Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (256)

Тафсири дуъои он ду фаришта, ки ҳар рӯз бар сари ҳар бозоре мунодӣ мекунанд, ки “Аллоҳумма аъти кулла мунфиқин халафан, аллоҳумма аъти кулла мумсикин талафан” ва баён кардани он, ки он мунфиқ муҷоҳиди роҳи Ҳақ аст, на мусрифи роҳи ҳаво (2)

* * *

Сарварони Макка дар ҳарби Расул

Будашон қурбон ба уммеди қабул.

Мисоли дуввум барои инфоқи нобаҷо: сарону ашрофи Макка дар ҷанг бо ҳазрати Расул (с), умедвор буданд, ки қурбонии куффор мақбул шавад ва ғалаба ёбад.

Нукта: Дар ҷанги Бадр, ки дар соли дуввуми ҳиҷрат рух дод, сарони мушрик ҳар рӯз даҳ шутур мекуштанд ва аз ҷангҷӯёну ёрони худ пазироӣ менамуданд, ки ононро “мутъимон” гӯянд. Албатта ба даврони ҷоҳилият низ “мутъимон”-ро бар касоне итлоқ мекарданд, ки сарони қабоили араб буданд ва дар маросими ҳаҷ, пеш аз ислом, ҳоҷиёнро таъом медоданд. (Ас-сиратун-набавия, Ибни Ҳишом, ҷ.2, с.320)

Бинобар ин, Мавлоно инфоқи нобаҷоро дар ду масал зикр карда: яке аз он ғуломе, ки бар хилофи майли шоҳ хазонаро дар ихтиёри душман мениҳад, ва дуввум, инфоқи сарони мушрик.

Баҳри ин, мӯъмин ҳамегӯяд зи бим,

Дар намоз: “иҳдӣ сиротал-мустақим”.

Аз тарси адо накардан, яъне инфоқ накардани мол дар ҷои муносибаш, мӯъмин дар намоз ҳамеша мегӯяд: Худоё! Моро ба роҳи рост роҳнамоӣ фармо, то инфоқро баҷо сурат диҳем, на беҷо.

Он дирам додан сахиро лоиқ аст,

Ҷон супурдан худ сахои ошиқ аст.

Дирҳаму динор бахшидан, шоистаи инсони саховатманд аст, аммо ҷон дар роҳи ҷонон нисор кардан, лоиқи ошиқ аст.

Сахӣ: саховатманд. Сахо: бахшиш ва ҷавонмардӣ

Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд,

Ҷон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, ҷонат диҳанд.

Агар дар роҳи ҳазрати Ҳақ нон диҳӣ, дар муқобили он, нонат медиҳанд. Ва агар барои Ҳақ ҷон диҳӣ, дар иваз ба ту низ ҷон медиҳанд.

Нукта: Ҳеч як аз аъмоли кучаку бузурги инсон бидуни подош намемонад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.676)

Гар бирезад баргҳои ин чинор,

Барги бебаргиш бахшад Кирдгор.

Ба унвони мисол, агар баргҳои дарахти чинор бирезад, ҳазрати Худованд муҷаддадан ба он дарахти бебарг барг ато мекунад.

Гар намонд аз ҷуд дар дасти ту мол,

Кай кунад фазли илоҳат поймол?

Агар ба воситаи базлу бахшиш, молу дороият тамом шавад ва дасти холӣ бимонӣ, фазлу карами Ҳақ Таъоло кай мегузорад, ки ту поймол шавӣ? Ҳатман ивазат медиҳад.

Ҳар кӣ корад, гардад анбораш тиҳӣ,

Лек андар мазраъа бошад беҳӣ.

Масалан, ҳар кас, ки базрафшонӣ кунад, мусалламан анбори донааш холӣ мешавад, вале мазраъа ва киштзораш рӯ ба рушд мениҳад ва маҳсули зиёде ба бор меоварад.

В-он ки дар анбор монду сарфа кард,

Ишпушу муши ҳаводис пок х(в)ард.

Ва он касе, ки базру донаро дар анбор нигаҳ дошт ва андӯхта кард, муши ҳаводис ва шапуши рӯзгор он донаҳоро бихӯрад ва табоҳ кунад.

Ин ҷаҳон нафй аст, дар исбот ҷӯ,

Суратат сифр аст, дар маънот ҷӯ.

Ин дунё ҳечу фонӣ аст, ҳар чи мехоҳӣ, дар олами исбот (олами маъно) бихоҳ, сурати ту холӣ аст, яъне ба зоҳири олам дил мабанд, ки сароб аст, муродатро дар олами маъно талаб кун.

Ҷони шӯри талх пеши теғ бар,

Ҷони чун дарёи ширинро бихар.

Ҷони талху шӯрро қурбонии теғи ишқи раббонӣ кун ва дар иваз ҷони ҳамчун дарёи ширинро бихар.

Ҷони шӯри талх: киноя аз ҷоне, ки ба ҳавову ҳавас олуда аст ва ҳанӯз ба тарбияти илоҳӣ парвариш наёфта. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.678)

Нукта: Онқуравӣ гӯяд: “Руҳи ҳайвониро бо теғи ишқи раббонӣ забҳ кун, то дар иваз руҳи илоҳӣ ва қудсӣ ба даст оварӣ, ки ҳамчун дарёҳи ширину гуворост.” (Шарҳи Кабирӣ Онқуравӣ, ҷ.3, с.878)

В-ар намедонӣ шудан з-ин остон,

Боре аз ман гӯш кун ин достон.

Агар наметавонӣ аз ин остона бошӣ, яъне агар наметавонӣ ҷони шӯру талхро дар роҳи ҳазрати Маъшуқ нисор кунӣ, пас ба достоне, ки инак нақли онро оғоз мекунам, гӯш фаро деҳ.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: