Перейти к содержимому

Ҷӯёи яқин

(Се ҳикояти дарсомӯз аз таърих)

Ҷӯёи яқин

Дар ҳамаи кишвари азими салҷуқӣ, Низомияи Бағдод ва Низомияи Нишопур мисли ду ситораи равшан медурахшиданд. Толибони илм ва ҷӯяндагони биниш, бештар ба яке аз ин ду донишгоҳи азим ҳуҷум меоварданд. Риёсат ва курсии бузурги тадриси Низомияи Нишопур, дар ҳудуди солҳои 450-478 ҳ.қ, ба ӯҳдаи Абулмаъолӣ Имомулҳарамайни Ҷувайнӣ буд. Садҳо нафар донишҷӯи ҷавон дар ҳавзаи тадриси вай ҳозир мешуданд ва менавиштанд ва ҳифз мекарданд. Дар миёни ҳамаи шогирдони Имомулҳарамайн се нафар ҷавони пуршӯру боистеъдод беш аз ҳама ҷалби таваҷҷӯҳ карда ангуштнамо шуда буданд: Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолии Тӯcӣ, Киёҳаросии Табарӣ, Аҳмад ибни Муҳаммади Хавофӣ. Сухани Имомулҳарамайн дар бораи ин се нафар гӯш ба гӯш ва даҳон ба даҳон мегашт, ки: “Ғаззолӣ дарёест маввоҷ, Киё шерест даранда, Хавофӣ оташест сӯзон.”

Аз ин се нафар низ Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ боризтар ва барозандатар менамуд. Аз ин рӯ, чашму чароғи ҳавзаи илмияи Нишопури он рӯз Муҳаммади Ғаззолӣ буд.

Имомулҳарамайн дар соли 478 ҳиҷрӣ вафот кард. Ғаззолӣ, ки дигар барои худ ҳампояе намешинохт, оҳанги хидмати вазири донишманди салҷуқӣ, Хоҷа Низомулмулки Тӯcӣ кард, ки маҳзараш маҷмаъи арбоби фазлу дониш буд. Дар он ҷо низ мавриди эҳтирому муҳаббат қарор гирифт. Дар мубоҳисоту мунозирот, бар ҳамаи ақрон пирӯз шуд. Зимнан курсии риёсати Низомияи Бағдод холӣ шуда буд ва интизори устоде болиёқатро мекашид, ки битавонад аз ӯҳдаи тадриси он ҷо барояд. Ҷои тардид набуд, шахсияте лоиқтар аз ин нобиғаи ҷавон, ки тоза аз Хуросон расида буд, пайдо намешуд. Дар соли 484 ҳиҷрии қамарӣ Ғаззолӣ бо шукӯҳу ҷалоли тамом вориди Бағдод шуд ва бар курсии риёсати донишгоҳи Низомия такя зад.

Олитарин мақомоти илмӣ ва руҳонии он рӯз, ҳамон буд, ки Ғаззолӣ бад-он расид. Бузургтарин донишманди замон ва олитарин марҷаъи дин ба шумор мерафт. Дар масоили бузурги сиёсии рӯз мудохила мекард. Халифаи вақт, Ал-муқтадир Биллоҳ ва баъд аз ӯ Ал-Мустазҳир Биллоҳ барои вай эҳтироми зиёде қоил буданд. Ҳамчунин подшоҳи бузурги Эрон Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазири донишманд ва муқтадири вай Хоҷа Низомулмулки Тӯcӣ нисбат ба ӯ иродате меварзиданд ва камоли эҳтиромро медоштанд.

Хулоса, Ғаззолӣ ба нуқтаи авҷи тараққиёти илмии худ расида буд ва дигар мақоме барои мисли ӯ боқӣ намонда буд, ки эҳроз накарда бошад. Вале дар ҳамон ҳол, ки бар арши сиёдати илмӣ ва руҳонӣ ҷулус карда буд ва дигарон ғибтаи мақоми ӯро мехӯрданд, аз даруни руҳи вай шӯълае, ки каму беш дар ҳамаи даврони умри вай дида мешуд забона кашид, ки хирмани ҳастӣ ва мақому ҷоҳу ҷалоли вайро якбора сӯхт.

Ғаззолӣ дар ҳамаи даврони таҳсили хеш эҳсоси мармузеро дар худ меёфт, ки аз ӯ оромишу яқину итминон мехост, вале ҳисси тафаввуқ ва касби ному шӯҳрату ифтихор маҷоли буруз ва фаъолияти зиёде ба ин ҳисс намедод. Ҳамин ки ба нуқтаи авҷи тараққиёти дунёии худ расид ва ишбоъ шуд, фаъолияти ҳисси кунҷковӣ ва ҳақиқатҷӯии вай оғоз гашт. Ин матлаб бар вай равшан шуд, ки ҷадалҳо ва истидлолоти вай, ки дигаронро иқноъ ва мулзам мекунад, руҳи кунҷкову ташнаи худи ӯро иқноъ намекунад.

Донист, ки таълиму таъаллум ва баҳсу истидлол кофӣ нест, сайру сулуку муҷоҳидату тақво лозим аст. Бо худ гуфт, аз номи шароб мастӣ, ва аз номи нон серӣ, ва аз номи даво беҳбуд пайдо намешавад. Аз баҳсу гуфтугӯ дар бораи ҳақиқат ва саодат низ оромишу яқину итминон пайдо намешавад. Бояд барои ҳақиқат холис шуд ва ин бо ҷоҳу шӯҳрату мақом созгор нест.

Кашмакаши аҷибе дар даруни вай пайдо шуд. Дарде буд, ки ҷуз худи ӯ ва Худои ӯ касе аз он огоҳ набуд. Шаш моҳ ин кашмакаш ба сурати ҷонкоҳе давом ёфт ва ба қадре шиддат кард, ки хобу хӯрок аз вай салб шуд. Забонаш аз гуфтор бозмонд. Дигар қодир ба тадрису баҳс набуд. Бемор шуд ва дар ҷиҳози ҳозимааш ихтилол пайдо шуд. Роҳи чора аз ҳар тараф баста шуда буд.

Ҷуз Худо ва ҳақиқат, додрасе набуд. Аз Худо хост, ки ӯро мадад кунад ва аз ин кашмакаш бираҳонад. Кори осоне набуд. Аз як тараф, он ҳисси мармуз ба шиддат фаъолият мекард, ва аз тарафи дигар чашм пӯшидан аз он ҳама ҷалолу азамату эҳтирому маҳбубият душвор менамуд. То он ки як вақт эҳсос кард, ки тамоми ҷоҳу ҷалолҳо аз назараш соқит шуд.

Тасмим гирифт аз ҷоҳу мақом чашм бипӯшад. Аз тарси мумониъати мардум, изҳор накард ва ба баҳонаи сафари Макка, аз Бағдод берун рафт, вале ҳамин ки миқдоре аз Бағдод дур шуд, роҳи худро ба сӯи Шом ва Байтулмуқаддас баргардонд.

Барои он ки касе ӯро нашиносад ва музоҳими сайри даруниаш нашавад, дар ҷомаи дарвешон даромад. Сайри офоқу анфусро он қадр идома дод, то он чиро, ки мехост, яъне яқину оромиши дарунӣ, пайдо кард. Даҳ сол муддати тафаккуру хилвату риёзати вай тӯл кашид.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз тарҷумаи “Ал-мунқизу миназ-залол”)

* * *

Абӯисҳоқи Собӣ

Абӯисҳоқи Собӣ (Собеӣ) аз фузало ва нависандагони маъруфи қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ аст. Муддате дар дарбори халифаи аббосӣ ва муддате дар дарбори Иззуддавлаи Бахтиёр (аз Оли Буя) муставфӣ (хазонадор, муҳосиб) буд.

Абӯисҳоқ дорои кеши собеӣ буд, ки ба асли тавҳид имон доранд, вале ба асли нубувват мӯътақид нестанд. Иззуддавлаи Бахтиёр саъйи фаровон кард балки битавонад Абӯисҳоқро розӣ кунад, ки ислом ихтиёр кунад, аммо муяссар нашуд. Абӯисҳоқ дар моҳи Рамазон ба эҳтироми мусалмонон рӯза мегирифт, ва аз Қуръони Карим зиёд ҳифз дошт. Дар номаҳо ва навиштаҳои хеш аз Қуръон зиёд иқтибос мекард.

Абӯисҳоқ марде фозилу нависанда ва адибу шоир буд ва бо Сайид Шариф Разӣ — ки нобиғаи фазлу адаб буд — дӯсту рафиқ буданд. Абӯисҳоқ дар ҳудуди соли 384 ҳиҷрӣ аз дунё рафт ва Сайид Разӣ қасидае олӣ дар марсияи вай суруд, ки бахше аз он чунин аст:

أرأيت من حملوا على الأعواد

أرأيت كيف خبا ضياء النادي

جبل هوى لو خر في البحر اغتدى

من وقعه متتابع الإزباد

ما كنت أعلم قبل حطك في الثرى

أن الثرى يعلو على الأطواد

Оё дидӣ, чӣ шахсиятеро рӯи чӯбҳои тобут ҳаракат доданд?

Ва оё дидӣ, чӣ гуна шамъи маҳфил хомӯш шуд?

Кӯҳе фурӯ рехт, ки агар ин кӯҳ ба дарё рехта буд, дарёро ба ҳаяҷон меовард ва сатҳи онро кафолуд месохт.

Ман қабл аз он ки хок, туро дарбар гирад, бовар намекардам, ки хок метавонад рӯи кӯҳҳои азимро бипӯшонад.”

Баъдҳо баъзе аз кӯтаҳназарон Сайидро мавриди маломат ва шамотат қарор доданд, ки касе мисли ту, ки зуррияи Пайғамбар аст, шоиста набуд, ки марде собеимазҳабро, ки мункири шароеъ ва адён буд, марсия бигӯяд ва аз мурдани ӯ изҳор таъассуф кунад.

Сайид гуфт: “Ман ба хотири илму фазлш ӯро марсия гуфтам. Дар ҳақиқат, илму фазилатро марсия гуфтаам.”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Вафаётул-аъён”-и Ибни Халлакон)

* * *

Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат

Савдои ҳақиқат ва расидан ба сарчашмаи яқин, Унвони Басриро ором намегузошт. Таййи масофатҳо кард ва ба Мадина омад, ки маркази интишори ислом ва маҷмаъи фуқаҳо ва муҳаддисин буд. Худро ба маҳзари Молик ибни Анас, муҳаддис ва фақеҳи маъруфи Мадина, расонд.

Дар маҳзари Молик, тибқи маъмул, аҳодисе аз Расули Худо (с) ривоят ва забт мешуд. Унвони Басрӣ низ дар радифи соири шогирдони Молик ба нақлу даст ба даст кардану забти иборатҳои аҳодис ва ба зеҳн супурдани санади онҳо, яъне номи касоне, ки он аҳодисро ривоят кардаанд, саргарм буд, то балки битавонад аташи дарунии худро ба ин васила фурӯ нишонад.

Дар он муддат Имом Содиқ алайҳис-салом дар Мадина набуд. Пас аз чанде, ки он ҳазрат ба Мадина баргашт, Унвони Басрӣ озим шуд, чанде ҳам ба ҳамон тартибе, ки шогирди Молик буда дар маҳзари Имом шогирдӣ кунад. Вале Имом ба манзури ин ки оташи шавқи ӯро тезтар кунад, аз ӯ парҳез кард. Рӯзе ба ӯ фармуд:

— Ман одами гирифторе ҳастам, ба илова азкору авроде дар соатҳои шабонарӯз дорам, вақти моро нагир ва музоҳим набош. Ҳамон тавр, ки қаблан ба маҷлиси дарси Молик мерафтӣ, ҳоло ҳам ҳамон ҷо бирав.

Ин ҷумлаҳо, ки сареҳан ҷавоби рад буд, мисли чаккуше бар мағзи Унвони Басрӣ фуруд омад. Аз худаш бадаш омад. Бо худ гуфт, агар дар ман нуре ва истеъдоде ва қобилияте медид, маро аз худ намеронд. Аз дилтангӣ дохили масҷиди Пайғамбар (с) шуд ва саломе дод ва баъд бо ҳазорон ғаму андӯҳ ба хонаи хеш рафт.

Фардои он рӯз аз хона берун омад ва яксара рафт ба равзаи Пайғамбар (с), ду ракъат намоз хонд ва рӯи дил ба даргоҳи илоҳӣ кард ва гуфт:

— Худоё! Ту, ки молики ҳамаи дилҳо ҳастӣ, аз ту мехоҳам, ки дили Ҷаъфар ибни Муҳаммадро бо ман меҳрубон кунӣ ва маро мавриди инояти ӯ қарор диҳӣ ва аз илми ӯ ба ман баҳра бирасонӣ, ки роҳи рости туро пайдо кунам!

Баъд аз ин намозу дуо бидуни ин ки ба ҷое биравад, мустақиман ба хонаи худаш баргашт. Соат ба соат эҳсос мекард, ки бар алоқа ва муҳаббаташ нисбат ба Имом Содиқ афзуда мешавад. Ба ҳамин ҷиҳат, аз маҳҷурии хеш бештар ранҷ мебурд. Ранҷи фаровон, ӯро дар кунҷи хона маҳбус кард. Ҷуз барои адои фаризаи намоз, аз хона берун намеомад. Чорае набуд, аз як тараф Имом расман ба ӯ гуфта буд, дигар музоҳими ман нашав, ва аз тарафи дигар майлу ишқи даруниаш чунон ба ҳаяҷон омада буд, ки ҷуз як матлуб ва як маҳбуб бештар барои худ намеёфт. Ранҷу миҳнат боло гирифт. Тоқаташ тоқ шуд. Дигар натавонист беш аз ин сабр кунад, кафшу ҷома пӯшида ба дари хонаи Имом Содиқ рафт.

Ходим омад, пурсид:

— Чӣ кор дорӣ?

— Ҳеҷ, фақат мехостам саломе ба Имом арз кунам.

— Имом машғули намоз аст.

Тӯле накашид, ки ҳамон ходим омад ва гуфт:

— Бисмиллоҳ, бифармоед!

Унвон дохили хона шуд, чашмаш, ки ба Имом афтод, салом кард. Имом ҷавоби саломро ба изофаи як дуо ба ӯ дод ва сипас пурсид:

— Кунияат чист?

— Абӯабдуллоҳ.

— Худованд ин кунияро барои ту ҳифз кунад ва ба ту тавфиқ иноят фармояд.

Шунидани ин дуо беҳҷату инбисоте ба ӯ дод, бо худ гуфт, агар ҳеч баҳрае аз ин мулоқот ҷуз ҳамин дуо набарам, маро кофӣ аст. Баъд Имом фармуд:

— Хуб, чӣ коре дорӣ? Ва чӣ мехоҳӣ?

— Аз Худо хостаам, ки дили туро ба ман меҳрубон кунад ва маро аз илми ту баҳраманд созад. Умедворам Худованд дуои маро мустаҷоб фармояд.

— Эй Абӯабдуллоҳ! Маърифати Худо ва нури яқин бо рафту омад ва ин дару он дар задан ва омаду шуд назди ин фарду он фард таҳсил намешавад. Дигаре наметавонад ин нурро ба ту бидиҳад. Ин илм, дарсе нест, нуре аст, ки ҳар гоҳ Худо бихоҳад бандаеро ҳидоят кунад, дар дили он банда ворид мекунад. Агар чунин маърифат ва нуреро хоҳонӣ, ҳақиқати убудият ва бандагиро аз ботини руҳи худат ҷустуҷӯ кун ва дар худат пайдо кун, илмро аз роҳи амал бихоҳ, аз Худованд бихоҳ, ӯ худаш ба дили ту илқо мекунад…”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Ал-куно вал-алқоб”)

* * *

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: