Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (28)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши шашум: маргу мирҳо (1)

Падидаи марг

Яке аз андешаҳое, ки ҳамвора башарро ранҷ додааст, андешаи марг ва поён ёфтани зиндагӣ аст. Одамӣ аз худ мепурсад, чаро ба дунё омадаем ва чаро мемирем? Манзур аз ин сохтану хароб кардан чист? Оё ин кор лағву беҳуда нест? Мансуб ба Хайём аст:

Таркиби пиёлае, ки дар ҳам пайваст,

Бишкастани он раво намедорад маст.

Чандин сару пойи нозанин аз сари даст,

Бар меҳри кӣ пайвасту ба кини кӣ шикаст?

* * *

Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,

Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш.

Ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф,

Месозаду боз бар замин мезанадаш.

* * *

Доранда, ки таркиби табойеъ орост,

Аз баҳри чӣ афкандаш андар каму кост?

Гар нек омад, шикастан аз баҳри чӣ буд?

В-ар нек наёмад ин сувар, айб кирост?

Нороҳатӣ аз марг яке аз иллатҳои пайдоиши бадбинии фалсафӣ аст. Фалосифаи бадбин, ҳаёту ҳастиро беҳадаф ва беҳуда ва орӣ аз ҳар гуна ҳикмат тасаввур мекунанд. Ин тасаввур, ононро дучори саргаштагӣ ва ҳайрат сохта ва аҳёнан фикри худкуширо ба онҳо илқо карда ва мекунад. Бо худ меандешанд, агар бино бар рафтану мурдан аст, намебоист меомадем, ҳоло, ки бидуни ихтиёр омадаем, ин андоза лоақал аз мо сохта ҳаст, ки нагузорем ин беҳудагӣ идома ёбад, поён додан ба беҳудагӣ худ амале хирадмандона аст.

Ва низ мансуб ба Хайём аст:

Гар омаданам ба ман будӣ, н-омадаме,

В-ар низ шудан ба ман будӣ, кай шудаме?

Беҳ з-он набудӣ, ки андар ин олами хок,

На омадаме, на шудаме, на будаме.

* * *

Чун ҳосили одамӣ дар ин шӯристон,

Ҷуз хӯрдани ғусса нест то кандани ҷон.

Хуррам дили он ки з-ин ҷаҳон зуд бирафт,

Осуда касе, ки худ наёмад ба ҷаҳон.

* * *

Бар шохи умед агар баре ёфтаме,

Ҳам риштаи хешро саре ёфтаме.

То чанд зи тангнои зиндони вуҷуд,

Эй кош сӯйи адам раҳе ёфтаме.

* * *

Нигаронӣ аз марг

Пеш аз ин ки масъалаи марг ва ишколеро, ки аз ин ноҳия бар низомоти ҷаҳон эрод мегардад баррасӣ кунем, лозим аст ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунем, ки тарс аз марг ва нигаронӣ аз он, махсуси инсон аст. Ҳайвонот дар бораи марг фикр намекунанд. Он чи дар ҳайвонот вуҷуд дорад, ғаризаи фирор аз хатар ва майл ба ҳифзи ҳаёти ҳозир аст. Албатта майл ба бақо ба маънои ҳифзи ҳаёти мавҷуд, лозимаи мутлақи ҳаёт аст, вале дар инсон, илова бар ин, таваҷҷӯҳ ба оянда ва бақо дар оянда низ вуҷуд дорад. Ба иборати дигар, дар инсон орзуи хулуду ҷовидон мондан вуҷуд дорад ва ин орзу махсуси инсон аст. Орзу фаръ бар тасаввури оянда, ва орзуи ҷовидон мондан, фаръ бар андеша ва тасаввури абадият аст ва чунин андеша ва тасаввуре аз мухтассоти инсон аст. Бинобар ин, тарсу хавфи инсон аз марг, ки ҳамвора андешаи ӯро ба худ машғул медорад, чизе ҷудо аз ғаризаи фирор аз хатар аст, ки аксуламале аст онӣ ва мубҳам дар ҳар ҳайвоне дар муқобили хатарҳо. Кӯдаки инсон низ пеш аз он ки орзуи бақо ба сурати як андеша дар ӯ рушд кунад, ба ҳукми ғаризаи фирор аз хатар, аз хатарот парҳез мекунад.

“Нигаронӣ аз марг” зоидаи майл ба хулуд аст, ва аз он ҷо, ки дар низомоти табиат ҳеч майле газоф ва беҳуда нест, метавон ин майлро далеле бар бақои башар пас аз марг донист. Ин ки мо аз фикри нест шудан ранҷ мебарем, худ далел аст бар ин ки мо нест намешавем. Агар мо монанди гулҳову гиёҳон зиндагии муваққат ва маҳдуд медоштем, орзуи хулуд ба сурати як майли асил дар мо ба вуҷуд намеомад. Вуҷуди аташ, далели вуҷуди об аст. Вуҷуди ҳар майлу истеъдоди асили дигар ҳам, далели вуҷуди камоле аст, ки истеъдоду майл ба сӯи он мутаваҷҷеҳ аст. Гӯӣ ҳар истеъдод, собиқае зеҳнӣ ва хотирае аст аз камоле, ки бояд ба сӯи он шитофт. Орзу ва нигаронӣ дар бораи хулуду ҷовидонагӣ, ки ҳамвора инсонро ба худ машғул медорад, таҷаллиёт ва тазоҳуроти ниҳод ва воқеияти нестинопазири инсон аст. Намуди ин орзуҳо ва нигарониҳо, айнан монанди намуди руъёҳост, ки таҷаллии малакот ва машҳудоти инсон дар олами бедорӣ аст. Он чи дар олами руъё зуҳур мекунад, таҷаллии ҳолате аст, ки қаблан дар олами бедорӣ дар руҳи мо ворид шуда ва аҳёнан русух кардааст. Ва он чи дар олами бедорӣ ба сурати орзуи хулуду ҷовидонагӣ дар руҳи мо таҷаллӣ мекунад, ки ба ҳеч ваҷҳ бо зиндагии муваққати ин ҷаҳон мутаҷонис нест, таҷаллӣ ва тазоҳури воқеияти ҷовидонии мост, ки хоҳ нохоҳ аз “ваҳшати зиндони Сикандар” раҳоӣ хоҳад ёфт ва “рахт бархоҳад баст ва то мулки Сулаймон хоҳад рафт”. Мавлавӣ ин ҳақиқатро бисёр ҷолиб баён карда он ҷо, ки мегӯяд:

Пил бояд, то чу хусбад ӯ ситон,

Хоб бинад хиттаи Ҳиндустон.

Хар набинад ҳеч Ҳиндустон ба хоб,

Хар зи Ҳиндустон накардаст иғтироб.

Ҷони ҳамчун пил бояд нек зафт,

То ба хоб ӯ Ҳинд донад рафт тафт.

Зикри Ҳиндустон кунад пил аз талаб,

Пас мусаввар гардад он зикраш ба шаб.

Ин гуна тасаввурот ва андешаҳо ва орзуҳо нишондиҳандаи он ҳақиқате аст, ки ҳукамо ва урафо онро “ғурбат” ё “адами таҷонус”-и инсон дар ин ҷаҳони хокӣ хондаанд.

* * *

Марг, нисбӣ аст

Ишколи марг аз ин ҷо пайдо шуда, ки онро нестӣ пиндоштаанд, ва ҳол он ки марг барои инсон нестӣ нест, таҳаввул ва татаввур аст, ғуруб аз як нашъа ва тулӯъ дар нашъаи дигар аст. Ба таъбири дигар, марг нестӣ аст, вале на нестии мутлақ, балки нестии нисбӣ, яъне нестӣ дар як нашъа ва ҳастӣ дар нашъаи дигар.

Инсон, марги мутлақ надорад. Марг, аз даст додани як ҳолат ва ба даст овардани як ҳолати дигар аст ва монанди ҳар таҳаввули дигаре фанои нисбӣ аст. Вақте хок табдил ба гиёҳ мешавад, марги ӯ рух медиҳад, вале марги мутлақ нест. Хок, шакли собиқ ва хоссиятҳои пешини худро аз даст дода ва дигар он таҷаллӣ ва зуҳуреро, ки дар сурати ҷамодӣ дошт надорад. Вале агар аз як ҳолату вазъ мурдааст, дар вазъу ҳолати дигаре зиндагӣ ёфтааст.

Аз ҷамодӣ мурдаму номӣ шудам

В-аз намо мурдам, ба ҳайвон барзадам.

Мурдам аз ҳайвониву одам шудам,

Пас чӣ тарсам? Кай зи мурдан кам шудам?

Ҳамлаи дигар бимирам аз башар,

То барорам аз малоик парру сар.

В-аз малак ҳам боядам ҷастан зи ҷӯ,

“Куллу шайъин ҳоликун илло ваҷҳуҳу”.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: