Фалсафа ва равиши реализм (173)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (6)

Муқаддима (6)

Ҳудус ва пайдоиши олам

Роҳи севвум аз роҳҳои мутолеа дар хилқат ва офариниши мавҷудот, роҳи ҳудуси (пайдоиши) мавҷудоти ин ҷаҳон аст. Ин баҳс низ доманаи дарозе дорад ва чун баъдан дар матни мақола дар ин бора баҳс хоҳад шуд, феълан аз баҳсу тавзеҳ дар бораи он худдорӣ мекунем.

* * *

Роҳи ақл (ё истидлолу фалсафа) — 1

Ин роҳ ҳарчанд душвортарини роҳҳост, аммо аз як назар комилтарини онҳост. Ҳар як аз роҳҳои сегона (қалбӣ, илмӣ, ақлӣ) аз як назар руҷҳон дорад. Роҳи дилу фитрат аз назари шахсӣ комилтарини роҳҳост; яъне барои ҳар фард, беҳтар ва лаззатбахштар ва муассиртар ин аст, ки аз роҳи дил ба Худованд роҳ биёбад. Ҳамчунон ки қаблан ишора шуд, он нуқтаи аслӣ, ки роҳи аҳли ирфонро аз роҳи фалосифа ҷудо мекунад, ҳамин нуқта аст. Урафо мӯътақиданд, ки дил ва эҳсосоти фитрии қалбро бояд тақвият кард ва парвариш дод ва мавонеъи онро аз миён бурд, то маърифати шуҳудӣ ҳосил шавад. Аммо фалосифа ва мутакаллимин мехоҳанд аз тариқи ақлу истидлол ба Худо роҳ ёбанд. Бадеҳист, ки ин ду роҳ монеатулҷамъ нестанд. Баъзе аз бузургон, ҳам сулуки ақлӣ кардаанд ва ҳам сулуки қалбӣ. Ба ақидаи Садрулмутааллиҳин, лузуман бояд сулуки ақлӣ ва сулуки қалбӣ бо якдигар тавъам гарданд.

Ба ҳар ҳол, аз ҷанбаи фардӣ ва шахсӣ қатъан роҳи аҳли дил комилтар аст, вале шахсӣ аст, яъне наметавон онро ба сурати як илми қобили таълиму таъаллум барои умум даровард. Ҳар кас аз он роҳ меравад, худ бохабар мешавад, аммо наметавонад дигаронро он тавр, ки худ хабардор шуда бохабар кунад, бар хилофи илму фалсафа, ки аз тариқи таълиму таъаллум, тамоми дарёфтҳои афрод ба якдигар мунтақил мегардад.

Роҳи мутолеаи ҳиссӣ ва илмии хилқат аз назари соддагӣ ва равшанӣ ва умумӣ (будан), беҳтарини роҳҳост. Истифода аз ин роҳ на ниёзманд аст ба қалби соф ва эҳсосоти олӣ, ва на ба ақли муҷаррад ва истидлолӣ ва пухтаву ошно ба усули бурҳонӣ. Аммо ин роҳ фақат моро ба манзили аввал мерасонаду бас; яъне ҳамин қадр ба мо мефаҳмонад, ки табиат мусаххари нерӯи моварои табиист, ва албатта барои шинохти Худо ин андоза кофӣ нест.

Тавзеҳ ин ки: мутолеа дар осори хилқат ҳаддиаксар ин аст, ки моро мӯътақид мекунад ба вуҷуди қувваи шоъир (шуъуркунанда) ва алиму ҳаким ва мудаббире, ки табиатро мегардонад ва идора мекунад, аммо оё он қувва Худост яъне воҷибулвуҷуд аст ва худ мавлуд ва маснуъи сонеъи дигаре нест?, улуми ҳиссӣ ва таҷрибаҳои табиии башар аз нафю исботи ин матлаб оҷиз аст. Вақте, ки ин эҳтимол омад, ночор бояд исбот кунем фаразан қувваи мудаббири олам худ маснуъи сонеъе бошад, дар ниҳояти амр бояд мунтаҳӣ гардад ба сонеъе, ки қоим ба зот ва ғайримаснуъ аст, ва ин худ истидлоли фалсафӣ аст ва бар ӯҳдаи фалсафа аст, ки онро исбот намояд ё нафй кунад. Мутолеаи табиат қодир ба ҷавобгӯӣ ба ин пурсиш нест.

Ба илова, он чӣ аз назари маорифи илоҳӣ зарурат дорад, танҳо ин нест, ки ҷаҳон таҳти идораи воҷибулвуҷуди мудаббири ҳаким аст; бояд ягонагии ӯро ва ин ки беш аз яке нест низ собит гардад.

Илова бар ягонагӣ, хайри маҳз будан, вуҷуди сирф ва камоли мутлақ будан, ба ҳама чиз било истисно олим будан, ва бар ҳама чиз било истисно қодир будан, сифот айни зот будан, ва садҳо матлаби дигар, ки илми илоҳиро ташкил медиҳад ва башар аз донистани онҳо бениёз нест, аз роҳи улуми ҳиссӣ ва мутолеа дар махлуқот муяссар нест. Агар ин ҳамаро — аз вуҷуби вуҷуд гирифта то ягонагӣ, илм, қудрати комила, ҳикмати болиға, файзи қадим — аз муҳити баҳсу фикри худ хориҷ кунем, Худоро ба сурати як фарзияи маҷҳул, ки ҳазорҳо мушкилоти ҳалношуданӣ ва ғайриқобили ҷавоб дар худи он фарзия ҳаст, даровардаем.

Худошиносӣ ва масоили марбут ба он, танҳо аз тариқи ақлу фалсафа аст, ки ба сурати як илм назири равоншиносӣ ва гиёҳшиносӣ ва ғайра дармеояд. Чӣ қадр иштибоҳ аст, ки мегӯянд, роҳи мутолеа дар хилқат, моро аз паймудани роҳҳои душвору пурпечу хами фалсафӣ бениёз мекунад! Ва барои ин ки сухани худро маъқул ҷилва диҳанд, мегӯянд, Қуръони Карим ҳам фақат аз роҳи ташвиқ ба мутолеаи махлуқот, мардумро ба Худошиносӣ даъват кардааст. Ғофил аз ин ки Қуръони Карим мутолеа дар осори хилқатро ба унвони яке аз роҳҳо муаррифӣ кардааст ва онро барои оммаи мардум беҳтарин васила барои ин ки бифаҳманд ва бидонанд қувваи шоъир (шуъуркунанда) ва мудаббире бар олам ҳукумат мекунад, донистааст. Аз назари оммаи мардум, ба воситаи қусури фаҳм, ташкик дар ин ки худи он қувваи мудаббир чӣ ҳолате дорад; оё худ маснуъ аст ё нест?, агар нест, ӯ чӣ навъ мавҷуде аст, ки бо ҳамаи мавҷудоти дигар чунин тафовуте пайдо кардааст?, матраҳ нест. Вале ин ки фаҳми оммаи мардум ба масъалае нарасад, далел нест, ки чунин масъалае вуҷуд надорад. Ҳангоме, ки ин масъала матраҳ шавад, ҷуз фалсафа ҷавобгӯи он нахоҳад буд.

Ба илова, дар гузашта дидем, ки далолати ду далели назму ҳидоят ҳарчанд қатъу ҷазм эҷод мекунад, аммо мантиқан эҳтимоли тасодуфу иттифоқро наметавонад нафй кунад ҳарчанд ки эҳтимоли он ба сурати як воҳид аз ададе бошад, ки дар ваҳми мо ҳаргиз нагунҷад.

Аз назари фалосифа, барои бурҳон муқаддимоте лозим аст, ки зарурӣ ва доим ва куллӣ бошад. Бурҳонҳои фалсафӣ ва риёзӣ мабнӣ бар муқаддимоте аст, ки ба ҳисоби риёзии эҳтимолот низ ҳеч гуна воҳиде дар ҷиҳати хилоф наметавон ёфт.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки Қуръони Карим осор ва махлуқотро ба номи “оёт” мехонад ва таваҷҷӯҳе, ки аз ин роҳ пайдо мешавад, “тазаккур” ва ёдоварӣ меномад. Қуръони Карим мехоҳад мутолеа дар махлуқотро василае барои танаббуҳ ва бедории фитрат қарор диҳад, яъне Қуръон мутолеа дар махлуқотро таъйиде барои роҳи фитрат ва дил қарор додааст. Ҳадаф аз савқ додан ба мутолеа дар махлуқот, танаббуҳ ва тазаккур аст, на истидлолу истинтоҷ.

Пас, масъалаи муҳим ин аст, ки оё воқеан илму фанне муҷаҳҳаз ба ҳамаи шароите, ки дар як илм ва фанн лозим аст вуҷуд дорад, ки посухгӯи масоили мавриди ниёзи башар дар мавриди Худо ва моварои табиат бошад ё на? Бигзарем аз роҳи ирфону сулук, ки ончунон бо амал ва сохтан ва такмили нафс бастагӣ дорад, ки бояд гуфт, амал аст на илм, ба илова чунонки гуфта шуд, бо тариқи оддӣ қобили таълиму таъаллум нест, ва ба истилоҳ, чашиданӣ аст, на шуниданӣ. Оре, бигзарем аз ин роҳ, мутолеаи хилқат яъне роҳи улуми ҳиссӣ ва таҷрибӣ, чунонки гуфта шуд, ба ҳеч ваҷҳ қодир нест ҷавобгӯи масоили мавриди ниёзи башар дар илоҳиёт бошад, зеро ин роҳ ҳамин қадр исбот мекунад, ки ҷаҳон бо нерӯи мудаббири қодири мурид идора мешавад, аммо худи он қувва чӣ вазъе дорад? Ва оё воҷибулвуҷуд ва қоим ба зот аст ё ӯ низ ба навбаи худ махлуқи як нерӯи дигаре аст? Он нерӯи дигар чӣ тавр? Оё дар ниҳояти амр ба нерӯи қоим ба зот мунтаҳӣ мешавад ё на? Оё он нерӯ воҳид аст ё мутаъаддид? Басит аст ё мураккаб? Аз куҷо омадааст? Азалӣ ва абадӣ аст? Ба ҳама чиз било истисно алиму қадир аст, ё барои илму қудрати ӯ ҳадде ҳаст? Ба махлуқоти худ наздик аст ё аз онҳо дур аст? Махлуқот дар баробари ӯ мухторанд ё маҷбур? Сифоташ муғойир бо зот аст ё айни зот? Азалан ва абадан дар кори хилқат аст ё хилқаташ маҳдуд аст ба замони маҳдуд? Мустақиман дар корҳо дахолат мекунад ё ба васоилу асбоб? Пас, оё дар идораи ҷаҳон аъвону ансор дорад?… Инҳо ва як идда масоили дигар аст, ки хоҳ нохоҳ барои башар матраҳ аст ва то инҳо роҳи ҳалли саҳеҳ надошта бошад, масъалаи Худо ва моварои табиат маҷҳуле беш нахоҳад буд.

Аз тарафи дигар, мебинем Қуръон дар ин гуна масоил сукут накардааст, ин масоил ва як силсила масоили дигарро тарҳ мекунад. Чаро? Оё ҷуз барои дарку фаҳму ҳал аст? Қуръон дар бораи Худо ва моварои табиат чунин масоиле тарҳ мекунад:

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: