Перейти к содержимому

Паёми таслият ба Бузургмеҳр, Хоссият ва Ҷамшед Ёровҳо

Ба номи Худованди меҳрубон

Мо ҳама аз Худойем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем

Хоҳари арҷманд Хоссият ва бародари азиз Бузургмеҳр ва Ҷамшед Ёровҳо!

Хабари даргузашти қиблагоҳи гиромиатон Устод Равшани Ёрмуҳаммад сабаби андӯҳи ҷонсӯз гардид. Падаре меҳрубон, ки дар се соли гузашта ба сабаби зиндонӣ будани золимона ва ғайриқонунии яке аз фарзандон ва таҳти фишору таъқиб будани ду фарзанди дигараш, ранҷҳои фаровонеро аз сар гузаронид. Аммо ҳама медонем, ки ҳазинаи дифоъ аз ҳуқуқи мардум барои касоне, ки дар ин роҳ гом бармедоранд, ҷуз ин нест.

Ин мусибатро ба шумо ва ҳамчунин ба модари азизатон таслият мегӯям ва аз Худованди Мутаъол барои он марҳум ғуфрони илоҳӣ ва барои шумо сабри ҷамил масъалат мекунам.

Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,

Доимо яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!

Ҳон, машав навмед, чун воқиф наӣ аз сирри ғайб,

Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махӯр!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: