Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (29)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши шашум: маргу мирҳо (2)

Дунё, баччадони ҷон

Интиқол аз ин ҷаҳон ба ҷаҳони дигар, ба таваллуди тифл аз раҳими (баччадони) модар бешабоҳат нест. Ин ташбеҳ, аз ҷиҳате норасо, ва аз ҷиҳате дигар расост. Аз ин ҷиҳат норасост, ки тафовути дунё ва охират, амиқтар ва ҷавҳаритар аз тафовути олами раҳим ва беруни раҳим аст.

Раҳим ва беруни раҳим, ҳар ду, қисматҳое аз ҷаҳони табиат ва зиндагии дунё мебошанд, аммо ҷаҳони дунё ва ҷаҳони охират ду нашъа ва ду зиндагианд бо тафовутҳои асосӣ. Вале ин ташбеҳ аз ҷиҳати дигар расост, аз ин ҷиҳат, ки ихтилофи шароитро нишон медиҳад. Тифл дар раҳими модар аз роҳи ноф тағзия мекунад, вале вақте по ба ин ҷаҳон гузошт, он роҳ масдуд мегардад ва аз тариқи даҳон ва лӯлаи ҳозима тағзия мекунад. Дар раҳим, шушҳо сохта мешавад, аммо ба кор намеафтад ва замоне, ки тифл ба хориҷи раҳим мунтақил шавад, шушҳо мавриди истифодаи ӯ қарор мегирад.

Шигифтовар аст, ки ҷанин то дар раҳим аст, кучактарин истифодае аз маҷрои танаффус ва рияҳо намекунад, ва агар фаразан дар он вақт ин дастгоҳ лаҳзае ба кор афтад, мунҷар ба марги ӯ мегардад. Ин вазъ то охирин лаҳзае, ки дар раҳим аст, идома дорад, вале ҳамин ки по ба беруни раҳим гузошт, ногаҳон дастгоҳи танаффус ба кор меафтад ва аз ин соат агар лаҳзае ин дастгоҳ таътил шавад, хатари марг аст.

Инчунин, низоми ҳаёт қабл аз таваллуд, бо низоми ҳаёт баъд аз таваллуд тағйир мекунад. Кӯдак қабл аз таваллуд дар як низоми ҳаётӣ, ва баъд аз таваллуд дар низоми ҳаётии дигар зист менамояд.

Асосан, ҷиҳози танаффус бо ин ки дар муддати таваққуф дар раҳим сохта мешавад, барои он зиндагӣ яъне барои муддати таваққуф дар раҳим нест, як пешбинӣ ва омодагии қаблӣ аст барои давраи баъд аз раҳим. Ҷиҳози босира ва сомеъа ва зоиқа ва шомма низ бо он ҳама вусъат ва печидагӣ, ҳеч кадом барои он зиндагӣ нест, барои зиндагӣ дар марҳилаи баъд аст.

Дунё нисбат ба ҷаҳони дигар, монанди раҳиме аст, ки дар он, андомҳо ва ҷиҳозҳои равонии инсон сохта мешавад ва ӯро барои зиндагии дигар омода месозад. Истеъдодҳои равонии инсон, басотат ва таҷарруд, тақсимнопазирӣ ва суботи нисбии “ман”-и инсон, орзуҳои бепоён, андешаҳои васеъ ва номутаноҳии ӯ, ҳама, созу баргҳое аст, ки мутаносиб бо як зиндагии васеътар ва тавилу аризтар ва балки ҷовидонӣ ва абадӣ аст. Он чи инсонро “ғариб” ва “номутаҷонис” бо ин ҷаҳони фонӣ ва хокӣ мекунад, ҳаминҳост. Он чи сабаб шуда, ки инсон дар ин ҷаҳон ҳолати “най” дошта бошад, ки ӯро аз “найистон” буридаанд, “аз нафираш марду зан биноланд” ва ҳамвора ҷӯёи “синае шарҳа-шарҳа аз фироқ” бошад, то “шарҳи дарди иштиёқ”-ро бозгӯ намояд, ҳамин аст. Он чи сабаб шуда инсон худро “баландназари подшоҳи сидранишин” бидонад ва ҷаҳонро нисбат ба худ “кунҷи миҳнатобод” бихонад ва ё худро “тоири гулшани Қудс” ва ҷаҳонро “домгаҳи ҳодиса” бибинад, ҳамин аст. Қуръони Карим мефармояд:

أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ

Оё гумон бурдед, ки мо шуморо (бо ин ҳама таҷҳизоту созу баргҳо) абас ва беҳуда офаридем ва ғоят ва ҳадафе мутаносиб бо ин хилқат ва ин созу баргҳо дар кор нест ва шумо ба сӯи мо бозгардонда намешавед?” (Сураи Мӯъминун, ояти 115)

Агар инсон бо ин ҳама таҷҳизоту созу баргҳо, бозгаште ба сӯи Худо, ба сӯи ҷаҳоне, ки майдони васеъ ва муносибе аст барои ин мавҷуди муҷаҳҳаз надошта бошад, дуруст мисли ин аст, ки пас аз олами раҳим, олами дунёе набошад ва тамоми ҷанинҳо пас аз поёни давраи раҳим фонӣ гарданд; ин ҳама ҷиҳозоти босира ва сомеъа ва шомма ва мағзу аъсобу рия ва меъда, ки ба кори раҳим намехӯрад ва барои зиндагии гиёҳии раҳим зоид аст, лағву абас офарида шавад ва бидуни истифода аз онҳо раҳсипори адам гардад.

Оре, марг, поёни бахше аз зиндагии инсон ва оғози марҳилае навин аз зиндагии ӯст.

Марг, нисбат ба дунё марг аст ва нисбат ба ҷаҳони пас аз дунё, таваллуд аст; ҳамчунон ки таваллуди як навзод низ нисбат ба дунё таваллуд, ва нисбат ба зиндагии пешини ӯ марг аст.

* * *

Дунё, мадрасаи инсон

Дунё барои башар нисбат ба охират марҳилаи такмил ва омодагӣ аст. Дунё нисбат ба охират, назири давраи мадраса ва донишгоҳ аст барои як ҷавон, дунё ҳақиқатан мадраса ва доруттарбия аст.

Дар “Наҳҷул-балоға”, бахши калимоти қисор, омадааст, ки шахсе омад хидмати амири мӯъминон Алӣ (а) ва забон ба мазаммати дунё гушуд, ки дунё чунин асту дунё чунон, дунё инсонро фиреб медиҳад, дунё инсонро фосид мекунад, дунё дағалбозу ҷинояткор аст, ва аз ин қабил суханон. Ин мард шунида буд, ки бузургон, дунёро мазаммат мекунанд, хаёл карда буд, мақсуд аз мазаммати дунё, мазаммати воқеияти ин ҷаҳон аст, мақсуд ин аст, ки ҷаҳон ба худии худ бад аст, намедонист, ки он чи бад аст, дунёпарастӣ аст, он чи бад аст диди кӯтоҳ ва хости маҳдуд аст, ки бо инсон ва саодати инсон носозгор аст. Алӣ (а) ба ӯ фармуд: ту фиреби дунё мехӯрӣ, дунё туро фиреб намедиҳад, ту бар дунё ҷиноят ворид овардаӣ, дунё бар ту ҷиноят накардааст… То он ҷо, ки фармуд:

Дунё бо касе, ки бо садоқат рафтор кунад, садиқ аст, ва барои касе, ки онро дарк кунад, мояи офият аст; дунё маъбади дӯстони Худо, мусаллои фариштагони Худо, фурудгоҳи ваҳйи Худо, тиҷоратхонаи авлиёи Худост…

Шайх Фаридуддини Аттор ин достонро ба назм оварда мегӯяд:

Он яке дар пеши шери додгар,

Замми дунё кард бисёре магар.

Ҳайдараш гуфто, ки дунё нест бад,

Бад туӣ, зеро ки дурӣ аз хирад.

Ҳаст дунё бар мисоли киштзор,

Ҳам шабу ҳам рӯз бояд кишту кор.

З-он, ки иззу давлати дин сар ба сар,

Ҷумла аз дунё тавон бурд эй писар!

Тухми имрӯзина фардо бардиҳад,

В-ар накорӣ “эй дареғо” бардиҳад.

Гар зи дунё барнахоҳӣ бурд ту,

Зиндагӣ нодида хоҳӣ мурд ту.

Доиман дар ғусса хоҳӣ монд боз,

Кор сахту мард сусту раҳ дароз.

 

Носири Хусрав хитоб ба ҷаҳон мегӯяд:

 

Ҷаҳоно, чӣ дар хӯрду боистаӣ,

В-агар чанд бо кас напоистаӣ.

Ба зоҳир чу дар дида хас, нохушӣ,

Ба ботин чу ду дида боистаӣ.

Агар бастаеро гаҳе бишканӣ,

Шикаста басе низ ҳам бастаӣ.

Чу олудае бинадат олудаӣ,

Ва лекин сӯйи шустагон, шустаӣ.

Касе к-ӯ туро менакӯҳиш кунад,

Бигӯяш: ҳанӯзам надонистаӣ.

Зи ман растаӣ ту агар бихрадӣ,

Чӣ бинакӯҳӣ онро к-аз он растаӣ?

Ба ман бар гузар дод Эзад туро,

Ту дар раҳгузар паст чӣ нишастаӣ.

Зи баҳри ту Эзад дарахте бикишт,

Ки ту шохе аз бехи ӯ ҷустаӣ.

Агар каж бар ӯ растаӣ сӯхтӣ,

В-агар рост баррастаӣ растаӣ.

Бисӯзад кажиҳот чун чӯби каж,

Напурсад, ки бодом ё пистаӣ.

Ту тири худоӣ сӯйи душманаш,

Ба тираш чаро хештан хастаӣ.

 

Қуръони Карим мефармояд:

الَّذِي خَلَقَ الْمَوْتَ وَالْحَيَاةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا

Худо маргу зиндагиро офарида, то биёзмояд, ки кадом як аз шумо дурусткортаред?!” (Сураи Мулк, ояти 2)

Яъне дунё, ки талфиқу таркибе аз мавту ҳаёт аст, озмоишгоҳи некӯкории башар аст.

Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки “озмоиш”-и Худо барои намоён сохтани истеъдодҳо ва қобилиятҳост. Намоён сохтан як истеъдод, ҳамон рушд додан ва такомул додани он аст. Ин озмоиш барои парда бардоштан аз розҳои мавҷуд нест, балки барои феълият додан ба истеъдодҳои нуҳуфта чун роз аст. Дар ин ҷо парда бардоштан, ба эҷод кардан аст. Озмоиши илоҳӣ, сифоти инсониро аз ниҳонгоҳи қувва ва истеъдод ба сафҳаи феълияту камол берун меоварад. Озмоиши Худо таъйини вазн нест, афзоиш додани вазн аст.

Бо ин тавзеҳ равшан мегардад, ки ояти ёдшуда мубайини ҳамин ҳақиқат аст, ки дунё, парваришгоҳи истеъдодҳо ва доруттарбияи инсонҳост.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: