Перейти к содержимому

Ҳикояте дар мавриди масали маъруфи “Аз мост, ки бар мост!”

Масали маъруфи “Аз мост, ки бар мост!” дар мавориде ба кор меравад, ки ҳар чи бар сари мо меояд, чӣ хубу чӣ бад, натиҷаи аъмолу рафтори худи мост.

Дар гузаштаҳои дур, подшоҳе золим дар кишваре ҳукумат мекард, ки мардум аз дасти зулму ситами ӯ ба танг омада буданд. Чанде баъд, подшоҳ мурд ва мардум аз хушҳолии ин ки аз зулму азияти подшоҳ халос шуданд, се шабонарӯз дар пойтахти кишвар ба ҷашну шодӣ пардохтанд.

Баъд аз се рӯз, бузургони шаҳр аз ҳамаи мардум даъват карданд, ки ҳамагӣ дар майдони аслии шаҳр ҷамъ шаванд, то аз миёни мардум шахсеро барои ҷонишинии подшоҳ интихоб кунанд.

Дар рӯзи муқаррар, тамоми мардуми шаҳр дар майдон ҳозир буданд, бузургон барои ин ки ихтилофе пеш наёяд, бозеро дар майдон раҳо карданд ва гуфтанд:

— Ин паранда бар шонаи ҳар фарде, ки биншинад, ӯ аз ин пас подшоҳ хоҳад буд.

Аз қазо, боз чархиду чархид ва бар шонаҳои як ҷавони танӯманд нишаст. Ҳамаи мардум ӯро мешинохтанд ва аз азияту озорҳои ӯ огоҳ буданд. Ҳеч кас дилаш намехост баъд аз подшоҳи золими қаблӣ, чунин фарди бадрафторе подшоҳ шавад. Ҳамаи мардум ба интихоби боз эътироз карданд. Ба ҳамин далел, дубора бозро раҳо карданд, вале дубора паранда бар шонаҳои ҳамон ҷавон нишаст. Ва ин корро барои дафъаи севвум такрор карданд, ин бор ҳам паранда бар шонаҳои ҳамон ҷавон нишаст. Бузургони шаҳр, ки худ ин шеваро барои интихоби подшоҳ пешниҳод дода буданд, маҷбур шуданд интихоби бозро бипазиранд.

Ҷавони нерӯманд, ки рафтори мардумро дид, баъд аз ин ки бар тахти подшоҳӣ нишаст, шурӯъ ба зулму ситам бар мардум кард. Ӯ сипоҳеро ташкил дод, то ба шаҳрҳои мухталифи кишвар бираванд ва онҳоро аз байн бибаранд. Ӯ ба ҳар шаҳре, ки ворид мешуд, аз бузургон ва ришсафедони он шаҳр мепурсид:

— Чӣ касе ба шумо зулм мекунад? Ман, ки шуморо мекушам, ё Худо, ки манро аз байни шумо интихоб карда?

Он вақт, ҳар ҷавобе, ки медоданд, онҳоро мекушт. Агар мегуфтанд: ту золимӣ, мегуфт: ман агар золимам, пас беҳтар аст шумо бимиред! Ва агар мегуфтанд: Худо, ки туро аз байни мо интихоб карда? Мегуфт: шумо гуфтед Худо золим аст, шумо кофиред ва бояд кушта шавед.

Подшоҳ ҳамроҳ бо сипоҳаш ба наздикиҳои як шаҳр наздик шуд. Хабар ба мардуми он шаҳр расид ва боиси эҷоди тарсу ваҳшат миён онҳо шуд. Мардум ҳама дар майдони шаҳр ҷамъ шуданд, то барои ин мушкил роҳи чорае пайдо кунанд. Ҳеч кас роҳи чорае ба зеҳнаш нарасид, то ин ки саранҷом ҷавоне аз миёни ҷамъият гуфт:

— Ман меравам ва қабл аз вуруд ба шаҳр, бо ӯ сӯҳбат мекунам. Агар қарор аст ҳамаи моро бикушад, ман аввалин қурбонӣ мешавам. Фақат як шутур ва як буз ба ман бидиҳед, мехоҳам бо худ бибарам.

Ҷавон рафт ва дар канори дарвозаи шаҳр ба интизор истод. Сипоҳ, ки наздик шуд, подшоҳ аз он ҷавон пурсид:

— Чӣ шуда? Барои чӣ омадаӣ инҷо нишастаӣ?

Ҷавон посух дод:

— Хабардор шудам, ҷанобашон ба ин шаҳр меоянд, ба истиқбол омадаам.

Шоҳ гуфт:

— Аз ту бузургтар ва ришсафедтар дар ин шаҳр набуд?

Гуфт:

— Аз ин шутур бузургтар ва аз ин буз ришсафедтар надоштем.

Шоҳ, ки фикр кард баҳонаи хубе барои хандаи худ ва сипоҳиёнаш пайдо карда суоли маъруфашро пурсид, ки бигӯ, ман золимам ё Худо?

Ҷавон фурсат хост, то бо “ҳамроҳонаш” машварат кунад, сарашро наздики шутуру буз бурд ва замзамае бо онҳо кард, сипас посух дод:

— Бузургтарин ва ришсафедтарини шаҳри мо мегӯянд, на Худои мо золим аст ва на шумо золимед. Ин мо ҳастем, ки дар ҳаққи худамон зулм мекунем. Аз мост, ки бар мост!

Манбаи ҳикоят: Зарбумасалҳо ва достонҳояшон, Илоҳа Ришма.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: