Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (30)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши шашум: маргу мирҳо (3)

Решаи эътироз

Бо тафсире, ки аз моҳияти марг намудем, бепоя будани эътирозҳо бармало мегардад. Дар ҳақиқат, ин эътирозҳо аз нашинохтани инсон ва ҷаҳон, ба иборати дигар, аз як ҷаҳонбинии абтар ва ноқис пайдо мешавад.

Алҳақ агар марг поёни зиндагӣ бошад, дигар майлу орзуи ҷовидон мондан фавқулъода ранҷовар аст ва чеҳраи марг дар ойинаи андешаи равшан ва дарунгари инсон бениҳоят ваҳшатзост.

Ин ки бархе аз афроди башар ҳаёту зиндагиро лағв мепиндоранд, бад-ин ҷиҳат аст, ки орзуи ҷовид мондан доранд ва ин орзуро ғайриқобили таҳаққуқ мепиндоранд. Агар орзу ва майл ба ҷовид мондан набуд, ҳаёту зиндагиро лағву беҳуда намедонистанд ҳарчанд мунтаҳӣ ба нестии мутлақ гардад; ҳаддиаксар ин аст, ки онро як хушбахтии муваққат ва як давлати мустаъҷал мешинохтанд; ҳаргиз фикр намекарданд, ки нестӣ аз чунин ҳастӣ беҳтар аст, зеро фарз ин аст, ки айби ин ҳастӣ кӯтоҳии он аст, айбаш ин аст, ки ба дунболи худ нестӣ дорад. Пас, ҳамаи айбҳо аз ноҳияи нестӣ ва кӯтоҳӣ падид меояд ва чӣ гуна мумкин аст, ки агар ба ҷои он миқдори маҳдуди ҳастӣ низ нестӣ мебуд беҳтар буд?!

Оре, акнун дар худ орзуи ҷовид монданро меёбем ва ин орзу фаръ бар тасаввури ҷовид мондан аст; яъне тасаввуре аз ҷовидонагӣ ва зебоияш ва ҷозибааш дорем ва ин ҷозиба дар мо орзуе бузург ба вуҷуд овардааст, ки барои ҳамеша бимонем ва барои ҳамеша аз мавҳибати ҳаёт баҳраманд гардем.

Агар як силсила афкори материалистӣ ба мағзи мо ҳуҷум оварад, ки ин андешаҳо ва орзуҳо ҳама беҳуда аст ва аз воқеияти ҷовидонагӣ хабаре нест, ҳақ дорем музтарибу нороҳат шавем ва ранҷу ваҳшати азиме дар мо падид ояд, орзу мекунем, ки эй кош наомада будем ва бо ин ранҷу ваҳшат рӯбарӯ намешудем! Пас, тасаввури лағву беҳуда будани ҳастӣ, маълули ноҳамоҳангӣ миёни як ғаризаи зотӣ ва як талқини иктисобӣ аст. Агар он ғариза набуд, чунин тасаввуре дар мо падид намеомад, ҳамчунон ки агар афкори ғалати материалистӣ ба мо талқин намешуд, боз ҳам ин тасаввур дар мо падид намеомад.

Инсон ва сохтмони воқеӣ ва пинҳони инсон ба гунае аст, ки орзуи ҷовид монданро ба унвони василае барои расидан ба камоле, ки истеъдоди онро дорад, ба вуҷуд овардааст. Ва чун ин сохтмон ва истеъдодҳои мавҷуд дар он, беш аз зиндагии маҳдуди чандрӯзаи дунёст ва агар зиндагӣ маҳдуд ба ҳаёти дунявӣ гардад, ҳамаи он истеъдодҳо лағву беҳуда аст, инсони ғайримӯъмин ба ҳаёти абадӣ миёни сохтмони вуҷуди худ аз як тараф ва андеша ва орзуи худ аз тарафи дигар, ноҳамоҳангӣ мебинад, бо забони сар мегӯяд: “Поёни ҳастӣ нестӣ аст ва ҳамаи роҳҳо ба фано мунтаҳӣ мешавад, пас ҳаёту зиндагӣ лағв ва беҳуда аст”, вале бо забони истеъдодҳо, ки расотар ва ҷомеътар аст, мегӯяд: “Нестӣ дар кор нест, роҳе бепоён дар пеш аст, агар зиндагии ман маҳдуд буд, бо истеъдоди ҷовидон мондан ва орзуи ҷовидон мондан офарида намешудам”.

Аз ин рӯ, ҳамчунон ки қаблан ҳам гуфтем, Қуръони Карим андешаи нафйи қиёматро бо беҳуда донистани офариниш муродиф мешумурад:

أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ

Оё пиндоштаед, ки мо шуморо беҳуда офаридаем ва бозгашти шумо ба сӯи мо нест?” (Сураи Мӯъминун, ояти 115)

Оре, касе, ки дунёро “мадраса” ва “доруттакмил” бидонад ва ба ҳаёти дигар ва нашъаи дигар мӯъмин бошад, дигар забон ба эътироз намегушояд, ки ё намебояд моро ба дунё биёваранд ё акнун, ки овардаанд, набояд бимирем; чунонки хирадмандона нест, ки касе бигӯяд, тифл ё набояд ба мадраса фиристода шавад, ва ё агар ба мадраса рафт, ҳеч вақт набояд мадрасаро тарк гӯяд.

Бобо Афзали Кошонӣ, он марди донишманд, устод ё устоди устоди Хоҷа Насируддини Тӯcӣ, дар як рубоии олӣ, фалсафаи маргро баён кардааст; метавон онро посухе ба рубоии маъруфи Хайём донист, ва шояд ин рубоӣ дар ҷавоби он рубоӣ аст. Рубоии мансуб ба Хайём ин аст:

Таркиби пиёлае, ки дар ҳам пайваст,

Бишкастани он раво намедорад маст.

Чандин сару пойи нозанин аз сари даст,

Бар меҳри кӣ пайвасту ба кини кӣ шикаст?

Бобо Афзал мегӯяд:

То гавҳари ҷон дар садафи тан пайваст,

В-аз оби ҳаёт гавҳаре сурат бибаст.

Гавҳар чу тамом шуд, садафро бишикаст,

Бар тарафи кулаҳгӯшаи султон бинишаст.

Дар ин рубоӣ, ҷисми инсон ҳамчун садафе дониста шуда, ки гавҳари гаронбаҳои руҳи инсониро дар дили худ мепарваронад. Шикастани ин садаф, замоне, ки вуҷуди гавҳар комил мегардад, зарурат дорад, то гавҳари гаронқадр аз ҷойгоҳи пасти худ ба мақоми волои кулаҳгӯшаи инсон иртиқо ёбад. Фалсафаи марги инсон низ ин аст, ки аз маҳбаси ҷаҳони табиат ба фарохнои биҳишти барин, ки ба вусъати осмонҳо ва замин аст мунтақил гардад ва дар ҷивори малики муқтадир ва Худои азиме, ки дар тақарруб ба ӯ ҳар камоле ҳосил аст, мақом гузинад:

إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَنَهَرٍ. فِي مَقْعَدِ صِدْقٍ عِندَ مَلِيكٍ مُّقْتَدِرٍ

Дар ҳақиқат, мардуми парҳезгор дар миёни боғҳо ва наҳрҳо, дар қароргоҳи сидқ назди малике (подшоҳе) тавоноянд.” (Сураи Қамар, оятҳои 54-55) Ва ин аст маънои:

إِنَّا لِلّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعونَ

Мо мутааллиқ ба Худойем ва мо ба сӯи вай бозгашт дорем.” (Сураи Бақара, ояти 156)

Эроди “чаро мемирем?” ва посухи он, ба сурати нағзе дар яке аз достонҳои Маснавӣ омадааст:

Гуфт Мӯсо: эй Худованди ҳисоб!

Нақш кардӣ, боз чун кардӣ хароб?

Нарру мода нақш кардӣ чонфизо

В-он гаҳе вайрон кунӣ онро чаро?

Гуфт Ҳақ: донам, ки ин пурсиш туро

Нест аз инкору ғафлат в-аз ҳаво.

В-арна таъдибу итобат кардаме,

Баҳри ин пурсиш туро озурдаме.

Лек мехоҳӣ, ки дар афъоли мо

Бозҷӯйӣ ҳикмату сирри бақо.

То аз он воқиф кунӣ мар омро,

Пухта гардонӣ бад-ин ҳар хомро…

Пас бифармудаш Худо: эй зулубоб!

Чун бипурсидӣ, биё, бишнав ҷавоб:

Мӯсиё! Тухме бикор андар замин,

То ту худ ҳам водиҳӣ инсофи ин.

Чунки Мӯсо кишту шуд кишташ тамом,

Хӯшаҳояш ёфт хубиву низом.

Дос бигрифту мар онро мебурид,

Пас нидо аз ғайб дар гӯшаш расид,

Ки чаро киште куниву парварӣ,

Чун камоле ёфт, онро мебурӣ?

Гуфт: ё Раб! З-он кунам вайрону паст,

Ки дар ин ҷо дона ҳасту коҳ ҳаст.

Дона лоиқ нест дар анбори коҳ,

Коҳ дар анбори гандум ҳам табоҳ.

Нест ҳикмат ин дуро омехтан,

Фарқ воҷиб мекунад дар бехтан.

Гуфт: ин дониш ту аз кӣ ёфтӣ?

Ки ба дониш байдарӣ барсохтӣ.

Гуфт: тамйизам ту додӣ, эй Худо!

Гуфт: пас тамйиз чун набвад маро?

Дар халоиқ руҳҳои пок ҳаст,

Рӯҳҳои тираи гилнок ҳаст.

Ин садафҳо нест дар як мартаба,

Дар яке дурр асту дар дигар шаба.

Воҷиб аст изҳори ин неку табоҳ,

Ҳамчунон-к изҳори гандумҳо зи коҳ.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: