Имон чист? Ислом чист? Эҳсон чист?

Аз Абӯҳарайра (р) ривоят аст, ки рӯзе Расули Акрам (с) дар ҷамъи асҳобу ёрон нишаста буд, ки шахсе вориди маҷлис шуд ва аз Расули Худо (с) пурсид:

— Имон чист?

Расули Худо (с) фармуд:

— Имон, эътиқод доштан ба ягонагии Худованд ва ба вуҷуди фариштагон ва ба ҳаққонияти маъод (зинда шудани пас аз марг) ва ба дидор бо Худованд дар рӯзи қиёмат ва ба ҳаққонияти паёмбарон аст.

Он шахс пурсид:

— Ислом чист?

Расули Акрам (с) фармуд:

— Ислом ин аст, ки: танҳо Худованди оламро бипарастӣ, ширк наварзӣ, намоз бихонӣ, закоти амволатро бипардозӣ ва дар моҳи Рамазон рӯза бигирӣ.

Он шахс пурсид:

— Эҳсон чист?

Расули Худо (с) фармуд:

— Эҳсон ин аст, ки: Худовандро чунон ибодат кунӣ, ки гӯӣ ӯро мебинӣ, ва агар (имонат ба дараҷае нест, ки) битавонӣ ӯро бибинӣ, ӯ, ки қатъан туро мебинад…

Пас аз поёни гуфтугӯ, ҳазрати Паёмбар (с) ба ёрон фармуд:

— Ин шахс Ҷабраили Амин (а) аст, омада буд, то ба мардум динашонро биёмӯзад.”

(Ривояти Бухорӣ)

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Омӯзаҳои набавӣ, Ҳадиси рӯз

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: