Хоҷа Насируддини Тӯcӣ

Ба баҳонаи зодрӯзи Хоҷа Насир

Зодгоҳ ва вилодат

Сарзамини Тӯс ноҳияе аз Хуросони бузург аст, ки хостгоҳи донишварони бузург ва таърихсоз будааст. Имрӯза яке аз маҳаллаҳои шаҳри Машҳади Эрон ба шумор меояд.

Гӯянд, замоне Шайх Ваҷиҳуддин Муҳаммад ибни Ҳасан (падари Хоҷа), ки аз бузургон ва донишварони Эронзамин буда ва дар рустои Ҷаҳруд зиндагӣ мекард (1), ба ҳамроҳи хонавода ба Машҳад барои зиёрат озим шуд ва пас аз зиёрат, дар ҳангоми бозгашт, ба иллати бемории ҳамсараш, дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Тӯс маскан гузид. Ӯ пас аз чанде, ба дархости аҳолии маҳал илова бар иқомаи намози ҷамоат дар масҷид, ба тадрис дар мадрасаи илмия машғул шуд. Дар субҳгоҳи 11-ум ҷамодиулулои соли 597 ҳ.қ, ба ҳангоми тулӯи офтоб, аз ӯ дурахшандатарин чеҳраи ҳикмат ва риёзӣ дар қарни ҳафтум по ба арсаи вуҷуд ниҳод.

Падар навзодро, ки севвумин фарзандаш буд, Муҳаммад номид. Ӯ баъдҳо кунияаш Абӯҷаъфар гашта, ба лақабҳое чун Насриддин, Муҳаққиқи Тӯcӣ, Устодул-башар ва Хоҷа шӯҳрат ёфт.

* * *

Таҳсил

Айёми кӯдакӣ ва навҷавонии Муҳаммад дар шаҳри Тӯс сипарӣ шуд. Вай дар ин айём пас аз хондану навиштан, қироати Қуръон, қоидаҳои забони арабӣ ва форсӣ, маъонӣ ва баён ва ҳадисро назди падари хеш омӯхт.

Модараш низ вайро дар хондани Қуръон ва мутуни форсӣ кӯмак мекард. Пас аз он ба тавсияи падар, назди доияш Нуруддин Алӣ ибни Муҳаммад, ки аз донишмандони номвар дар риёзиёт, ҳикмат ва мантиқ буд, ба фарогирии он улум пардохт.

Аташи илмии Муҳаммад дар назди доияаш чандон бартараф нашуд ва бад-ин сабаб бо роҳнамоии падар дар маҳзари Камолуддин Муҳаммади Ҳосиб, ки аз донишварони номӣ дар риёзиёт буд, ба таҳсил пардохт, аммо ҳанӯз чанд моҳе нагузашта буд, ки устод қасди сафар кард, ва овардаанд, ки вай ба падари ӯ чунин гуфт: “Ман он чи медонистам, ба ӯ (Хоҷа Насир) омӯхтам ва акнун суолҳое мекунад, ки гоҳ посухашро намедонам.”

Пас аз чанде, он навҷавони саодатманд аз файзи вуҷуди устод бебаҳра шуда буд, доии падараш Насируддин Абдуллоҳ ибни Ҳамза, ки табаҳҳури вежае дар улуми риҷол, дироя ва ҳадис дошт, ба Тӯс омад ва Муҳаммад, ки ҳар лаҳза аташи илмияш афзун мегардид, дар назди ӯ ба касби улум пардохт. Гарчи ӯ муваффақ ба фарогирии матолиби ҷадиде аз устод нашуд, аммо ҳушу истеъдоди вофираш, шигифтӣ ва таъаҷҷуби устодро барангехт ба гунае, ки ба ӯ тавсия кард, то ба манзури истифодаҳои илмии бештар, ба Нишопур муҳоҷират кунад.

Ӯ дар шаҳри Тӯс ва ба дасти устодаш Насируддин Абдуллоҳ ибни Ҳамза, либоси муқаддаси олимони динро бар тан кард ва аз он пас ба лақаби Насируддин аз сӯи устод ифтихор ёфт.

Дар охирин рӯзҳое, ки Насируддини ҷавон барои сафар ба Нишопур омода мешуд, ғами аз даст додани падар, бар вуҷудаш соя афканд, аммо тақдир чунин буд ва ӯ мебоист бо таҳаммули он андӯҳи ҷонкоҳ ба таҳсил идома диҳад. Дар ҳоле, ки як сол аз фавти падараш мегузашт, ба Нишопур пой ниҳод ва ба тавсияи доии падар, ба мадрасаи Сироҷия рафт ва муддати як сол назди Сироҷуддини Қамарӣ, ки аз устодони бузурги дарси хориҷи фиқҳу усул дар он мадраса буд, ба таҳсил пардохт. Сипас дар маҳзари устод Фаридуддини Домоди Нишопурӣ (аз шогирдони Имом Фахри Розӣ) китоби “Ишорот”-и Ибни Синоро фаро гирифт.

Пас аз мубоҳисоти илмии мутаъаддиди Фаридуддин бо Хоҷа, алоқа ва истеъдоди фавқулъодаи Хоҷа нисбат ба донишандӯзӣ намоён шуд ва Фаридуддин ӯро ба яке дигар аз шогирдони Фахри Розӣ муаррифӣ кард ва бад-ин тартиб Насируддини Тӯcӣ тавонист китоби “Қонун”-и Ибни Синоро назди Қутбуддини Мисрии Шофеӣ ба хубӣ биёмӯзад. Вай, илова бар китобҳои фавқ, аз маҳзари орифи маъруфи он диёр Аттори Нишопурӣ (вафотёфтаи 627) низ баҳраманд шуд.

Хоҷа, ки дар он ҳол соҳиби улуми арзишманде гашта ва ҳамвора ба дунболи касби улуму фунуни бештар буд, пас аз хӯшачинии фаровон аз хирмани пурбори донишмандони Нишопур, ба Рай шитофт ва бо донишвари бузурге ба номи Бурҳонуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Алии Қазвинӣ ошно гашт. Ӯ сипас қасди сафар ба Исфаҳон кард, аммо дар байни роҳ, пас аз ошноӣ бо Майсам ибни Алии Майсами Баҳронӣ, ба даъвати ӯ ва ба манзури истифода аз дарси Хоҷа Абуссаодот Асъад ибни Абдулқодир ибни Асъади Исфаҳонӣ ба шаҳри Қум рӯ кард.

Муҳаққиқи Тӯcӣ пас аз Қум ба Исфаҳон ва аз он ҷо ба Ироқ рафт. Ӯ илми фиқҳро аз маҳзари Муъинуддин Солим ибни Бадрони Мисрии Мозинӣ (аз шогирдони Ибни Идриси Ҳиллӣ ва Ибни Зуҳраи Ҳалабӣ) фаро гирифт. Ва дар соли 619 ҳ.қ. аз устоди худ иҷозаи нақли ривоят дарёфт кард.

Он гуна ки навиштаанд, Хоҷа муддати замоне аз Алломаи Ҳиллӣ фиқҳ, ва Аллома низ дар муқобил, дарси ҳикмат назди Хоҷа омӯхтааст.

Камолуддини Мавсилӣ, сокини шаҳри Мавсили Ироқ, аз дигар донишмандоне буд, ки илми нуҷум ва риёзӣ ба Хоҷа омӯхт ва бад-ин тартиб Муҳаққиқи Тӯcӣ даврони таҳсилро пушти сар ниҳода, пас аз солҳо дурӣ аз ватан ва хонавода, қасди азимат ба Хуросон кард. (2)

* * *

Хадамоти арзанда

Исмоилиён фирқае аз шиъён буданд, ки Исмоил фарзанди Имом Содиқ (а)-ро ҷонишини он ҳазрат дониста, бар ӯ таваққуф карданд. Ин гурӯҳ пас аз муддатҳо дар соли 483 ҳ.қ. ба дасти Ҳасани Саббоҳ дар Эрон равнақе дубора ёфтанд ва пас аз чанде, гароишҳои шадиди сиёсӣ пайдо карда, фаъолиятҳои худро густариш доданд. Қалъаи Аламут дар ҳаволии Қазвин пойтахти онон буд ва илова бар он қалъаҳои мутаъаддид ва устуворе доштанд, ки ҷойгоҳи амне барои муборизони сиёсӣ ба шумор мерафт ва дастёбӣ бар онҳо бисёр сахт буд. (3)

Хоҷа Насируддин пас аз чанд моҳ сукунат дар Қоин, ба даъвати Носируддин Абдурраҳим ибни Абӯмансур, ки ҳокими қалъаи Қаҳистон буд ва низ марде фозил ва дӯстдори фалосифа буд, ба ҳамроҳи ҳамсараш ба қалъаи Исмоилиён даъват шуд ва муддате озодона ва бо эҳтироми вежа дар он ҷо зиндагӣ кард. Ӯ дар муддати иқомати худ, китоби “Таҳзилу-ахлоқ” (ё Аттаҳора) таълифи Ибни Мискавайҳро ба дархости мизбонаш ба забони форсӣ тарҷума кард ва номи онро “Ахлоқи Носирӣ” ниҳод. Вай дар ҳамин айём “Рисолаи Муъиния” дар мавзӯъи илми ҳайъат ба забони форсӣ нигошт.

Пас аз чанде, Хоҷа ба қалъаи Аламут мунтақил шуд ва ҳокими қалъа, ки аз дониши Муҳаққиқи Тӯcӣ иттилоъ пайдо карда буд, бо ӯ рафтори муносиб дар пеш гирифт.

Насируддини Тӯcӣ ҳудуди 26 сол дар қалъаҳои Исмоилиён ба сар бурд, аммо дар ин даврон лаҳзае аз талоши илмӣ бознанишаст ва китобҳои мутаъаддиде аз ҷумла “Шарҳи Ишороти Ибни Сино”, “Таҳрири Уқлидус”, “Тавалло ва табарро” ва чанд китоб ва рисолаи дигарро таълиф кард. Хоҷа дар поёни китоби “Шарҳи Ишорот” менависад:

Бештари матолиби онро дар чунон вазъи сахте навиштаам, ки сахттар аз он мумкин нест ва бештари онро дар рӯзгори парешонии фикр нигоштам, ки ҳар ҷузъе аз он, зарфе барои ғусса ва азоби дарднок буд ва пушаймонӣ ва ҳасрати бузурге ҳамроҳ дошт. Ва замоне бар ман нагузашт, ки аз чашмонам ашк нарезад ва дилам парешон набошад ва замоне пеш намеомад, ки дардҳоям афзун нагардад ва ғамҳоям дучандон нашавад…” (4)

Аз он ҷо, ки вуҷуди Исмоилиён ҳокимият ва қудрати сиёсии муғулонро ба хатар меандохт, Ҳалокухон дар соли 651 ҳ.қ. бо эъзоми лашкаре ба Қаҳистон, он ҷоро фатҳ кард. Ҳокими қалъа пас аз машварат бо Хоҷа Насир, илова бар таслими комили қалъа, аз муғулон итоат кард ва бад-ин сон Хоҷа Насир бузургтарин гомро дар ҷилавгирӣ аз ҷангу хунрезӣ ва қатли омми мардум бардошта, аз ин рӯ назди хони муғул эҳтиром ва мавқеияти вежае ёфт. (5) Ҳалокухон ҳамчунин дар фатҳи Бағдод, аз назарҳои Хоҷаи Тӯcӣ баҳра гирифт. (6)

Мақоми илмӣ ва арзиши фикрии Насируддини Тӯcӣ мӯҷиб шуд, то Ҳалоку ӯро дар шумори бузургони худ дониста, нисбат ба ҳифзу ҳиросат аз ҷони вай кӯшо бошад. Хоҷа, ки дар он айём дорои мақом ва соҳиби нуфуз шуда буд, аз мавқеият истифода кард ва хадамоти бисёре ба фарҳанги ислом ва кишварҳои мусалмон раво дошт, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

1) Анҷоми корҳои илмӣ ва фарҳангӣ ва нигориши китобҳои арзишманд;

2) Ҷилавгирӣ аз ба оташ кашидани китобхонаи бузурги Ҳасани Саббоҳ дар қалъаи Аламут ба дасти муғулон;

3) Наҷоти ҷони донишмандон ва уламое ҳамчун Ибни Абилҳадиди Мӯътазилӣ (шореҳи “Наҳҷул-балоға”) ва бародараш Муваффақуддавла ва Атомалики Ҷувайнӣ, ки бераҳмона мавриди ғазабу хашми муғулон қарор гирифта буданд;

4) Ҷазбу ҳал шудани қавми муғул дар фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ба дасти Хоҷа, ба гунае ки мӯҷиб шуд муғулон ба ислом рӯй оваранд ва аз соли 694 ҳ.қ. исломро дини расмии худ эълом бикунанд;

5) Ҷилавгирӣ аз таҳоҷуми онон ба кишварҳои мусалмон;

6) Таъсиси расадхонаи Мароға дар соли 656 ҳ.қ. бо ҳамкории ҷамъе аз донишмандон;

7) Эҳдос ва таҷҳизи китобхонаи бузурги расадхона дар Мароға.

* * *

Шогирдон

Насриддини Тӯcӣ дар шаҳрҳо ва кишварҳои мухталиф рафту омад мекард ва ҳамчун хуршеди тобон нурафшонӣ карда, шогирдони бисёреро фурӯғи дониш мебахшид. Бархе аз онон ба ин қарор аст:

1) Ҷамолуддин Ҳасан ибни Юсуфи Мутаҳҳари Ҳиллӣ (Алломаи Ҳиллӣ). Ӯ аз донишварони бузург буд, ки осори гаронсанге аз худ ба ҷой ниҳод. Вай шарҳҳое низ бар китобҳои Хоҷа нигошт;

2) Камолуддин Майсам ибни Алӣ ибни Майсами Баҳронӣ. Ӯ ҳаким, риёзидон, мутакаллим ва фақеҳ буд ва олимони бузурге аз маҳзараш истифода карданд. Вай гарчи дар риштаи ҳикмат зонуи адаб ва шогирдӣ дар муқобили Хоҷа бар замин зад, аз он сӯ Хоҷа аз дарси фиқҳи вай баҳраманд шуд. Ин муҳаққиқи баҳрайнӣ шарҳи муфассале бар “Наҳҷул-балоға” навишта, ки ба Шарҳи Наҳҷул-балоғаи Ибни Майсам маъруф аст;

3) Маҳмуд ибни Масъуд ибни Муслиҳи Шерозӣ маъруф ба Қутбуддини Шерозӣ. Ӯ аз шогирдони мумтози Хоҷа аст, вай дар чаҳордаҳсолагӣ ба ҷойи падар нишаст ва дар бемористон ба табобат пардохт. Сипас ба шаҳрҳои мухталифе сафар кард ва илми ҳайъат ва “Ишорот”-и Абӯалиро аз маҳзари пурфайзи Хоҷа Насир фаро гирифт. Қутбуддин китобҳое дар шарҳи “Қонун”-и Ибни Сино ва дар тафсири Қуръон навиштааст;

4) Камолуддин Абдурраззоқи Шайбонии Бағдодӣ. Ӯ ҳанбалимазҳаб ва маъруф ба Ибнул-Футӣ буд. Ин донишманд муддати зиёде дар маҳзари Хоҷа илм омӯхтааст. Вай аз таърихнависони маъруфи қарни ҳафтум аст.

8) Сайид Рукнуддини Астарободӣ. Аз шогирдон ва ҳамроҳони хосси Хоҷа буда ва шарҳҳое бар китобҳои устоди хеш навишта ва илова бар тавозӯъ ва бурдборӣ, аз эҳтироме афзун бархӯрдор будааст. Вай дар Табрез ба хок супурда шудааст… ва бархе дигар аз шогирдон.

* * *

Осори мондагор

Насируддин дар даврони ҳаёти арзишманди хеш, ба рағми ошӯбу ҳаводиси мухотираангез ва фишорҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомии он аср, тавонист ҳудуди 190 китоб ва рисолаи илмӣ дар мавзӯъоти мутафовит ба риштаи таҳрир дароварад. Бархе аз осораш иборатанд аз:

1) Таҷридул-эътиқод;

2) Шарҳи Ишороти Бӯалӣ;

3) Қавоиъдул-ақоид;

4) Ахлоқи Носирӣ;

5) Авсофул-ашроф;

6) Таҳрири Уқлидус;

7) Таҳрири Маҷастӣ;

8) Асосул-иқтибос;

9) Зиҷи Илхонӣ;

10) Исботул-ҷавоҳир… ва ғайра.

* * *

Вафот

Хоҷа дар соли 672 ҳ.қ дар Бағдод реҳлат намуд ва бино бар васияти худаш, дар шаҳри Козимайн мадфун гашт.

* * *

Пайванд:

1) Фавоиди разавия, с.603.

2) Равзотул-ҷаннот, ҷ.6, с.582.

3) Ҳамон, с.170-174.

4) Шарҳи Ишорот, ҷ.2, с.146.

5) Ҷомеут-таворих, ҷ.2, с.695.

6) Саргузашт ва ақоиди фалсафии Хоҷа Насируддини Тӯcӣ, с.52.

Реклама


Рубрики:Машоҳир

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: