“Қурутоб”, “чакан”, “Гӯрӯғлӣ”…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё “қурутоб” таъоме тоҷикист ё муғулӣ ё ӯзбакӣ ва ё қирғизӣ?…

Оё “чакан” либосест тоҷикӣ ё ӯзбакӣ ва ё қазоқӣ?…

Оё “Гӯрӯғлӣ”-хонӣ реша дар фарҳанги тоҷикӣ дорад ё рабте ба тоҷикҳо надорад?…

Ин масоил ва шабеҳи онҳо, масоилест, ки хеле вақт аст дар шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо тавассути корбарони оддӣ, ки гоҳе аз сӯи фарҳехтаҳои тоҷик барои табодули назар корида шуда ва даҳҳо ва аҳёнан садҳо корбар зери он раъю назари худро иброз медоранд; ва дар воқеъ ба ду гурӯҳи мухолифу мувофиқ тақсим шуда ва соатҳо ва гоҳе рӯзҳо, бо ҳам ҷарру баҳс мекунанд.

Ин ки инсон ба одоту русум ва суннатҳои миллии худ таваҷҷӯҳ дошта ва ба решаёбии онҳо бипардозад, ба худии худ, кори нописанде нест, ба хусус барои як пажӯҳишгар ва муҳаққиқ, аммо вақте дар як ҷомеа мушкилоте бас муҳимтар ва ба маротиб авлотар аз одоту русуму суннатҳо мавҷуд бошад, ки ниёз ба таваҷҷӯҳ ва ҳаллу фасл доранд, дар ин сурат, андармон шудани фарҳехтаҳо ва рӯшанфикрони ҷомеа ба “қурутоб”-у “чакан”-у “Гӯрӯғлӣ” ва шабеҳи он, дар воқеъ як кори абас ва беҳуда ва балки сарфи таваҷҷӯҳи ҷомеа ва афкори умумӣ аз мушкилоти асосии онҳост. Зеро вақте як рӯшанфикр масъалаеро матраҳ мекунад, мардум гумон мекунанд, ки феълан мушкили дараҷаи аввали онҳо, ки бояд ҳаллу фасл шавад, ҳамин аст, на чизе дигар.

Ҳол, имрӯз, мушкили асосии ҷомеаи мо, ки бояд таваҷҷӯҳи рӯшанфикрон ва фарҳехтаҳо ба он маътуф гардад ва ин азизон ҳамарӯза ва бидуни таваққуф он масоилро гӯшзад ва роҳи ҳаллҳое барои онҳо матраҳ кунанд, кадом аст?

Оё “қурутоб”, “чакан”, “Гӯрӯғлӣ” аст, ки масалан бояд ҳарчи зудтар таклифамонро дар баробари ин навъ хӯрданӣ ва пӯшиданӣ ва саройиданӣ равшан кунем, ки оё марбут ба ниёгони мо будааст ва ё ин ки рабте ба мо надоштааст, ки фаразан агар ин масоили “бисёр муҳим” ҳаллу фасл шуданд, дигар ҳама чиз ҷои худ хоҳад нишаст?

Ва ё, худкомагии ҳоким аст, хешовандсолорӣ аст, қонуншиканиҳои муҷриёни қонун аст, фасодҳои идорӣ аст, ришвахориҳост, эҷоди маҳдудиятҳо дар озодиҳои шаҳрвандон аст, зиндон ва фишору таъқибҳои дигарандешон аст, гунда шудани шиками як идда муфтхӯр аз ҳисоби мардуми бечора аст, бекории ҷавонон аст, худкушиҳои ҷавондухтарону ҷавонписарон аст?… Кадом як?

Оё ин мушкилот, ба чашми рӯшанфикрон ва фарҳехтаҳои азизи мо намехӯрад, ва ё ин ки воқеан “қурутоб” пеши онҳо муҳимтар аз инҳост?

* * *

Усулан, ҳар миллате, аз ду зовия мавриди назар аст: яке, аз ин зовия, ки он миллат қабл аз ҳар чиз, маҷмӯае аз ИНСОНҲО ҳастанд. Ва дигар, аз ин зовия, ки ин миллат дорои фарҳангу суннату одоту русуму дину ғайра аст. Ҳар як аз ин ду зовия, ба навбаи худ, метавонад дорои мушкилоте гардад, ки бояд ҳаллу фасл шаванд. Ва пурвозеҳ аст – ва тардиде ҳам нест – ки мушкилоти “ҷанбаи инсонӣ”-и миллат, барои ҳаллу фасл муқаддаманд, то мушкилоти фарҳангии вай.

Масалан, каромат ва иззати инсон, озодиҳои ӯ, амнияти ӯ, аз назари иқтисодӣ ва маъишатӣ таъмин будани ӯ ва ғайра, инҳо масоиле ҳастанд марбут ба “ҷанбаи инсонӣ”-и миллат. Яъне, ҳар миллате, чӣ тоҷик аст, чӣ турк аст, чӣ рус аст ва ғайра, пеш аз ҳар чиз, мехоҳад азиз ва сарбаланд бошад ва кароматаш поймол нашавад, шикамаш сер бошад, аз амнияти иҷтимоӣ ва равонии матлуб бархӯрдор бошад, зери фишор набошад, барда набошад… Ва аммо фарҳангу дину одобу русуму ғайра, инҳо дар мартибаи сонӣ барои инсон қарор мегиранд.

Ҳол, вақте як миллат, ҳам дар ноҳияи “инсонӣ” дорои мушкилоте бошад ва ҳам дар ноҳияи “фарҳангӣ”, аввал бояд мушкилоти “инсонӣ”-и ӯ ҳаллу фасл шаванд, ва баъди он аст, ки навбат ба ҳалли соири мушкилоташ мерасад. Ва то модоме, ки мушкилоти “инсонӣ”-и ӯ ҳал нашаванд, талош барои ҳалли соири мушкилот, талоше абас ва беҳуда аст. Яъне, то модоме, ки инсон шикамаш ва шиками баччаҳояш гурусна аст, яъне аз назари иқисодӣ таъмин нест, ва ё зери фишори шадид аст, ё аз амнияти матлуб бархӯрдор нест, сухан аз фарҳангу суннату одобу русум барои вай, на танҳо ба гӯшаш намефорад, балки асосан ин чизҳо барои ӯ дорои кучактарин аҳаммияте нестанд.

Дар ҳадисе, ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармудаанд:

كاد الفقر أن يكون كفرا

Фақр ва тангдастӣ, наздик аст соҳибашро ба куфр бикашонад.”

Дар шарҳи ин ҳадис, Айнӣ, яке аз шореҳони “Умдатул-қорӣ” мегӯяд:

وذلك لأن الفقر ربما يحمل صاحبه على مباشرة ما لا يليق بأهل الدين والمروءة، ويهجم على أي حرام كان ولا يبالي، وربما يحمله على التلفظ بكلمات تؤديه إلى الكفر

Ва ин бад-он сабаб аст, ки фақр ва тангдастӣ чи басо соҳибашро водор бикунад бар анҷоми он чи шоистаи диндорон ва аҳли мардонагӣ нест, ва (чун шикамаш гурусна аст) бар ҳар кори ҳароме даст бизанад ва парвое ҳам надошта бошад (ва ҳатто аз рӯи ночорӣ, зеро шикамаш гурусна аст.) Ва фақру тандастӣ чи басо соҳибашро бар ин ки ҳарфҳое бар забон ҷорӣ бисозад, ки мунҷар ба куфр мешаванд, водор кунад.”

Дар инҷо ҳазрати Хатмимартибат (с) намехоҳанд бигӯянд, фақру тандастӣ қатъан инсонро ба куфр мебарад ва ё намехоҳанд бигӯянд, фақир агар чорае надошт кофир шавад, ҳаргиз намехоҳанд чунин чизе бигӯянд. Балки манзурашон ин аст, ки вақте инсон фақир аст ва шикамаш гурусна аст, баъид нест, ки даст ба корҳое бизанад, ки хилофи ислому имони ӯст. Масалан, тараф шикамаш гурусна аст, баччаҳояш гурусна ҳастанд, дар ин ҳол як нохалаф аз ин вазъи ногувори он фақир суистифода кунад ва ба ӯ пешниҳод намояд, ки агар дӯздӣ кардӣ, ман бароят фалон миқдор пул медиҳам. Дар ҳоле ки сирқат ва дуздӣ дар шариат, як гуноҳи азим аст. Баъид нест ӯ ба ин кори ношоиста даст биёзад.

Ва дуруст ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар шариати ислом, таъмини мояҳтоҷи шаҳрвандон ва дар воқеъ таваҷҷӯҳ ба “ҷанбаи инсонӣ”-и шаҳрвандон, дар авлавияти барномаҳояш қарор дорад. Дар китобҳои фиқҳӣ ин масъала мастур аст ва маъруф ҳам аст, ки вақте касе даст ба сирқат бурд ва дуздӣ кард, қозӣ бояд аввал бипурсад, чӣ чизе сабаби дуздии ӯ шуда? Агар маълум шавад, ки сабаби он, бечорагӣ ва ночорӣ будааст, ҳадди сирқат бар ӯ ҷорӣ намешавад.

Аз ин рӯст, ки мебинед, он ҷомеаҳое ба масоили фарҳангӣ ва аҳкоми динии худ бештар таваҷҷӯҳ доранд, ки аз назари “ҷанбаи инсонӣ” дорои мушкиле набошанд. Аммо ҷомеае, ки бо мушкилоти инсонии фаровоне даст ба гиребон аст, чандон ба масоили фарҳангӣ ва динӣ аҳаммият намедиҳад. Ба унвони мисол, агар дар як ҷомеа, кормандони муассисот мисли муаллимони мадорис ва устодони донишгоҳ, аз ҳуқуқи (маъоши) кофӣ барои идораи зиндагӣ ва маъишати худ бархӯрдор набошанд ва ҳукумат онҳоро аз ин назар таъмин накунад, дар он ҷомеа ришваситонӣ ва ришвахорӣ ривоҷ пайдо мекунад, бо ин ки ин амал, ҳам аз назари динӣ ҳаром аст ва ҳам аз назари иҷтимоӣ як амали нописанд. Чаро чунин мешавад? Чун он корманд ва муаллим дигар чорае намеёбад, ҳуқуқаш кофӣ нест яъне намерасад барои чархондани зиндагӣ. Дар инчунин ҷомеае, ришвахорӣ ба тадриҷ ба як амри оддӣ табдил мегардад ва дигар, касе ба ҳарому ҳалол будани он аҳаммият нахоҳад дод.

Ароизамро хулоса кунам: як миллат вақте аз назари инсонӣ – мисли амният, иқтисод, иззат, озодӣ ва ғайра аз масоили марбут ба ҷанбаи инсонии инсон – дорои мушкилот аст, ҳукумат аввал бояд ин мушкилотро бартараф намояд, ва агар ҳукумат ба вазифаи худ дар ин ҷиҳат амал накард, фарҳехтаҳои ҷомеа ва рӯшанфикрон ҳамму ғаммашон фақат тарҳи он мушкилот ва пешниҳоди роҳи ҳаллҳое барои онҳо бошад. Ва то модоме ки ин қабил мушкилот вуҷуд доранд, тарҳи масоиле ғайри он, мисли «қурутоб»-у «чакан», коре абас аст.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: