Ибни Сино ва тамошои “сериалҳо”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар нимаи дуввуми қарни 20-ум, ки ҳунари синамо дар ҷаҳон равнақ пайдо кард, сохтани сериалҳо ҳам шурӯъ шуд, ибтидо ин сериалҳо ғолибан аз 10 қисмат таҷовуз намекарданд, аммо рафта-рафта бар теъдоди онҳо афзуда шуд ва дар охирҳои қарни 20-ум ва дар қарни 21, сериалҳое сохта шуданд, ки гуфта мешавад, баъзе аз онҳо то 800 қисмат ҳам ҳастанд.

Ахиран, дар гузорише дар пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ хондам, ки ин авохир, дар кишвари мо бисёре аз шаҳрвандон ба тамошои сериалҳо муътод шудаанд ба ҳадде, ки яке аз онҳо дар гуфтугӯ бо ин пойгоҳ гуфтаст, ки “мебинаму сер намешавам.”

Бале, мебинед ва сер намешавед, ва ҳаргиз ҳам сер нахоҳед шуд. Чаро? Зеро ин хоссияти қувваи хаёл дар инсон аст, ки вақте шумо беш аз ҳадд таҳти таъсири ин қувва қарор гиред, шуморо ба мавҷуде табдил хоҳад кард, ки аз олами воқеият ба куллӣ бурида шуда ва дар олами хаёл зиндагӣ хоҳед кард, ва зиндагӣ дар олами хаёл, худаш навъе лаззатовар аст.

Ин ки унвони ин навишторро “Ибни Сино ва тамошои сериалҳо” гузоштам, далел дорад. Ва он ин ки: агар имрӯз миёни мо Абӯалӣ ибни Сино, он донишманд ва файласуфи беназири таърих мебуд ва дар баробари ин ҳолат яъне эътиёд ва гирифтории мардум ба тамошои сериалҳо қарор мегирифт, чӣ мегуфт ва чӣ мекард?

Пеш аз он, холӣ аз фоида нест муқаддимаеро бароятон баён бидорам:

Инсон, дорои се қувваи идрокӣ аст: ҳиссӣ, хаёлӣ ва ақлӣ. Инсон, ба воситаи қувваи ҳиссӣ, ноил ба идроки ҳар он чи мебинад ё мешунавад ё мебӯяд ё меламсад ва ё мечашад мегардад. Масалан, вақте шумо чашмонатонро боз менамоед, манзарае аз олами хориҷ дар пешатон намоён мешавад, ки номи онро “дидан” меномед. “Дидан” (ё шунидан ё ламсидан ё чашидан ё бӯидан) кори қувваи ҳиссӣ аст.

Идроки ҳиссӣ пас аз он ки аз байн рафт, асаре аз худ дар зеҳн боқӣ мегузорад, ва ё ба таъбири фалсафӣ, пас аз пайдоиши сурати ҳиссӣ, сурати дигаре дар қувваи дигаре — ки онро “хаёл” меноманд — пайдо мешавад ва ҳар вақт инсон бихоҳад, он суратро метавонад пеши худ биёварад.

Инсон, ба воситаи қувваи хаёл, метавонад дар суратҳои боқимонда дар зеҳнаш дахлу тасарруфоте намояд. Масалан, агар шумо як гов ва як инсон ва як харгӯш дидаед ва ин суратҳо дар зеҳни шумо нақш бастаанд, ба воситаи қувваи хаёл метавонед як мавҷуди аҷибу ғарибе дар зеҳни худ бисозед, ки назираш дар олами воқеъ нест, масалан, як инсони шохдоре дар зеҳни худ бисозед, ки дорои гӯшҳои дароз ва дум аст. Яъне шоху думи говро, ки дар гов дида будед ва низ гӯшҳои дароз, ки дар харгӯш дида будед, ба инсон мечаспонед. Кори қувваи тахайюл ва ё хаёл ҳамин аст.

Аммо ғайр аз ин ду қувва, инсон дорои як қувваи идрокии дигаре аст, ки номи онро “қувваи оқила” (ё нерӯи таъаққул) меноманд. Тавзеҳ он ки: зеҳни инсон пас аз идроки чанд сурати ҷузъӣ, қодир аст як маънои куллӣ бисозад. Масалан, пас аз он ки шумо Аҳмад, Шокир, Саъид ва Каримро дидед, илова бар сифоти хусусии ҳар як аз ин афрод, ба порае аз сифоти муштарак низ ноил мешавед, мисли мафҳуми “инсон”. Яъне шумо мафҳуми “инсон”-ро, ҳам дар Шокир меёбед, ҳам дар Аҳмад, ҳам дар Саъид ва ҳам дар Карим. Ин навъ аз идрокро “таъаққул” ё “идроки куллӣ” меноманд. Кори қувваи оқила, идроки куллиёт аст. Инсон ба воситаи қувваи оқила, метавонад додаҳои зеҳнии худро таҷзия ва таҳлил намояд, байни онҳо муқоиса анҷом бидиҳад ва ғайра… Қувваи оқила махсуси инсон аст, ҳайвонот аз ин қувва маҳруманд, ҳайвонот фақат метавонанд суратҳои ҷузъиро идрок намоянд.

Илм, зоидаи қувваи оқила аст. Бинобар ин, ба ҳамон андоза, ки қувваи оқилаи инсон нерӯмандтар бошад, дар илму дониш ҳам нерӯмандтар аст, ва баръакс ҳамон андоза, ки инсон дар ноҳияи қувваи оқила заъиф бошад, дар илму дониш ҳам заъиф хоҳад буд.

* * *

Ҳоло баргардем ба мавзӯи аслиамон. Аз назари Ибни Сино (ва соири фалосифа), одамӣ ҳар андоза, ки таҳти таъсиру тасхири қувваи хаёл қарор бигирад, ба ҳамон андоза қувваи оқилаи ӯ тазъиф хоҳад шуд ва рафта-рафта тавоноии таъаққули саҳеҳро аз даст хоҳад дод. Ба ҳамин хотир аст, ки Ибни Сино (ва низ соири фалосифа), шогирдони худро аз хондани достону ҳикоятҳои хаёлӣ ва ғайривоқеӣ — ки фақат ба манзури ишбоъи қувваи хаёлии инсон навишта шуда ва хаёли инсонҳо аз онҳо лаззат мебарад – ба шиддат барҳазар медоштанд.

Вақте шумо коратон шабӯ рӯз тамошои сериал бошад, шумо нохудогоҳ ва бидуни он ки худатон мутаваҷҷеҳ бошед, хештанро вориди он олам месозед ва рафтору атворатон ба тадриҷ иваз мешавад ва аз олами воқеъ бурида шуда ва дар олами хаёл зиндагӣ хоҳед кард. Аҳёнан, кор то ба ҷоҳое мерасад, ки ҳамму ғамматон фақат сарнавишти қаҳрамони сериале, ки тамошояш мекунед мешавад ва гоҳе ҳатто ба хотири он қаҳрамон, бо одамҳои воқеӣ мисли зану бачча ва ҳамсаратон қаҳр мекунед.

Ман ёдам ҳаст, дар солҳои 90-ум, вақте як сериали мексикӣ дар телевизиюн пахш мешуд ва хурду калон тамошояш мекарданд, ҳаводиси дилхароше дар шаҳри мо ба вуқӯъ пайваста буд, аз ҷумла манзили яке аз касоне, ки мешиносамаш, куллан сӯхт ва ба бод рафт. Моҷаро аз ин қарор буд, ки тамоми аҳли хонвода машғули тамошои он сериал будаанд ва ошпазхона оташ мегирад ва касе ҳам мутаваҷҷеҳ намешавад, сипас манзил куллан оташ мегирад ва месӯзад. Ва ё дар бемористон, пизишкҳо ва куллан персонали бемористон машғули тамошои он сериал будаанд ва чанд бемор ҳам мемирад, ва ғайра аз ин гуна ҳаводиси дилхарош… Ва низ ёдам ҳаст, дар яке аз барномаҳои телевизиюнӣ як пиразани рус, ки пояш ба гӯр расида ва муътоди тамошои сериали мексикӣ гардида будааст, гуфт, ҳар чи пул дорад медиҳад, то қабл аз мурдан, кулли қисматҳои ин сериалро нишон бидиҳанд ва ӯ намурда бибинад.

Албатта, як вақт суитафоҳум пеш наояд, нигоранда дар ин ҷо дар мақоми нафйи куллии сохтани филму сериалҳо нестам, ҳаргиз! Агар қарор аст филме (ва ё ҳатто сериале) тамошо кунед, бояд филмеро бибинед, ки қувваи оқилаи шуморо таҳрик бикунад ва шуморо водор ба таъаққул намояд. Ҳунари синамо ҳунари бисёр арзишманде аст; дуруст мисли ҳунари шеър ва ё нависандагӣ. Дар қадим, синамо, ки набуд, ин шеър ва румону достонҳо буд, ки кори синаморо дар он замонҳо адо мекарданд. Аз ин назар, ҳамон тавре, ки шеър ва достоне сутуданӣ аст, ки аввалан, қувваи оқилаи моро ба таҳрик дароварад, ва сониян, воқеиятҳои зиндагиро инъикос намоянд, ҳамин тавр филме писандида аст, ки инсонро водор ба таъаққул намояд ва воқеиятҳоро мунъакис созад.

Аммо ин сериалҳое, ки дар 30-40 соли ахир сохта шуда ва мешаванд, аввалан бештарашон дурӯғанд (ҳатто сериалҳои ба номи таърихӣ ҳам саропо дурӯғанд), ва сониян, инъикоскунандаи воқеиятҳои зиндагӣ нестанд, ва солисан, дарсеро барои инсонҳо дарбар надоранд. Ҳама сохта шудаанд, то инсон аз ноҳияи қувваи хаёл лаззат бибирад, дигар ҳеч.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: