Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (171)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (4)

Муқаддима (4)

Роҳи ҳиссу илм (ё роҳи табиат) — 3

Боз чизи дигаре, ки тавлиди шигифтӣ ва ҳайрат мекунад ин аст, ки селлулҳои (ҳуҷайраҳои) бадан — ки ададашон дар бадани як фард ба милёрдҳо мерасад ва аз адади маҷмӯи афроди башар дар асри ҳозир бештар аст — бо ин ки ҳама аз як аслу реша зодаанд, ҳар дастае коре махсус ба худ анҷом медиҳанд ва ғизои махсус ба худро ҷазб мекунанд. Ҳар селлул аз аъзои мухталифи бадан — мисли устухон, гӯшт, нохун, мӯ, чашм, дандон ва амсоли он — ҳамон ғизоеро ҷазб мекунад, ки ба кори парвариш ва зиндагонии ӯ мехӯрад. Селлулҳо нерӯи интибоқи аҷибе доранд, худро бо шароит ва эҳтиёҷот ҳамоҳанг месозанд.

Дар “Рози офариниши инсон” сафҳаи 61 менависад:

Селлулҳо ногузиранд шаклу ҳайъат ва ҳатто “табиати аслӣ”-и хешро бино ба муқтазаёти муҳит ва эҳтиёҷоте, ки бо он зист мекунанд ва худ ҷузъе аз он ҳастанд, тағйир бидиҳанд ва худро бо он ҳамоҳанг созанд. Ҳар селлуле, ки дар бадани мавҷудоти ҷондор ба вуҷуд меояд, бояд худро омода созад, ки гоҳе ба сурати гӯшт дарояд, гоҳе ба сурати пӯст, гоҳе минои дандонро ташкил диҳад ва гоҳе ашки чашмро, ва гоҳе ба сурати бинӣ дарояд, ва гоҳе ба қолаби гӯш. Дар ин ҳол ҳар селлуле муваззаф аст худро ба ҳамон шаклу кайфияте дароварад, ки барои анҷоми он мусоид аст.”

Аҷоиби назм ва ҳамбастагӣ дар офариниш қобили эҳсо ва иҳота нест, ҳар гӯшаеро бингарем, ҷуз интизому интибоқу ҳамоҳангӣ ва ҷуз осори дахолати қасду амду ирода дар махлуқот намебинем.

Дар “Рози офариниши инсон” сафҳаи 4 менависад:

Далоили боризе, ки нишон медод инсон дар тӯли замон бо табиат интибоқ ёфтааст, имрӯза бо ин назария такмил мешавад, ки табиат ҳам ба навба, худро бо инсон интибоқ додааст.”

Дар сафҳаи 148 менависад:

Вақте ҳаҷми замин ва вазъи онро дар фазо дар назар бигирем ва интибоқоти ҳайратангезеро, ки барои пайдоиши он ба кор рафта аз назар бигузаронем, хоҳем дид, ки агар қарор буд ин интибоқот бар ҳасби тасодуфу иттифоқ пеш биёяд, бархе аз онҳо дар як милюн эҳтимол ба як эҳтимол сурат мегирифт ва маҷмӯи онҳо милёрдҳо эҳтимол ҳам бештар лозим дошт. Ба ҳамин ҷиҳат, пайдоиши замин ва нашъаи ҳаётро дар рӯи он ҳаргиз наметавон бо қонунҳои марбут ба иттифоқу тасодуф татбиқ намуд. Аҷибтар аз интибоқи инсон ба авомили табиат, интибоқи табиат ба инсон аст.”

* * *

Ҳидоят ва роҳёбӣ (1)

Аз ҷумлаи осор ва алоиме, ки дар хилқати мавҷудот мушоҳида мешавад ва далел бар дахолати навъе қасду амду тадбир аст, “роҳёбӣ”-и ашё аст. Ҳар мавҷуде, илова бар организм ва созмони муназзами дохилӣ, аз як нерӯи мармуз бархӯрдор аст, ки ба мӯҷиби он нерӯ, роҳи худро ба сӯи оянда мешиносад. Ба иборати дигар, ашё ва мавҷудот, дар айни ин ки ба ҳасби сохтмони моддӣ ва ҷисмонӣ, кӯру нобино мебошанд, як навъ биниши мармузе онҳоро раҳбарӣ мекунад. Ин биниши мармузро дар моварои сохтмони ҷисмонии ашё бояд ҷустуҷӯ кард. Аммо ин ки моҳияти ин биниши мармуз чист ва чӣ гуна метавонад бошад: оё дар даруни ашё нуҳуфтааст ва ё сад дар сад берунӣ аст, ва ё аз қабили кашиши як нерӯи қавитар аст мавҷудотро ба сӯи камол, ва ба истилоҳи фалосифа, аз қабили таҳрик ва таъсири маъшуқ аст дар ошиқ?, баҳси доманадоре аст, ва ба ҳар ҳол далел ва муайиди вуҷуди қудрати мудаббире аст, ки бар мавҷудот сайтара дорад ва онҳоро тадбир менамояд.

Ин далел, ғайр аз далели назм аст. Далели назм марбут аст ба ташкилот ва созмони моддӣ ва ҷисмонӣ, ва ба иборати дигар, организми ашё. Як дастгоҳи санъатӣ аз қабили автомобил ё соат ё корхонаи порчабофӣ дорои созмон аст, дорои аҷзоъ ва аъзо ва ташаккул аст, ҳар ҷузъе аз аҷзои он шаҳодат медиҳад, ки барои коре сохта шуда ва қасду амде дар сохтмони он ба кор рафтааст, аммо автомобил ё соат ё корхонаи порчабофӣ ва ҳар воҳиди санъатии дигар, аз нерӯи хосси “роҳёбӣ” баҳраманд нест, як робитаи мармуз миёни ӯ ва ҳадафи дастгоҳ вуҷуд надорад, ки ба таври худкор ӯро дар ҷиҳати ҳадафи худ ҳидоят кунад. Бар хилофи воҳидҳои табиӣ, ки чунин аст. Ин ҷо матлаб ниёзманд ба тавзеҳе аст.

Роҳёбии ашё бар ду навъ аст: як навъи он, лозимаи ҷабрии созмони дохилӣ аст, яъне мумкин аст созмон ва ташкилоти дохилии як дастгоҳ ончунон муназзам бошад, ки ба таври худкор роҳеро, ки бояд биравад ва коре, ки бояд бикунад анҷом диҳад. Як дастгоҳи соат ончунон дақиқ сохта мешавад, ки кори худро бидуни як зарра тахаллуф анҷом медиҳад. Як сафинаи фазоӣ ончунон дақиқ ва муназзам сохта мешавад, ки масири худро бидуни инҳироф тай мекунад ва корҳое, ки бояд анҷом диҳад аз қабили аксбардорӣ ва мухобира дақиқан анҷом медиҳад.

Санъати имрӯз бад-ин сӯ пеш меравад, ки мошин ҷои ҳуши инсонро мегирад. Мошинҳисоб дақиқан ҷамъу тафриқу зарбу тақсим мекунад. Як автомобил муҷаҳҳаз аст ба дастгоҳе, ки маҷмӯи масофатеро, ки то кунун тай карда ва дастгоҳе, ки суръати ҳаракати автомобилро нишон медиҳад ва дастгоҳҳое, ки тамом шудани равған ё бензинро эълом мекунад. Дастгоҳи радар, аз пеш вуқӯи хатарро иттилоъ медиҳад. Як дастгоҳи соддаи қутбнамо ҷиҳатро ба тарзи саҳеҳ нишон медиҳад. Ин миқдор аз роҳёбӣ ва кори муназзам, аз маҷмӯи хоссиятҳои физикӣ ва шимиёии ашё истифода ва истинтоҷ мешавад ва лозимаи созмон ёфтани маводд ва ашё ва ҳаракот ва осори онҳост.

Бидуни шак, натиҷаи созмони муназзам ва ташкилоти мураттаб ва ҳисобшуда, кори муназзам ва мураттаб ва ҳисобшуда аст. Ин навъ аз роҳёбӣ аз гузашта ва иллияти фоъилӣ сарчашма мегирад, яъне аз маҷмӯи умуре, ки дорои як силсила хоссиятҳои физикӣ ва шимиёӣ мебошанд, созмоне ба вуҷуд омада ва аҷзои маҷмӯа ба якдигар марбут шудаанд ва лозимаи қаҳрӣ ва натиҷаи ҷабрии маводди ҷамъшуда ба иловаи хоссиятҳое, ки ҳар кадом доранд ва ба иловаи назму иртиботе, ки миёни онҳо барқарор шуда ва онҳоро ба сурати як дастгоҳ дароварда, кори муайян ва роҳпаймоии муназзам аст.

Навъи дигар аз роҳёбӣ, ки дар ашё мушоҳида мешавад он чизест, ки гузашта ва иллияти фоилӣ, яъне назми моддӣ, барои чунин роҳёбӣ кофӣ нест. Он навъ аз роҳёбӣ ҳикоят мекунад аз робитаи мармузе миёни шайъ ва ояндааш ва аз иллияти ғоӣ яъне аз як навъ алоқа ва таваҷҷӯҳ ба ғоят ва ҳадаф.

Ҳаракот ва аъмоли як дастгоҳ то он ҷо, ки марбут ба созмони моддии шайъ аст, қобили пешбинӣ аст, яъне нафси созмони моддӣ ва ташкилоти дохилии шайъ кофист, ки бо иҳота ба онҳо, битавон корҳои онро пешбинӣ кард, зеро метавон робитаи таълифӣ ва таркибии маҷмӯаи маводде, ки дар як дастгоҳ кор гузошта шудааст ва амалҳо ва аксуламалҳои қаҳриро ба даст овард, ва то вақте, ки ҳаракот ва аъмоли як шайъ дар ҳудуди амалҳо ва аксуламалҳои табиии аҷзоъи шайъ аст ва қобили пешбинӣ аст, роҳёбии шайъ натиҷаи қатъии назми созмони ӯст ва далели ҷудогонае ба шумор намеравад.

Аммо агар расид ба марҳилае, ки он шайъ кори хоссе набояд анҷом диҳад, бар сари дуроҳӣ аст, дар айни ҳол он шайъ яке аз он роҳҳо, ки ӯро ба ҳадаф мерасонад “интихоб” мекунад, ин ҷост, ки пойи ҳидояти навъи дуввум ба миён меояд. Пас, мӯҷиботи роҳёбии навъи аввал, дар гузашта ва иллияти фоъилии шайъ ниҳода шудааст, ва мӯҷиботи роҳёбии навъи дуввум, дар иллияти ғоӣ ва ояндаи он шайъ ниҳода шудааст. Дар навъи аввал, шайъ вуҷуб ва зарурати худро аз фоъил касб мекунад, ва дар навъи дуввум аз ғоят, ҳарчанд ба эътиборе аз назари дақиқи фалсафӣ миёни фоъил ва ғоят инфикоке нест.

Акнун бибинем аз чӣ роҳ ва ба чӣ далеле метавонем собит кунем, ки чунин навъ ҳидояте дар ҳамаи мавҷудот ва ё бархе аз онҳо дар кор аст.

Муқаддиматан матлаберо бояд аз Қуръони Карим истифода кунем.

Қуръони Карим зоҳиран аввал китобе аст, ки миёни назми дохилии ашё ва ҳидоят ва роҳёбии онҳо тафкик карда ва онҳоро ба сурати ду далел зикр кардааст, яъне талвеҳан собит кардааст, ки роҳёбии мавҷудот танҳо маълули назму сохтмони моддӣ ва дохилии онҳо нест.

Дар сураи Тоҳо, ояти 50 аз забони Мӯсо (а) нақл мекунад:

قَالَ رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى

Парвардгори мо он аст, ки дар пайкари ҳар мавҷуде он чиро, ки шоиста аст ниҳода ва сипас ӯро дар роҳе, ки бояд биравад ҳидоят кардааст.”

Дар сураи Аъло, ояти 2 ва 3 мефармояд:

الَّذِي خَلَقَ فَسَوَّى. وَالَّذِي قَدَّرَ فَهَدَى

Он ки офарид ва сомон дод ва он ки андозагирӣ намуд ва сипас ҳидоят ва роҳнамоӣ кард.”

Роҷеъ ба ҳидояти ҷамодот мефармояд:

وَأَوْحَى فِي كُلِّ سَمَاء أَمْرَهَا

Ва дар ҳар осмоне кори марбут ба онро ваҳй фармуд…” (Сураи Фуссилат, ояти 12)

Ва дар бораи наботот мефармояд:

وَالنَّجْمُ وَالشَّجَرُ يَسْجُدَانِ

Ва бӯта ва дарахт саҷда кунанд.” (Сураи Раҳмон, ояти 6)

Ва дар бораи ҳайвонот мефармояд:

وَأَوْحَى رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ

Ва Парвардигори ту ба занбӯри асал ваҳй (илҳоми ғаризӣ) кард, ки…” (Сураи Наҳл, ояти 68)

Дар бораи инсон мефармояд:

فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا

Сипас палидкорӣ ва парҳезгориашро ба ӯ илҳом кард.” (Сураи Шамс, ояти 8)

Ва ҳам мефармояд:

وَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِمْ فِعْلَ الْخَيْرَاتِ

Ва ба эшон анҷом додани корҳои некро ваҳй кардем…” (Сураи Анбиё, ояти 73)

Ва дар бораи хусуси паёмбарон мефармояд:

وَمَا كَانَ لِبَشَرٍ أَن يُكَلِّمَهُ اللَّهُ إِلَّا وَحْيًا أَوْ مِن وَرَاء حِجَابٍ

Ва ҳеч башареро нарасад, ки Худо бо ӯ сухан гӯяд, ҷуз аз роҳи ваҳй ё аз фаросӯи ҳиҷобе…” (Сураи Шӯро, ояти 51)

Ба хусус дар бораи Хотами Паёмбарон (с) мефармояд:

فَأَوْحَى إِلَى عَبْدِهِ مَا أَوْحَى

Он гоҳ ба бандааш он чиро бояд ваҳй кунад, ваҳй фармуд.” (Сураи Наҷм, ояти 10)

Акнун бибинем ба чӣ далел ва аз чӣ роҳе метавонем чунин ҳидоятеро дар мавҷудот исбот кунем? Роҳи исботи он, “ибдоъ ва ибтикор” аст. Ҳар ҷо, ки навъе ибтикор дида мешавад, далел бар вуҷуди ҳидояти навъи дуввум аст. Лозимаи ҷабрии сохтмони муназзами моддии ашё, “кори муназзами пешбинишуда” аст, вале ибдоъ ва ибтикор наметавонад маҳсули созмони моддӣ ва ҳаракоти пешбинишуда бошад. Ибдоъ ва ибтикор нишонаи вобастагӣ ба оянда ва адами вобастагии комил ба гузашта аст.

Як мошинҳисоб мумкин аст ончунон муназзам сохта шавад, ки амалиёти ҷамъу тафриқ ва зарбу тақсимро дақиқан анҷом диҳад, яъне назми сохтмонии мошин метавонад чунин хоссиятеро ба вуҷуд оварад, аммо ҳаргиз як мошинҳисоб қодир ба ибдоъ ва ибтикори як қоидаи риёзӣ нест. Ҳамчунин як мошини тарҷума метавонад дақиқан суханон ё навиштаи як нафарро тарҷума кунад, вале ҳаргиз назми дақиқи он мошин қодир ба тасҳеҳи иштибоҳи гӯянда нахоҳад буд.

Исботу нафйи чунин ҳидояте дар ҷамодот андаке душвор аст. Аммо дар наботот ва ҳайвонот ва инсон, яъне он ҷо, ки пойи ҳаёт дар миён аст, душвор нест. Вориди баҳси ҷамодот намешавем, ҳамин қадр мегӯем, ки умумитарин нерӯи ҳоким бар аҷсому аҷроми ҷаҳон нерӯи ҷозиба аст, вале нерӯи ҷозиба чист? Оё нерӯи ҷозиба хоссияти зотии ҷирм аст, назири буъд доштан ва соири хоссиятҳои зарурии ҳандасӣ, ки ғайриқобили инфикок аз аҷрому аҷсом аст, ё ин ки нерӯе аст, ки ба мавҷудот дода шуда ва аҳёнан мумкин аст аҷром аз ин назар бимиранд яъне дар ҳолате фурӯ раванд, ки ин хоссияти танзимкунандаи ҳаракоти онҳо аз миён биравад? Ин матлабе аст, ки нафян ва исботан наметавон ба он посух дод, вале худи Нютон, ки мукташифи ин қонун аст мегӯяд: ман ҳамин қадр медонам, ки робитае миёни аҷром ҳаст, ки ҳамдигарро ба нисбати хосс ва фосила ба сӯи якдигар мекашанд, аҷолатан номи онро “нерӯи ҷозиба” мегузорам, аммо ҳақиқаташ чист, намедонам.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: