Дидгоҳи сафири собиқи Олмон дар Эрон дар мавриди зани мусалмон (Видео)

Сафири собиқи Олмон дар Эрон мегӯяд, шумо вақте дар Эрон зиндагӣ мекунед, ба ҳеч ваҷҳ эҳсос намекунед, ки занон арзиши камтаре доранд, балки бештар эҳсос мешавад, ки нисбат ба мардон бештар нақши таъйинкунандае доранд.

Машрӯҳи дидгоҳи Бернд Эрбел (Bernd Erbel), сафири собиқи Олмон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шарҳи зерин аст:

Инро бояд гуфт, ки дар воқеият занҳо дар мавориди бисёре дар ҷомеаи мусалмонон ва ё Эрон, аз ҳаққу эҳтироми хоссе бархӯрдоранд, ки мардҳо надоранд.

Ин дар замони гузашта ҳатто дар хонаводаи ман низ вуҷуд дошт. Он замон масалан модарам бидуни иҷозаи падарам ҳаққи кор кардан надошт, аммо ин тавр набуд, ки модарам муҳим набуд. Ин аз лиҳози теурик мушкил набуд.

Аммо имрӯз мо аз лиҳози ҳуқуқӣ ба як ҷамъбандӣ расидем, ки ҳанӯз тамоми мушкилро ҳал накардааст. Дар мавриди ислом, гуфта мешавад, ки марду зан ҷойгоҳи баробаре надоранд ва дар усули он чунину чунон омадааст.

Бояд гуфт, ки бале, баробарӣ ба маънои ду ҷинси яксон вуҷуд надорад, аммо ба ин маъно нест, ки занон дар Эрон масалан арзиши камтаре доранд. Ман метавонам ба шумо бигӯям, ки шумо вақте дар Эрон зиндагӣ мекунед, ба ҳеч ваҷҳ эҳсос намекунед, ки занон арзиши камтаре доранд, балки бештар эҳсос мешавад, ки нисбат ба мардон бештар нақши таъйинкунандае доранд. На танҳо дар хонавода, балки дар омӯзиш, як севвуми муҳассилон дар Эрон, бонувон ҳастанд.”

Реклама


Рубрики:Бонувон, Ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: