Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (172)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (5)

Муқаддима (5)

Ҳидоят ва роҳёбӣ (2)

Аммо дар мавриди ҷондорон: дар кори селлулҳои (ҳуҷайраҳои) ҳаётӣ, чанд навъ кори ибтикорӣ дида мешавад, ки сохтмони мошинии онҳо барои тавҷеҳи он навъ корҳо кофӣ нест. Ё бояд мӯътақид шавем он селлулҳо дорои он қадр ақлу илму шуъуру идроканд, ки худи инсон ба ҳеч ваҷҳ ба пояи онҳо нарасида ва нахоҳад расид, яъне бояд мӯътақид шавем онҳо фикр мекунанд ва мефаҳманд ва мутаъассир мешаванд фақат ҷуссаашон кучак аст. Ва ё бояд мӯътақид шавем, ки як нерӯи мармуз мустақиман онҳоро дар корашон ба шакли дигаре ғайр аз тариқи ақлу идрок раҳбарӣ кардааст.

Дар ин ки як селлули наботӣ ё ҳайвонӣ монанди инсон дастгоҳи ақлу андеша ва таълиму таъаллум надорад ва аз низоме назири низоми инсонӣ пайравӣ намекунад, тардиде нест. Пас, боқӣ мемонад ду роҳ: яке ин ки сохтмони мошинии ашё барои ҳидояти онҳо кофӣ бошад, дигар ин ки нерӯи мармузи ҳидоят, онҳоро раҳбарӣ кунад.

Корҳои хориқулодае, ки “ибдоъ ва ибтикор” шумурда мешавад ва сохтмони мошинии селлулҳо кофӣ барои тавҷеҳи онҳо нест, чанд навъ аст:

1) Қудрати интибоқ бо муҳит ва тағйир додани табиати худ;

2) Тақсими кор ва интихоби вазифа;

3) Ибтикори таҷдиди сохтмони узви аз миён рафта ва ё эҷоди узви ҷадиди мавриди ниёз;

4) Иктишофи ниёзмандиҳои худ бидуни висотати таълиму таъаллум.

Роҷеъ ба қудрати азими интибоқ селлулҳо бо муҳит, ки ҳатто қодир ба иваз кардани табиати худ мебошанд, ва ҳамчунин тақсими кор ва интихоби вазифа миёни селлулҳо, бо ин ки ҳама аз як аслу реша сарчашма мегиранд, қаблан ба таври мухтасар баҳс шуд, акнун дар қисмати севвум ва чаҳорум баҳс мекунем.

Нерӯи ҳаёт, ҳазорон нақши зебо ва бадеъ бар сафҳаи рӯзгор ба сурати гулҳо ва дарахтҳо ва парандагон ва чаҳорпоён ва ғайра ба вуҷуд овардааст. Сохтмони селлули аввалӣ ва авомили хориҷии муҳит кофӣ нест, ки ин ҳама нақшу нигору зебоӣ дар ҷаҳон халқ ва ибдоъ намояд. Дар китоби “Рози офариниши инсон” сафҳаи 59 ва 60 менависад:

Модда ҷуз бар тибқи қонунҳо ва низомоти худ амале анҷом намедиҳад. Заррот ва атомҳо тобеъи қонунҳои марбут ба қувваи ҷозибаи замин, феълу инфиъолоти шимиёӣ ва таъсири электирисита ҳастанд. Модда аз худ қувваи ибтикор надорад ва фақат ҳаёт аст, ки ҳар лаҳза нақшҳои тоза ва мавҷудоти бадеъ ба арсаи зуҳур меоварад. Бидуни ҳаёт, арсаи паҳновари замин иборат аз биёбоне ламязаръ ва дарёе мурда ва бефоида мешуд.”

Ба илова, дар ҳар ҷондоре қудрати таҷдиди сохтмони пайкар дар ҳудуде вуҷуд дорад. Ин қудрат дар ҷондорон мутафовит аст. Дар китоби “Рози офариниши инсон” сафҳаи 106 менависад:

Бисёре аз ҳайвонот мисли харчанганд, ки ҳар вақт панҷа ё узве аз онҳо бурида шавад, селлулҳои марбута фавран фуқдони он узвро хабар медиҳанд ва дар садади ҷуброни он бармеоянд. Зимнан, ба муҷарради ин ки амали таҷдиди узви мафқуд хотима ёфт, селлулҳои муваллид аз кор меафтанд ва мисли он аст, ки худ ба худ мефаҳманд, ки чӣ вақт мавқеъи хотимаи кори онҳо расидааст… Сари як кирми қирмизи хокиро бибуред, сари дигареро барои худ дуруст мекунад. Мо васоиле дар даст дорем, ки селлулҳоро барои муолиҷаи бадан ба кор биандозем, аммо оё ҳаргиз ин орзу таҳаққуқ хоҳад ёфт, ки ҷарроҳон селлулҳоро водоранд дасти тоза ё гӯшту устухону нохуну силсилаи аъсобии ҷадид дар бадан ба вуҷуд оваранд?

Аммо қисмати чаҳорум:

Дар ин ҷо лозим аст ба истилоҳ, илҳомоти фитрии ҳайвонотро матраҳ кунем. Ҷонварон маъмулан як силсила корҳоро анҷом медиҳанд, ки ба ҳеч ваҷҳ бо онҳо собиқа надошта ва онҳоро наёмӯхтаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки умури омӯзишӣ, чӣ дар инсон ва чӣ дар ҳайвон, ба виросат мунтақил намешавад, аҳаммияти матлаб бештар равшан мешавад. Яке аз онҳо ғаризаи лона ва ошёна аст. Дар “Рози офариниши инсон” сафҳаи 105 менависад:

Агар ҷӯҷаи парандаеро аз ошёна хориҷ кунед ва дар муҳите дигар онро бипарваронед, ҳамин ки ба марҳилаи рушду такомул расид, худ шурӯъ ба сохтани лона ба сабку тариқаи падаронаш хоҳад кард.”

Дар бораи ҳашрае ба номи “Онуфил” (Anopheles) менависад, ки он ҳайвон кирмеро шикор мекунад ва ба нуқтае аз пушти ӯ неш мезанад, на он андоза, ки кирм бимирад ва гӯшташ фосид гардад, балки он андоза, ки беҳисс шавад ва такон нахӯрад, сипас дар нуқтаи муносибе аз бадани ин кирм тухмгузорӣ мекунад, худаш қабл аз ин ки баччаҳо ба дунё биёянд мемирад, баччаҳо аз гӯшти тару тозаи кирм тағзия мекунанд, то бузург мешаванд. Аҷаб ин аст, ки фарзандон бо он ки модарро ҳаргиз надида ва амали хориқулодаи ӯро мушоҳида накардаанд, пас аз он ки ба ҳадди рушд расиданд, дар мавқеъи тухмгузорӣ амали модарро бо камоли диққат ва бидуни иштибоҳ такрор мекунанд, ва чун ҳаргиз насли пешин ва насли баъдии ин ҳашра якдигарро дарк намекунанд, эҳтимоли ёд додан ба ҳеч ваҷҳ намеравад.

Дар “Рози офариниши инсон” сафҳаи 81 дар бораи мормоҳӣ менависад:

Ин ҳайвонот ҳамин ки ба марҳилаи рушд расиданд, дар ҳар рӯдхона ва бирка дар ҳар гӯшаи олам бошанд, ба тарафи нуқтае дар ҷануби ҷазоири Бармудо ҳаракат мекунанд ва дар он ҷо дар аъмоқи жарфи уқёнус тухм мегузоранд ва дар ҳамон ҷо мемиранд. Он идда аз мормоҳиҳо, ки аз Урупо меоянд, ҳазорон мил масофатро дар дарё мепаймоянд, то ба ин нуқта мерасанд. Баччаҳои мормоҳӣ, ки ҳангоми таваллуд аз ҳеч куҷои олам хабаре надоранд ва фақат худро дар саҳрои бепоён аз об дидаанд, шурӯъ мекунанд ба муроҷиат ба мавтини аслии хеш, ва пас аз убур аз дарёҳои бепоён ва ғалаба бар тӯфонҳо ва амвоҷ ва ҷазру маддҳо, дубора ба ҳамон рӯдхона ё биркае, ки волидайни онҳо аз он ҷо омадаанд, бармегарданд ба тавре, ки ҳамаи анҳору дарёчаҳои ҷаҳон ҳамеша пур аз мормоҳӣ аст. Ин мормоҳиҳои ҷавон пас аз он ки бо заҳамоту машаққоти фаровон худро ба мавтини аслӣ расонданд, дар он ҷо нашъу намо мекунанд, ва чун ба синни рушд расиданд, бар тибқи ҳамон қонунҳои мармуз ва ҳалношуданӣ, ба наздикии ҷазоири Бармудо бармегарданд ва ин давру тасалсулро аз сар мегиранд. Ин ҳисси ҷиҳатёбӣ ва бозгашт ба мавтини аслӣ аз куҷо сарчашма гирифтааст? Ҳаргиз то кунун ҳеч мормоҳӣ аз савоҳили Омрико дар обҳои Урупо дида нашуда ва ҳеч мормоҳии урупоӣ ҳам дар савоҳили Омрико шикор нашудааст. Барои ин ки мормоҳии урупоӣ вақти кофӣ барои расидан ба ҷазоири Бармудо ва паймудани арсаи дарёҳоро дошта бошад, давраи рушди онро ба як сол ва гоҳе ҳам бештар боло бурдааст.”

Дар бораи занбӯри асал, мӯрча, мӯриёна китобҳо навишта шуда ва бояд мутолеа шавад, то аҷоибу шигифтиҳо дар мавриди ҳидоят ва роҳёбии аҷиби ин ҳашарот равшан шавад. Мо барои парҳез аз итолаи бештар, аз зикри намунаҳое аз зиндагии ин ҷондорон худдорӣ мекунем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: