Умедворам, муллоҳои Тоҷикистон аз имомхатиби Яшм пайравӣ кунанд!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Умедворам, иқдоми ахири Фатҳулло Назриев, имомҷамоати деҳаи Яшми ноҳияи Рашт, намунае гардад барои тамоми имомхатибҳо ва муллоҳои Тоҷикистон, ки таҳти фишори ниҳодҳои қудратӣ, бар ҳар бегуноҳе барчаспи “терурист”, “экстремист”, “салафӣ” ва ин қабил ановин зада равонаи зиндонаш мекунанд.

Бар пояи гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, Фатҳулло Назриев, имомҷамоати масҷиди панҷвақтаи деҳаи Яшми ноҳияи Рашт, бо ирсоли номае ба раисиҷумҳур ва соири ниҳодҳои қудратии кишвар, эътироф намудааст, ки “таҳти фишори корманди маҳаллии милиса, ба як ҳамдеҳааш тӯҳмат намуда, ӯро дар пайравӣ аз ҷараёни мамнӯаи “Салафия” гунаҳгор кардааст.

Бар асоси ин гузориш, дар ин эътироф, Назриев навиштааст, “таҳти фишори кормандони Раёсати умури дохилаи Рашт, зидди сокини деҳаи Яшм Ҷунайдулло Худоёров зери як баёнияи хаттӣ, ки — ба навиштаи ӯ — аз тарафи корманди милиса иншо шудааст, имзо гузошт. Дар номааш ба мақомоти баландпояи Тоҷикистон имомҷамоат навиштааст, ки хостори баҳои қонунӣ додани онҳо ба ин амали ғайриқонунии ходимони пулис мебошад.”

Ба назарам, ин як иқдоми бисёр арзишманд ва шуҷоъмандона аз сӯи ин руҳонӣ аст. Ин нома, парда аз рӯи ҷинояти нобахшудании ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон бармедорад, ки барои боздошт ва ба зиндон афкандани ҳар фарде, ки ба коршиканиҳо ва иқдомҳои ғайриқонунии ин ниҳодҳо лаб ба эътироз гушояд, ҳозиранд ба ҳар роҳу василае даст биёзанд ва бо тӯҳмату ифтиро, аз озодӣ маҳрумаш кунанд.

Албатта, танҳо ин руҳонӣ нест, ки таҳти фишори ниҳодҳои қудратӣ, бар домони бегуноҳе тӯҳматҳои нораво ва дурӯғин задааст, балки дар воқеъ, дар кишвари мо шояд имомхатиб ва имомҷамоатеро пайдо накунед, ки зери фишори “милисаҳо” ва “амниятиҳо” – ва чи басо бо дастури болодастонашон – ба нашру интишори тӯҳматҳо ва иттиҳомҳои бепоя бар афроди бегуноҳ напардохта бошанд.

Дар ҳоли ҳозир, ҳар шаҳрванде, ки лаб ба эътироз гушояд ва интиқоде аз сиёсатҳои нобихрадонаи ҳукумати феълӣ намояд, нахустин тӯҳмате, ки бо он мувоҷеҳ мешавад ин аст, ки ӯ ё “терурист” аст, ё “экстремист” аст, ё “доъишӣ” аст, ё “шиъа” аст ва ё ҳадиақал ин ки “парчами ДОЪИШ” дар болои боми манзилаш пайдо мешавад. Ва фарқе ҳам намекунад, ӯ кист ва аз назари фикрӣ чӣ гароише дорад, агарчи атеист буда ва кучактарин иртиботе на танҳо бо ДОЪИШ, ки ҳатто ба дину мазҳаб низ надошта бошад. Балки ҳамин ки интиқод ва эътирозе намуд, шумо фардои ҳамон рӯз, дар расонаҳои расмӣ ва ғайрирасмии ҳукумат, ба хусус пойгоҳҳои интернетии Маркази Исломӣ ва Шӯрои уламо, бо даҳҳо мақолаву гузоришҳо, ки гӯӣ тавассути ин имомхатиб ва ё он имомҷамоат навишта шуда, рӯ ба рӯ хоҳед шуд, ки он фарди бечора гӯӣ узви ДОЪИШ будааст, “терурист” будааст, бо фалон кишвар иртибот дошта ва тибқи дастури “хоҷагони хориҷияш” ба “бадном” кардани миҳанаш машғул будааст.

Бале, иқдоми имомҷамоати деҳаи Яшми ноҳияи Рашт, дар ҳоли ҳозир, иқдоме сутуданӣ аст. Аз соири имомхатибҳо ва имомҷамоатҳо дар тамомии навоҳии Тоҷикистон низ хоҳиш мешавад, аз иқдоми ин мард улгу бигиранд ва шикоят кунанд. Зеро фишори кормандони ниҳодҳои қудратӣ бар шумо, ки масалан зери фалон нома имзо бигузор ва ё фалон мақола ба номи ту нашр шавад, як иқдоми сад дар сад ғайриқонунӣ аст, ки дар сурати ифшо шудан, бояд афроде, ки шуморо водор ба ин кори разлу паст намудаанд, муҷозот шаванд.

Ҳаддиақалли самарае, ки шикоят ва ифшогарии шумо ба бор меоварад – ҳатто билфарз агар фишордиҳандаҳо муҷозот нашаванд – ин аст, ки обрӯи руҳонӣ ва муллоро аз ин ба баъд ҳифз кардаед ва дигар ҳар касу нокасе ба худ ин ҷуръатро намедиҳад, ки аз як руҳонӣ ва мулло ва имомхатиб барои расидан ба аҳдофи пасту разли сиёсии худ истифода намояд. Дар ҳеч замоне, ба андозаи ин замон, руҳонӣ ва мулло ва имомхатибҳо дар кишвари мо мавриди беҳтиромӣ қарор нагирифтаанд, ҳатто дар замони Шӯравӣ ба мулло ва руҳонӣ то ба ин ҳадд беэҳтиромӣ нашудааст. Инро бо қотеияти тамом мегӯям, ки кормандони ниҳодҳои қудратӣ дар он замон, ҳатто кормандони КГБ, Худотарс буданд.

Намедонам, чаро кормандони имрӯзаи сохторҳои қудратӣ то ба ин ҳадд суқут кардаанд, ки барои расидан ба аҳдофи худ, ҳозиранд ба ҳар коре даст биёзанд! Яке аз далоилаш, аз назари динӣ, ҳаромхорӣ ва луқмаи ҳаром аст. Вақте луқмаи ҳаром – мисли пуле, ки аз роҳи ришва ба даст меояд ва ё ба зӯр аз касе пул ситонда мешавад – вориди шиками инсон шуд, инсон суқут мекунад, руҳу равонаш хароб мешавад ва он пули ҳаром мӯҷиб мешавад, ки байни ҳаромхор ва Худо ва куллан олами маъно, пардае қарор бигирад. Ҳалол ё ҳаром будани луқма, аз назари динӣ, хеле муҳим аст, ва ба фармудаи Мавлоно:

Луқмае, к-он нур афзуду камол,

Он бувад оварда аз касби ҳалол…

Илму ҳикмат зояд аз луқмай ҳалол,

Ишқу риққат ояд аз луқмай ҳалол…

Чун зи луқма ту ҳасад биниву дом,

Ҷаҳлу ғафлат зояд, онро дон ҳаром.

Ҳеч гандум кориву ҷав бар диҳад?

Дидаӣ асбе, ки куррай хар диҳад?

* * *

Матлаби дигаре, ки мехоҳам ба ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба хусус вузаро ва руасояш, арз кунам ин аст, ки: ҳаргиз фаромӯш накунед, ки сазои ин амалкардҳои шумо ва тӯҳмату иттиҳомҳои норавоятон бар афроди бегуноҳ, дар ҳамин дунё, қабл аз охират, ба суроғатон хоҳад омад. Дунё беҳисобу китоб нест азизон! Дар ҳамин кишвари ҳамсоя, Ӯзбакистон, ки имрӯз вузаро ва руасои сохторҳои қудратӣ яке пас аз дигарӣ боздошт ва равонаи зиндон мешаванд, ин иттифоқот, пеш аз ин ки ба хотири сари кор омадани раисиҷумҳури ҷадид аст, пеш аз ин, далелаш ҳамон чизе аст, ки арз кардам, яъне меъёрҳое ҳаст, ки ғолибан аз зеҳни мо, одамиён, пинҳонанд ва онҳоро ба ҳисоб намеоварем. Ва он ин ки: ҷаҳон соҳиб дорад, қавонин ва сунане дар ҷаҳон ҳукмфармост, ки гетӣ бар асоси онҳо чарх мезанад, ва ба фармудаи Мавлоно:

Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,

Сӯи мо ояд нидоҳоро садо.

Яъне, ин ҷаҳон дар масал монанди кӯҳ аст ва аъмоли мо низ монанди бонгу фарёде аст, ки дар кӯҳ танин меафканад, ва бе гумон ҳар фарёде, ки дар кӯҳ бизанем, танини он дубора ба сӯи мо бозмегардад.

Ва ба сухани дигар, ту — ҳар ки ҳастӣ, чӣ подшоҳӣ ё инсоне оддӣ — агар хубӣ кардӣ, подош ва аҷри онро пеш аз охират, дар ҳамин ҷаҳон низ хоҳӣ дид. Ва агар бадӣ кардӣ ва ба мардумон зулму ситам намудӣ ва одамони бегуноҳро куштӣ ва ба зиндон афкандӣ, мутмаин бош, сазои ин рафторҳоятро дар ҳамин дунё пеш аз охират хоҳӣ чашид. Ин як қонун ва суннати ҳоким бар ҷаҳон аст, ва гурезе аз он нест:

إِنْ أَحْسَنتُمْ أَحْسَنتُمْ لأَنفُسِکمْ وَإِنْ أَسَأْتُمْ فَلَهَا

Агар некӣ кунед, ба худ некӣ кардаед, ва агар бадӣ кунед, ба худ бад намудаед…” (Сураи Исро, ояти 7)

Қаблан дар як мақола ин зарбулмасалро оварда будам, ки: “Ҳар чӣ кунӣ, ба худ кунӣ, гар ҳама неку бад кунӣ”. Дар решаи ин масал гуфтаанд: дарвеше буд, ки дар кӯчаву хиёбон роҳ мерафт ва мехонд: “Ҳар чӣ кунӣ, ба худ кунӣ, гар ҳама неку бад кунӣ”. Як зани маккора, ки ба ин шеъри дарвеш гӯш медод, пеши худ гуфт: ман собит мекунам, ки ин ҳарфи дарвеш беасосу поя аст. Зан ба хона рафт ва хамир дуруст кард ва як фатири ширин пухт ва каме заҳр ҳам лойи фатир рехт ва овард ва ба дарвеш дод ва рафт ба хонааш ва ба ҳамсояҳо гуфт: “Ман ба ин дарвеш собит мекунам, ки ҳар чӣ кунӣ, ба худ намекунӣ”.

Аз қазо, зан як писар дошт, ки ҳафт сол буд гум шуда буд, як дафъа писар пайдо шуд ва иттифоқан бо дарвеш рӯ ба рӯ шуд ва саломе кард ва гуфт: “Ман аз роҳи дур омадаам ва гуруснаам”. Дарвеш ҳам ҳамон фатири ширинро ба ӯ дод ва гуфт: “Зани хайрхоҳе барои савоб ин фатирро барои ман пухта, бигир ва бихӯр ҷавон!”

Писар фатирро хӯрд ва ҳолаш ба ҳам хӯрд ва ба дарвеш гуфт: “Дарвеш! Ин чӣ буд, ки сӯхтам?”

Дарвеш фавран рафт ва занро хабар кард. Зан давон-давон омад ва дид, писари худаш аст. Ба сараш зад ва гуфт: “Ҳаққо, ки ту рост гуфтӣ; ҳар чӣ кунӣ, ба худ кунӣ, гар ҳама неку бад кунӣ”.

Тамоми кутуби осмонӣ ва кутуби ахлоқӣ ба ин матлаб тасреҳ кардаанд, ки одамӣ раҳини аъмоли худ аст. Ҳар амале, ки анҷом диҳад, натиҷаи онро мебинад. Агар инсон дар ин дунё нисбат ба шахсе амали норавое анҷом бидиҳад, ҳатман рӯзе бо амале шабеҳи ҳамон амали анҷомдодааш рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Хулоса, касе, ки ба мардум зулму ситам кунад, дар ҳамин дунё қабл аз охират ба сазои кардаҳояш мерасад. Ин як суннати торих ва қонуни илоҳист.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: