Перейти к содержимому

“Гушна” ва сер

Азиз Нақибзод

Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласа вакте ба писараш, раиси шаҳри Душанбе насиҳат мекард, дар омади гап ба ӯ гуфт, ки “ту гушна нестӣ”. Ин сухан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи мухолифони ҳукумат ба истеҳзо кашида шуд.

Вале, фикр мекунам, ба маънои аслии ин гуфтаи Президент таваҷҷӯҳ нашуд. Ин сухан ҳарфи оддӣ нест, балки мушкили асосии Тоҷикистонро инъикос мекунад. Яъне роҳбари давлат огоҳ аст, ки бархе ё шояд аксар мансабдорони мо “гушна” ҳастанд.

Ва сабаби асосии фасодзадагии низом ва пешрафт накардани сатҳи иҷтимоъиву иқтисодии кишвар бармегардад ба ҳамин “гушнагӣ”. Яъне мансабро барои хизмат кардан ба мардум на, балки барои “сер” шудан мегиранд.

Аммо гушнагӣ ва серии як мансабдор аз гуруснагӣ ва серии як деҳқон ё як коргари қаноатпеша ба куллӣ тафовут дорад. Деҳқону коргар бо як сар нон сер мегарданд ва қаноатмандона зиндагӣ мекунанд ва чандин “гушнаҳоро” “сер” ҳам менамоянд. Вале мансабдори “гушна” бо як хонаву як зану як мошин “сер” намешавад. Ҳатто хонаҳову мошинҳою занҳои бешумор “гушнаҳоро” “сер” намегардонад.

Ин “гушнагӣ” ба гуруснагии табиӣ, ки меъда холӣ мегардад ва тақозои ғизо менамояд, монанд нест. Ин чашмгуруснагист. Гуруснагии табиӣ бо як бурда нон рафъ мегардад. “Гушнагӣ”, яъне чашмгуруснагӣ бо пур кардани меъда рафъ намешавад.

Аз ин рӯ ба дарди мо на илми иқтисод мехӯраду на таҷрибаи кишварҳои пешрафта. Мушкили мо бо илоҷи чашмҳои “гушна” поён меёбад.

Аммо давои чашмҳои “гушна” чист?

Ба ростӣ ман намедонам. Дар ҳайратам.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: