Перейти к содержимому

Сериёли 90-қисматии Саъдӣ, Ҳофиз ва Хоҷуи Кирмонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ сохта хоҳад шуд

Алӣ Доробӣ, муовини раиси Садо ва симои Эрон, дар маросими оғози сохти сериёли мафохири Эрон дар Шероз гуфт: “Умедворам, коре фохир ва арзишманд дар қолаби маҷмӯаи сериёли Саъдӣ, Ҳофиз ва Хоҷуи Кирмонӣ ба ҷаҳониён ироа диҳем, то ҳамаи ҷаҳон ба эҳтироми Эрон биистад ва кулоҳ аз сар бардорад.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Алӣ Доробӣ дар ин маросим гуфт: “Мо муфтахарем, ки девони Ҳофиз, Бӯстон ва Гулистони Саъдӣ ҷузъи сад асари бартари ҷаҳон аст.”

Доробӣ баён кард: “Агар ба дунбол ҳифзи осори форсӣ ва ҳифзи тамаддуни Эрон ва ислом ҳастем, бояд ба осори Ҳофиз ва Саъдӣ ва Хоҷу эҳтимом биварзем.”

Вай таъкид кард: “Агар ба дунболи ироаи тасвире шаффоф ва равшан аз гуфтугӯ ва мудоро ва сулҳҷӯии эрониён ба ҷаҳониён ҳастем, бояд ба осори Саъдӣ ва Ҳофиз руҷӯъ кунем.”

Доробӣ гуфт: “Устодон ва ҳунармандони устони Форс нақши аввалро дар халқ, тавлид ва сохти асар хоҳанд дошт. Тамоми талоши мо ва ҳамкорон дар Садо ва симо бар ин аст, ки аз беҳтарин, номовартарин ва муҷаррабтарин коргардонон, тавлидкунандагон ва бозигарон барои ин кор истифода шавад ва дар тирози ҷаҳонӣ тавлид хоҳад шуд.”

Вай баён кард: “Умедворам, коре фохир ва арзишманд дар қолаби маҷмӯаи сериёли ин се бузург ба ҷаҳониён ироа диҳем, то ҳамаи ҷаҳон ба эҳтироми Эрон биистад ва кулоҳ аз сар бардорад.”

Бар пояи ин гузориш, ин сериёли 90-қисматӣ бо ҳадафи муаррифии собиқаи тамаддунӣ ва чеҳраҳои шохиси Саъдӣ, Ҳофиз ва Хоҷуи Кирмонӣ дар муддати панҷ то ҳафт сол сохта мешавад.

Тафоҳумномаи сохти ин сериёл ба имзои Суҳробӣ, мудири кулли Садо ва симои устони Форс ва намояндаи Сайидмуҳаммади Садри Ҳошиминажод, сармоягузори ин сериёл расид.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: