Шарҳи Маснавӣ (254)

Гардонидани Умар разияллоҳу анҳу назари ӯро аз мақоми гиря, ки ҳастӣ аст ба мақоми истиғроқ (4)

* * *

Чун тақозо бар тақозо мерасад,

Мавҷи он дарё бад-ин ҷо мерасад.

Вақте ки аз мартибаи кулл, тақозо пай дар пай мерасад, мавҷи он дарёи ҳақиқат ба ин олами сурат мерасад.

Нукта: Ҳамон гуна ки гуфта шуд, дар мутуни ирфонӣ, Ҳақро ба дарё ташбеҳ кардаанд ба воситаи бекаронӣ ва инбисоти дарё, ва низ таҷаллиёт ва зуҳуроти ҳазрати Ҳақро ба амвоҷи дарё монанд донистаанд. Зеро дарё дамодам амвоҷеро зоҳир мекунад ва маҳв месозад ва дубора амвоҷе нав аз роҳ мерасанд, ва ин таҷаллиёт бардавом аст. Шабистарӣ мегӯяд:

Ҳазорон мавҷ хезад ҳар дам аз вай,

Нагардад қатрае ҳаргиз кам аз вай.

Яъне касрати таҷаллиёт ва инбисоти баҳри ҳастӣ ба навъе аст, ки ҳар дам ва ҳар лаҳза ва ҳар соат, ҳазорон мавҷ аз ин баҳр зоҳир мешавад ва ҳаргиз як қатра аз он дарё кам намегардад ва нуқсон намеёбад. (Шарҳи Гулшани роз, с.451-452)

Чунки қиссай ҳоли пир ин ҷо расид,

Пиру ҳолаш рӯй дар парда кашид.

Вақте ки достони ҳоли пири чангӣ ба ин ҷо расид, пир рӯй дар пардаи фано ва истиғроқ кашид.

Пир доманро зи гуфтугӯ фишонд,

Нимгуфта дар даҳони мо бимонд.

Пири чангӣ доманашро аз гуфтугӯ афшонд, яъне худро аз мартибаи гуфтугӯ халос кард, ва аз васфи ӯ нимгуфта дар даҳони мо монд, яъне бо забони мо андаке ва ё миқдоре аз қиссаи ӯ гуфта шуд.

Доман аз чизе афшондан: киноя аз дур рехтан ва сарфи назар кардан.

Аз пайи ин айшу ишрат сохтан

Садҳазорон ҷон бишояд бохтан.

Аз барои фароҳам кардани ин айшу ишрати маънавӣ, ки пири чангӣ бад-он расид, шоиста аст, ки садҳо ҳазор ҷон фидо шавад.

Дар шикори бешаи ҷон боз бош,

Ҳамчу хуршеди ҷаҳон ҷонбоз бош.

Дар шикори бешаи ҷон, ҳамчун бози шикорӣ бош, ва монанди хуршеди ҷаҳон ҷонбозӣ кун.

Нукта: Барои касби мақомоти баланди руҳӣ ва малакутӣ, бояд ҳамчун шоҳинҳои баландпарвоз ва тезчанги фазои маърифат ва ҳақиқат буд, ва монанди хуршеди ҷаҳонафрӯз барои нур бахшидан ба манзумаҳои худ, аз хештан гузашт ва худро мустаҳлак намуд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.672)

Акбарободӣ гӯяд: “Ҷонфишонии хуршед иборат аз ифозаи нур аст, ки нури ӯ ба манзилаи ҷон аст.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.165)

Ҷонфишон афтод хуршеди баланд,

Ҳар даме ти мешавад, пур мекунанд.

Хуршеди баландмартиба кораш ҷон нисор кардан аст, ҳар лаҳза аз нуру партави худ холӣ мешавад, вале онро аз партаву анвори аз даст дода моломолаш мекунанд.

Ти мешавад: мухаффафи туҳӣ яъне холӣ.

Нукта: Ҳоҷ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ мегӯяд: “Ҷаҳон ва ҷаҳониён доиман дар ҳоли таҷаддуд ва халъи ҷомаи кӯҳна ва лубси ҷомаи нав ҳастанд.” (Ба нақл аз Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.673)

Ҷон фишон, эй офтоби маънавӣ!

Мар ҷаҳони кӯҳнаро бинмо навӣ.

Эй офтоби маънавӣ! Ҷонатро нисор кун ва ҷаҳони кӯҳна ва пажмурдаро руҳ бибахш ва тоза бисоз.

Дар вуҷуди одамӣ ҷону равон

Мерасад аз ғайб чун оби равон.

Гӯё ин байт дар ҷавоби суоли муқаддаре аст, ки мегӯяд: оё ҷоне, ки акнун маро ҳаёт медиҳад, агар дар роҳи Ҳақ нисораш кунам, фоқиди он мешавам? Дар ҷавоб мегӯяд: дар вуҷуди одамӣ ҷону равон аз олами ғайб монанди оби равону сайёл мерасад. Бинобар ин, ҷони одамӣ ҳамвора дар ҷараёну саялон аст ва манбаи он аз олами ғайб фаварон мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.673)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: