёрае ҷамъ шаванд ва миқдору кайфияти онҳо ҳам ба тавре мутаъодил бошад, ки барои ҳаёт кофӣ бошад. Аз тариқи илмӣ, ки тавзеҳе дар бораи рози табиат наметавон дод, агар ҳам бихоҳем бигӯем ҳамаи он назму тартибот тасодуфӣ будааст он вақт бар хилофи мантиқи риёзӣ истидлол кардаем.”

Пас, маълум мешавад пайдоиши ҳаётро дар рӯи кураи замин ҳамл бар тасодуф кардан, хилофи ақли салим аст.

Бар ҳасби назариёти илмии имрӯз, решаи насли ҳайвонҳо ва гиёҳҳо як чиз аст; як селлул будааст, ки ба ду шӯъбаи мухталифи наботӣ ва ҳайвонӣ муншаъиб шудааст. Акнун бибинем, оё бино бар ҳамин назариёт, мумкин аст ин иншиъобро бо тасодуф ва иттифоқ тавҷеҳ кунем, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ниёзе, ки ин ду шӯъба ба якдигар доранд, ё маҷбурем бипазирем он иншиъоб низ аз рӯи амду қасд будааст? Кресси Моррисон дар сафҳаи 58 китоби хеш мегӯяд:

Дар оғози зуҳури ҳаёт дар кураи замин, иттифоқи аҷибе рух додааст, ки дар зиндагии мавҷудоти замин асароти фавқулъода доштааст: яке аз селлулҳо дорои ин хоссияти аҷиб шуд, ки ба василаи нури хуршед порае таркиботи шимиёиро таҷзия кунад ва аз натиҷаи ин амал маводди ғизоӣ барои худ ва соири селлулҳои мушобеҳ тадорук намояд. Ахлоф ва наводагони яке аз ин селлулҳои аввалия аз ғизое, ки тавассути модарашон таҳия шуда буд тағзия карданд ва насли ҳайвонотро ба вуҷуд оварданд, дар ҳоле, ки ахлофи селлули дигар, ки ба сурати набот даромада буд, растаниҳои оламро ташкил дода ва имрӯз куллияи махлуқоти заминиро тағзия менамоянд. Оё метавон бовар кард, ки фақат бар ҳасби иттифоқ, як селлул маншаи ҳаёти ҳайвонот ва селлули дигар реша ва асли наботот гардидааст?

Нуктаи ҷолиб дар ин ҷо ин аст, ки наботот ва ҳайвонот, ки баъдҳо аз ин ду селлули иншиъобии аввалия падид омадаанд, мукаммил ва ниёзманд ба якдигаранд, бидуни ҳар як аз инҳо дигаре наметавонад ба ҳаёти худ идома диҳад. “Рози офариниши инсон” дар сафҳаи 31 тавзеҳ медиҳад, ки ҳайвонот дар зиндагии худ ниёзманд ба оксижен мебошанд ва наботот ниёзманд ба карбун. Ҳайвонот оксижен истиншоқ мекунанд ва асиди карбуник берун медиҳанд, ва наботот баръакс бо асиди карбуник танаффус мекунанд. Барги наботот дар ҳукми рияи инсонӣ аст, ки дар зери ҳарорати офтоб асиди карбуникро ба унсури карбун ва оксижен таҷзия мекунад ва оксиженро дафъ ва карбун дар танаи онҳо боқӣ мемонад. Он гоҳ дар сафҳаи 32 мегӯяд:

Ҳамаи наботот ва ҷангалҳо ва бӯтаҳо ва ба таври куллӣ растаниҳо сохтмони аслии вуҷудашон таркибе аз об ва карбун аст. Ҳайвонот карбун дафъ мекунанд ва наботот оксижен, ва аз ин рӯ ҳар гоҳ ин ду амали мавҷудот мутаваққиф мемонд, он вақт ё ҳайвонот ҳамаи оксиженҳоро масраф мекарданд ва ё наботот куллияи карбунҳоро, ва чун мувозина ба ҳам мехӯрд, насли ҳар ду тоифа ба суръат рӯ ба инқироз ва завол мерафт.”

Яке дигар аз аҷоиби олами ҷондорон, ки ба ҳеч ваҷҳ бо тасодуф қобили тавҷеҳ нест ин аст, ки тақрибан аз авоили пайдоиши ҳаёт, ҷинси нару модда, ки барои идомаи насл зарурат дорад, ба вуҷуд омадааст. Дастгоҳҳои марбут ба таносул, чӣ дар олами ҳайвонӣ ва чӣ дар олами наботӣ, чӣ дар ҷинси нар ва чӣ дар ҷинси мода, он қадр ҳайратангез аст, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавон гуфт, ҳадафе дар эҷоди инҳо дар кор набудааст ва дастгоҳи хилқат инҳоро “барои” идомаи насл ба вуҷуд наовардааст.

Аз инҳо мегузарем ва меойем андомҳои наботот ва ҳайвонотро дар қисматҳои мухталиф мутолеа мекунем, он чунон ғарқи ҳайрату буҳт мешавем, ки мутолеаи як китоби чандин ҳазорсафҳаии мамлув аз нукоти дақиқ ва зариф ҳаргиз наметавонад моро ин андоза дучори буҳту ҳайрат ва эътироф ба қудрати комила ва ҳикмати болиғаи ба вуҷуд оварандаи он бикунад, ва ба қавли Саъдӣ:

Офариниш ҳама танбеҳи Худованди дил аст,

Дил надорад, ки надорад ба Худованд иқрор.

Ин ҳама нақши аҷаб бар дару девори вуҷуд,

Ҳар, ки фикрат накунад, нақш бувад бар девор.

Муддати кӯтоҳе дар Урупо ин фикр падид омад, ки низомоти хилқати наботот ва ҳайвонот он гоҳ далолат мекунад бар ҳикмати болиғаи сонеъи олам, ки хилқати ашё дафъатан ва онан сурат гирифта бошад, аммо агар тадриҷан сурат гирифта бошад, монеъе надорад, ки як силсила тасодуфот тадриҷан мутароким ва мунҷар ба он чӣ ҳаст шуда бошад. Баъд аз пайдоиши Дорвинизм (Darwinism) ва ироаи усули табиии татаввур, ин ақида барои баъзе пайдо шуд, ки усули Дорвинизм барои тавҷеҳи хилқати тасодуфии ҷондорон кофӣ аст.

Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки усуле, ки уламои зистшиносӣ барои такомул зикр кардаанд, ба танҳоӣ ба ҳеч ваҷҳ барои тавҷеҳи хилқат кофӣ нест. Маҳол аст, ки бо адами дахолат додани қасд ва ҳадафдорӣ дар табиат, битавон хилқатро тавҷеҳ кард.

Такягоҳи Дорвинизм “интихоби табиӣ ва бақои аслаҳ” аст. Ин худ ҳақиқате аст, ки дар набарди ҳаёт, як навъ ғирболи табиӣ сурат мегирад ва он ҷондор, ки ба навъе бо шароити ҳаёт мунтабиқтар аст, қобилияти бештаре барои бақо дорад.

Вале сухан дар ин аст, ки оё он чизҳое, ки барои ҳаёти мавҷуди зинда муфид ва лозим аст, мумкин аст ибтидоан ба сурати тасодуф ба вуҷуд омада бошад, то баъд дар ғирболи табиат боқӣ бимонад ё на? Мутолеа дар аҳволи мавҷудот нишон медиҳад як нерӯи мармуз ва шоъир (шуъуркунанда) ва ҳадафдор, вазъе дар андоми ҷондорон ба вуҷуд меоварад, ки онҳоро мутаносиб бо шароити муҳит намояд.

Агар ҳамаи тағйироте, ки дар бадани мавҷудоти зинда пайдо мешавад, аз навъи пардаи лои ангуштони баъзе мурғҳо буд, мумкин буд бигӯем тасодуфан дар лои ангушти як мурғ парда пайдо шуда ва ин парда барои шиноварии ӯ дар об муфид воқеъ шуд ва мавриди истифодаи ҳайвон қарор гирифт ва баъд ба виросат ба аъқоби ӯ мунтақил шуд (қатъи назар аз ин ки илми виросат онро қабул надорад). Вале баъзе андомҳои муфид ва лозими ҷондорон ба сурати як дастгоҳи бисёр азим тударту ва печ дар печ аст, танҳо ҳангоме қобили истифода ва баҳрабардорӣ аст, ки тамоми дастгоҳ ба вуҷуд омада бошад, назири дастгоҳи азими босира (қувваи биноӣ). Дар ин гуна маворид чӣ гуна метавонем бигӯем, ки тасодуфан тағйире дар бадани мавҷуди зинда падид омад ва ӯро аслаҳ барои бақо сохт ва табиат ӯро дар ғирболи хеш нигаҳдорӣ кард.

Рози офариниши инсон” дар сафҳаи 76 пас аз ин ки тавзеҳе дар бораи сохтмони аҷиби чашм медиҳад, мегӯяд:

Ҳамаи ин ташкилоти аҷиб, аз мардумаки дида гирифта то шимшҳо ва махрутҳо ва аъсоб, бояд бо якдигар ва дар они воҳид ба вуҷуд омада бошад; зеро агар яке аз ин низомоти печида ноқис бошад, биноии чашм ғайримақдур хоҳад буд. Бо ин васф, оё мешавад тасаввур кард ҳамаи ин авомил худ ба худ ҷамъ омада ва ҳар як аз онҳо вазъи нурро тавре танзим кардааст, ки ба кори дигарӣ бихӯрад ва ҳоҷатҳои ӯро рафъ кунад?

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: