Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (31)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши шашум: маргу мирҳо (4)

Марг, густариши ҳаёт аст

Дар баҳс аз падидаи мавт, ба ин нукта низ бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки падидаҳои “мавт”-у “ҳаёт” низоми мутаъоқиберо дар ҷаҳони ҳастӣ ба вуҷуд меоваранд. Ҳамвора марги як гурӯҳ, заминаи ҳаётро барои гурӯҳе дигар фароҳам месозад. Лошаи ҷонвароне, ки мемиранд, бемасраф намемонад, аз онҳо гиёҳҳо ё ҷондорони тозанафас ва пуртаровати дигаре сохта мешавад. Садафе мешиканад ва гавҳари тобноке таҳвил медиҳад; бори дигар аз ҳамон ҷирму модда, садафе нав ташкил мегардад ва гавҳари гаронбаҳои дигаре дар дили он парвариш меёбад.

Садаф шикастан ва гавҳар таҳвил додан, бе ниҳоят такрор мегардад ва бад-ин васила файзи ҳаёт дар имтидоди бепоёни замон густариш меёбад. Агар мардуме, ки дар ҳазор сол қабл мезистанд намемурданд, навбати зиндагӣ ба инсонҳои имрӯз намерасид, ҳамчунон ки мардуми имрӯз агар ҷо тиҳӣ накунанд, имкони вуҷуд барои ояндагон нахоҳад буд. Агар гулҳои соли гузашта аз рӯи замин барчида нашуда буданд, гулҳои ботаровату ҷавони соли ҷадид, майдоне барои худнамоӣ намеёфтанд. Модда барои пазириши ҳаёт, аз лиҳози макон, зарфияти маҳдуде дорад, вале аз лиҳози замон зарфияташ номутаноҳӣ аст. Ин ҷолиб аст, ки ҷирми олам ҳар андоза аз назари фазо васеъ бошад, вусъате ҳам аз лиҳози замон дорад ва ҳастӣ дар ин буъд низ густарише беназир дорад.

Хайём, ки худ аз эродгирон аз марг аст (албатта мансуб ба ӯст), нуктаеро ёдовар мешавад, ки зимнан ҷавоб ба эътирозҳои худи ӯст. Мегӯяд:

Аз ранҷ кашидан одамӣ ҳур гардад,

Қатра чу кашад ҳабси садаф, дур гардад.

Гар мол намонд, сар бимонд ба ҷой,

Паймона чу шуд тиҳӣ, дигар пур гардад.

Аз тиҳӣ шудани паймона набояд андеша кард, ки бори дигар соқӣ паймонаро пур мекунад. Ҳам ӯ мегӯяд:

Бархезу махӯр ғами ҷаҳони гузарон,

Биншину даме ба шодмонӣ гузарон.

Дар табъи ҷаҳон агар вафое будӣ,

Навбат ба ту худ наёмадӣ аз дигарон.

Шоир ин ҷиҳатро ба ҳисоби бевафоии дунё мегузорад. Оре, агар танҳо ҳамин шахсе, ки акнун навбати ӯст миқёс бошад, бояд бевафоӣ номида шавад. Аммо агар ҳисоби дигаронро ҳам, ки бояд биёянд ва давраи худро тай кунанд бикунем, ном иваз мешавад ва ба ҷои бевафоӣ, бояд бигӯем, инсофу адолату риоят навбат.

Ин ҷо мумкин аст касе бигӯяд, қудрати Худованд ғайримутаноҳӣ аст. Чӣ монеъе дорад, ки ҳам инҳо, ки ҳастанд барои ҳамеша боқӣ бимонанд ва ҳам барои ояндагон фикри ҷову замин ва маводди ғизоӣ бишавад?!

Инҳо намедонанд, ки он чи имкони вуҷуд дорад, аз тарафи Парвардигор ифоза шуда ва мешавад, он чи мавҷуд нест, ҳамон аст, ки имкони вуҷуд надорад. Фарзи ҷои дигар ва муҳити мусоиди дигар ба фарзи имкон, заминаи вуҷуди инсонҳои дигареро дар ҳамон ҷо фароҳам мекунад, ва боз дар он ҷо ва ин ҷо ишкол сар ҷои худ боқист, ки бақои афрод ва давоми онҳо роҳи вуҷуд ва вурудро бар ояндагон мебандад.

Ин нукта, мукаммили посухест, ки таҳти унвони “Марг, нисбӣ аст” ёд кардем.

Ҳосили ҷамъи ин ду нукта ин аст, ки моддаи ҷаҳон бо сайри табиӣ ва ҳаракати ҷавҳарии хеш, гавҳарҳои тобноки руҳҳои муҷаррадро падид меоварад. Руҳи муҷаррад моддаро раҳо мекунад ва ба зиндагии олитар ва нерӯмандтаре идома медиҳад ва модда муҷаддадан гавҳари дигаре дар домани хеш мепарваронад. Дар ин низом, ҷуз такомулу тавсиъаи ҳаёт чизе нест ва ин тавсиъа дар нақлу интиқолҳо анҷом мегирад.

Эродгирӣ бар марг ва ташбеҳи он ба шикастани кӯзаҳои кӯзагар ва орзуи ин ки мабдаи ҳастӣ ва коргардони низоми офариниш дарси худро аз кӯзагар биёмӯзад, ончунон кӯдакона аст, ки лоиқи баҳс нест. Ин гуна андешаҳо аҳёнан тафаннуни шоирона ва навъе хаёлбофии зарифи ҳунармандона аст, ки арзиши ҳунарӣ дораду бас. Ба эҳтимоли қавӣ, гӯяндаи ашъори мансуб ба Хайём чунин манзуре доштааст ва ё аз тарзи фикри маҳдуди материалистӣ ношӣ шудааст. Вале дар фалсафаи касе, ки мегӯяд: “Он тавр, ки ба хоб меравед, мемиред, ва он тавр, ки аз хоб бармехезед, зинда мешавед” (ҳадиси набавӣ), ҳамаи ишколҳо ҳал аст. Чунин касе на танҳо аз марг наметарсад, балки ҳамчун Алӣ (а) муштоқи он аст ва онро растгорӣ мешумурад.

Мирдомод, он файласуфи бузурги илоҳӣ мегӯяд:

Аз талхии марг матарс, ки талхии он дар тарсидан аз он аст.”

Суҳравардӣ, файласуфи илоҳии ишроқии исломӣ мегӯяд:

Мо ҳакимро ҳаким намедонем магар вақте, ки битавонад бо иродаи худ халъи бадан намояд”, ки халъи бадан барои ӯ кори содда ва оддӣ гардад ва малакаи ӯ шуда бошад.

Назири ин баён аз Мирдомод, ҳакими муҳаққиқ ва поягузори ҳавзаи Исфаҳон нақл шудааст.

Ин аст мантиқи касоне, ки гавҳари гаронбаҳоеро, ки дар дили ҷисм ба вуҷуд меояд, мешиносанд. Аммо касе, ки дар тангнои андешаҳои норасо ва маҳдуди материалистӣ гирифтор аст, албатта аз марг нигарон аст, зеро аз назари ӯ, марг нестӣ аст. Ӯ ранҷ мебарад, ки чаро ин тан (ки ба гумони ӯ, тамоми ҳувияту шахсият аз ҳамин тан аст) мунҳадим мегардад, ба ҳамин хотир андешаи марг боиси бадбинии ӯ ба ҷаҳон мегардад. Чунин касе бояд дар тафсире, ки нисбат ба ҷаҳон мекунад, таҷдиди назар кунад ва бояд бидонад, ки хӯрдагирии ӯ марбут ба тасаввури ғалате аст, ки аз ҷаҳон дорад.

Ин баҳс маро ба ёди достони китобфурӯши соддадиле дар мадрасаи Файзия меандозад:

Дар солҳое, ки дар Қум таҳсил мекардам, марди соддалавҳе дар мадрасаи Файзия китобфурӯшӣ мекард. Ин мард бисоти хешро мегустурд ва туллоб аз ӯ китоб мехариданд. Гоҳе корҳои аҷибе мекард ва суханони музҳике мегуфт, ки даҳон ба даҳон мегашт. Яке аз туллоб нақл мекард, ки рӯзе барои харидани китобе ба вай муроҷеа карда, пас аз мулоҳизаи китоб, қиматро пурсидам, гуфт: намефурӯшам! Гуфтам: чаро? Гуфт: агар бифурӯшам, бояд як нусхаи дигар бихарам ва сари ҷои ин бигузорам.

Мегуфт, аз сухани ин китобфурӯш хандаам гирифт. Китобфурӯш агар доиман дар ҳоли доду ситад ва мубодила набошад, китобфурӯш нест ва суде намебарад.

Гӯӣ он китобфурӯш аз мактаби шеърии Хайём пайравӣ мекард он ҷо, ки мегӯяд:

То Зӯҳраву маҳ дар осмон гашт падид,

Беҳтар зи майи ноб касе ҳеч надид.

Ман дар аҷабам зи майфурӯшон, к-эшон,

Беҳ з-он, ки фурӯшанд, чӣ хоҳанд харид?

Бар майфурӯш хӯрда мегирад, ки чаро майро мефурӯшад? Албатта ин хӯрдагирӣ ба забони шеър аст, на ба забони ҷидд. Лутфу зебоии худро низ мадюни ҳамин ҷиҳат аст. Аммо вақте, ки ин мантиқро бо миқёси “ҷидд” месанҷем, мебинем, ки чӣ гуна як майхора кори майфурӯшро бо кори худаш иштибоҳ мекунад. Барои майхора май ҳадаф аст, аммо барои майфурӯш васила аст. Майфурӯш кораш харидану фурӯхтан ва суд ба даст овардан ва боз аз нав ҳамин амалро такрор кардан аст. Касе, ки кораш ин аст, аз даст додани коло ӯро нороҳат намекунад, балки хушҳол мешавад, зеро ҷузъе аз ҳадафи васеъи ӯст.

Орифе ку, ки кунад фаҳм забони савсан,

То бипурсад, ки чаро рафту чаро бозомад?

(Ҳофиз)

Офариниш ҳамчун савдогарӣ аст. Бозори ҷаҳон бозори таҳия ва фурӯш ва таҳсили суд ва боз такрори ин кор аст. “Низоми маргу зиндагӣ”, низоми мубодила аст, низоми афзоишу такмил аст. Он ки мубодилаи офаринишро мавриди интиқод қарор медиҳад, қонуни ҷаҳон ва ҳадафи онро нашинохтааст.

Ҳар нақшро, ки дидӣ, ҷинсаш зи ломакон аст,

Гар нақш рафт, ғам нест, аслаш чу ҷовидон аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: