Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (255)

Тафсири дуъои он ду фаришта, ки ҳар рӯз бар сари ҳар бозоре мунодӣ мекунанд, ки “Аллоҳумма аъти кулла мунфиқин халафан, аллоҳумма аъти кулла мумсикин талафан” ва баён кардани он, ки он мунфиқ муҷоҳиди роҳи Ҳақ аст, на мусрифи роҳи ҳаво (1)

* * *

Гуфт пайғамбар, ки: доим баҳри панд

Ду фаришта хуш мунодӣ мекунанд.

К-эй Худоё, мунфиқонро сер дор,

Ҳар дирамшонро иваз деҳ сад ҳазор.

Эй Худоё, мумсиконро дар ҷаҳон

Ту мадеҳ илло зиён андар зиён.

Паёмбар (с) фармуд: “Ду фаришта доиман барои панд додан, нидои хуш мезананд ва ин матлабро нидо мекунанд, ки: Худоё! Инфоқкунандагонро серу бениёз кун ва дар баробари ҳар як дирами инфоқашон сад ҳазор иваз бидеҳ! Худоё! Тангчашмон ва бахилонро дар ҷаҳон чизе мадеҳ магар зиён дар зиён!”

Нукта: Ин байт ишорат аст ба ҳадисе, ки Муслим ва Бухорӣ (ва дигарон) аз Абӯҳурайра (р) ривоят кардаанд, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармуд:

مَا مِنْ يَوْمٍ يُصْبِحُ الْعِبَادُ فِيهِ، إِلاَّ مَلَكَانِ يَنْزِلانِ، فَيَقُولُ أَحَدُهُمَا: اللَّهُمَّ أَعْطِ مُنْفِقًا خَلَفًا، وَيَقُولُ الآخَرُ: اللَّهُمَّ أَعْطِ مُمْسِكًا تَلَفًا

Ҳар рӯзе, ки бандагон субҳ мекунанд, ду фаришта аз осмон нозил мешавад. Яке мегӯяд: Худоё! Ба касе, ки дар роҳи ту инфоқ мекунад, иваз бидеҳ. Ва дигаре мегӯяд: Худоё! Ба касе, ки аз инфоқ худдорӣ мекунад, зарару зиён бирасон!” (Лафз аз Саҳеҳи Бухорӣ)

Мавлоно имсоку инфоқро ду мақулаи сурӣ ва сатҳӣ намебинад, балки ин дуро дар иртибот бо шароит ва муносибати руҳӣ ва иҷтимоӣ қарор медиҳад. Аз ин рӯ, инфоқҳои бемуҳосиба ва нобаҷоро мақбул намедонад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.674) Бинобар ин мегӯяд:

Эй басо имсок, к-аз инфоқ беҳ,

Моли Ҳақро ҷуз ба амри Ҳақ мадеҳ.

Эй басо имсоке, ки аз инфоқ беҳтар ва болотар бошад. Моли Ҳақро набояд дар роҳи ғайри ӯ сарф кунӣ.

То иваз ёбӣ ту ганҷи бекарон,

То набошӣ аз идоди кофирон.

То ин ки аз боргоҳи Ҳақ Таъоло ганҷи бекарон ба даст оварӣ ва аз шумори кофирон маҳсуб нашавӣ ва исрофгар қаламдод нагардӣ.

Идод: шумор.

Нукта: Имом Алӣ (а) фармояд:

الا وان اعطاء المال في غير حقه تبذير واسراف

Бидонед, ки бахшидани нобаҷои мол, исрофу табзир аст.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 126)

К-уштурон қурбон ҳамекарданд, то

Чира гардад теғашон бар Мустафо.

Зеро кофирон низ барои ин ки бар ҳазрати Хатмимартибат (с) дар ҷанги Бадр пирӯз шаванд, рӯзе даҳ шутур қурбонӣ мекарданд.

Амри Ҳақро бозҷӯ аз восиле,

Амри Ҳақро дарнаёбад ҳар диле.

Амри Ҳақро аз он ки восил шуда бипурс, яъне аз муршиди комиле, ки олим бар амри Ҳақ аст талаб кун, зеро амри Ҳақро ҳар диле дарнамеёбад.

Нукта: “Восил” касе аст, ки аз худ раста ва ба Ҳақ пайваста бошад, бинобар ин, “васл” ниҳояти сайри илаллоҳ аст, ки солик мароҳили сулукро ба поён расонда ва аз сифоти башарӣ пок шудааст. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.907) Мавлоно барои инфоқи нобаҷо ду масал мезанад, бад-ин қарор:

Чун ғуломи ёғие, к-ӯ адл кард,

Моли шаҳ бар ёғиёнаш базл кард.

Мисоли аввал, ғуломи исёнгар ва ёғӣ, ки моли шоҳро бар душманони шоҳ базл мекунад, шигифто, ки ин ғуломи нодон ин корро айни адолат мепиндорад.

Ёғӣ: саркаш, нофармон.

Дар нубӣ инзори аҳли ғафлат аст,

К-он ҳама инфоқҳошон ҳасрат аст.

Чунонки Худованд дар Қуръони Карим ғофилону мушриконро таҳдид фармуд, ки: инфоқи онон дар рӯзи растохез самаре ҷуз ҳасрату андӯҳ надорад.

Нубӣ: Қуръони Карим.

Нукта: Дар ояти 36 аз сураи Анфол омадааст:

إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ يُنفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ لِيَصُدُّواْ عَن سَبِيلِ اللّهِ فَسَيُنفِقُونَهَا ثُمَّ تَكُونُ عَلَيْهِمْ حَسْرَةً ثُمَّ يُغْلَبُونَ

Кофирон амволи худро инфоқ мекунанд, то ин ки роҳи Худоро ба рӯи бандагонаш бибанданд. Пас, ба зудӣ молҳошон бар сари ин пиндори ёва биравад ва ҳасраташ бар дили онҳо монад ва он гоҳ мағлуб шаванд.”

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: